Раис

Боз як рузи кутахи соли маймун интихо меёфт!

Хуршеди оламоро гуруб мекард. Ва торхои Басиратшро аз шахр гундошта гирифта, мисли лаълии тиллои ба паси куххо гелида мерафт. Гирду атрофро охиста-охиста пардаи торики фаро мегирифт. Вале аз марди хона – Чамил дарак набуд. Завчааш Басират, ки зани камсавод, вале бисёр захматкаш буд, хавотир шуд. Ва чун мурги посухта мегашту худ ба худ мегуфт:

– Ин мардак одати дер омадан надошт-ку.

Басират ба ошхона рафт. Сарпуши дегро бардошт. Сарпуш аз дасташ афтод.

– Ох! – нидо намуд у.

Ва хамзамон дилашро шубхае чангол зад.

– Наход, ки…

Вай ошро дам партофта, ба хона баргашт. Шубха дар андоми у хона кард. Дилаш чун соати дар девор овезон тик-тик ба задан даромад.

– Не, не, – шубхаро, ки дар дилаш нихон буд, ронда худро ором кардани мешуд у.

Ва ин лахза буд, ки шавхараш омад. Чун вориди хона гашт, завчааш бо назари ташвишангез ба у нигох карда, гиламандона пурсид:

– Мардак ин кадар дер кардед?

Теги нигохи шавхар руи уро харошид. Басират авзои шавхарашро диду ба чавоби саволаш интизор нашуда, зуд илова намуд:

– Охир… хавотир шудам.

Ва хамзамон маколи «мехри мард дар шикамаш»-ро ба ёд оварда, ба шавхараш руй оварда, гуфт:

– Тезтар гузаред, ки ош ланч мешавад, мардак.

– Чи-и?! – Чамил дар хашм шуд ва абрувонашро кургирех зада, бо газаб гуфт:

– Мардак? Як бори дигар мардак гуйи забоната мебурам!

Басират тааччубангез ба сар то пои шавхараш тавре нигох кард, ки гуё вайро бори аввал медида бошад. Баъд бо хавоси парешон пурсид:

– И-и-и-е, ба шумо чи шуд, мардакчон?

– Боз «Ахмади порина!» Боз мардак гуфти?! – дагалона дуг зад Чамил ба сари завчааш. – Боз мардак гуфти?!

Басират як кад парид. Хатто каме ранчид. Сипас рост ба чашмони шавхараш нигох карда, бо тааччуби бепоён пурсид:

– О, чи шуд?

– Чи шуд, чи шуд?! Хок шуд! – дод зад Чамил. – Хок шуд! Фахмиди?!

– Даррав асаби нашав! Саломати аз хама чизи дунё киматтар. “Эхтиёт – ними хаёт” – мегуянд…

– Бас! – дагалона сухани завчаашро бурид Чамил. – Э вой-э! Синаи модарама сахт газида будаам-чи? Набошад, омада-омада ба хамин хел зани бефахм меафтидам?

Дили Басират аз ин суханхои по дар хавои шавхараш шувви карду худро ким-чи хел нохинчор хис намуд. Ва бо таачуб ба у менигаристу лаб ба сухан во карда наметавонист.

– Хой, медони, ки ман ки?! – бо зарда пурсид Чамил.

– Медонам, – гапро кутох кард Басират ва бо бахонаи ошкаши рафтани шуд. Вале «Ист!» гуфтани шавхарашро шунида истод.

– Ман ки?! – ба чехраи хамсараш хунсардона нигариста, боз бо зарда пурсид Чамил.

– Шумо-о? – бо хаячону харос пурсид Басират.

– Ха, ман! – мушт ба кундаи сина зад Чамил. – Ман ки?!

Басират нафахмид, ки шавхараш шухи мекунад ё аз рости мепурсад.

– Ман ки?! – дод зад Чамил.

– Дод назанед, – оташин шуд Басират. – Ман кар не, гушхоям шукри Худо нагз мешунаванд.

– Ха, бар пад… – Сахл монда буд, ки дашном дихад Чамил. Боз худдори кард. Забонашро газид.

Басират дар холати нохинчор аз у чашм намеканд.

– Кар набоши, тутивор як гапро сад бор такрор мекуни, – гуфт Чамил. – Аз хамин лахза маро раис мегуи. Фахмо?!

– Чи?! Чинди шуди магар? О, медонам, ки шумо коргаред. Хайр, ана ба шумо мардак маъкул набошад, дадои Далерчон мегуям. Маъкул?

– Номаъкул карди! – дод зад Чамил. – Уй, муйдарози кутохакл, раис мегуи, раис! Фахмиди?!

– Раис? Вах-ха-ха… Вай мураме, хи-хи-хи… – Басират шикамашро дошта хуб хандид.

– Бас! – аз аввала хам баландтар дод зад Чамил. – Чи «вах-ха-ха»?! Ман раис! Ра-а-ис! Фахмиди?!

Хамсараш шубхаомез ба у дида духт, хич бовариаш наомад. Сипас тамасхуромез пурсид:

– А-а, холо раис шудам, гуед?

– Ха, маро имруз раис интихоб карданд, – бо кару фар гуфт Чамил. – Ра-а-ис! Фахмиди?!

– Наход?! – бо тааччуб ва нобовари нигохе ба сар то пои хамсараш андохта гуфтБасират. – Раис?!

– Ха, раис! – сина дамонд Чамил. – Ра-а-ис! Фахмиди?!

– Дуруг нагуй, боз дилам накафад, – дар шигифт афтода, ба хамсараш тег кашида, нигарист Басират.

– Дуруг не, рост! – маломатомезу бо шиддат гуфт Чамил. – Ман раис!

– Эха, бахтам тофт гуед! – руи гандумгун, чашмони калон-калони Басират гул-гул шукуфтанд. – Ё аввал, ё охир, гуфтаанд. Аз аввал бахт надидам, акнун Худо бахт дод.

Дили Басират чун мурги дар кафас девонавор частухез мекард. Комати у як арзан давиду синахояш чун пуфак дамид.

– Дониста ош карда будаам-дия! – ба вачд омада гуфт у ва чашмонашро хумор карда идома дод: – Ох, чони ширинуме, имшаб дар огуи раис хоб мекунам, гуед?!

– Ха, имшаб шаби таърихи, – ифтихоромез гуфт Чамил. – Туро раис огуш мекунад!

– Оша кашам мардак… э, мебахшед, раисчон? – бо чашмони баррок ба хамсараш нигариста, пурсид Басират.

– Каш! – бо кару фар ва як халоват нидо намуд Чамил. – Каш! Тез каш!

Хамсараш ду даст пеши бар гузошта, бо нозу карашма:

– Ба чашм, раисчон! Хар сухани шумо нури дида, точи сар! – гуфт.

Ва ин лахза ба хотири Басират чизе расидаги барин, ба шавхараш руй овард:

– Истед, ки мар… э, мебахшед, узр, сад узр, хазор узр, раисчон. Ха, истед, ки шуморо раиси фабрика интихоб карданд?

– Не, раиси фабрика не, – чавоб дод Чамил.

– Хм-м… ха, раиси райпо-ми? – боз пурсид Басират.

Хамсараш дар чавоб калла такон дода гуфт:

– Не, раиси райпо хам не.

Басират худро каме гум карда, ба тиреза нигарист. Берун наметофт, сип-сиёх. Сипас боз ба хамсараш руй овард:

– Мардак… эъ мебахши… охир майнама гич карди. Гуй ки раиси чи интихоб шуди?

Чамил дар чавоб бо гуруру савлат гуфт:

– Раиси чамъияти мохидорон!

– Ха-аъ…

Боз як шаби дарози соли маймун фаро расид!

24 июни соли 2000

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …