Главная / Гуногун / Риштаи Нур

Риштаи Нур

Парда Хабиб бо нахустмачмуаи ашъораш “Каламчаи ток” (1990) хамчун шоири андешаманду борикбин ва чуянда арзи вучуд кард. Ин буд, ки тайи як муддати кутох мухлис ва хаводорони зиёде пайдо намуд. Вале чанд сол хомуши ихтиёр кард. Дар ин бора шоир Низом Косим менависад: “Баъдан у хомуши ихтиёр кард ва муддатхо аз шоирии худ дараке надод. Дар ин миён бамачоз марди солореро мемонд, ки харфи солхо дар дилаш гуншударо бо басо тамкину худдори иброз доштааст ва акнун, дар интизории посухи хамрозаш, сар ба зонуи андеша бурдаву сукут кардааст.

Оре, у, гуш ба посуххои гох-гохи хамрозаш, сукут дошт. Чи посуххо шунид ба розхои дилаш? Метавон гуфт, ки аслан суханхои дилбардоре оиди нахусткитоб – розномааш ва изхори умедхо аз хомаву номахои шоиронааш. Бе даъвою гавго, барои розномаи нахуст узви Иттифоки нависандахо шуданаш низ посухе буд гарму гуворо”.

unnamed

Хушбахтона баъди сукути пурандешаи тулони китоби дувуми худ “Шеъри ошти”-ро пешкаши хонандаи дилошно мекунад. Низом Косим менависад: “Аз ин сухбаташ аён аст, ки он чанд сол Парда Хабиб танхо ба зохир хомуш буда; дар асл хамеша бо худу бо дили худ гуфтугухо дошта ва харфи шуниданиаш кам нест”.

Бале, у харфхои шунидании бисёре дорад ва китобхои дигараш “Пораи вакт” (2001) ва “Риштаи нур”, ки соли 2005 ба хонандаи худ хадя кардааст, гувохи ин гуфтахоянд.

 Чун китобро боз мекунем, ин сатрхоро мехонем: “Дар ин китоб шеърхои тозае гирд омадаанд, ки мухаббати шоирро ба ёру диёр ва печутобхои эхсоси як хамзамони хассосу дилсузи моро ифода намудаанд”.

Хангоми мутолиаи мачмуъа аён мешавад, ки шеърхои шоир аз хамин сарчашмахо об хурдаанд. Бале, шоир ба рухи замон омехта, нихонгоххои мармузи зиндагии инсонро кашф намуда, дарду алам ва сузу гудози уро хакбинонаю холисона ба калам додааст.

Мачмуъа бо шеъри “Рудаки” сар мешавад, ки ин табии ва рамзист. Зеро каломи намакину шаккарогини устоди шеъри форси човидони ва хак ба чониби Рашидии Самаркандист, ки нигошта:

         Гар сари ёбад ба олам кас ба некушоъири,

         Рудакиро бар сари он шоъирон зебад сари.

Шоири бузург ва абадзиндаи мо устод Мирзо Турсунзода бо хамон бузурги бо хаячон гуфтаанд:

         Кошки табъи равон медоштам,

         Рудакикудрат забон медоштам,

         Менавистам хусну алтофи туро,

         Руи накуву дили софи туро.

Ё ки устод Лоик чунин фармуда:

    Шеъри мо хар кадр лангардору шевотар шавад,

    Захмхои пушти Айни он кадар ёбад шифо,

    Чашмхои Рудаки он кадр бинотар шавад.

Гулрухсор низ чунин мегуяд:

         Атри “Чуйи Мулиён”-у накхаташ,

         Мо зи шеъри Рудаки буйидаем.

         Мо хама аз оби Рудак хурдаем,

         Мо зи дарди Рудаки руйидаем!

Низом Косим хам дар канор намонда:

      Бахри чову чох андар шеър кам даъво кунед,

      Хар кадар чое бувад дар шеър, чои Рудакист.

      Нест пайдои ману мо шеърхои хуби мо,

      Шеърхои хуби мо гумкардахои Рудакист!

Ва Парда Хабиб хам икрор мешавад, ки бунёди у аз шеъри гухарбори устод Рудаки огоз мегирад. Ба ин хотир мегуяд:

         Хазорсолаи бунёдсузии мо буд,

         Хазор байти ту бунёдсозии мо буд.

Каломи пур аз дурру гавхари устод Рудаки дар дили Парда Хабиб чароги орзуи шеъргуиро фурузон мекунад, завки бадеи ва эътикоду бовар мебахшад. Ин аст, ки у хома ба даст мегираду ба шеър чун ба як маъбади мукаддас ру меорад ва эхтиром мегузорад. Ва бешакку шубха бар хурмати сухан захмат кашиданро дуст медорад. Худи у бо забони хол мегуяд:

         Ангушти калам вале пур аз обилахо

         Бар хурмату бо ёди сухан меои.

Парда Хабиб дар шеъри “Чанги сапеда” чунин менигорад:

         Бинхода ба бом тахтапушти худ,

         Гуё, ки ба руи пахта пушти худ.

         Осудаву бардавом мехуфтем,

         Тифлона, ба завки том мехуфтем.

Аз маънии ин мисраъхо пайдост, ки шоир зодаи дех, бачаи дехкон аст, хаёти мардуми дехкадаро хеле хуб медонад. Аз ин ру ашъораш сухану дарду харфи мардум буда, муъчазу кутох ва бо забони сода, равону дилкаш эчод гаштааст. Хамзамон бо чиддияти том кушидааст сухани тозаро бо санъатхои бадеи оро бидихад. Албатта ин корест хеле сахту сангин ва худи у низ чунин иброз медорад:

         Рохи шоир мисоли сатри шеър

         Печутобеву нуктахо дорад.

         Рохи у беш аз дигар чода

         Изтиробеву сактахо дорад.

Вале Парда Хабиб бидуни хеч шикваву нолиш, шуру валвала ва додхохи ба пешаи худ содик мемонад. Якраху якдил, бо дили огох ба рохи интихобкардаи худ меравад. Хунари вай аз ин мисрахо маълум мешавад:

     Хамеша гуш медодам ба охувохи халки худ,

     Дар охир, хамзамоно, аз пайи як охи худ рафтам.

Бале, шоир аз халки худ чудо нест, ки окибат охи у ба охи халкаш мепайвандад ва хамин пайвастаги рахнамои дунёи ормонхои вай мегардад. Халки точик таърихи мудхиш ва кахрамонона дорад. Ин дар шеъри “Марзу кисмат” иникос ёфтааст. Харчанд, ки душманон бо тиру камони ранга хостанд комати халкро бишкананд, натавонистанд. Халкаш бар душ комати кухстонро бардошта, кахрамонихо нишон дод. Бад-ин ру:

         Гах халк дар ин диёр гар кам мегашт,

         Хар пуштаи он кабат-кабат зам мегашт.

Парда Хабиб Точикистонро аз дилу чон дуст медорад, мояи нозу ифтихор дониста, манфиатхои ватани хешро мукаддас мешуморад. Хамин маъниро дар пораи зер чунин ба калам додааст:

         То сузи дил аст, созгори Ватанам,

         Аз рузи ман аст рузгори Ватанам.

         То кам зи хама гиёху хори Ватанам,

         Ман мояи нозу ифтихори Ватанам.

Ин нукта чалби таваччух мекунад, ки Парда Хабиб хикмату фалсафаи ниёгонро бо хакикати имруза ба хам оварда, таъкид мекунад, ки хушёр бошем, дар гафлат намонем, зеро хавфу хатар холо хам бокист:

         Моро то точи ирси аз гухар бокист,

         Хамчунон хавфу хатар бокист.

Ва дар шеъри “Дарвозаи манзар” шоир тавассути баёни мармуз суханхои пурдарди дили хешро хеле нишонрас ифшо менамояд:

         Гарчи дар таърихи точик

         Пештоке бекитобат нест,

         Дидаам: дар пештоки он ягон хат нест.

         Барфу борон шуста онро.

         Хамчунон аз хотири мо.

         Хамчу чашми одами зинда

         Як замон пушида во мешуд.

         Инак, аз он чашм монда куки канда.

         Калъае афтодаю дарвозае монда.

         Аз хама буду набуд овозае монда.

         Аз дарун холист он, хам аз бурун холист.

         Хамчу шахри сарнагун холист.

         Чун китобе чилдхо дорад, варак нест.

         Ин замон дарвозаро хар ду табак нест.

         Лек фикре медихад дилро тасалло:

         Мулк бедарвоза набвад.

         Халк бесохибдарак нест…

Агар ба сурати асли зиндаги нигарем, хар чи дар вусъати он чараён мегирад, дар иртибот бо зан аст. Парда Хабиб ба суханони устод Лоик эътимод хосил менамояд, ки гуфтааст:

     Дару девори чахон худ дару девори зан аст,

     Кори дунё хама дар пайравии кори зан аст.

Аз ин ру симои зан дар шеъри Парда Хабиб макоми хоссае дорад. Чехраи зани точик дар шеъри ”Зан” бо забони соддаву ширин, вале иборахои наву тоза ва пурбор тасвир ёфтааст:

         Ру мисоли субхи навруидаву рушан.

         Бехтарин чон, бехтарин дил, бехтарин тан.

         Домани худро зи гарду гурди дунё

         Метавонад суи покихо кашидан.

Шоир шеъро бо чунин сатрхо анчом мебахшад, ки аз он бузургии зан хеле сахех эхсос мегардад:

         Он ки мебахшад савоби хеш бар мо,

         Боз мегирад вуболи мо ба гардан…

Дар шеъри “Мехроби ёд” ранчу захмат кашидани модарро дар тарбияти фарзанд ба риштаи тасвир кашида, хурмату эхтиром намудани уро таъкид менамояд. Дар баробари ин хору зор будани модаронро фаромуш намекунад. Онро дар шеъри “Сузани ёд” чунин  иброз медорад:

         Модарон буданд руи дашту сахро хору зор,

         Сарваронро лек афзуда нишони ифтихор.

         Пахтахои муи модархо саросар мешукуфт,

         То саросар мешукуфти гурахои пахтазор.

Шоир ба мавзуъи ишку мухаббат таваччух намуда, сузу гудози онро дар ашъораш бо оханги махсус тараннум кардааст. Пеш аз хама шоири барои у ишк аст, ишки бузург. Ва ин ишк буд, ки уро шоир кард. Чои ишк дар дил аст. Шоир дилро хамнишину дилнишини худ, мехрубону дустдори худ, кахкашону чархи барини худ медонад. Дилро бар алайхи нешхо нушофарин, бар алайхи кахрхо мехрофарин мехонад. Худро аз дил боло магир, посдори дил бош, ба кадраш бирасем, зеро:

        Бувад сайёра бо буду набуди хеш бори дил.

        Мадори осмонхову замин буда мадори дил.

Шоир бо бовари ва эътимод изхор мекунад, ки мо агар дилро комил карда, кори худро аз тахи дил анчом дихем, ками мардум беш мешавад, зиндаги ранги дигар мегирад. Вале сад афсус, ки на хама чунин рафтор мекунанд. Бад-ин ру шоир ба онхо хитоб мекунад:

        Мо дили худро, ки инсонгар бувад.

        Пас чаро исёнгару котил кунем?

Ва бисёр хам табиист, ки шоир ишкро ба мавчу шури дарё ташбех медихад.

        Туи, эй шури дарё, шури дарёи дили ошик,

        Туи, эй мавчи дарё, авчи мачрои дили ошик.

Ва ба офтоб хитоб мекунад:

        Ало хуршед, манзил соз дар чои дили ошик.

Вале бо ин хама ишкро осон намегирад ва дар шеъри “Поравакт” сузу гудози ишку ошики чунин садо медихад:

        Ишки ман дар кучабоги рузгор

        Хорихои интизори мекашид.

        Хар замон бар сина хоре мехалид,

        Аз фиребу кина хори мекашид.

Парда Хабиб мегуяд, ки мо чи кор мекардем, магар лоики худ мешудем, агар Лоики дилсузу чонфидо намебуд. Ва у эхёи шеъри дилангезро аз Лоик мебинаду чун арзи сипос чанд шеър ба у мебахшад.

        Шеъри мо эхё намегардид чун асли кадим,

        Зинда кай мемонд то фардо, агар Лоик набуд.

Бидуни хеч шубха пешаи асосии шоир ба эчодиёти у бетаъсир намемонад. Парда Хабиб, ки худ рузноманигор аст, пахлухои зиндагии рузноманигорро бо бешу камаш ва шодиву гамаш ба риштаи назм кашидааст. Дар чону дили рузноманигор сузу дарди мардум, дар раху чодахои шахру дех умре пиёда мегардад. Мушкили рузгори мардумро шарху тавзех медихад, вале зиндагии худаш бех намегардад. Болои сухта намакоб, аз нокасу кас танбех мебинад. Вале шукр мекунад, худро сохибикбол мехисобад, зеро нони халол мехурад.

        Бо маоше, ки сар ба нуг кунад

        Хар каму кости аёлашро,

        Аз тамоми харом медонад

        Бехтар у лукмаи халолашро.

Чун Парда Хабиб фарзанди замон аст, дардхои носури миллати азизашро бо шеъри синасузу дилнавоз ва созанда иброз медорад.  Аз чумла дар шеъри “Панчаи руиш” ки аз вабои аср – наъшаманди бахс мекунад, чавонони рохгумзадаро хушдор медихад. Шумо нашъи гулу гармии дилро намедонед, аз ному номаи миллат бахра набурдаед. Аз ин ру огох нестед, ки чи курбу манзалат доред. Агар шумо сафои умр мехостед, он гах:

        Шумо бар чустучуи ишк мерафтед,

        Шумо дар гуфтугуи ишк мебудед.

Ва дар охир бо дарду алами сузон хитоб мекунад:

        Шумо, эй хурда об аз кундаи Сосон,

        Чунин чон медихед осон?

Дар ашъори шоир байтхои хотирнишин кам нестанд.

        Мешавад дар тобадонаш равгани зард об.

        Дар вучудаш равгани дард об.

Ё худ:

        Тобу таб бигзашту он лабхои нобусида монд,

        Обру мехостем монем, оби дида монд.

Ва ё боз:

        Бодхои тирамох,

        Додхо… фарёдхо…

        Баргхоро аз дарахтон мекананд,

        Баргхо дар руи рах чон мекананд…

Гояхои эътирози низ дар эчодиёти у чой доранд.

        Беш дар байни шоирони асил

        Сухан аз асли шеър агар рафта,

        Лек дар асл гуфтахошон, хайф,

        Бар басо гуш беасар рафта.

Шоир дар катори дигар жанрхои шеъри ба дубайти низ даст задааст. Дубайтихои мачмуа тозаву хотирнишин буда, эчодиёти шоирро боз хам пуробуранг сохтааст.

        Агар дар осмон ахтар насузад,

        Диле дар руи бахру бар насузад.

        Чарогон нест харгиз ошёне,

        Чу шамъи кулбаи модар насузад.

Розномаи шоир бо ин мисрахо анчом меёбад:

        Лек ман хешро нахохам ёфт

        Дигар аз байни тудаи мардум.

        Хар кадар кофтам, вале афсус,

        Хешро дар миёна кардам гум…

Бале, шоир ба оху вох ва дарду алами мардум мепайвандад ва ба ёди ман мисрахои Бахор меояд:

“Шеър дони чист?

Марвориде аз дарёи акл…”.

Ва мо дар пайрави аз ин мисраъхо мегуем, ки марворидхои дарёи акли Парда Хабиб тозаву чилодор аст. Ва ба дилхо нуру зиё мебахшад. Чунончи худи у гуфта:

        То уфуки дуру наздикам яке

        Риштаи нуре зи кайхон мерасад,

        Чун хати рушан аз он хафт осмон

        Партави шодии Яздон мерасад.

2 феврали соли 2006

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …