Главная / Гуногун / РУХИ САРКАШ Ё ФАЛСАФАИ АЙЁМ

РУХИ САРКАШ Ё ФАЛСАФАИ АЙЁМ

Такриз ба китоби шоир Усмон Шарифзода «Рухи саркаш»

  Афлотун пас аз шиносои бо Сукрот ашъорашро оташ мезанад ва аз дустонаш такозо мекунад. Хар чо, ки китоби шеърхои уро дарёбанд, оташ бизананд. Ин вокеа ба гуши Сукрот мерасад ва рузе аз Афлотун мепурсад:

  – Ин рост аст, ки ту шеърхоятро оташ мезани?

  – Бале, устод, – посух медихад Афлотун.

  – Хуб мекуни, Аристоклис! Вале дар ягон шеърат донахои фаласфи нихон бошанд чи? Дар он сурат, Пахно (Афлотун) бех мебуд, ки ту худро оташ мезади!

  Ин гуфтугуи устоду шогирд гувохи он аст, ки Сукрот зидди шеъру шоири набуда, балки зидди ашъоре буд, ки он тихи аз фалсафа аст. Дар хакикат шеъре фалсафа надорад, вай сатхи аст, халк онро намепазирад, аз забон бар забон намебаранд ва дар лавхи хотирхо боки нахоханд монд. Шеър бояд бо зиндаги махлут бигардад, дар он сурат ба дилхо наздик мешавад. Охир зиндаги худ фалсафа аст, муаммои зиндагиро шоир бе маърифати пахлухои мухталифи он, асрори ба кавли Хофиз, нихони он, лахзахои хузновару пурхуни онро дарк накунад, калби хешро бо калби хонандааш яксон нагирад, дарди халкашро бо дарди худаш ба хам набинад, шеъри у кабл аз худи у рахти сафар хохад баст. Усмон Шарифзода мегуяд:

  Хар ки натвонад кунад эхсос ранги зиндаги,

  Метавони гуфт, бешак, одами не, балки санг аст.

Шоир бахри ки эчод мекунад?! Агар у баробари халкаш насузад, агар у ба каъри дили халкаш чун гаввос даст назанад, халкаш ба ашъори у даст нахохад зад.

  … Шеър бояд, ки ба чуш орад дили бечушро,

  Дар киём оварда, бар минбар барад хомушро.

  Шеър бояд, ки ба хуш орад каси мадхушро,

  Нуш созад захррою захр созад нушро.

 

  Шеър бояд мушкили хар шахсро осон кунад,

  Шеър хам имруз бояд бебадал исён кунад.

  Шеър бояд мисли дарё чунбишу тугён кунад,

  Шеър бояд чумларо хандону хам гирён кунад.

 

  … Шеър бояд инкилобу шуришу исён кунад,

  Чунбиш орад бар замону кухро такон кунад.

  Шеър чун хуни Хилоли даштро алвон кунад,

  Шеър чун хуни Хилоли сангро гирён кунад.

(сах. 12 Усмон Шарифзода «Рухи саркаш»).

Зиндаги худ фалсафа аст. Шоир набояд чун саррофи гавхарношинос аз зиндаги онеро бигирад, ки  ба дарди мардум нахуранд, у ба мисли занбури асал аз зиндаги гулхоро чида, талхии зиндагиро бо асал омехта ба халкаш баргардонад. Ин талхи хакикати вокеъи буда, хонанда аз он лаззат мебарад. Хакикати зиндаги харчанд талх бошад хам хамон кадар ба калби хонанда наздик ва ибратбахш аст. Онро факат шоир метавонад бо обу ранги бадеи махлут сохта ба «сохибаш» баргардонад. Дар он вакт ашъори шоир ба мисли шолудаи  симон ба майнаи одамон рехта хохад шуд ва хеч кувва онро аз лавхи хотирот рахо нахохад кард.

Банда шоир Усмон Шарифзодаро хамин тавр дарёфтам. Хатто унвони китобаш хам оханги чадид аст – «Рухи саркаш».  Вале дар асл он  рухи саркаш набуда, балки инъикоси рухи айём аст. Кариб тамоми ашъори шоир аз лихози мазмун ва тарзи баён тозаву бикр буда, ифодагар ва инъикоси хастии мо мебошад. Шоир тамаъкори надорад, ифодагари заиф хам нест, балки аз хонандаи худ котеъона талаб мекунад, ки чашм боз бикунад ва худро бишносад:

… Хайфи одам, ки ба кадраш нарасанд он гахи хаст,

Баъди мурдан бибарандаш хама дам дасти ба даст.

То ба мурдан хама гар дасти ба дасташ бурди,

Зиндаги бори дигар карди, кучо мемурди?!

Хайфи одам , ки ба кадраш нарасидем, дарег,

Хайфи он дам, ки ба кадраш нарасидем, дарег

Хайфи онон, ки хама айни камолу руштанд,

Хайфи мо низ, ки моро ба чавони куштанд…

                                                                         (сах.17).

Ё ки дар шеъри дигаре аз айем ба шур омада мегуяд:

… Ман аз тират, фалак, бехонумонам,

Камонатро бикаш, бар ман мазан тир.

 

Сияхкоро, ту аз шаш дар балохез,

Намешноси мусалмонро зи кофир.

 

… Худовандо чи одам офариди,

Агар хар лахзае сад гуна  тахкир?!

 

… Рахи Халку Худо бикшой, бикшой,

Ки ин рох пешаи дил то ба охир.  

                                                             (сах. 19).

Фалсафаи шоир Усмон Шарифзода хеле сахех ва даъваткунанда аст. У ба оханги як шеъри маъруфи халки, ки «Эй бародар хоки поят тутиё»  ном дошта, хофизи дустдоштаи халки точик Ака Шариф Чураев зам – зама мекард, истинод карда, хакикати талхи имрузаи халки моро хеле устокорона баён намудааст. Дар дахсолахои охир дар натичаи дар зери таъсири бегонагон мондан мехру мухаббат ба халки худ, ба авлоду бородарон ва хешу табори кохида, чои онро берахмиву башафкати ва номехрубони мегирад. Харчанде, ки шоир моро (хонандаро)таъна мезанад, дар асл ин шеъри у ба тарзи сахли мумтанеъ садо дода, хонандаро ба фазилат, мехрубони, кадршиноси ва дар зиндаги ба кадри хамдигар расидан хидоят мекунад:

«Эй бародар хоки поят тутиё,

Гар ту моро дуст медори, биё».

 

… Мо ба як гахвора чунбиш кардаем,

Хам зи як модар, зи як пистон гизо.

… Турку хинду ошнои дошта,

Мову ту чун турку хинду дар кучо?!

 

Ё Худованде, ки моро офарид,

З-у хатое рафта дар эхёи мо?

 

Ё ки хирси молу пулу давлат аст,

К-он зи фарзанди падар дорад кучо?!

 

… Чашми мо дар хоки гафлат кур шуд,

Эй бародар хоки поят тутиё!

Шоир исён мекунад, халкашро ба бедори даъват менамояд, вале ин исён ба назар тунд намояд хам дар асл хакикати талхи айём аст:

… Аз чи бо номардхо хар чо муросо мекунанд?!

Чун муросо мекунанд, ин чабр бар мо мекунанд!

 

Дар панохи хар муросо чилваи номард чист?!

Бо гунохи хар муросо сузи дарди мард чист?!

… Рузи осоиш агар бошад хиёнаткори дуст,

Пас бидонаш, рузи сахти меканад аз дуст пуст.

 

Рузи осоиш, ки у одамфуруши мекунад,

Пас бидонаш, рузи танг оламфуруши мекунад…

Шоир файласуф нест! Вале эхёи айёми разолат – авомфиреби, фиребгари, бешафкати, дунёпарасти, дуруггуи, дуруяги, золими, дузди, одамкуши, горатгари, нашъаманди, динфуруши, бехудои, каллоби, фохишаги – хулоса хамаи ин тухми касофат, ки дар тули як аср кишт карда, таги хок менамуданд, баробари зилзилаи нахустин сафолакхояшон пош хурда, яку якбора ба сони замбуруг, пас аз борони бахори нешкашида баромаданд.

Ва билохира, муборизаи шадиду хунин бахри бунёди истиклолият ва аз равзанаи айём гох-гох ва хира-хира нур афкандани давраи навро  эхсос намудани шоир уро бебоку часур гардонидаанд. Бедории тинати шоир Усмон Шарифзода мачбур сохтаанд фалсафаи ба худ хосро кор карда барояд. Шоир дарк намудааст, ки «фалсафаи хасти ва нестии Хайёмона» имруз ба дарди айём намехуранд.

Рухи хонанда коста гардидааст, зеро суст намудани лачоми шайтон – хусусияти омавии шаётинро эхё намуда, хукмронии мутлаки шайтонро барпо намудааст. Аз ин ру, шоир бебокона фошо-фош мегуяд. У тунд мегуяд,  вале бародарона мегуяд, у бо хонандааш чанг эълон мекунад, вале самимияти у воло гирифта хонандаро ба худ мекашанд:

… Эй Худо, халки Худо, марзи Худо дор нигох,

К-ин худобехабарон бехабаранд инсон чист!

                                                                         (сах. 72).

Ё ки чои дигар мегуяд:

… Он Худованде, ки оддамро чу дунё офарид,

Чисми у аз хоку рухи у зи боло офарид.

 

… Хайф, Одам баъд … худро аз тачалли дур кард,

Дур карда аз тачалии Худо, берун кард.

 

Як хатои одамият ин,  ки худ нашнохта,

У ки худ нашнохта, худ дар бало андохта…

 

 

… Хар чи у бошад – чахони у, мукофоташ хамон,

Дузахи уву Бихишти у – Музофоташ хамон.

 

Аз хамин ру «дузахи»-ву хам «бихишти» гуфтаанд,

Аз хамин ру фоли неку ё ки зиште гуфтаанд.

 

Хам Бихишту Дузах ин чо – андаруни Одам аст,

Кувваи неку бади Одам хамон – ду Олам аст.

 

… Эй бихиштиодам, охир дар сурогат сухтам,

Бо чарогат чустам охир, ку чарогат? Сухтам!…

                                                                         (сах. 24).

«Рухи саркаш»-и Усмон Шарифзода бехтарин тухфа дар айёми мо аст, хонанда бемашаккат ба фалсафаи шоир махлуд гардида, даст аз олами шаётин ва разолат ва касофат меканад, ру ба олами нав – олами худшиноси, олами офариниш – истиклол меорад.  Шоир ба ояндаи ватанаш, халкаш давлаташ бовари дорад. У бовари дорад, ки аклу хирад пируз хохад гашт. У ба фарзанди азизаш Саодат, ки донандаи девони Хоча Ховиз аст, мегуяд:

… Танг набвад рузии ту, тангдил харгиз машав,

Танг омад зиндагони, чони ширин чони зор.

Офтоби бахти ту то Арш ханчар мезанад,

Бахту толеъат баланд аст, ахтари тобони зор.

Мерасад рузи кушоди, мешавад айёми шоди,

Меравад ин даври боди, комил аст имони зор

                                                                         (сах. 28).

                                                 Иброхим Умарзода

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …