Главная / Гуногун / РУДАКИ ВА СОМОНИЁН

РУДАКИ ВА СОМОНИЁН

Чунон ки ишора рафт, Рудаки дар ахди Насри I (864—892) ба   дарбори   Сомониён,   ки  он  вакт  пойтахташон   Самарканд  буд,   чалб мегардад. Дар ибтидои ба Бухоро кучонидани марказ Рудакиро низ ба он чо оварданд, ки ба ин ишорахои Саъид Нафиси, Абдулгани Мирзоев, Холик   Мирзозода   ва   Абдурахмон  Тохирчонов99   санади   муътамад мебошанд. Вале, аз сабаби ноогохи  аз таърих, муаррихони гузашта ва мухаккикони муосир хама хамфикранд, ки шухрати беандозаи Рудаки дар замони Наср ибни Ахмади Сомони (914—943) интишор дошт. Аксар бар он акидаанд, ки Рудакиро Балъами махз дар замони хамин амир ба дарбор даъват кардааст. Ин даъво аз ахбороти Авфи сарчашма мегирад, ки менависад: «Овозаи шоъиру мутриби беназир Рудаки ба атрофу акнофи олам бирасид ва амир Наср ибни Ахмад ас-Сомони, ки Амири Хуросон буд, уро ба курбати хазрати худ махсус гардонд ва кораш боло гирифт ва сарвату неъмати у ба хадди камол расид, чунон ки гуянд уро дусад гулом буду чахорсад шутур дар зери бунаи у мерафт».

Ин чо суоле ба миён меояд, ки эчодиёти Рудаки, ки аз соли 867 шуруъ шуда буд, то ин вакт, дар муддати беш аз 45 сол чи кимат дошт? Чи навъ мешавад, ки як марди такрибан 60-сола, ки то ин вакт чи маком доштанаш маълум нест, ба он гуна манзалате, ки Рудаки дошт, сохиб мегардад? Хаминро низ ба хотир овардан лозим аст, ки Насри Сомони дар хаштсолаги ба тахт нишаста буд. Ин санадро Н. И. Кримский, С. Нафиси, А. Мирзоев ва X. Мирзозода зери шубха гирифта бошанд хам, гирахро накушодаанд. Абдуррахмон Тохирчонов тахмин мекунад, ки шояд Рудаки аввал ба даргохи Наср ибни Ахмади I чалб шуда, ба сабаби шухрати беандоза доштани шоъир дар дарбори Наср ибни Ахмади II муаррихону мухаккикон робитаи уро бо Насри I ба эътибор нагирифта бошанд. Ин сухан чон дорад, зеро шахсияте мисли Рудаки бо он фикру акидааш, ки тачассумкунандаи замон буд, дар он давраи пурталотум ва бедории милли наметавонист дар гушаи фаромуши карор гирад. Махз хамин бедории милли бо тамоми мураккаби ба истиклолияти мамлакат оварда расонда буд. Дар ин ходисаи таърихи накши Сомониён бузург аст. Наср ибни Ахмади Сомони хануз соли 842 аз тарафи падараш хокими Самарканд таъйин шуда буд. Соли 865, баъди фавти падар, у сардори хонадони Сомони шинохта мешавад. Соли 875 халифаи аббоси ал-Муътамад Насрро хокими тамоми Мовароуннахр интихоб намуда, аз хамин замон хокимияти мустакили Сомониён огоз меёбад.

Наср барои эхёи фархангу мукаддасоти халки точик фаъолияти зиёде нишон додааст. Такя ба гузашта ва эътибор ба чихатхои хоси маънавиёти худ дар сиёсати давлатдории Наср мавкеъи мустахкам доштааст, ки Рудаки сарояндаи ин акида буд. Аз ин чо хулосаи мантики баровардан мумкин аст, ки Рудакиро, ки дар овони чавони дар Самарканд илм меомухт, даставвал ба дарбори Насри I ибни Ахмади Сомони мекашанд, ки солхои 865—892 хокими Самарканд ва Самарканд дар он ахд пойтахти Сомониён буд. Рудаки то он вакт хамчун чавонмарди сохибистеъдод дар манзилхои дехконон, заминдорону давлатмандон ба сарояндаги, навозандаги ва шоъири машгул гардида, вакти худро бештар дар мачлисхову махфилхои адабиву илми мегузаронид. Баъди ин Рудаки бо ташаббуси Абулфазли Балъами, ки аз соли 892 то соли 938 вазири Сомониён буд, ба Бухоро ва пойтахти нави Сомониён даъват карда мешавад. Зимнан кайд кардан лозим аст, ки мухаккикони собики рузгори Рудаки ба як нуктаи маълумоти Самъони таваччух зохир накардаанд, ки менависад: «Аз Исмоъил ибни Ахмад ибни Аслам ал-Козии Самарканди ривояте мавчуд аст, ки онро Абуабдуллох Абехамзаи Самарканди, ки аз номи у маро хадиси мусаннаде маълум нест, хикоят мекунад. Ва чун аз номи у ривоятеро дидам, написандидам, ки зикраш оварда намешавад. Гуянд: «Рудакиро миёни Арабу Ачам назир набошад».100  

Чунон ки Самъони мулохиза мефармояд, Исмоил ибни Ахмади Сомони, ки асосгузор ва истехкомкунандаи давлати Сомониён буду соли 874 сохиби мамлакати Бухоро гардид, ду бор (солхои 886 ва 888) бо айби бародараш Насри I ибни Ахмади Сомони бо у чангида, зафар ёфт, вале бародараш (Наср)-ро аз сари тахт наронда, худро тобеъи вай эълон кард, хуб медонист, ки бародаркуши завол аст, на галаба. Факат баъд аз вафоти Наср Исмоил (соли 892) сарпарасти хонадони Сомони шинохта шуд. У на ин ки ба тахти Самарканд нанишаст, балки пойтахтро соли 892 ба Бухоро куч дода, то соли 907 хукумат ронд. Мумкин аст Рудаки хануз хангоми сайру гаштхои чавониаш дар Самарканд ба даргохи Исмоили Сомони рох ёфта бошад. Аммо дар замони салтанати Исмоили Сомони (892—907) дар дарбор будани у якин аст.

Тахмини Абдулгани Мирзоев дар хусуси он, ки дар ибтидои вазирии Балъами ба дарбор чалб шудани Рудакиро тарафдори карда буд, бар асоси таъкиди Самъони оид ба вазири Исмоили Сомони будани Балъами ба хакикат табдил меёбад. Вале дар замони хукумати Ахмад ибни Исмоил (907—914), ки мусулмони мутаассиби арабпарасте буд, дар мамлакат исёну шуришхо ва кушокушу низоъхо зиёд гардида, шояд Устод Рудаки дар хамин давра, баъди хизмати дахсола, аз руйи игвову дасисаи ракибонаш аз дарбор хорич гардида, ба Самарканд ва зодгохи худ баргашта бошад:

Рахи савору чавону тавонгар аз рахи дур

Ба хидмат омад некусиголу некандеш.

Писанд бошад мар хочаро пас аз дах сол,

Ки баргардад пиру пиёдаву дарвеш?!

Мисраъи охир фикреро талкин менамояд, ки дар ин вазъият молу дороии Рудаки мусодира шуда, аз дарбор канор рафтани уро шояд Балъами хам, куввахои мукобили Рудакиро ба хисоб гирифта, маслихат дода бошад. Худи Ахмад ибни Исмоил, ки аз нав забони арабиро забони коргузории давлати карда буд ва ба хама чизи араби сар хам мекард, кушта шуд. Аз ин чихат, комилан мантикист, ки баъди пасанда шудани он шуру шар, катли Ахмад ибни Исмоил ва ба тахти амири нишастани Насри II ибни Ахмади Сомони (914—943) Балъами боз Рудакиро ба дарбор чалб намояд. Байти Рудаки:

Пири фартут гашта будам бас,

Боз гаштам  ба рузи барнойи.

андешаи моро бар он мебарад, ки муваккатан аз дарбор дур карда шудани у заминаи сиёси ва мафкурави дошта, шоъир онро чун зарбаи чонкох пазируфта, рухан гам мехурд ва ба майдони мубориза аз нав чалб шуданашро бо шодмони кабул менамуд.

Хамин тарик, Рудаки, ки шохиду анбози бисёр вакоеъи чахор амир, галабаи Исмоили Сомони бар Амр ибни Лайси Саффори (900), ошубу исёнхои бисёр хокимону сарлашкарони саркаш, киёмхои халк ва гайра буд, албатта бо анчуманхои адаби ва махофили илмии дарбори Насри I ибни Ахмади Сомони (865—892), Исмоили Сомони (892—907), Ахмад ибни Исмоил (907—913) беалока набудааст. Вале дар дарбори Наср ибни Ахмади Сомони, яъне Насри II (914—943), ба мартабаи азиме сохиб мешавад. Бинобар хамин, худи Рудаки сипосгузорона мегуяд:

Киро бузургиву ниъмат зи ину он буди,

Варо бузургиву ниъмат зи Оли Сомон буд!

Насри I Сомони дустдор ва таблиггари адабиёти дари буд. Худаш хам шеър мегуфт. Насри II Рудакиро бо ташвики Балъами надим, яъне аз наздикони худ, мегардонад. Рудаки бо вучуди калонсоли, дар аглаби мусофиратхои Наср бо у хамрохи карда, Нишопур, Марв, Сарахс, Хирот ва бисёр шахрхои дигарро дидааст.

Нуфузи Рудаки дар дарбор нихоят калон буд. Дар назди шахсияти у амиру вазиронаш сари таъзим фуруд меоварданд. Насри II ибни Ахмади Сомони ва сарлашкарону хокимони каламрави у ба шоъир барои касида ва достонхояш чойизахои калон медоданд. Ин маъни дар касидаи «Шикоят аз пири» низ сабт шудааст:

Бидод мири Хуросон-ш чил хазор,

Дар у фузуни як панчи мири Мокон буд.

Зи авлиёш пароканда низ хашт хазор

Ба ман расид бад-он вакт, холи хуб он буд.

Унсури низ хабар медихад:        ‘

Чихил хазор дирам Рудаки зи михтари хеш

Ато гирифт ба назми «Калила» дар кишвар.

Баъди ба мусибати сахте гирифтор шудан ва аз дарбор хорич гардидан Рудаки таъкид менамояд, ки дар вакташ макоми у аз мавкеъи амиру малик волотар буд:

Басо, ки маст дар ин хона будаму шодон,

Чунон ки чохи ман фузун буд аз амиру мулук.

Кунун хамонаму хона хамону шахр хамон,

Маро нагуй, к-аз чи шудаст шоди сук!

Тибки ривояти муболигаомез, дар он давра дусад гулому чахорсад шутур дар зери бунаи у мерафтааст ва шухрати Рудаки дар суханвари ба дарачае меафзояд, ки Абулфазли Балъами, ки аз сарпарастони Рудаки буд, гуфтааст: «Дар Арабу Ачам мисли Рудаки шоъире нест».101

Хушбахтона, сохиби «Чахор макола» тасвири яке аз сафархои амири Хуросону мукаррабонашро мохирона ба тасвир овардааст, ки бехтарину муътамадтарин шохиду гувохи бузургии макоми шоъириву инсонии Рудаки дар он замон мебошад: «Чунин овардаанд, ки Наср ибни Ахмад, ки воситаи икди Оли Сомон буду авчи давлати он хонадон айёми маликии уву асбоби таматтуъу илали тараффуъ дар гояти сохтаги буд; хазойини ороставу лашкари чаррору бандагони фармонбардор зимистон ба дорулмулки Бухоро маком кардиву тобистон ба Самарканд рафти ё ба шахре аз шахрхои Хуросон, магар як сол навбати Хари буд. Ба фасли бахор ба Бодгис буд, ки Бодгис хуррамтарини чорвохурхои Хуросону Аррок аст. Кариб хазор новхост пуробу алаф, ки хар яке лашкареро тамом бошад. Чун сутурон бахор неку бихурданд ва ба тану туши хеш боз расиданд ва шойистаи майдону харб шуданд, Наср бинни Ахмад руй ба Хариву ба дари шахр—ба Мурги Сафед фуруд омад ва лашкаргох бизаду бахоргох буд. Шамол вазон шуду мевахои Молану Карух даррасид, ки амсоли он дар бисёр чойхо ба даст нашаваду агар шавад, бад-он арзони набошад. Он чо лашкар баросуду хаво хушк буду бод сарду нон фароху мевахо бисёру машмумот фаровон ва лашклре аз бахору тобистон бархурдории тамом ёфтанд аз умри хеш. Ва чун Мехргон даромаду асир даррасид, шохисфараму хамохиму акшугон дар дам шуд, инсоф аз найими чавони биситоданд ва доди унфувони шубоб бидоданд. Мехргон дер даркашиду сармо кувват накарду ангур дар гояти ширини расиду дар саводи Хари саду бист лавн ангур ёфта шавад. Хар як аз дигаре латифтару лазизтару аз он ду навъ аст, то ки дар хеч нохияти рубъи маскун ёфт нашавад: яке парниён ва дигаре кулунчарии тунукпусти хурдакаки бисёроб, гуи, то ки дар у ачзои арзи нест. Аз кулунчари хушае панч ман ва дар хар донае панч дирам санг биёяд сиёх

чун киру ширин чун шакар. Ва азаш бисёр битавон хурд ба сабаби моияте, ки дар уст. Ва анвоъи мевахои дигар хама хиёр. Чун Амир Наср ибни Ахмад Мехргону саратони у бидид, азимаш хуш омад. Наргис расидан гирифт. Кишмиш бияфганданд дар Молану мунакки

баргирифтанду ованг бибастанду ганчинахо пур карданд. Амир бад-он ду пора деха фаромад, ки уро Гураву Дарвоза хонанд. Сарохое диданд хар яке чун бихишти аъло ва хар якеро богеву бустоне дар пеш бар махабби шамол нихода. Зимистон он чо маком карданду аз чониби Сичистон норинч овардан гирифтанду аз чониби Мозандарон турунч расидан гирифт. Зимистон гузоштанд дар гояти хуши. Чун бахор омад, аспон ба Бодгис фиристоданду лашкаргох ба Молан – миёни ду чуй бурданд. Ва чун тобистон даромаду мевахо даррасид, Амир Наср ибни Ахмад гуфт: «Тобистон кучо равем, ки аз ин хуштар макомгох набошад?! Мехргон биравем». Ва Мехргон даромад. Гуфт: «Мехргони Хари бихурему биравем». Ва хамчунин фасле ба фасле хамеандохт, то чахор сол бар ин баромад, зеро ки самими Давлати Сомониён буду чахон ободу мулк бехасму лашкар фармонбардору рузгор мусоиду бахт мувофик. Бо ин хама малул гаштанду орзуи хонумон бархост. Подшохро сокин диданд: хаваси Хари дар сари уву ишки Хари дар дили у. Дар аснои сухан Хариро ба бихишти адн монанд карди, балки бар бихишт тарчех ниходиву аз бахори Чин зиёдат оварди. Донистанд, ки сари он дорад, ки ин тобистон низ он чо бошад. Пас сарони лашкару мехтарони мулк ба наздики Устод Абуабдуллох ар-Рудаки рафтанду аз нудамои подшох хеч кас мухташамтару макбулулкавлтар аз у набуд. Гуфтанд: «Панч хазор динор туро хидмат кунем, агар санъате бикуни, ки подшох аз ин хок харакат кунад, ки дилхои ом орзуи фарзанд хамебараду чони мо аз иштиёки Бухоро хамебарояд». Рудаки кабул кард, ки набзи Амир бигрифта буду мизочи у бишнохта. Донист, ки ба наср бо у дарнагирад, руй ба назм оварду касидае гуфту ба вакте ки Амир сабухи карда буд, даромаду ба чойи хеш биншасту чун мутрибон фуру доштанд, у чанг баргирифту дар пардаи «Ушшок» ин касида огоз кард:

Буйи Чуйи Мулиён ояд хаме,

Ёди ёри мехрубон ояд хаме…

Пас фурутар шуду гуфт:

Реги Омуву дуруштихои у

Зери по чун парниён ояд хаме.

Оби Чайхун, бо хама пахновари,

Хинги моро то миён ояд хаме!

Ай Бухоро, шод бошу дер зи,

Шох наздат мехмон ояд хаме!

Шох мох асту Бухоро осмон,

Мох суйи осмон ояд хаме!

Шох сарв асту Бухоро бустон,

Сарв суйи бустон ояд хаме». 102

Оханги махрамонаи байти аввал, ки зодгоху айёми фарогати кудакии амирро ба ёдаш оварда буд, тазодхои барчастаи байтхои   дувуму савум, ки   ба тарзи эхсосшаванда ва ба чашм намоён на танхо    обу хоки ватани маълуфи Насрро пеши назар чилвагар менамуданд, балки аз харорату талоши амиру лашкари   у дарак медоданд, навиди мутантани байти чахорум, ташбеххои олии байтхои панчуму шашум, самимияти гуфтор, кофия ва радифи шинам ва охангнокии шеър ва дар хавои гуворои «Ушшок» суруда шудани он кори худро мекунанд. Мувофики накли Низомии Арузи, «чун Рудаки бад-ин байт (яъне байти шашум) расид, Амир чунон мунфаил гашт, ки аз тахт фуруд омаду бе муза пой дар рикоби хинги навбати оварду руй ба Бухоро ниход, чунон ки ронину муза то ду фарсанг дар пайи амир бурданд ба Буруна ва он чо дар пой карду инон то Бухоро хеч бознагирифт. Ва Рудаки он панч хазор динор музойиф (яъне, ду баробар — А. А.) аз лашкар биситуд. Ва шунидам, ба Самарканд, ба санаи арбаъа ва хамсамоия  (504/1110—1111),  аз дехкон   Абуричо, ки хикоят кард, ки «чун дар ин навбат Рудаки ба Самарканд расид, чахорсад шутур дар зери бунаи у буд». Ва, алхак, он бузург бад-ин тачаммул арзони буд, ки хануз ин касидаро кас чавоб нагуфта, ки мачоли он надидаам, ки аз ин мазойик озод тавонанд берун омад».

Низомии Арузи баъди зикри байти «Офарину мадх суд ояд хаме, — Гар ба ганч – андар зиён ояд хаме» менависад: «Андар ин байт махосини хафт санъат аст: аввал – мутобик, дувум – мутаззод, савум – мураддаф, чахорум – баёни мусовот, панчум – узуббат, шашум – фасохат, хафтум -чазолат ва хар устодеро, ки уро дар илми шеър табаххурест, чун андак тафаккур кунад, донад, ки ман дар ин мусибам, вассалом».103

Ин чо зикри нуктае вочиб аст, ки чанд нафар аз уламои Эрони муосир ба хакикат доштани ин ривоят шак овардаанд. Аз чумла, Бадеъуззамони Фурузонфар менависад: «Амир Наср дар мусофиратхое, ки ба Хуросон намуда, бино ба накли Муиниддини Исфизори дар «Равзот-ул-чаннот», танхо як руз икомат кардааст. Бадеъуззамони Фурузонфар ходисаи солхои 317—320 х. рухдодаро ба хотир оварда кайд менамояд, ки «ин хамон вакте буд, ки бародарзодагони Наср бар алайхи у исён бардошта буданд. Касидаи мазкурро Рудаки мумкин аст дар яке аз шахрхои Хуросон суруда бошад. Аммо ин ки Рудаки онро дар Хирот сохта, мусаллам нест».104

Абдулгани Мирзоев ба гуфтаи мазкури Фурузонфар дуруст эрод мегирад, ки «ин муаллиф, чи навъе ки дида мешавад, дар асоси ахбороти Исфизори маълумоти сохиби «Чахор макола»-ро дар бораи махалли суруда шудани ин касида ба кулли рад мекунад… Маълумоти Низомии Арузии Самарканди дар бораи ба Хирот мусофират кардани Амир Наср Шеъру шоъирии Рудаки, Мачаллаи Донишкадаи адабиёт, Техрон, 1338, сах. 74-78.

 бинни Ахмад ба вактхои оромии салтанати у тааллук дорад, на ба вактхои ноороми. Сухани Исфизори бошад, баръакс, ба вактхои ноороми — лашкаркаши ва задухурдхои дохилии замони хукмронии у алокаманд аст. Бино бар хамин, ахбороти як сарчашма маълумоти дигареро рад карда наметавонад».105

Дар муддати си соли хукмрониаш Наср бинни Ахмад шояд чандин бор ба Хирот сафар карда бошаду на хар дафъа бар зидди балвогарон ва, чунон ки Низомии Арузии Самарканди менигорад, он сафари у ба Хирот барои истирохату тафрех будааст. Муаллифи дигаре, ки рочеъ ба касидаи «Буйи Чуйи Мулиён ояд хаме» фикр рондааст, Мухаммад Муъин мебошад. У менависад: «Чунон ки аз фахвии таворих истинбот мешавад, амири саййид Наср бинни Ахмад дар солхои зайл ба Хуросон омад: нахуст – дар соли 314 х., ки ба даъвати Халифа ал-Муктадир ба суйи Рай шитофт… дувум – дар 318 х„ ки ба Хирот омаду як руз дар он чо икомат кард… Бори дигар – дар соли 320 х., ки ба Хуросон омад, вале ба Хирот нарафт. Бинобар ин, достони мазкур маъчул ба назар мерасад».106

Касидаи Рудаки, дар вокеъ, ба шеърхои замони чанг, ба лашкаркаши монанд нест. Он наметавонад махсули чунин сафархои Амир Наср бинни Ахмад бошад. Бар замми ин, таърихнигорон ахволи дарбору лашкаркашихо ва корномахои чангии амирону хокимонро бо рангубор пардохта, ба зиндагии гайриразмии онхо, хусусан тафарручу истирохаташон бидуни шикор, камтар таваччух зохир мекарданд.

Касидаи пурраи холияи «Шикоят аз пири» ва порахои касоиди фалсафи ва ахлокии бокимондаи Устод Рудаки нишон медиханд, ки дар ин чода низ шоъир мукаддаму рохнамои хампешагонаш будааст.

Боз, дар миёни ашъори дастраси Рудаки порахои касоиди бахория, тагаззулхои ошикона, фахрияхо, хазонияхо ва гайра мавчуданд, ки аз дунёи мулаввану рангоранги касидахои устоди бузурги сухан шаходат медиханд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …