Главная / Маданият ва санъат / Ризо ба казо додан

Ризо ба казо додан

Ризо ба казо додан

Бидон, ки рози будан ба казои Аллох таъоло аз макомоти авлиё аст ва хар гох, ки банда аз Худованд рози бошад, ин аломати он бошад, ки Худованд низ аз вай рози бошад.

Холи ахли ризо аз холи хамаи кас хуштар аст.

Дар китобхои осмони омадааст, ки Хак таъоло фармуд: хар касе сабр накунад бар балои ман ва шукр накунад бар неъматхои ман ва рози нашавад ба казои ман, пас берун шавад аз руи замин ва тахти осмони ман ва Худои дигар талаб кунад, гайри ман.

Хикоят. Урва бини Забирро касали гандае дар пояш пайдо шуд. Уро гуфтанд, ки агар ичозат дихи, поятро бибурем.

У ичозат дод.

Гуфтанд: – Туро доруе бояд хурд, то бехуш шави ва аз буридани пой огохи наёби.

Гуфт: – Шумо мехохед, ки маро аз музду савоб махрум гардонед? Не, ман хушёр меистаму сабр мекунам.

Табиб оварданду пои уро буриданд. У тасбеху тахлил мегуфт ва хеч охе аз вай барнаёмад. Фарзанде дошт, дар он холе, ки пои падараш мебуриданд, бар балои бом рафта буд, то азоби падар набинад. Пояш хато хурду аз бом бияфтоду халок шуд.

Урваро дусте буд, даромаду гуфт: – Ачр дихад, туро Худои таъоло бехтарин ачр.

Гуфт:  Агар маро пурсиш аз барои пой мекуни, ба тахкик  ин навишта шудааст, барои ман дар азал.

 

Мард гуфт:  Туро пурсиш аз бахри фарзанд мекунам, ки аз бом биафтоду халок шуд.

 

Гуфт: “мо ин чо барои Худоем ва мо ба суи Худо боз мегардем” ва мо худро супоридаем ба хукми Худо ва ризои  Худо ва ба казои Худо. Имон овардан ба такдири неки ва  бади хама аз чониби худои таъоло аст.

 

Илохо, ба хурмати ахли ризо моро бар он дор, ки ризои ту  дар он аст ва чунон дор, ки ба казои ту рози бошем, омин.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …