Главная / Чамъият / Рухсати барои нигохубини кудак

Рухсати барои нигохубини кудак

Моддаи 224-и Кодекси Мехнат. Рухсати барои нигохубини кудак

  1. Баъд аз ба охир расидани рухсати барои хомиладори ва таваллуд бо хохиши зан барои нигохубини кудак то ба як солу шашмохаги расидани у рухсати дода, дар ин давра аз хисоби маблагхои сугуртаи давлатии ичтимои кумакпули дода мешавад.
  2. Барои нигохубини кудак то ба се солаги расидани у рухсатии бемузд бо хохиши кормандони зерин дода мешавад:

– бо интихоби падару модар – ба модар ё ки ба падари кудак;

– ба падар ё модари танхое, ки кудакро тарбия менамояд;

– биби, бобо, дигар намояндаи конунии кудак, ки кудаки бепарастории падару модар мондаро, тарбия мекунанд;

– ба корманд, ки кудаки навтаваллудшударо ба парастори (фарзандхонди) гирифтааст.

  1. Рухсатии бе нигох доштани музди мехнат барои нигохубини кудак то расидан ба се солаги метавонад пурра ё кисман дар асоси аризаи хаттии корманд, ки дар кисми 2 моддаи мазкур пешбини шудааст, аз руи интихоби у истифода карда шавад.
  2. Бо хохиши зан ё шахсоне, ки дар кисми 1 моддаи мазкур зикр шудаанд, хангоми дар рухсатии нигохубини кудак будан, онхо метавонанд рузи нопурраи кори ё дар хона кор карда, аз хисоби маблагхои сугуртаи давлатии ичтимои кумакпули гиранд.
  3. Дар вакти рухсатии бе нигох доштани музди мехнат барои нигохубини кудак то расидани у ба се солаги ба корманд чойи кор (мансаб) нигох дошта мешавад.
  4. Вакти рухсатии бе нигох доштани музди мехнат барои нигохубини кудак то расидан ба сесолаги ба собикаи мехнатии умуми, бетанаффус ва аз руи ихтисос дохил карда мешавад, агар конунгузории Чумхурии Точикистон тартиби дигарро пешбини накарда бошад.
  5. Корманд ухдадор аст, як мох пеш аз огози кор корфарморо дар бораи хохиши ба кор баромадан то тамом шудани рухсатии бемузд барои нигохубини кудаки то се сола огох намояд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …