Главная / Маданият ва санъат / Ришта (ресмон) барои духтани либос

Ришта (ресмон) барои духтани либос

Дар бурудуз гайр аз ин асбобу анчом боз ресмонхои гуногунро истифода мебаранд. Ресмонхо вобаста ба таъиноташон дузандаги, гулдузи, бофандаги, руфугари мешавад.

Ресмонхоро аз наххои пахтаги пашмин, абрешими, табии (пила) катрни, кимиёи мересанд. Ресмонхо гуногунранг (сафед, сиёх, сабз, кабуд, бунафши зард) ва борику гафс мешаванд.

Борикию гафсии ресмонро бо ракам ишора мекунанд. Ресмонхо аз №10 то №80 ишора карда мешавад (№10, 20, 30, 40, 50, 60, 65, 70, 80). Рангхои гулдуз, муина, абрешими, ирис ва гайраанд.

rishta

Асбобу анчоми бурудузро дар кутича ё халтачаи махсус нигох бояд дошт. Барои босифат духтани маснуот шартхои зарури гузаронидани ришта ба сузан ва кор бо ангуштпонаро донистан лозим аст. Дарозии ришта дар вакти дарздузи бояд ба 60-80 см баробар бошад.

Риштаро ба сурохии сузан аз тарафи аз галтак кандагиаш гузаронед ва гирех кунед, дар ин холат ришта дар вакти дарздузи моил халка нашуда, харакат мекунад. Пеш аз риштаро ба сузан гузаронидан охири риштаро бо панчахои ишорати ва ангушти калон тоб медиханд. Тоб додани охири риштахои пахтагин аз тарафи худ буда, риштахои абрешиминро ба тарафи худ тоб дихед.

Сузанро бояд байни ангушти калон ва ишорати дошта, гушаки онро ба тарафи ришта медоранд. Бо дасти чап риштаи тобдодаро ба гушаки сузан дохил карда, ба 2/3 дарози мекашонад. Охири риштаро барои он ки чок баромада тит нашавад, гирех медиханд.

Дарзхои дасти чунин ичро мешаванд. Чузъи коркардамешударо ба руи миз мегузоранд, ки коркарди чап мувози ба канори миз мувофик ояд ва ба дузанда наздик бошад.

1.Дасти чап бояд ба руи матоъ (дар саршавии чок) бо ангуштхо ба миз зер карда истад.

Тайёр кардани сузан ба кор

  1. Ресмонро бояд бо дарозии муайян мекананд.
  2. Тарафи ресмони кандагиро бо даст тоб медиханд.
  3. Чои кандаи риштаро аз галтак ба сузан гузаронед.
  4. Охири ресмонро тугун намоед. Аввал бояд ду маротиба ресмонро гирди лелак печонед ва тоб дихед ва тугунро кашед.
  5. Сузан ба кор тайёр шуд.

Бо дасти рост ба чап бо сузан аз боло бо матоъ сузанро ба боло ва пеш мебаранд. Гушаки сузанро бо ангуштпона тела медиханд ва бо панчахои ангушти дасти рост аз гушак ба нуги сузан гузаронида, онро мекашанд. Дасти чап матоъро нигох медорад. хамин тарик чок пайдо мешавад ва ин раванд якчанд бор ичро шуда, гиреххои дасти ба вучуд меояд. Дар вакти духтани маснуот бояд ба коидаи техникаи бехатарии кор бо сузан, сарсузан ва кайчи ахамият дод.

Дар вакти духтани либос онро бо гиреххо ва дарзхо мустахкам менамоем, дарзхои дасти ва мошинаги. Пеш аз духтан дар мошинаи дарздузи бояд дарзу гиреххои дастиро ичро бояд кард.

Вобаста ба таъиноташон куку дарзхо ба техникаю ороиши чудо карда мешаванд.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …