Главная / Гуногун / Рузгори вазнин – ХИКОЯ

Рузгори вазнин – ХИКОЯ

Яке аз рафикон шикояти рузгори номусоид ба назди ман овард, ки кафофи андак дораму аёли бисёр ва токати бори фока намеорам ва борхо, дар дилам омад, ки ба иклиме дигар накл кунам, то дар хар он сурат, ки зиндагони карда шавад, касеро бар неку бади ман иттило набошад.

Бас гурона хуфту кас надонист, ки кист?
Бас чон ба лаб омад, ки бар у кас нагирист.

Боз аз шамотати аъдо барандешидам, ки ба таъна дар кафои ман биханданд ва саъи моро дар хакки аёл бар адами мурувват хамл кунанд ва гуянд:

«Мабин он бехамиятро, ки харгиз
Нахохад дид руи некбахти,
Ки осони гузинад хештанро
Зану фарзанд бигзорад ба сахти».

Ва дар илми мухосибат, чунон ки маълум аст, чизе донам. Агар ба чохи шумо чихате муайян шавад, ки мучиби чамъияти хотир бошад, бакияти умр аз ухдаи шукри он неъмат бурун омадан натавонам.
Гуфтам:
– Амали подшох, эй бародар, ду тараф дорад: умеди нону бими чон ва хилофи рои хирадмандон аст бад-он умед дар ин бим афтодан.

Кас наёяд ба хонаи дарвеш,
Ки хирочи замину бог бидех.
Ё ба ташвишу гусса рози бош,
Ё чигарбанд пеши зог бинех?

Гуфт:
– Ин муносиби холи ман нагуфти ва чавоби суоли ман наёварди, нашунидаи, ки хар ки хиёнат варзад, пушташ аз хисоб биларзад.

Рости мучиби ризои худост,
Кас надидам, ки гум шуд аз рахи рост.
Ва хукамо гуянд: «Чор кас аз чор кас ба чои биранчанд: хароми аз султон ва дузд аз посбон ва фосик аз гаммоз ва русаби аз мухтасиб ва онро ки хисоб покаст, аз мухосиба чи бок аст?

Макун фаррохрави дар амал, агар хохи,
Ки вакти дафъи ту бошад мачоли душман танг.
Ту пок бошу мадор аз кас, эй бародар, бок,
Зананд чомаи нопок козурон бар санг».

Гуфтам:
– хикояти он рубох муносиби холи туст, ки диданд гурезону бехештан афтону хезон. Касе гуфташ: «Чи офат аст, ки мучиби чандин махофат аст?» Гуфто «Шунидам, ки шутурро ба сухра мегиранд». Гуфт: «Эй сафех, шутурро бо ту чи муносибат аст ва туро бад-у чи мушобехат?» гуфт: «Хомуш, ки агар хасудон ба гараз гуянд, шутур аст ва гирифтор оям, ки гамии тахлиси ман дорад? То тафтиши холи ман кунад ва то тарёк аз Ирок оварда шавад, моргазида мурда бувад».
Туро хамчунин фазл асту диёнату таквою амонат, аммо мутааниттон дар каминанд ва муддаиён гушанишин. Агар он чи хусни сирати туст, ба хилофи он такрир кунанд ва дар маърази хитоби подшох афти, дар он холат киро мачоли маколат бошад. Пас, маслихат он бинам, ки каноат, хиросат куни ва тарки риёсат гуи.

Ба дарё- дар манофеъ бешумор аст
В-агар хохи саломат, бар канор аст.

Рафик ин сухан бишунид ва бахам баромаду руй аз хикояти ман дархам кашид ва суханхои ранчишомез гуфтан гирифт, к-ин чи аклу кифоят асту фахму дироят? кавли хукамо дуруст омад, ки гуфтаанд: «Дустон дар зиндон ба кор оянд, ки бар суфра хама душманон дуст намоянд».

Дуст машмор он, ки дар неъмат занад
Лофи ёрию бародархондаги.
Дуст он донам, ки гирад дасти дуст
Дар парешонхолию дармондаги.

Дидам, ки мутагйир мешавад насихат ба гараз мешунавад, ба наздики сохибдевон рафтам. Ба собикаи маърифате, ки дар миёни мо буд, сурати холат баён кардам ва ахлияту истехкомаш бигуфтам, то ба коре мухтасараш насб карданд.
Чанде бад-ин баромад, лутфи табъашро бидиданд ва хусни тадбирашро биписандиданд ва кораш аз он даргузашт, ба мартабате волотар аз он мутаммакин шуд. Хамчунин начми саодаташ дар таракки буд, то ба авчи иродат бирасид ва мукарраби хазрати султону мушорунилайх ва муътамади илийя гашт. Пас бар саломати холат шодмони кардам ва гуфтам:

Зи кори баста маяндешу дил шикаста мадор,
Ки оби чашмаи хайвон даруни торикист.

***
Маншин туруш аз гардиши айём, ки сабр
Талх аст, валекин бари ширин дорад.

Дар он курбат маро бо тоифаи ёрон иттифоки сафар афтод. Чун аз зиёрати Макка бозомадам, дар манзилам истикбол кард. Зохири холашро дидам парешону дар хайати дарвешон.
Гуфтам:
– Ин чи холат аст?
Гуфт:
– Ончунон ки ту гуфти, тоифае хасад бурданд ва ба хиёнатам мансуб карданд ва малик дар кашфи хакикати он истифсор нафармуд ва ёрони кадиму дустону халим аз калимаи хак хомуш шуданд ва сухбати дерина фаромуш карданд.

Набини, ки пеши худованди чох
Ниёишкунон даст дар бар ниханд.
Агар рузгораш дарорад зи пой,
Хама оламаш пой бар сар ниханд.

Филчумла, ба анвои азобу укубат гирифтор будам, то дари ин хафта, ки муждаи саломати хуччоч бирасид, аз банди гаронам халос карду мулки маврусам хос.
Гуфтам:
– Он навбат ишорати ман кабулат наёмад, ки гуфтам: «Амалии подшохон чун сафари дарёст хатарноку судманд, ё ганч баргири, ё дар тилисм бимири.

Ё зар ба хар ду даст кунад хоча дар канор,
Ё мавч рузе афканадаш мурда барканор.

Маслихат надидам аз ин беш дарунаш ба маломат харошидан ва намак пошидан, бад-ин калима ихтисор кардам:

Надонисти, ки бини банд бар пой,
Чу дар гушат наёмад панди мардум.
Дигар рах чун надори токати неш.
Макун ангушт дар сурохи каждум

***
Ба сунъи худо чун касе уфтод,
Хама оламаш пой бар сар ниханд.
Чу диданд, к-икбол дасташ гирифт,
Ситоишкунон даст бар сар ниханд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …