Главная / Илм / Райхони гуши муш дар Канзи Шифо (Китоб)

Райхони гуши муш дар Канзи Шифо (Китоб)

raihon-2-660x330Райхони гуши муш — Ин аз намуди райхонхои резабарг аст, ки баргхояш монанди гуши муш мебошанд, яъне баргаш монанди гуши муш дарозак, гулаш сафеди пуштиранг, тухмаш монанди тухми райхони расми мебошад. Мизочаш дар дарачаи дувум гарм ва дар якум хушк аст. Хислатхои шифобахши он: дар бобати давоги ин райхон кавитар аз чамилак аст.

Инро дар об чушонида, он обро бинушанд, гирехи майна ва бастагии сурохи биниро мекушояд; дарди сареро, ки аз сарди, тари, балгами, савдови ва боди бошад, дафъ мекунад; молихулиёро, ки вобаста ба пардахои шикам бошад ва кач шудани руйро шифо мебахшад, зукомро банд менамояд, зеро ки тахлилдихандаи рутубат ва бодхои майна аст.

Агар инро бибуянд, майнаро кувват мебахшад, мастии шароб ва хуморро манъ мекунад, бастагии суроххои биниро мекушояд. Хушки ин навъи райхонро куфта дар бини бирезанд ё обашро чунин кунанд, майнаро аз моддахои зарарнок пок мегардонад, кач шудани руй ва саръро шифо мебахшад. Агар инро бо хино якчо куфта, дар хаммом ба сар бимоланд, дарди сареро, ки аз хунуки бошад, дафъ мекунад.

Равгани инро бимоланд, фолич ва беморихои асабро, ки аз сарди бошанд, монанди: кузоз (столбняк), карахти, кач шудани руй ва гайраро ба ибро меоварад. Ва агар инро ба чашм кашанд, фуромадани зардобро ба гавхараки чашм, ки дар давраи ибтидо бошад, дафъ мекунад, чашми заифро кави мегардонад.

Хушкашро куфта, бо асал хамир сохта бимоланд, кабудии зери чашмро, ки аз шах шудани хун дар зери пуст бошад, дафъ мекунад. Райхони гуши мушро хоида, обашро фуру баранд, обравии даханро манъ мекунад.

Инро дар об чушонида, он обро кам-кам ва бардавом бирезанд, дарди гушро таскин медихад. Обашро ё равгани онро нимгарм дар гуш чаконанд ё латтаро дар равгани он тар карда дар гуш гузоранд, гирххои даруни онро мекушояд.

Ин райхонро дар об чушонида, он обро бинушанд, фарах мебахшад, дарди узвхои даруни сина, сурфа, зик-ун-нафас (астма), дилтапак (дилбози) ва дард кардани дилро ба ибро меоварад; узвхои ботиниро гарм мекунад, бодхои сипурзро тахлил медихад; дарди рудахо, истиско ва душвории шошиданро шифо мебахшад; хайзи бандшудаи занонро мекушояд, кулинч (колит)-и бодиро тахлил медихад.

Агар инро хуб куфта, занхо аз таг бардоранд, хайзи бандшударо равон месозад. Микдори як бор хурдан аз райхони гуши муши хушк дар як руз то 9 грамм аст ва агар дар об чушонида, он обро нушидани бошанд, то 32 грамми онро дар об андозанд.

Вале ба дарун истеъмол кардани ин райхон ба гурда ва хичак зарар дорад. Давои ин зарархояш косни ё тухми чилмангуштак (семизут) хурдан аст. Тару тозаи инро куфта гузошта банданд, варамхои балгами, яъне варамхои сарди мулоимро тахлил медихад; бо тухми банг (кирмрезонак) даромехта гузошта банданд, варами хояхоро мегардонад.

Агар ин райхонро бо мумравган даромехта гузошта банданд, печиши асаб, дарди пушт ва дарди шушро ба ибро меоварад; аммо бо асал сиришта бимоланд, мондагиро дафъ мекунад. Инчунин чанд бор равганашро бимоланд хам, мондагиро аз бадан бармеоварад.

Ин райхонро бо сирко соида бимоланд, догхои кунчидак ва бадбуйии аракро дафъ мекунад. Ва ба он чойи бадан, ки хун гирифта бошад, инро бимоланд, асари захми онро нест мекунад. Агар инро ба сирко даромехта гузошта банданд, захри каждумро аз бадан хорич месозад. Хушки инро дуд кунанд, чонварони захрнок аз он чо мегурезанд ва инчунин зарархои хавои вабоиро дафъ мекунад.

Аз райхони гуши муш равган хам тайёр мекунанд ба ин тарик. Куфтаи тару тозаи онро фишурда, обашро дар зарфе рехта, аз болояш хамон микдор равгани зайтун андохта, бо оташи мулоим то обаш батамом бухор гаштан мечушонанд. Равгани бокимонда — равгани райхони гуши муш хисоб меёбад. Ин равганро бимоланд, барои фолич, кач шудани руй, кузоз (столбняк), ларзак, дарди нимсар ва дарди сари аз хунуки бахамрасида даво мебошад. Ва агар инро нимгарм чаконанд, гирехи даруни гушро мекушояд, гаронии гуш ва бодхои даруни онро дафъ мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …