Главная / Чамъият / Рамзхои давлатии Точикистон

Рамзхои давлатии Точикистон

Бар асоси Низомнома Дар бораи Нишони давлатии Чумхурии Точикистон, ки 11 декабри соли 1999 бо Карори № 891 Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон тасдик шудааст:

  1. Нишони давлатии Чумхурии Точикистон рамзи истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон мебошад.
  2. Нишони давлатии Чумхурии Точикистон иборат аст аз тасвири точи тансикшуда ва нимдоира аз хафт ситорае, ки бо нурхои офтоби аз паси куххои барфпуш тулуъкунанда руи онро гирифтааст ва бо чанбаре оро ёфтааст, ки атрофашро аз тарафи рост хушахои гандум ва аз тарафи чап шохахои пахтаи шукуфон ихота кардааст. Болои чанбара бо тасмаи сераха печонда шуда, дар кисми поён руи курси китоби боз чой гирифтааст. Нишони давлатии Чумхурии Точикистон ранга буда, точ, офтоб, куххо, хушахои гандум, китоб ва курси бо зархал тасвир ёфта, появу баргхои нихолхои пахта сабз, раххои тасмахо сурх, сафед ва сабз буда, муковаи китоб сурх мебошад. Нишони Чумхурии Точикистон иборат аст аз тасвири точи тансикшуда ва нимдоира аз хафт ситорае, ки бо нурхои офтоби аз паси куххои барфпуш тулуъкунанда руи онро гирифтааст ва бо чанбаре оро ёфтааст, ки атрофашро аз тарафи рост хушахои гандум ва аз тарафи чап шохахои пахтаи шукуфон ихота кардааст. Болои чанбара бо навори сераха печонда шуда, дар кисми поён руи курси китоби боз чой гирифтааст.

parchami-tojik-660x330

Нишони давлатии Чумхурии Точикистон 28 декабри соли 1993 пазируфта шудааст.

Бар асоси Низомнома Дар бораи Парчами давлатии Чумхурии Точикистон, ки 11 декабри соли 1999 бо Карори № 892 Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон тасдик шудааст:

  1. Парчами давлатии Чумхурии Точикистон рамзи истиклолияти давлатии Чумхурии Точикистон мебошад.
  2. Парчами давлатии Чумхурии Точикистон матои росткунчаест, ки дар руи он се рахи рангаи ба таври уфуки чойгирифта кашида шудааст: рахи боло ранги сурх дошта, пахнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайни якуним баробари пахнои яке аз раххои ранга аст. Дар руи рахи сафед, аз чои чубдаста дар мобайни парчам бо зархал рамзи точи тансик шуда ва дар болои он хафт ситора дар шакли нимдоира тасвир шудааст. Таносуби бару дарозии умумии парчам 1:2 аст. Точ ва ситорахои парчам дар шакли росткунчае чой дода шудааст, ки пахлуи амудиаш 0,8 ва пахлуи уфукиаш 1,0-и пахнои рахи сафед аст. Ситорахои панчгуша дар доираи кутраш 0,15 акс ёфта, дар нимдоираи радиусаш 0,5-и пахнои рахи сафед чой мегиранд. Точи баландиаш 0,55-и пахнои рахи сафед, ба асос ба таври нимдоираи радиусаш 1,2-и бари рахи сафед моил мегардад. Чор унсури камоншакл, ки болои точро ташкил медиханд, дар марказ бо кисмати доираи кутраш 0, 2-и рахи сафед васл мегарданд.

Рангхои миллии точикон

Рангхои миллии точикон чун дигар мардуми ариёнажод ва эронитабор сурху сафеду сабз хастанд? ки аз гахи бостон то кунун замон расидаанд.

Дар чомеахои ориёи (хиндуэрони) табакахои сегонаи асли бо ранги вижаи худ таъбир ва шинохта мешудаанд. Дар забони хиндии бостон varna- (аз решаи var- «пушидан») хам ба маънои ранг ва хам ба маънои табакаи ичтимоъи будааст. Дар забони эронии бостон низ pištra- хам мафхуми ранг дошта ва хам маънии табакаи ичтимоъи. Вожаи “пеша” ба маънои “шугл” дар забони форси-точики аз хамин вожа аст.

Дар он рузгор ранги сафед вижаи рухониён, сурх вижаи размиён ва кабуд вижаи мардум (кишоварзон ва чорводорон) будааст. Ду ранг аз он се ранг хануз хам дар дирафши Эрон хастанд: сурху сафед. Аммо ранги севум ба чои кабуд сабз гаштааст ва иттифокан ба кори кишоварзон наздиктар аст.

Дар Эрон пеш аз густариши Ислом табакахои суннатии чомеа бино бар суннат чомахое мепушиданд ки аз назари ранг бо якдигар мутафовит ва муаррифи шахсияти табакотии сохиби чома буданд. Рухониён ки онхоро осрунон (Авесто: āθravan-, aθaurvan- [āsrōnān]) мехонданд, чомае сафед мепушиданд ва мазхари осмонии онхо Хурмузд буд. Рухониёни зардушти хануз хам чомаи сафед бар тан доранд.

Чанговарон ё артишторон (авестои: raθaē-štar-) чомае мепушиданд ки сурх ва аргувони дар таркиби он сахми бисёр дошт ва мазхарии осмонии онхо Вой буд.

Востриюшон (Авесто: vāstrya.fšuyant-) ки дар давраи Сосониён бештар дехконони соддаи рустохоро бад-он ном мехонданд, чомае нили ё кабуд мепушиданд ва мазхари осмонии онхо Сипехр буд. Чомаи нилиранги дехконон то чанд даха пеш дар Эрон хануз ривоч дошт.

Дар адабиёти пахлави Хурмузд (Авесто: ahura.mazdā-; пахлави: ohrmazd) чомаи сафеди рухониён, Вой (Авесто: vayu-/vayaw-; пахлави: way – ба маънии фазо, – эзиди чанг) чомаи аргувонии артишторон ва Сипехр (Авесто: θwāša; пахлави: spihr) чомаи нилии кишоварзонро бар тан доранд ва хар як муаррифи минуи яке аз табакахои сегонаи чомаеа хастанд.

Дирафши Ковиёни

Хар кишваре барои шиносонидани худ нишону парчам дорад. Кухантарин намоди кишвардории точикон парчаме бо номи “Дирафши Ковиёни” будааст ки онро “Ахтари Ковиёни” низ хондаанд.

Вожахои “ахтар” ва “дирафш” дар садахои пешин чун “нишон” ва “парчам” ба кор мерафтаанд. Дар муътабартарин фархангхои форси “ахтар”-ро ситора навиштаанд ва ситораи бахту толеъ, бахту икбол ва аламу роъяту парчам низ гуфтаанд. “Дирафш” аз вожаи дирафшидан, дурахшидан, рушнои додан, партав афкандан ва тобидан сохта шудааст ва ба маънои парчам, алам, аломату байрак омадааст.

Нишон ва Парчам дар солхои 1924 – 1929

Точикистон 14 октябри 1924 чун Чумхурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Точикистон дар таркиби ЧШС Узбакистон бунёд шуд ва 16 октябри 1929 ба Чумхурии Шуравии Сотсиалистии Точикистон табдил ва ба таркиби ИЧШС дохил шуд. Ин парчам 23 феврали 1929 пазируфта шудааст.

Парчам дар солхои 1931 – 1935

Бо чумхурии иттиходии ЧШС Точикистон эълон шудани Точикистон ва пазириши Конститусияи ЧШС Точикистон, парчами он низ дигар шуд ва ин дарафшро 25 феврали 1931 сохтаанд.

Парчам дар солхои 1935 – 1940

4 июли 1935 парчам дигаргун шуд ва номи чумхури дар парчам ба забони руси навишта шуд.

Парчам дар солхои 1940 – 1946

Соли 1928 алифбои точикиро аз порси ба лотини табдил доданд. Ин дигаргуни дар парчам низ тагйирот даровард. Дар он рузгор номи чумхуриро дар парчам бо харфхои зархалии лотини (RSS Tojikiston) ва руси (Таджикская ССР) менавиштанд ва дар болои он нишонаи заррини “досу болга”-ро менигоштанд.

Парчам дар солхои 1946 – 1953

Соли 1940 алифбо аз лотини ба кирилии руси табдил дода шуд ва парчам низ дигаргун шуд. Ранги он сурх монд ва номи чумхури дар парчам бо харфхои зархалии кириллии точики (РСС Точикистон) ва кирилии руси (Таджикская ССР) навишта шуд. Дар болои номи чумхури нишонаи заррини “досу путк” нигошта шуд.

Нишон ва Парчами ЧШС Точикистон аз 20-03-1953 то 9-09-1991

Парчами ЧШС Точикистон порчаи сурхе буд ба андозаи 1:2 ки ду рахи сафед ва сабз дошт. Рахи сафед ду баробар пахнтар аз рахи сабз буд. Ранги сафед рамзи пахтакори, бунёди фархангу санъати кишвар ва ранги сабз намояндаи дигар махсулоти кишоварзи буд.

Нишон ва Парчами Точикистон дар солхои 1991 – 1993

Ин нишони шердор аз мохи ноябри соли 1992 то мохи декабри 1993 нишони расмии давлати Точикистон буд.

То пазириши парчами кунуни, Точикистон парчами пешинаи шуравиашро, бо андак дигаргуни, бе ситораи панчгуша ва нишонаи коммунистии “досу болга” ба кор мебурд.

Рангхои парчам ба андозаи зерин буданд: 1:2 сурх, 1:5 сафед, 1:10 сабз, 1:5 сурх.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …