Главная / Гуногун / Рафти чанг дар соли 1917

Рафти чанг дар соли 1917

Аз сабаби ба итмом расидани захирахо ва харакати пурзури зиддичангии халк дар Германия, Австро-Венгрия, Фаронса, Англия ва Русия вазъият тезу тунд шуд. Хукуматдорони ин мамлакатхо умедашонро акнун аз галаба канда, рохи аз чанг баромаданро мекофтанд, рохбарони Германия дар бораи бас кардани чанг фикри хешро ба мамлакатхои аъзои Антанта расонданд. Иттифокчии он Австро-Венгрия бошад, ба Фаронса сулх хам таклиф кард. Империализми Германия ба давлатхои Антанта сулх бастани буд, вале сулхи баробар ба галаба. Вилгелми II гуфта буд, ки шартхои сулх “бояд аз он иборат бошанд, ки мо аз душманон пул, ашён хом, пахта, равган гирифта, хамаи онро аз кисаи онхо ба кисаи худ гузорем”. Давлатхои Антанта ба ин харгиз рози шуда наметавонистанд.

images

Дар солхои чанг ИМА ба давлатхои Антанта лавозимоти чанги ва озука фурухта, аз ин хисоб сарвати фаровон гун кард. Акнун империализми ИМА бо ин бойгарию тавоноиаш мехост, ки хукмрони чахон шавад. Танхо баъди се соли чанг – мохи апрели соли 1917 бо хамин максад бо Германия чанг эълон кард. Ин хабарро шунида, хукуматдорони Англия ва Фаронса саросема шуданд. Онхо дар фикри он буданд, ки ИМА аз музаффариятхояшон истифода набарад. Барои хамин галабаи худро бар давлатхои гурухи германияви тезондани буданд. Вале ба Англия ва Фаронса муяссар нашуд, ки то ба Европа расида омадани артиши ИМА Германияро шикаст бидиханд. Гайричашмдошт мохи октябри соли 1917 лашкари Германия ва Австро-Венгрия дар Капоретто ба лашкари Италия зарбаи сахт зад ва кариб буд, ки онро торумор кунад. Артиши Фаронса ва Англия мошинсавор зуд ба он чо расида омаданд ва базур пеши рохи артиши Германия ва Австро-Венгрияро гирифтанд ва нагузоштанд, ки онхо ба дарунтари Италия cap дароранд.

Мухорибахо дар ин сол дар чабхахои дигар хам давом карданд, вале онхо бештар ба фоидаи Антанта анчом меёфтанд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …