Главная / Биология / Растанихои мевадихандаи Точикистон

Растанихои мевадихандаи Точикистон

Мевапарвари дар хочагии халк ахамияти калон дорад. Мевачоти дарахтию буттаги маводи пуркимати гизои мебошанд. Онхо манбаи канд, кислотахои органики, намакхои маъдани ва дигар моддахои пурарзиши гизои хастанд. Хусусан, мевахои тару тоза аз витаминхои барои организм нихоят зарури бой мебошанд. Бисёр мевачот хамчун гизои шифобахш барои табобати касалихои чигар, фишори хун ва гайрахо истифода бурда мешавад. Ахамияти онхо чун ашёи хом барои саноати консервабарори хеле калон аст. Аз онхо шарбату чушоба, полудаву афшурда, повидло, мураббо, мусаллас ва меваи хушк тайёр мекунанд.

napaleon_chereshnya-2

Бисёр намуди дарахтону буттахои мевадор барои сабзпуш намудани хиёбону гулгаштхои шахру марказхои нохияхо ва дигар махалхои ахолипишии мавриди истифодаанд. Онхо вазъи санитарию гигиении мухити атрофро бехтар мекунанд. Богпарвари боз фоидаи калон меоварад. Бисёр хочагихои кишоварзи, корхонахо, хочагихои шахси тавассути инкишофи сохаи богдори даромади калон ба даст меоваранд. Аз шахди гули кариб хамаи растанихои мевадор занбури асал хосили фаровон чамъ менамояд.

Дар чумхурии мо дар айни замон зиёда аз 100 навъи мевачот парвариш карда мешавад, ки майдони нашъунамои онхо такрибан 42,3 хазор гектарро ташкил мекунад.

Аз руи шакл ва сохти меваашон мевачотро ба гуруххои зайл: тухмдорхо (себ, нок, бихи ва гайрахо), донакдорхо (зардолу, шафтолу, олу, гелос, олуболу ва гайрахо) ва буттамевахо (шохтути замини, коти сиёх, сурх, сафед, бектоши, тамашк ва гайра) чудо мекунанд.

Зиёда аз 45 фоизи боготи чумхуриро дарахтони мевагии тухм- дор ташкил медиханд. Дар байни онхо дарахти себ бештар маъмул аст.

С е б навъхои зиёде дорад, ки онхо аз руи хосияти дарозумри мухлати боровари, ба хунуки тобовар буданашон аз якдигар фар! мекунанд. Себ то ба хунукии – 30°С тоб меоварад. Меваи себрс ба таври тару тоза ё хушккондашуда (коки себ) истеъмол менамо- янд.

Вобаста ба вакту мавсими пухтанаш навъхои себ тобистони, ти- рамохи ва зимистони мешаванд. Навъхои себи тобистони (Попи- ровка, Себи мохтоби) мохи июл-август, тирамохи (Дорчинисеби Рахш, Тирамохии Рахш, Антоновка, Корчсеб, Аниси Рахш) мохи сентябр мепазанд. Себхои зимистони (Пепинкаи литваги, Ренети Симиренко, Розмарини сафед)-ро мохи октябр аз дарахт мечинанд ва дар давоми зимистон нигох медоранд (дар чойхои махсус тай-ёркардашуда).

Дар вакти нагз нигохубин кардани боготи себ аз хар гектари он зиёда аз 200 сентнери хосил мегундоранд.

Гули себ тавассути хашарот аз гули навъи дигари себ гардолуд мешавад. Бинобар он, дар бог бояд камаш се навъи себи дар як вакт гулкунанда мавчуд бошад, то ки онхо аз гарди гули якдигар гардолуд шаванд.

Бисёр дарахтон, аз он чумла себро низ бо рохи пайванд зиёд мекунанд. Мутахассисони сохаи богпарвари дар солхои охир ба си- фати пайвандшаванда навъи кадпасти себро истифода бурда, дарахти себи кадпастро ба вучуд овардаанд. Парвариш ва хосилгундории он осон буда, вай дар муддати кутох (3-4 сол) ба хосилбанди шуруъ мекунад.

Д.арахти нок нисбати себ ба хунуки тобовар буда, баландкад ва дарозумр мебошад. Дар Точикистон 13 навъи он (Дилафруз, Ноки Гарми, Береи Боск, Береи Жиффар, Береи Лигел, Ласточка, Лесная Красавитса ва гайрахо)-ро парвариш мекунанд.

Бихи мевачоти пахншуда буда, дар саноати консервабарори ахамияти калон дорад. Бихи ба гармй талаботи калон дорад. Вай дарахти начандон калон ё буттаи калончусса мебошад. Мевааш ба себ ё нок монанд аст. Меваи онро дар шакли тару тоза кам истеъмол карда, онро асосан барои тайёр кардани мураббо, афшура, обчуш истифода мебаранд. Баъзан дар таомхо низ истифода мебаранд.

Дарахтони мевагии донакдор дар чумхуриамон такрибан 45 фоизро ташкил медиханд.

Олуболу дарахти мевадори маъмул аст. Дар аксари нохияхоч Чумхурии Точикистон парвариш карда мешавад. Аз 20 то 30 «. умр мебинад. Бо тези дар давоми 3-4 сол ба хосилбанди шуруъ мекунад. Дарахти серхосил аст.

Гелос дарахти калончусса ва нисбати олуболу дарозумр аст. Нисбати дигар растанихои меваги мевааш пешпазак аст. Дар шароити мамлакатамон баъзе навъхояш хатто дар аввалхои мохи май мепазад. Ба чуз навъхои махаллиаш дар водихо ва нохияхои кухи боз навъхои аврупоии онро (Денисони зард, Бигарро, Наполеон, Франс -Иосиф, Багратион, Дейберои сиёх ва гайрахо), парвариш мекунанд ш м.

Зардолу дарахти баландкад мебошад (то 10 м кад мекашад). Ба хушки тобовар аст. Вай аввали бахор гул мекунад. Дар нохияхои гуногуни кухии Точикистон зиёда аз 90 навъи зардолуи махалли (арзани, аштаки, ахрори, бибинигори, бобои, ворухй, исфарак, ленинободи, луччак, ниёзи, олими, паррак, сафедак ва гайрахо) парвариш карда мешаванд.

Шафт о л у дарахти начандон калони кутохумр мебошад. Дар соли 3-4 уми хаёташ ба мевабанди огоз мекунад. Шафтолу низ да- рахти ба хушки тобовар буда, такрибан 5 хазор навъхои он маъ- луманд. Дар Точикистон навъхои махаллии шафтолу, аз кабили шафтолуи сафед, равгани, говшафтолу, анчиршафтолу, луччак, чиллаги, шафтолуи сурх ва гайрахо парвариш карда мешаванд.

Нихолхои навраси дарахти мевадихандаро одатан охирхои ти- рамох ва аввали бахор кучат мекунанд. Барои шинондани нихол пешаки чукури мекобанд. Барои нихоли дарахтони тухмдор (себ, нок, бихи) аз руи тартиби 60×60 см ва барои дарахтони мевадонак (олу, олуболу, гелос ва дигархо) аз руи тартиби 40×60 см чукури кофтан лозим аст. Дар вакти кофтани чукури хоки хосил

Расми 80. Шафтолу

хези кабати болоиро ба як тараф ва хоки кабати поёниро ба тарафи дигар чамъ мекунанд. Пеш аз шинондани нихол ба чукури 1-2 кг пору 200 — 300 г нурии фосфордор В! 150 — 200 г нурии калийдорро ба хоки кабати болои омехта карда меандозанд. Инчунин, назораз бояд кард, ки гарданаки бехи нихох 3—5 см аз сатхи хок болотар бошад. Баъд аз он чукуриро хокгуш карда, бехи нихолро зер мекунанд. Барои обмони бошад, атрофи нихолро чукурча карда, ба он 2—3 сатил об мерезанд.

Бахорон пеш аз ба нуму сар кардани нихол навдаву шохахои зиёдатиро мебурранд, то ки нихол шакли муайянро гирад. Хар сол бехи танаро кофга, пору ва ну- рихои маъдани меандозанд. Дар баробари ин дарахтонро аз чон- варони хоянда ва дигар зараррасонхо бояд мухофизат кард.

  1. Меваи дарахтону буттагихо дар хаёти инсон чи ахамият дорад?
  2. Аз руи шакпу сохт растанихои мевадорро ба кадом гуруххо чудо мекунанд?
  3. Кадом навъхои себро медонед?
  4. Кадом навъхои махаллии нихоят маъмули зардолуро дар Точикистон парвариш мекунанд?
  5. Барои шинондани нихол чи хел корхоро анчом медиханд?

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …