Главная / Илм / Райхон дар Канзи Шифо (Китоб)

Райхон дар Канзи Шифо (Китоб)

raihon-660x330Райхон (русс. Базилик) — ин растании бустонии маълум аст, баргхояш калонтар ва кисми резабаргхояш хам мавчуд аст. Мизочаш дар дарачаи якум гарм ва дар дувум хушк аст.

Хислатхои шифобахши Райхон: инро бихуранд, гиреххои майнаро мекушояд, варамхои хамаи узвхоро тахлил медихад: дилтапак (дилбози), сусти ва заъфи меъдаро шифо мебахшад, инчунин бодхои гализро тахлил медихад.

Оби барги Райхонро бо шакар ширин карда биёшоманд, дарди узвхои даруни сина, дамкутахи ва сурфаро дафъ мекунад. Райхонро бихоянд ё оби онро дар дахан гардонанд, чушиши даруни даханро, ки пухтани дахан низ меноманд, дафъ месозад.

Райхонро як шаб дар об тар карда, баъд он обро биёшоманд, узвхои баданро, ки гарм бошанд, ба сарди меоварад ва онхоро кувват мебахшад.

Буйидани райхон дарди сареро, ки аз гарми бошад ва инчунин дар вакти сафар дарди сар ба хам расида бошад, таскин медихад; иллати ваборо дафъ мекунад. Аз буйи райхон чонварони зиёнкор мегурезанд. Тухмаш барои хамаи мизочхо форам аст, зеро ин дар мизоч муътадил мебошад.

Огох кунем, ки куфтани тухми райхонро хангоми таркиб додан бо дигар давохо, табибон манъ кардаанд ва инчунин барои табобат луоби он низ даво мебошад, вале ин кисмаш дар вакти куфтан бархам мехурад. Инро муаллифони китоби «Кифояи мансури» ва гайра кайд кардаанд, ки дар куфтаи тухми райхон куввати манъкунанда ва кабзиятовар зиёд мебошад, ки куфтаи онро хангоми исхол истеъмол намоянд, раво мебошад. Бехтар аст агар куфтаи онро бо шилми бодомхо хамрох карда биёшоманд, бар зидди рафтани дарун хеле мувофик аст. Инчунин дар об чушонида, он обро бинушанд хам, дар ин бобат хуб аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …