Даме бошад макун фикре, каме рохат, фарогат кун,
Табассум кун, машав гамгин, факат шукри саломат кун.
Тасаллои дили худ кун, агар бадтинате ранчонд,
Ба кунчи хилвате бошу Худоро зикру тоъат кун.
Тихи магзу даханбадбу дилатро гар сиёхе кард,
Чавобашро мадеху як нафас сабреву токат кун.
Маранч аз хар чахолатдил, матарс аз хайбату вахмаш,
Ба одоби мусалмони, ба рохи Хак, шафоат кун.
Агар ё хушкмагзе, хушкдимоге обруят рехт,
Гунохатро Худо резад, машав гамгин, ибодат кун.
Агар номарду беномус ва бенанге хакорат кард,
Надоди бар чавобаш муштро, худро маломат кун.
Ба нохунхои лафзаш дилхароше гар харошид дил,
Ба гулгаште бирав, аз буи гул дилро табобат кун.
Агар сангиндиле санги мусибатро ба суят зад,
Бидон, ин кори Аллох аст, бирав хайру саховат кун.
Машав гамгин, Басири, умри бехосил равад рузе,
Машав дилдодаи дунё, факат фикри Киёмат кун.