Главная / Гуногун / РУДАКИ – Дар Бахористони Абдурахмони Чоми

РУДАКИ – Дар Бахористони Абдурахмони Чоми

Вай аз Мовароуннахр аст ва аз модар нобино зодааст. Аммо чунон заки ва тезфахм буд, ки дар хаштсолаги Куръонро ба тамом хифз кард ва кироат биёмухт ва шеър гуфтан гирифт ва ба воситаи хусни савт дар мутриби афтод ва уд биёмухт ва дар он мохир шуд ва Наср ибни Ахмади Сомони 28 уро тарбият кард.
Гуянд, уро дувист гулом буд ва чахорсад шутур дар зери рахту бори у мерафт ва баъд аз вай хеч шоирро ин мукнат29 набуда. Ва ашъори вай, ал-ухдату-ала-р-рови30, сад дафтар баромадааст ва дар «Шархи Ямини»31 мазкур аст, ки ашъори вай хазор хазору сесад байт будааст. Ва аз суханони вай аст, дар сифати шароб:

Он акики мае, ки хар ки бидид,
Аз акики гудохта нашнохт.
Хар ду як чавхаранд, лек ба табъ
Ин бияфсурду он дигар бигдохт.
Нобисуда ду даст рангин кард,
Ночашида ба торак – андар тохт,

Ва дар насихат гуяд:

К и т ъ а
Замона панде озодвор дод маро,
Замонаро чу наку бингари, хама панд аст.
Ба рузи неки касон, гуфт, гам махур зинхор,
Басо касо, ки ба рузи ту орзуманд аст.

Ва дар баъзе таворих чунон мазкур аст, ки Наср ибни Ахмад аз Бухоро омад ва ба Марви Шохчон нузул фармуда буд ва муддати макси32 вай он чо мутамоди 33 шуд. Аркони давлатро хотири Бухоро ва кусуру басотини 34 он мекашид. Аз Рудаки чизи бисёре такаббул карданд35, то байте чанд мушаввик 36 ва мураггиби37 вай ба Бухоро бигуяд ва дар махалле муносиб бар оханги уд бар он тараннум кунад. Ва дар сахари, ки подшох сабухи карда буд, ин абётро бар оханги уд соз кард ва бихонд:

К и т ъ а
Боди чуйи Мулиён ояд хаме,
Буйи ёри мехрубон ояд хаме.
Реги Омуву дуруштихои у
Зери по чун парниён ояд хаме.
Оби Чайхуну шигарфихои38 у
Хинги моро то миён ояд хаме.
Ай Бухоро, шод бошу дер зи,
Шох наздат мехмон ояд хаме.
Шох мох асту Бухоро осмон,
Мох суйи осмон ояд хаме.
Шох сарв асту Бухоро бустон,
Сарв суйи бустон ояд хаме.

Чунон дар нафси вай таъсир кард, ки бо шиккаи39 хос ва кафш савор шуд ва як манзил бирафт.
Ва дар баъзе таворих ин хикоятро ба султон Санчару амир Муиззи нисбат кардаанд. Валлоху таоло аълам40.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …