Главная / Биология / Растанихои сабзавотии Точикистон

Растанихои сабзавотии Точикистон

Растанихои сабзавоти хеле гуногун буда, дар байни онхо хам растанихои худруй ва кишта вомехуранд. Дар айни замон, такрибан 1200 намуди растанихои сабзавоти маълуманд ва аксари онхо худруянд. Дар Точикистон зиёда аз 25 намуди растанихои сабзавоти парвариш карда мешаванд.

sabz

Сабзавот барои саломатии инсон ахамияти калон дорад. Дар таркиби растанихои сабзавоти, гайр аз моддахои гизои боз ба микдори зиёд витаминхои гуногун, намакхои маъдани хастанд, ки онхо дар инкишофи муътадилу таъмин кардани тандурустии инсон яке аз маводхои асоси ба хисоб мераванд. Зеро истеъмоли витаминхо барои кори муътадили узвхо хеле мухим буда, дар мавриди норасоии онхо инсон ба касалихои гуногун дучор мешавад. Чунончи, норасоии витамини А дар озукаворихо агар боиси бемории чашм (шабкури) гардад, норасоии витамини С касалии зангила (синга)-ро ба миён меоварад, ки дар натича организм заиф гашта, тобовариаш нисбат ба касалихои сирояткунанда хеле кам мешавад.

Чи тавре ки аллакай кайд карда шуд, дар таркиби сабзавот ба микдори зиёд намакхои маъдани мавчуданд. Дар организми инсон барои муътадил гузаштани мубодилаи моддахо ва сабзиши устухонхо иштироки намакхои маъдани бисёр зарур аст. Лекин хангоми дар об пухтани сабзавот микдори муайяни витаминхо нобуд мегарданд ва намакхои маъданиаш ба намакхои дар об халнашавандаи барои организм дастнорас табдил меёбанд. Аз ин ру, тару тоза истеъмол кардани сабзавот бештар ба максад мувофик аст.

Инчунин, чи тавре ки олимон мукаррар кардаанд, дар таркиби бисёр растанихои сабзавоти моддахои махсусе вомехуранд, ки онхоро фитонсидхо меноманд. Фитонсидхо хосияти нобуд кардани бактерияхои касалиангезро доранд.

Растанихои сабзавоти таомхоро хеле болаззату хуштаъм карда, хазмшавии онхоро дар организм метезонанд. Дар корхонахои консервабарори бошад, растанихои сабзавоти масолехи (ашёи) хоми зарури ба хисоб мераванд.

Ба гурухи зироатхои сабзавоти микдори зиёди растанихои баргу пояашон сершира (карам, испанок, коку, шибит, кашниз, чаъфари, райхон, пиёзи сабз, шилха, ревоч, карафс ва гайрахо), мевадор (помидор, каламфур, бойимчон, тарбуз, харбуза, каду, лубиё, нахуд, чуворимакка ва гайрахо) ва растанихое, ки мевагураи чавонашон (бодиринг, таррак, патиссон, мушунг, лубиё), бехмеваашон (шалгам, сабзи, лаблабу, турб, шалгамча), пиёзакашон (бехпиёз, сирпиёз, пиёзи анзур), хушагулашон (гулкарам, брокколи, расан) ва гайрахо мавриди истеъмол карор доранд, дохил мешаванд.

Растанихои сабзавоти мансуби оилахои гуногунанд ва аз руи сохт, давомнокии сабзишашон ва талаботашон нисбат ба мухити сабзишу инкишоф аз якдигар ба кулли фарк мекунанд.

Растанихои сабзавоти яксола, дусола ва бисёрсола мешаванд. Растанихои яксолае, ки дар соли аввали инкишоф сикли (давраи) тараккиёти хаётиашон ба охир расида, тухму мева хосил мекунанд, инхоянд: помидор, каламфур, бойимчон (аз оилаи авранчихо), бодиринг, каду, тарбуз, харбуза, патиссон, таррак (аз оилаи кадугулон), мушунг, лубиё, нахуд (оилаи лубиёихо), райхон (оилаи лабгулон), шибит, кашниз (оилаи чатргулон) ва гайрахо.

Ба гурухи растанихои сабзавотии дусола карам, турб, шалгам (аз оилаи чилликгулхо), пиёз, сирпиёз (оилаи пиёзихо), сабзи (оилаи чатргулхо) дохил мешаванд. Дар соли аввали инкишофи ин растанихо узвхои нашви сабзида инкишоф меёбаид ва дар онхо моддахои гизои захира мешаванд. Дар соли дуюм баъди аз сар гузарондани фасли зимистон дар онхо дар давоми нашъунамои навбатиашон пояи гулдор ва дар он меваю тухм хосил мешавад.

Растанихои сабзавотии бисёрсола — шилха, ревоч, торон (оилаи торонихо), ботунпиёз, пиёзи анзур (оилаи пиёзихо), сарсабил
(оилаи занбакихо) мебошанд, ки хар сол кисми руизаминиашон (дар тирамох) нобуд шуда, пиёзак ё решапояи зеризаминии онхо баъди зимистонгузарони хар фасли бахор аз сари нав навдахои чавони нав пайдо мекунанд.

Ватани аслии бисёр растанихои сабзавоти мамлакатхои гарми тропики ва субтропики мебошад. Аз ин ру метавон кайд кард, ки растанихои бодиринг, помидор, каду, тарбуз, таррак, харбуза, лубиё ба хунуки тобовар набуда, дар харорати то +10°С нашъунамояшон хеле суст мешавад.

Растании карам, бехмевахо, мушунг, пиёз, испанок чунин растанихои сабзавотие мебошанд, ки ба хунуки тобоварии зиёд дошта баръакс ба гармии зиёд (аз +25°С боло) тоб оварда наметавонанд Харорати нисбатан баланд ба сабзиши муътадили онхо монеъ ме шавад.

Дар Точикистон сабзавотро дар заминхои кушод ва гармхонахс парвариш мекунанд. Дар гармхонахо ба таври сунъи барои нашъунамои хуби сабзавот шароити мусоид (гарми, нами, равшани ва гайрахо) мухаё мекунанд. Дар гармхонахо бештар бодиринг, помидор, нешпиёз, гулкарам, кашниз, шибит ва гайрахо парварип карда мешаванд.

Парвариши растанихои сабзавоти дар гармхонахо имконияг медихад, ки ахолиро дар давоми тамоми сол бо сабзавоти тару тоза таъмин намоем.

Дар сабзавоткори асосан тухми зироатхо ва кучати онхоро исти фода мебаранд. Сараввал, кучатро аз тухм дар парвардахонахо саб зонда, сипас онхоро дар заминхои кушод кучат мекунанд. Бароз сабзонидани кучат тухми растанихои сабзавотиро дар вакти 16-20°( гарм будани кабати болои хоки парвардахона дар чукурии 1,0-1,. см мекоранд ва об пошида болояшро бо пардахои синтетик! мепушанд.

  1. Растанихои сабзавоти чи ахамият доранд?
  2. Кадом растанихои сабзавотиро медонед?
  3. Растанихои сабзавоти ба кадом оилахо мансубанд?
  4. Растанихои сабзавотиро дар чи гуна шароит парвариш мекунанд? Аз руи давраи тараккиёти инкишофашон растанихои сабзавотиро ба кадом гуруххо чудо мекунанд

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …