Главная / Гуногун / Рутубати хаво чист?

Рутубати хаво чист?

Савол: Рутубат чист? Ченаке, ки мавчудияти бути обиро дар атмосфера муайян мекунад, рутубати хаво меноманд. Ин яке аз нишондихандахои шароити обухаво мебошад, ки дар мавчудияти растаниву хайвонот ва хаёт ва рузгори одам ахамияти бузург дорад.

Хангоми паст будани рутубати хаво, бухоршавии об на танхо дар обанборхо, балки дар чисмхое, ки дар таркибашон об хаст, суръат пайдо мекунад.

vlaznost_vozduhaТаври мисол, хангоми обу хавои хушк сабзавот зуд тарнокии худро аз даст дода, пажмурда шуда, барои истифода нодаркор мегарданд. Дар сатхи Замин дар муддати як сол ба хисоби миёна 577000 км3 об бухор меравад. Об аз сатхи укёнуси Олам, кулхо, дарёхо, обанборхо бухор мешавад. Растанихо кисмати зиёди обро бухор мекунанд. Гандуме, ки дар як гектар замин кошта шудааст, аз сабзиш то ба пухтан 2000 м3 обро, як офтобпараст 100 л обро бухор мекунад. Об бухор шуда, ба холати газшакл мегузарад ва дар атмосфера дар шакли буг хифз мешавад. Молекулахои буг бо хавои хунук бархурда, харакати худро сует карда, ба охистаги катрахои кучаки обиро ташкил медихад.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …