Главная / Илм / Руян дар Канзи Шифо (Китоб)

Руян дар Канзи Шифо (Китоб)

ruyan-2-660x330Руян (ба забони русси — марена красильная ) — Ин растани ду навъ аст: сахрои ва боги. Боги, яъне бустониашро зироат мекунанд. Мурод аз ин решааш ба кори рангрезон лозим аст. Решааш сурхи тира аст. Самараш кулула, баъди расидан сиёх мегардад. Гиёхаш майдаи шахшул, факат як поя дорад, баргхояш гирдак, самараш анбух, дар миёни баргхояш чо гирифтааст. Ин растани дар санглоххо ва заминхои сахт бештар меруяд.

Мизочаш дар дарачаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатхои шифобахши он: агар инро бо асал бихуранд, фолич (шал шудани нимаи бадан ба дарози)-ро, ки бо бехиссии узв бошад, шифо мебахшад; кач шудани руй, сусту нотавон гаштани аъзо ва зардпарвинро дафъ мекунад; меъдаро кувват мебахшад, пешоби бисёр гафс, хайз ва ширро равон мекунад, иркуннасоро ба ибро меоварад; агар бо сиканчабин бихурацд, гирехи чигар ва сипурзро мекушояд.

 3,5 грамм руянро бо 7 грамм решаи ревоч (чукри) ва як пиёла шароби хурмо (ё буза) биёшоманд, барои зарба хурдан (аз чумла чалакидани майна) ва сахт афтодан даво мебошад. Самари онро бо сиканчабин бихуранд, сипурзро ба дарачае пок ва соф мегардонад, ки ёфтани он амри мухол мегардад; чигарро аз моддахои бегона пок месозад ва гиреххои ин хар ду узвро мекушояд. Инчунин хар як кисми руянро бо сиканчабин бихуранд, чунин таъсирро дорад.

Хар як кисми ин гиёхро куфта гузошта банданд, фолич, кач шудани руй, карахти ва дигар беморихои сардмизочи асабониро шифо мебахшад; ширинча, сабусаки сар, шукуфаи пуст ва доги сафеди пустро ба ибро меоварад; инчунин догхои аз зарба хурдан ва афтодан дар пуст пайдошударо хам дафъ мекунад.

Агар инро куфта, занхо аз таг бардоранд, хайзи бандгаштаро чори мекунад, бача ва хамрохаки тифлро аз шиками хомила меафтонад. Решаашро куфта, бо асал сиришта гузошта банданд, доги кунчидак ва догхоеро, ки аз таъсири офтоб ба хам расида бошанд, нест мегардонад; инро бо сирко даромехта гузошта банданд, шукуфа ва доги сафеди пустро бархам медихад, инчунин хар догеро, ки дар пуст афтода бошад, пок мекунад.

ruyan-2_-181x300Решаи Руянро соида, бо таом бихуранд, барои касоне, ки саги девона газида бошад, дармон мешавад. Баргу шох ва самари он — хама тарёки захрхои чонварон аст. Хар як кисми руянро батанхои бихуранд хам, хамин таъсирро дорад. Хурдани руян бинобар башиддат пешоброн буданаш ба хичак зарар дорад, хатто хун мемезонад. Барои дафъи ин зарархояш катиро бояд бихуранд. Ба сар хам зиёнкор аст — ин зарарро бо хурдани арпабодиён ислох метавон кард.

Микдори як бор хурдан аз он дар як руз 4,5 грамм аст ва агар чушонида, обашро нушидани бошанд, дар об 14 грамм андозанд. Хар касе, ки касди хурдани руян дошта бошад, бояд, ки хар руз хаммом бакунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …