Главная / Гуногун / Ришвахури – Макола

Ришвахури – Макола

Хангоми тулуъ аст.
Чашми руз мекафид.
Субх меомад.
Субхи нав.
Субхи тозаю озода.

Хуршеди тобон аз паси кух сар мекашад. Ру ба руи ман аст. Табассум мекунад. Ба ман илхом мебахшад. Бо каламу когаз чур мешавам. Руз сафед мешавад, руи когаз сиёх.

Дар урфият “соле ки накуст, аз бахораш пайдост” мегуянд. Накуии соли 2007 аз зимистонаш айён гашт.

– Сол-соли муборак аст, – гуфт пирамарде, – зеро зимистони хакики шуд.

Бале, аз рузи аввали зимистон барф якмаром меборид. Вале барфи зиёд танхо хурдсолону наврасонро шод кард. Камчинии барку газ табъи калонсолонро хира гардонд. Аммо он рузи сард дустам Сафар хушхол менамуд, гуна-гуна хазлу шухихо мекард. Хатто суруд хам мехонд.

– Барк омад?

– Не.

– Газро доданд?

– Не.

Бо хайрат ба у дида духтам.

– Тахтачуби лахад…

Аз ин сухани у моту махбут мондам.

– Ана, фаромони Президент, – у рузномаро ба ман нишон дод.

Дар он фармони Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмонов тахти раками 143 аз 10 январи соли 2007 “Дар бораи Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон” чоп шуда буд.

– Агентии мазкур барои ришвахурон тахтаи лахад аст, – бо хаячон суханашро идома дод Сафар. – Ха, ха, ман ба ин бовари дорам.

Дар хикмате омада: “Агар хар руз як навид шунави, умрат як руз тулонитар мегардад”. Кобили тазаккур аст, ки ин навид навиди одди нест.

Ин навид, навиди нур алайхи зулмат аст!

Ин навид, навиди набарди субх алайхи шаб аст!

Ин навид, навиди такдирсоз аст!

Аз ин ру шоди дар сина ба танг меояд. Мехурушаду берун мезанад.

– Хайрият, ки кори дунё яксон намонд.

Он руз хама чо гапи ин навид буд!

Он руз – рузи таърихи буд…

Шохиди гуфтугуи ду мард гаштам. Яке мегуфт, ки пеш ришва набуд. Дигаре мегуфт, ки буд. Сухбати онхо ба бахсу талош печид:

– Набуд! – нидо кард якуми.

– Не, буд! – паст наомад дуюми.

– Набуд!

– Буд!

Нихоят якуми тан дод:

– Хайр, буду кам буд.

Бале, буд ва кам хам набуд. Вале мо онро моли Гарб хисобида, нодида мегирифтем. Дар асл он моли Гарб набуд. Решааш аз гешии андешаи худамон буд. Бархак: “Аз мост, ки бар мост!”.

Кобили зикри махсус аст, ки коррупсия дар асри бист морбача буд. Имруз бо таассуф бояд икрор шуд, ки дар асри бисту як он ба аждахор табдил ёфтааст. Барои дарки ин ба матбуоти даври як назар андохтан кифоя аст.

“…Вобаста ба чой доштани холатхои ришваситони аз чониби кормандони макомоти суди раиси Шурои адлияи Чумхурии Точикистон Шермахмад Шоев мисол овард, ки соли гузашта судяи суди шахри Вахдат Давлатов ва судяи суди харбии вилояти Хатлон Чобиров ба мухлатхои гуногун хабс шуданд…”.

“…Директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Хукумати Чумхурии Точикистон Давлатали Хотамов бо изхори таассуф илова намуд, ки сабаби дигари афзоиши молу маводи пастсифат дар бозорхои кишвар ин аст, ки баъзе кормандони Агенти аз сохибкорон ришва месистонанд ва ба камбудихо чашм мепушанд. У гуфт, ки соли 2006 бо ин сабаб 14 корманди Агенти, ки баъзеи онхо рохбарон, аз кор ронда шуданд…”.

“…50 нафар кормандони сохаи тандурусти барои ришваситони дастгир шудаанд…”.

“…Ба акидаи 53 фоиз фасодкори бештар миёни кормандони БДА реша давондааст. Кормандони хадамоти андозро (41,4 фоиз) низ аз ин шумор медонанд…”.

“…Назар ба гуфти худи чабрдида, гуё вазифа ба маблаги хеле калон ба савдо рафт.

Ин овозахо ва гайбатхо бар пояи хакикат низ рост меистанд. Зеро вактхои охир ба вазифахои баланд ва сермахсул таъин шудани шахсони тасодуфи ва ноухдабаро мушохида мешавад…”.

“…Ректори Донишгохи давлатии тиббии Точикистон Убайдулло Курбонов дар бораи зухуроти номатлуби ришваситони ва тадбирхои кам кардани он сухан ронда, зикр кард, ки ин падида танхо хоси мухити мактабхои оли нест ва хусусияти глобали дорад…”.

Чунон ки мебинем дар Точикистон ягон ташкилот ё муассисаеро пайдо кардан мушкил аст, ки онро коррупсия фаро нагирифта бошад. Яъне коррупсия ба авчи аъло расида ва касе андеша намекунад, ки окибаташ чи мешавад. Бигузор гур сузаду дег чушад. Беихтиёр газали машхури хоча Хофиз ба хотир меояд: “Ин чи шурест, ки дар даври камар мебинам…”.

Умуман коррупсия чист?

Коррупсия аз калимаи лотини “corruptIo” гирифта шуда, маънои ришва, бо пора харида гирифтан ва фурухта шудани ходимони чамъияти ва сиёси, хизматчиёни давлати ва сохибмакомонро дорад. Дар “Фарханги забони точики” (Москва, 1969) чунин омадааст: “Ришва (ришват) – пуле ё чизе, ки ба шахси сохибмансабе барои ба нафъи пул ё чиздиханда, ичро кардани ягон кори гайриконуни ё нохак дода мешавад, пора”.

Ришвахуронро сохибмансабон ташкил медиханд. Мизу курси барои онхо бахонаи хидмат аст. Сари вазифа ба зохир дусти мардум; мелофанд, ки хадафе чуз хидмати халк надоранд.

Охир, дуст доштан дар дил аст, на дар забон!

Ин кабил дустдорони забони ба ботин аждахоранд. Аз чониби дигар хам Шоханд ва хам Гадо. Рачаб Мардон менависад: “Ин ришвахурон чи медиханд? Хамааш шуда як имзои сиёх. Як паи зоги рафта дар лой. Гадоаанд, ин ришвахурони сохибмансаб… Русиёхони таърихи миллатанд. Агар маблаге, ришвае пеши чашми у, болои мизаш мони аз гадо хам бечоратар мешавад”.

Ва боз суол садо медихад: Ришва чист?

Дар посухи ин садо гуё аз тамоми гушаю канори кишвар нидохо баланд гардида, заминро ба ларза меоваранд:

– Бало аст! Дев аст! Вабо аст!

Ришва зояндаи дуруг аст, кина аст, риёву фитна аст!

Ришва инсофу адолат, фазлу хирадро ба хоки рох яксон мекунад!

Мардиву гурур, шахомату чавонмарди пеши ришва хеч – як дарза хасу хошок аст!

Ба кавли Саттор Турсун “ришватситони – теша задан ба решаи давлат аст, арра кашидан ба курсии хокимият аст!”.

Бале, ришва миллатро хароб мекунад!

Бале, ришва хама арзишхои маънавии моро берахмона ба коми худ фуру мебарад. Устод Урун Кухзод онро “эрозияи инсон” номида гуфтааст: “Ин аст эрозияи инсон, ки ба эрозияи табиат ва ахлок сахт пайваст мебошад”. Низом Косим “исён”-и шоирона намуда, дар шеъри “Пора” бо як оханги хам дардолуду хам таънаомез одати нанговару беномусонаи ришвахуриро дар чомеаи мо мазаммат менамояд.

…Пора дода,

пора бигрифта,

пора-пора кардаанд онхо хакикатро,

пора-пора карданд онхо адолатро,

пора-пора карданд ин халку давлатро…

Алхак адолату хакикат пора-пора шуд ва руххои мукаддас аз мо инсонхо ранчиданд. Ва ин ранчишрро устод Бозор Собир чунин ба калам додааст:

…Ранчид рухи Бурхи Вали аз мо,

Ранчид рухи Буали аз мо,

Ранчид рухи Рудаки аз мо,

Ранчид рухи Хоча Камол,

Ранчид рухи хазрати Икбол…

Сабаби ривоч ёфтани ришва дар чист?

Тибки маводи маркази тадкикоти стратегии назди Президенти Чумхурии Точикистон 81 фоизи иштирокчиёни тадкикот сабаби вучуд доштани коррупсияро дар таназзули ахлокии чомеа донистаанд.

Кохиши ахлок бисёрихоро “часур” карда, аз доираи одамгари баровардааст. Аз савлату хайбаташон хатто дахони шохи хайвонхо – Шер раг мекашад. На аз Худо метарсанду на аз бандааш. Зеро онхо тобеи нафс шудаанд. Нафс бошад хеч сери надорад. Барои конеъ гардонидани нафс аз хеч чиз руй намегардонанд. Баъзе мухбирон ва хатто журналистони варзида бошад онхоро дар ВАО кахрамон ва фаришта нишон медиханд. Баъд мебини, ки он кахрамон паси панчара карор дорад. Баъзехо – онхое ки пора додаанд бо таассуф мегуянд:

– Худо чазояшро дод!

Ва бо хамин фаромуш мекунанд. Ва боз Ахмади порина. Порадех пора медихаду порагир пора мегирад.

Сохибмансабон корро то ба чое расонидаанд, ки дигар мардум хикмати: “В-агар замона ба гурге дихад инонашро, бар у зи бахри саломат салом бояд кард”-ро шиор кардаанд. Аммо дар ривочи ришвахури мардум хам мохи беайб нестанд. Пора медиханду таъкид мекунанд: “Хотирчамъ бошед, ман аз кабили: “Уштура диди? Не! – хастам”.

Боз як ишорае ба таъкид ниёз дорад. Аксари мардум аз конунхо хуб огох нестанд. Танхо як мисол.

Боре ба наздам як дустам омад. Нигохаш гамноку хаёлолуд, ранги руяш заъфарон. Чашмонаш чукида ва суп-сурх гашта буданд.

– Ба хайр, дустам? – хайрати худро нихон дошта натавониста пурсидам.

– Э напурс, дустам. Дар гами хохарам обу адо шудам. Бечора аз шавхар наосуд. Боз уро аз чои кор хам махрум карданд.

– Чи хел махрум карданд?

– Ана хамин хел! Ихтисор карданд. Вай бошад чор мох пас таваллуд мекунад. мефахми?…

Дар чашмаш об чарх зад.

– Исто, исто… Чи, магар зани хомиларо аз кор рондаанд?

– Ха, ихтисор карданд. Дигар каси ихтисор мекардаги набудааст. Чи илоч. Осмон баланду замин сахт…

– Охир, ин гайриконунист. Хеч кас хукук надорад, ки зани хомиларо аз кор биронад.

– Наход?! Рост?… Дар конун хаст?

– Албатта!

– Нишон бидех.

Нишон додам ва ба кучо мурочиат карданашро хам фахмондам. Пас аз чанд руз дустам хурсандона хабар расонд, ки:

– Хамааш чо ба чо шуд. Хохарамро баркарор карданд. Дар хакикат: “Тавоно бувад хар ки доно бувад”.

“Боре аз вазири Анушервони Бузургмехри хирадман суол карданд:

– Киматтарин чиз барои инсон чист?

– Хиради модарзоди.

– Агар ин набошад чи?

– Дониш ва маърифат омухтан.

– Агар ин хам набошад чи?

– Бойигари, ки хама айбхоро мепушонад.

– Агар ин хам набошад?

– Ахлок ва хиради хамида.

– Ин хам набошад чи?

– Марг бехтар аз чунин хаёт: ин хам ба худаш сабуки меорад ва хам ба атрофиёнаш, – дар охир гуфт Бузургмехри хирадманд”.

Ахлок сармояи инсон аст. Дар олам ягон кас бе ахлоки хамида кас нахохад шуд. Танхо ахлок инсонро дар доираи одамгари нигох медорад.

Ахлок гарави осоиши чомеа ва пешрафти он мебошад.

Президенти кишвар мухтарам Эмомали Шарифович Рахмонов соли 2005 дар баромади худ дар ЮНЕСКО гуфт: “Такозои асри XXI – такозои ахлок аст”. Ва боз мухтарам Эмомали Рахмонов кушоду равшан ва катъи амал карда, “Агентии назорати давлатии молияви ва мубориза бо коррупсияи Чумхурии Точикистон”-ро таъсис дод.

Хушбахтона роху равиши Агентии навтаъсис равшан ба назар мерасад. Агентии мазкур ният дорад, ки теша ба решаи ришва бизанад. Хеле ва хеле нияти хуб. Саривакти, окилона ва одилона. Ва чи хуш, ки номзади интихобкардаи Сарвари давлат ба вазифаи рохбарии Агентии мазкур – Шерхон Одинаевич Саоимов – ба акида ва мушохидахои ман аз бисёр чихат арзанда ва сазовор мебошад.

– Ман уро хуб мешиносам, – мегуяд дустам Сафар. – Як фардест покиза, як инсонест дасту дилаш халол.

– Шояд турфае бо тамсхур мегуяд: “Хеч гап не, уро хам мехаранд”.

– Не, наметавонанд! – чидди мегуяд Сафар. – Рузи ришвахуронро сиёх мекунад!

Пас аз каме андеша илова мекунад:

– Часорат дорад.

Мо хам ба часорати у шубха надорем. Аммо як часорати у басанда нест. Хатто Агентии навтаъсис ва сохтори хифзи хукук аз ухдаи мубориза бо корупсия баромада наметавонанд. Онхо ба хамкории чомеаи шахрвади ва давлат ниёз доранд.

Чашм мебандаму саманди хотира маро бо Усто Юсуф ру ба ру мекунад. Устои чирадасти заводи “Точикгидроагрегат” дар баёни маънии бикр устухон надошт. У боре гуфта буд:

– Ман ба муаммои зиндаги хеч сарфахм рафта наметавонам. Инсон якбор ба дунё меояд ва умраш хеле кутох аст. Ва дар хамин умри кутох барои худ чох меканад.

Ва ин лахза байти шоири ширинкалом Мирзо Турсунзода ба ёдам меояд, ки навиштааст:

Дар чахон насли одам одамвор,

Зиндаги мекунад факат як бор…

Модоме, ки ин тавр аст, чаро одамвор зиндаги намекунем? Ва боз чаро гуфтаи халкро, ки шоир Сайдалли Маъмур ба риштаи назм кашидааст аз ёд мебарорем:

Одам ба одам зиндааст,

Эй одамон, эй одамон!

Бале, мо хам бе хам хечем, бо хам муктадирем. Ба чуз худи мо касе пеши рохи ин балоро гирифта наметавонад. Мебояд хама якчоя пеши ришва сипар гардем.

То ки дар гирдоби ин фасод гарк нашаем!

Дар акси хол мо наметавонем ошикона зиста, рузгори шоиставу зебое дошта бошем.

Ки намехохад, ки чунин зиндаги дошта бошад?

Хеч кас!

Ё ки не?

Пас чи бояд кард?

Пеш аз хама бояд бо тамоми вучуд дарк намуд, ки бо ришва ганч ба даст оварда намешавад. Танхо бо мехнати халолу захмату ранч метавон дури максуд ба каф овард. Ана хамин аст ганчи Коруну хамин аст хазинаи Кубод. Зеро ки гуфтаанд:

Ганчи беранче кучо ояд ба даст,

Фикри ранче кун, ки ганч ояд ба даст.

Сониян бояд ру ба фархангу хирад овард. Бале, танхо фархангу хирад метавонад моро начот дихад. Охир, устод Рудаки бесабаб нафармудааст:

Хеч ганче нест аз фарханг бех,

То тавони, рав туву ин ганч нех.

Ва ё хаким Фирдавси фармуда:

Хирад рахнамову хирад дилкушой,

Хирад даст гирад ба хар ду сарой.

Мо бояд дорои дили бедору акли пойдор бошем. Дар он сурат ватанамон ободу хазинаи давлат пур, мардумамон орому осуда зиндаги мекунанд. Набояд фаромуш кард, ки кори як касу ду кас нест. Тамоми табакахои чамъият бояд чидду чахд намояд.

Акли хакро зиндаги аз кувват аст,

Куввати хар миллат аз чамъият аст.

Шояд таклифи Фирдавс Одинаев чон дошта бошад: “Биёед бо фармони дилу рохнамои вичдон соли 2007-ро хар яке дар замири худ соли сарвати маънави эълон кунем”.

Ба кавли Бозор Собир:

…Яъне, ки покшуи шавад барпо,

Монанди покшуии тилло,

Аз касофати дарё…

Мо бояд талош кунем, дар майдони мубориза бошем. Вале хамаи ин ба осони ба даст намеояд. Мушкил аст, басо мушкил аст. Вале вакт чораю тадбир талаб мекунад. Сусти мекуни? Мунтазир мешави? Худдори мекуни? Рохро холи кун! Набошад боди табдил туро чун кох руфта мебарад. Ва дар хирман танхо дон – одамони оянда, созандагон, ки фотеху пояндаанд, боки хоханд монд!

Хангоми гуруб аст.

Хуршеди тобон сари кух карор дорад. Сурхру. Орому осуда. Каноатманд. Табассум мекунад. Гуё аз ман сад дар сад рози аст.

Дар он тулуъро мебинам. Ва дар ин тулуъ самои софу бегубор ва огандаи нуру зиёро рушантар мебинам.

30 январи соли 2007

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …