Главная / Маданият ва санъат / Рахои аз зиндон – Нусхаи Набави

Рахои аз зиндон – Нусхаи Набави

Дар «Сират»-и Ибни Исхок омадааст: Вакте Хазрати Солим (раз) фарзанди Авфи Ашчаъи (раз) дар асорати кофирон буд, Расулуллох, (с) фармуд:

Ба у хабар расонед, ки «Ло хавла ва ло куввата илло биллох»-ро бисёр бихонад.

Рузе хамин тавр нишаста буд, ки занчирхояш боз шуданд ва у аз зиндон хорич шуда шутури модаеро ёфт ва бар он савор шуд. Ва дар аснои рох рафтан шутурони кофиронро бидид ва хамаи онхоро бо хамрохи худаш гирифт. Вакте ки кофирон огох гаштанд, уро таъкиб намуданд, аммо муваффак ба дастгириаш нашуданд.

turma-beg

Ба хар хол баъд аз бозгашт фавран ба манзилаш рафт ва аз беруни дар овоз дод. Падар овозашро шунид ва гуфт:

  • Савганд ба Худо, ин овози Солим (раз) аст.

Модараш гуфт:

  • Хой афсус, у дар ин чо нест, алъон дар занчирхову шиканчахои сахти зиндон ба cap мебарад.

Ба хар хол модару падар ва гулом ба суи дарвоза шитофтанд. Ба махзи ин ки дарро кушоданд, Хазрати Солим (раз)-ро диданд, ки дар наздашон истодааст ва даврашро шутурон гирифта буданд. Акнун онхо дар фикр буданд, ки ин шутурон моли кистанд? Баъдан Хазрати Солим (раз) он чи пеш омада буд, хамаро барои онхо баён кард. Пас аз он падараш ин вокеаро барои Расулуллох (с) бозгу намуд. Вакте Расулуллох (с) аз асли вокеа бохабар гардид, нисбат ба шутурон гуфт:

  • Инхо моли ту хастанд, хар тавр ки дилат мехохад, истифода кун.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …