Главная / Гуногун / РУСИЯ ДАР НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XIX

РУСИЯ ДАР НИМАИ ДУЮМИ АСРИ XIX

Сохти иктисодии Расия. Шикаст дар чанги Крими солхои 1853 – 1856 нишон дод, ки Русияи як вактхо жандарми Европабуда ба давлати акибмонда табдил ёфтааст. Ба ин пеш аз хама мавчудияти тартиботи крепостнойии Русия сабабгор буд. Инро шохи нави Русия Александри II, ки соли 1855 ба тахт нишаст, хуб мефахмид. Бинобар ин 19 феврали соли 1861 хукуки крепостнойиро “аз боло” бекор кард. Баъди ин Русия ба рохи сармоядорй даромад. Дехконони аз асорати крепостнойй озодгардида барои пешравии саноат манбаи арзони мехнати кироя гардиданд.

Сармоядорон ва сохибкорони Русия бештар корхонахои калони саноатй месохтанд. Дар ибтилои асри XX корхонахое, ки коргарони онхо зиёда аз 500 нафар буданд, 50 фоизи коргарони Русияро ташкил мекарданд. Аз руи марказонидани истехсолот Русия дар Европа ба чои аввал баромад. Вале аз руи дигар нишондихандахои иктисодй аз мамлакагхои мутаракки хеле акиб мемонд.

Дар Русия аввалии инхисорхои сармоядорй дар охирхои асри XIX ба вучуд омадаанд. Дар натичаи суръати тези марказонида шудани саноат иттиходияхои инхисорчиён ба вучуд омаданд. Шакли маъмули иттиходияхои инхисории Русия синдикатхо буданд. Соли 1902 синдикат оид ба фуруши махсулоти маъданкоркунй “Продамет” ташкил ёфт, соли 1904 бошад. синдикатхои “Продугол” ва “Продвагон” ба фаъолият cap карданд. Онхо кариб дар тамоми Русия ба истехсол ва фуруши маъдану маснуоти маъданй. ангишт ва вагон назорат мекарданд.

Дар Русия дар ин давра макоми банкхо баланд шуд. Онхо барои сохтани корхонахои нав ва васеъ кардани истехсолот ба сохибкорон пул карз медоданд. Худашон хам ба саноат маблаг мегузоштанд. Марказонидани сармояи банки ба амал меомад. Ду банки калонтарин – Банки Байналхалкии Петербург ва Банки Русияю Осиёй ва баъзе банкхои дигар дар тараккиёти саноату тичорат сахми калон гузошта, онхоро ба зери назорати худ дароварда буданд. Иихисорхои саноати хам кушиш мекарданд, ки дар сармоядории бонки сахмдор бошанд. Хамин тарик, омезиши ду намуди сармоя саноатй ва банки ба амал меомад.

Русия тавассути сармояи худ саноатй пешкадами мамлакатро бунёд карда метавонист. Барой хамин ба воридшавии сармояи хоричй эхтиёчи зиёд надошт.

Дар кишоварзи маъмулан тартиботи феодалию крепостнои вучуд дошт. Сарфи назар аз ин дар ин соха хам баъди 19 феврали соли 1861 охиста-охиста муносибатхои сармоядорну сохибкорй ба вучуд меомаданд. Фаъолияти хочагии кулакхо дар ин бора далолат мекунанд.

Сохти сиёсии Русия. Дар Русия дар сари хокимият подшох ва помешикон меистоданд. Дар идоракунии давлат харбиён хам макоми баланд доштанд. Сохти сиёсати давлат мутлакияти подшохи буд. Ягон макомоте набуд, ки хокимияти подшохро махдуд карда тавонад.

Ислохоти буржуазии солхои 60-ум – 70-уми асри XIX ба хокимияти марказии Русия тамоман дахл накард. Халк мисли пештара аз хукукхои сиёси махрум буд.

Подшох Николайи II, ки соли 1894 ба чои Александри 2 ба тахти подшохии Русия нишаст, шохи помешикон буд. У мамлакатро бештар ба нафъи онхо идора мекард.

Буржуазияи пешкадами Русия ба хокимияти мутлаки подшохи мухолиф буд, вале аз сабаби камшуморй, надоштани эътимоди баланд дар байни омма, надоштани тачрибаи муборизаи сиёси ва номуташаккилй алайхи хокимияти мутлаки подшохи мубориза бурда наметавонист. Вай аз гузашткунихои ночизи подшох марбут ба демократиконии хаёти чомеа хам розй буд.

Сиёсати хоричии Русия. Дар нимаи дуюми асри XIX сиёсати хоричии Русияи подшохи чун дар асри XVII ва нимаи аввали асри XIX самтхои муайян дошт. Дар ин давра он асосан бар зидди Туркия ва Эрон нигаронида шуда буд. Аз хамин сабаб дар зарфи каме зиёдтар аз 50 сол Русия бар зидди ин давлатхо чандин маротиба чанг кардааст. Русияи подшохи мехост, ки Кафкозро ба даст дарорад. Кримро аз они худ кунад, Бахри Сиёхро аз Туркия кашида шрифта, барои худ ба Бахри Миёназамин рохи обй кушояд ва дар нимчазираи Балкан мавкеи стратеги пайдо намояд. Натичаи хамин сиёсат буд, ки Русия Кафкозро ба мустамликаи худ табдил дод. Агар Русияи подшохй дар самти Кафкоз мавкеи худро мустахкам карда бошад, дар Крим мавкеи ночизе, ки каблан дошт, дар натичаи дар Чанги Крими солхои 1853 – 1856 аз Туркия сахт шикаст хурда онро пурра аз даст дод.

Англия ва Фаронса намехостанд, ки дар шахси Русия ракиби пурзури зафарманде дошта бошанд. Барои хамин дар Чанги Крим онхо ба Туркия дасти ёрй дароз карданд ва имконият фарохам оварданд, ки Русия шикаст хурад.

Дар нимаи дуюми асри XIX Русияи подшохи сиёсати хоричии худро асосан ба Крим, Балкан, Чин ва Осиёи Марказй чалб намуд. Вай мисли пештара ният дошт, ки Кримро аз Туркия кашида гирад, мавкеи худро дар нимчазираи Балкан мустахкам кунад. Инчунин Осиёи Марказиро ишгол кунад ва дар наздикии Чопон барои сипохи худ пойгоххои харбй созад, то ки баъд забткорихои худро аз он чо дар Шарки Дур огоз намояд. Аз ин ру, аз Чин барои аз болои хоки он то нимчазираи Ляодун сохтани рохи оханн УКВЖД, ки аз ин давлат ичора гирифта буд, ичозат мегирад.

Аз соли 1847 cap карда Русия ба забти Осиёи Марказй даст зада, як гурухи калони лашкарашро ба самти Бахри Арал фиристод. Лашкари дигари Русия соли 1853 калъаи Окмасчид (Кизил Урдаи хозира)-ро ишгол намуд. Вале Чанги Крим самти сиёсати хоричии хукумати подшохиро тагйир дод. Биноан, то соли 1864 Осиёи Марказиро ба холи худ гузошт.

Аз соли 1864 cap карда то соли 1895 Русияи подшохи паси хам каламрави хонихои Куканду Хева ва Аморати Бухороро забт карда, ба мустамликахои худ табдил дод.

Хануз амалиёти чангй дар Осиёи Марказй ба анчом нарасида буданд, ки таваччухи сиёсати хоричии Русия аз нав ба Балкан чалб шуд. Дар ин чо халкхои славянй ва халкхои дигари сокини ин нимчазира ба муборизаи миллию озодихохии зидди туркхо бархостанд. Мохи апрели соли 1877 Русия ба ёрии онхо шитофта, Дар аввали соли 1878 дар ин чо сипохиёни Русия бар лашкари

Туркия дастболо шуданд ва 3 март соли 1878  махаллаи Сан- Стефанои наздикии шахри Константинопол Созишномаи сулхро ба имзо расониданд. Вале худи хамон сол Конгрессы байналхалкиы Берлини бо ташаббуси Германия. Англия ва Фаронса барпогардида музаффариятхои Русияро дар нимчазираи Балкан ва Бахри Сиёх ба нести расонид.

Баъди халли “масъалаи Осиёи Марказй” дар охирн асри XIX – аввали асри XX диккати сиёсати хоричии Русия бештар ба Шарки Дур чалб шуд. Ин вакт Русия дар нимчазираи Ляодун шахр – истехкоми харбии Порт-Артурро бо суръатн том месохт ва ният дошт, ки аз ин чо сиёсати истилогаронаи хешро дар Шарки Дур тезтар пиёда кунад. Хамин буд, ки вай бо Чопони империалистии чавон ру ба ру шуд. Дар натича чанги солхои 1904 – 1905-и Русияю Чопон ба амал омад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

deha-sher

Шеъри дар бораи Деха

Эй дехаи ман, Дехи кухистон, Ман бо ту масрур Ман бо ту хандон, Манзарахоят Завху …