Главная / Гуногун / РОЗИ ЗИНДАГИ

РОЗИ ЗИНДАГИ

 

Рози зиндаги дар зистан аст.

Гёте

Дили Азаматро гургхо дандон мезаданд. Вай хавотиромез ба атроф нигох кард. Гуё тарсид, ки касе уро назора мекунад. Чун бовари хосил кард, ки дунё тинч  асту касе ба у кор надорад, чашм ба дари дукон духт. Дари дукон холо хам баста буд. Кам-кам дилаш шур афтод: «Хех, сабил! Накунад имруз наояд!» Интизори тул кашид. Дилаш танг шуд. Ва инак, токаташ ток, косаи сабраш лабрез гашт. Андаруни синааш кахру газаб чуш зад. Худ ба худ бекарори ва гур-гур дошт. Нафси сабил голиб омаду уро ба ин чо овард. Аслан нафс кайхо уро зин зада савор шуда.

fatimahЭх, зиндаги, зиндаги!.. Пур аз муаммо будааст зиндаги!.. Баъд аз таввалуди нахустфарзандаш хамсараш хар руз уро мехоид. Намемонд нафаси озод гирад. Кошу кавок мекард, чанчол мебардошт. «Зиндагии аз маош то маош ба дилам зад» мегуфт. «Токат кун». «То кай ин холро токат кунам. Косаи сабрам шикаст!» Азамат ба чехраи хамсараш хайратомез нигарист ва андаке бадчахлона пурсид: «Охир чи кор кунам?» «Дигарон чи кор мекунанд?» «Дигарон?.. Дигарон пора мегиранд». «Ту хам гир». Азамат зик шуд. «Ин тавр нагу!» гуфт. «Чи, ту аз онхо ками?!» «Хо-о! Кам нестам. Аммо…» Ба тани у рашъа давид. Дар ранги руяш тагироте пайдо гашт. Хамсараш таъна зад: «Ту то хамин дарача тарсу хасти?» Азамат садо бароварда натавонист. Сар чунбонд: «Не».

Хамсараш кабул накард. Катъи гуфт: «Ман бо тарсу зиндаги намекунам». Як боди тез гулуйи уро панча зад. Сипас вучудашро тарс фаро гирифт. Чанд рузе дар огуши ду тарс умр ба сар бурд. Он чанд руз барояш дузах буд. Нихоят ин тарс бар он тарс голиб омад. Ва у кам-кам омухт. Мушохида кард. Омухту мушохида кард. Мушохида карду омухт. Дар магзи сар тахлил намуд. Нихоят рохашро ёфт. Як шоносаш ба гушаш хонд. Карз гирифт, пора дод. Дар сохаи андоз худро чо кард. Фахмид, ки хатто мох бе айб нест. Айби сохибкорон бехисоб. Аз андак сиёсат чун буз меларзанд. Пулро бо ду дасти адаб бароварда медиханд. Як бор, ду бор гирифт. Шерак шуд. Боз гирифт… Бозу боз. Ва одат кард. Кам-кам беинсоф хам шуд. Нотарсона амал мекард. Худаш шох буду табъаш вазир. Хамсараш хурсанд. Катаки мургашонро фурухта хавличае хариданд. Боре хамсараш гуфт: «Азизи дилам! Хамсоя хавлиашро мефурухтааст. Онро мехарем. Хавлиро калон мекунем. Хонаи нав месозем, зиёфат дода, як кас-ним касро месузонем». Азамат шод шуд. Нидо намуд: «Месузонем!» Ин таклиф ба модараш хам писанд омад. «Дар бачаи хунармандам садка!» Табассум дар руяш гул кард. Дандонхои тиллоияш ялаккос зад. Ин амал танхо ба падараш маъкул наомад. Уро нигарон намуд. Лаб ба насихат кушод. Ба курпа нигох карда пойдароз кун, гуфтаанд. Агар не, зури бехуда миён шиканад. Азамат ба хашм омад: «Ба зиндагии ман дахолат накун!»

Азамат нигох аз дари бастаи дукон наканда ба ёд меовард: «Як хафта шуд, ки як тини пучак накандаам. Хисобот гуфта, намонданд, ки аз хучраам бароям. Хайрият, ки раис ба хорич рафту озод шудам».

Инак, «иллат биравад, одат наравад!» – гуфта ба ин чо омад. Дари дукон баста. Чашм ба рохи дукондор духта истод. Дам ба дам маколи «Одам ба умед, шайтон ноумед!»-ро ба забон меовард. Аммо аз дукондор дарак нашуд. Азамат зик шуд. Чахл хам дошт. «Хах сабил! Кучо шуд у? Ё фахмиду думашро хода кард? Не-е, аз дастам халос намехури. Хо-о! Рузро ба назарат сиёх месозам. Ва хакамро меситонам! – баланд ба забон овард у ва безобита шуд.

«Тиш-ш-ш! Охиста гап бизан! Девор муш дораду муш гуш!»

– О-хо-о! Азик-ку?!

Аз ин садо у як кад парид. Дар ру ба руяш хамкори собикаш Собирро дид. Вай кайф дошт. Либосхояш утинодида, гардолуду догдор. Бекас ва нодор ки буд напоид, аз кор рондандаш. Бо арак дуст шуд. Чун маст мешуд даст боло карда, дод мезад: «Худо дораму арак!»

– О-о-о!.. Азик!.. Чи хели?.. Сози?..

Собир хост уро ба огуш гирад. Азамат намонд, руй турш карду ноилоч даст дод. Ва худро ночур хис кард. Шарм дошт, суп-сурх шуд, арак кард. Гумонаш хама одамон ба онхо менигаранд.

– Дод назан, – гуфт бо зарда.

Ба асаби одамон расиданро дуст медошт.

– Мезанум! Чи хели?.. Бах-бах! Рухсорахоят анор вори суп-сурх.

Дар як зум аз дили Азамат сад фикру хаёл гузашт. Вокеан, ин бархурд фоли нек набуд.

– Назан, мегум!

– Мезанум!

– Э задан гир, – даст афшонд у. – Ба ман чи. Дахони худат дард мекунад.

– Бе «нимта!» чим намешинам.

Собир мувофики одаташ хеле лаккид.

– Ба ту чи шуд? – пурсид у. – Ту хафа менамои?

Азамат чавоб надод. Аслан хуши бо у сухбат карданро надошт. Уро чизи дигар азият медод: «Барои чи дукондор нест? Мабодо, бемор шуда бошад? Дар кучо бошад?

– Рафтем, – гуфт Собир. – «Нимта!» гир, хамрох менушем.

– Не! – тунд гуфт Азамат. – Вакт надорам!

– Ту «ха»-ро гуё фаромуш карди.

Нигохи Азамату Собир ба хам бархурд. Ким-чи барои харду як хел асрорангез вонамуд гардид. Азамат ба у магрурона нигохи истехзоомез кард.

– Афсус ки?..

Собир абрувонашро чин кард.

– Ха, афсус ки…

– Чаро меларзи?

– Аз тарс.

– Тарс? Аз тарси чи?

Собир чашмонашро аз чехраи гирифтаи Азамат барнадошт ва ташвишомез гуфт:

– Аз чашмони ту. Чашмонат бечо.

– Ту аз бог сухан мегуи ё аз рог?

Собир ба у тавре тараххумомез нигаристу охиста посух дод:

– Ё харду.

– Тавба-тавба…

– Ман туро намедонам? Хаёлат аз кору кирдорат бехабарам?

– Аз хад нагузар!

– Агар гузарам?

– Э рав-е, рав!

– Хой, Худоро ёд биёр ва аз кабрканхо хушёр шав.

– Чиии!!!

Собир калавид ва гур-гур кард. Сипас рох афтод. Хамин тавр зери лаб гур-гур мекарду мерафт.

Сухбати ду нафар ба гушаш расид.

– Беморам чи бало. Тамоман ханг надорам. Мегуям сарамро набардорам.

– Не, гам нахур. Бемор нести. Ин таъсири бахор аст…

Бале, бахор хукмрон буд. Ва рузи бисту якуми он ба нимаи худ мерасид. Чехраи осмон рушан, ранги оби софро хикоя дошт. Чашми рахшони само, офтоби босахо бар сари хама мачудоти олам яксон нуру зиё мерехт. Ва бисоти замин, сабзаву гул, болои шерозаи чун махмали сабз дилрабои менамуд. Парандахо фир-фир парида, ба шохи дарахтон менишастанд ё поён фуромада, аз байни алафхову гулу буттахо хар чи ёфта мехурданд. Садохои мухталиф чун парандагон болу пар кушода, бо хам мепечиданд ва оханги ачибе ру мезад. Насими рухнавоз дар парвоз, хар чи ру ба руяш меомад навозиш мекарду буса мерабуд. Ба чисму чон куввату дармон, ба дил шуру шавк мебахшид. Ва дил мехост аз кафаси сина берун барояд. Аммо чашми Азамат гуё кур буд, ки ин хама саховати илохиро намедид, эътиное намедод, бахра намебардошт. Зеро хушу ёдаш банди пул буд. Дилаш хам барои пул метапид. Лахзае пеш вай «ё Али, шери Худо, мадад!» гуён бо умед, бо дили пур ба дукони «Дилкушо» омад. Ва дари онро баста диду руяш турш гашт. Илоч надошт, лахзае сабр пеша кард. Касе пайдо нашуд. Зик шуд, дилаш танг гашт. Моту пакар ба дари дукон нигох мекард, вале фикраш чои дигар буд. Орзуи сарват доштан кайхо дар магзи дилу чонаш чой шуда буд. Бекарори мекард, гам мехурд, як дам осоиш надошт.

Касе номашро ба забон овард. Безобита гашту ба чор суй чашм давонд. Не, касе нест. Гушаш садо додаст. Аз кутти сигор гирифт. Онро оташ дод. Харисона дуд ба дарун мекашиду чашм аз дари дукон намеканд. Чи кадар вакт гузашт, намедонад. Нихоят сузише дар байни ангуштон хис кард. Сигор то охир сухта ба ангуштонаш расида буд. Даст афшонд, ангушт ба дахон бурд. Аввал сузиши ангушт шиддат ёфт, сипас паст шуд. Каме халоват дарёфт. Дар дилаш фарахе омад. Ва дар хамин лахза чашмаш ба саге афтид. Аён буд, ки саги дайдуст. Ороми аз даст дод. Сахт ошуфта гашт. «Саги девона! – фикр кард у. – Одамро газад, одам девона шуда мемурад!» Рухияаш дигар шуд ва авзояш бечо.

«Гурез, ки саг пора-пора мекунад!»

Не, касе нест. Каме нигарон шуд. Садо дигар такрор нагашт. Гушам садод додаст. Азамат гуё дандонхои сагро дид, ки ба суяш нигаронида шуда буд. Баданаш раъша баровард ва зери пусташ мургак давид. Бо дилу овози ларзон:

– Туре, тур! – гуён дастак зад. – Тур!

Саг натарсид, балки девонатар гашт, ба суяш гуррид.

– Тур, лаънати!

Саг боз ба суяш гуррид. Ин дафъа чун уллоси гург ба гушаш расид. Дилаш тах нишаста безобита гашт. Чои ошуфтагиро вахму харос гирифт. Тарсид, ки хозир саг ба у хамла мекунаду аз сад чонаш як чонаш намерахад. Пулхо аз даст мераванд. Ногох санге ба чашмаш расид. Охиста онро аз замин бардошт. Хост ба суи саг хаво дихад. Аммо аз саг осоре надид. Мисле, ки об буду ба замин фуру рафт, ё абр буду дар хаво нопадид гашт.

«Худоё, наход ба чашмам намуд? – чашмонашро аз нуктаи номаълуме намеканд. – Не, не! Саг буд. Акнун саг нест».

Тавба, хобу хаёл барин.

Охиста-охиста вахму харос аз дили Азамат берун гашт. Аммо рушан нашуд, сиёх боки монд. Охи сабук кашид. Ва дид, ки дар дасташ санг не, пораи когазест.

– Уф-ф-ф!.. Ин чи гап?.. Чи пешомадест ин хама?! – когазро суе хаво дод.

Сигоре оташ зад. Харисона дуд ба дарун кашид. Комаш талх шуд. Боз дуд гирифт. Талхи дар комаш афзуд. Сигорро хаво дод. Каме эхсоси гуруснаги намуд. Карор дод, ки пас аз анчоми амалиёт дар ягон тарабхонаи хуб хурок мехурад.

Дари дукон холо хам баста буд.

Азамат ин су он су кадам мезад, ороми намеёфт, худро мехурд. Бахри вактгузарони назди духтараке рафта «Ту инро чанд гирифтию чанд мефуруши» гуфта чанд дакикае сарашро гаранг карда, савдои уро кушт. Сипас хафтаномаеро кушода ба он чашм давонд.

                    Мургак гуфт: Ку, ку, ку!

                    Гурба гуфт: Кани… ту?

                    Гурба дахон боз кард,

                    Мургак парвоз кард[1]!

– Уф-ф!.. Ин шоирхо як шеърхое мебофанд, ки буза бозиву хара ханда, – гуён хафтаномаро ба чояш гузошт. Ба соаташ нигарист. «Ачиб… Вакти хуроки нисфирузи кайхо гузашта». Бекарор гашт. Чашм пушиду ба хаёл рафт. Даркушою такдирчунбон – когазхои сабз дар хаёлаш давр заданд. Гирд гаштанд, гирд гаштанд ва ба дилаш шуъла афканданд. Ба чисму чонаш гарми давид. Болу пар бароварду ба осмони орзу парвоз кард. Аммо садое болу парашро шикаст.

– Чи хол дори?

Ба тунди ба тарафи овоз баргашту чашм ба у духт. Вай зани нонфуруш буд, ки холи гарибе дошт. Либосаш чигдаю кухна, калуши пояш дарида. Вай бовар накард, зан бо у сухан гуфтааст. Наметавонист бипазирад, ки зани ношиносе ахволи уро бипурсад. Кушид харфе бизанад, аммо натавонист. Боз садои занро шунид:

– Маро нашинохти?

Азамат ба руи у кунчковона нигарист. Кист у? Дар гушаи хотираш тархи андоми касе хира-хира пайдо шуд, аммо боз хам ба хотир оварда натавонист. Не, не, у бегона аст. Ха, тамоман бегона. Пиндошт, ки у худро ширин карда, пул талаб мекунад. Чунин холат на як бору ду бор рух додаст. Аз ин ру хашм бар дилаш чанг кашид. Аммо зан нигохе нарм ва дилсузонае дошт, ки гуфт:

– Маро фаромуш карди, Азамат?

– Номи маро аз кучо медони? Ту кисти?

– Гулшакар.

Азамат гичу мот шуд. Зеро шинохт ин зани гарибро. Вай холааш, апаи модараш буд. Дах соли расо уро надидааст. Вай сахт тагйир ёфта буд. Аз он руи гирди сафед, чашмони сиёху абрувони камон кариб чизе намонда. Гушташ об шуда, пуст руи устухон. Чиян хомуш монд. Сар ба сукут рафт. Ва нихоят ба руи хола нигарист.

– Ту чи хол дори?

Холаи Гулшакар бо овози махзун гуфт:

– Он чи ки аён аст, хочат ба баён нест.

– Яъне…

Гулшакар бо диккат нигохаш карду гуфт:

– Биё, ки нагуям.

– Не, чаро, гуй.

– Бад.

– Чи?

– Бале, бад!

– Наход?

– Чаро ру турш мекуни?

– Шавхар накарди?

Гулшакар ох кашид, косаи чашмонаш лабрези об шуд. Ва руи гунахояш рехт.

– Аз он рузе модарат маро аз хона пеш кард…

Азамат бо хашм миёни харфаш давид:

– Пеш накард, дуруг нагу! Худат баромада рафти.

Холаи Гулшакар ба хеч вачх озори уро намехост. Лабони парсингбаставу хушкашро бо забонаш тар карда, суханони гарму нарм зад. Ва боз гуфт:

– Аз Худо талаб дорам, ки хамаатон хушбахт бошед.

Холи гариби хола дар дили Азамат каме рахму шафкат андохт ва у дар андешаи пайдо кардани харфи нарме афтод. Ин дам дар дили Гулшакар беихтиёр ким-кадом хиссиёти нихоние чуш заду дар лабонаш табассуми махине гул кард. Чашмонаш гуё хандиданд.

– Туф-туф! Чашми кач нарасад! Йигити чор кас медидаги шудаи.

Азамат хавотиромез ба атроф нигох кард. Гуё тарсид, ки шиносе онхоро дар сухбат набинад. Чун бовар хосил кард, ки шиносе нест, суи хола нигох партофта нидо кард.

– Наход?

– Рост, – афзуд хола. – Чавонмард шудаи. Хурсанд шудам. Холо чи кор мекуни?

Ин пурсиш ба Азамат маъкул нашуд. Аз чавоб гурехта, бо хамон оханги беалокаги пурсид:

– Нонро худат мепази?

– Не-е! Аз кучо? Чунин шароит надорам. Аз нонво мехарам. Зиндаги ширин ва чи сахт аст. Начунби намешавад. Бехуда нагуфтаанд – аз ту харакат, аз ман баракат!

– Ха-а, замона бо ту насохт, ту бо замона бисоз.

Нигохи холаи Гулшакар руи Азамат карор гирифт. Ногахон чизе ба назараш расид, ки беихтиёр ларзид. Фахмид, ки уро нафс ба ин дукон овардааст. «Аз барои нафс мурги номурод, Омаду дар доми сайёде фитод».

– Ту ба ин дукон омади?

Азамат лаб фуру баст, посухро эб надид. Умуман майли сухангуи надошт. Холааш бо изтироб ва норохатии ошкоро гуфт:

– Моли ин дукон бисёр, аммо…

Холааш «аммо» гуфта, сар ба зер афканд, ба андеша рафт.

– Чи «аммо»?

Хола «гуям ё нагуям» гуфта дудила шуд. Насими шух бо руймоли фарсудаи сари у бози мекард. Як нуги онро пар-пар паронда, ба бари руяш мезад. Гуё таъкид карда «гап зан-гап зан» мегуфт.

– Аммо ту ба ин дукон надаро.

Гапи охирини хола аз осмон тароша афтидаги барин барои Азамат ногахони буд. Охир, у аз холу ахвол ва чикора будани ман хабар надорад-ку? Вай, ки зеричашми мутаваччехи хола буд, пурсид:

– Чаро? Магар дари он ба руи хама боз нест?

Холааш намехост, ки чиянаш ба ин дукон дарояд. Пай мебурд аз чизе. Эхсоси талхе дилашро фишор медод. Охе кашид ва пичиррос зад:

– Медони, ин дукон нахс аст.

«Чи фикри аблахона!»

Ба лаби Азамат табассум давид.

«Э зани сода! Нахсии вай ба ман чи лозим? Пулаш ба ман лозим. Пулаш! Пулаш нахс не-ку! Ширин аст пул. Аз пул ширинтар хеч чиз вучуд надорад. Ва хеч гох вучуд надошт».

– Кору бораш кайхо боиси бигу-магухои фаровон шудааст. Медони-ку занхо телефони тайёр, дар як лахза тамоми сирру асрори дунёро гуфта медиханд. Ба шунидам ин дукон сари чанд касро хурдааст.

«Э бечора-е! Кашоки асабхояшро хароб кардааст. Суханхояш по дар хаво».

– Мабодо пора-мора нагири, ки беобру шави?

– Не-е…

– Хайр гап хамин. Эхтиёт шав. Ту пушту панох надори. «Аз бало хазар» – гуфтаанд.

– Ин бало имруз кор намекунад?

– Мекунад, – чавоб дод хола. – Ба намози чумъа рафт.

Вай дар тааччуб монд. Холааш хандид.

– Чаро механди?

– О, гуё навакак аз мох афтода боши. Гунохаш бисёр, рузи чумъа намоз мехонад, тавбаву надомат мекунад. Боз гунох мекунад, боз намоз мехонад. Ва бозу боз…

Азамат гуё худ ба худ ибрози андеша кард:

– Ачиб, намозро барои шустани гунох мехонанд?

Чашмаш ба сабзазор афтод. Онро тамоман помол карда буданд. Танхо як дона гул эмин монда, пирохан пора карда буд. Ва гуё нидо мезад: «Зиндаги шукуфтан аст!» Гуё чавобан ба ин нидо парандае савт зад. У каме гуш доду гуё аз худ пурсид:

– Булбул бошад?

– Э не-е! Булбул аз кучо? Аз рузе ки ин дуконхоро сохтанд булбулон фирор карданд.

– Ха-а, ёфтам, кумри аст!

– Не, кумри хам нест, – рад кард холааш. – Сор аст.

– Сор? Ачиб? Бори аввал мешунавам. Чи хел парранда аст?

– Як парандаи мисли зог сиёх, вале аз зог хеле хурд аст. Холхои сафед дорад. Ба сабаби хашаротхур буданаш ба кишоварзон фоида меорад.

– Нахо-о-од?

Баногох руи холааш турш гашт.

– Ана омад, – бо нафрат гуфт у ва руй ба дигар су тофт.

Ин чавон, дукондор буд. Гуё парандаи сиёхак уро ово кард. Азамат шод шуд, чашмонаш барк зад.

– Нарав он чо! – пичиррос зад холааш.

Дигар барои у холааш вучуд надошт.

– Аз бало дуртар боши, бехтар.

Аён буд, ки дукондор аз хеш хеле рози, худро шоху табъашро вазир мепиндорад. Чехрааш чун гул шукуфон. Нигохаш шуъла мезад. Аз дуди сигор лаззат мебурд.

– Ассалому алайкум!

Дуди сигорро фавворазанон гуфт:

– Э… э… во-алайкум! Биёед, биёед! Хуш омадед! Сарам ба осмон расид! Чунон молхое дорам, ки оби дахонатон шар-шар мерезад. Молам хамааш сара.

– Чи, аз дигарон пая аст?

– Пах!

– Ду соат дер кардед…

Дукондор гуи бо девонае ру ба ру шуда буд, ки миёни сухани у давиду аз «шумо» ба «ту» гузашта, бо тамасхур ва хашм гуфт:

– Чи-и-и?! Ин дукон дукони хусуси аст. Фахмиди? Кай ки хохам меоям, кай ки хохам меравам. Фахмиди?

Чун вориди дукон шуданд, Азамат пурсид:

– Шумо сохибкор?

Вай бо гурур гуфт:

– Бале, сохибкор!

Баъд бо овози баланд хандид:

– Чи, монанд нестам?

Хандааш дар гуши Азамат оханги тамасхур рехт.

– Охир, ман фолбин не-ку! Аз кучо гуфта метавонам. Аввалан дар пешониатон навишта нашудааст. Сониян сохибкор шоху дум надорад-ку? Сохибкорро хуччат муайян мекунад. Шумо ба Кодекси андоз шинос хастед?

Сохибкор бо гурур гуфт:

– Ха-а, албатта, шинос хастам. Сад бор хондаам. Об карда хурдаам.

– Набошад ба ин чо имзо гузоред.

– Барои чи?

– Барои он ки шумо Кодекси андозро об карда хурдаед.

– Чи, ин гунох аст?

– Баракс, шоистаи тахсин.

Сохибкор имзои худро гузошт.

– Хуччат доред?

– Хуччат?.. О-о-о… Хуччат… Ха-а, албатта, дорем. Чаро надошта бошем? Ки гуфт ки надорем? Наход ки… Хо-о, лаънатихое! Сохибкор ки шуди душманат бисёр мешавад-да! Лекин ту ба хар касу нокас бовар накун. Ха-а, бахили-да, бахили. Бахили аз даст наравад гуфта, хар гапро бофтан мегиранд. Тухмат мекунанд. Лекин бояд бидонанд, ки гури бахил танг аст. Хо лаънатихое! Э сухта хокистар шавед-е!

– Гумони бад набаред. Гумон аз имон чудо мекунад. Хеч кас бахили накардааст. Худам мехохам бисанчам. Ку нишон бидихед.

– Чи, симои ман ба ту маъкул нашуд? Ё тавба!

– Гап дар сари маъкулу номакул нест. Ман як шуморо не, хамаро месанчам. Осиёб бо навбат. Хамаро дар як руз санчида намешавад-ку. Нишон бидихед.

– Чиро?

– Хуччататонро.

– Кадом хуччатро? – худро ба нодони зад дукондор.

– Маро масхара мекунед?! – шурид Азамат.

– Худо нигах дорад!

– Хо!

– Э, ту худат ки?

– Нозири андоз.

– Нозири андоз?

Барквор ба ёдаш зад, ки шабона туфонро хоб дида буд. Аз ин ру ба пустинаш кайк уфтод. Ва аз «ту» ба «шумо» гузашта, хилагарона гуфт:

– Нахо-о-од? Ха-а, ака, хубед? Хуш омадед! Нури дида точи сар! Кани, ба ин тараф гузаред. Як пиёла чой…

– Ташаккур. Вакт танг аст. Хуччатхоро нишон дихед, шуд. Чой хурдаги хисоб. Агар набошад, гуед, ки нест. Гунохатон сабуктар мешавад.

Дукондор кир-кир хандид.

– Чаро механдед?

– Ё тавба!.. Чи, ба мо бовар надоред?

– Чаро, бовари дорем. Аммо вазифадорем, ки бисанчем.

– Хм-м… Э, ха-а… Ох, афсус, ки наметавонам. Сад афсус! Хазор афсус! Наранчед-да! Дар ноомади кор отала дандон шиканад, гуфтаанд.

– Чаро? Барои чи?

– Хуччатхо дар ин чо не.

– Дар кучо?

– Дар хона. Охир, ин чо чи бисёр? Дузду горатгар.

– Хайр, хеч гап не, хамсаратонро гуед биёрад.

– Э, ха-а! Хамсарам бо ман гап намезанад.

– Чаро?

– Вай ба телефонии мобили монанд аст.

– Хурдакак аст?

– Не, хамин ки пулаш тамом шуд, бо ман гап намезанад.

– Шуд! Хазлу бози бас! Ман меистам, худатон рафта биёред.

– Э… Ха-а… Нав ба ёдам омад. Э, аз гавгои харидорон хушам дар чояш нест. Хуччатхо дар дасти акоям Асалбек.

– Наход? Асалбек! Асалбек! Ачоиб! Сурх хам намешавед-а?

Дукондор бо тааччуб гуфт:

– И-и, чаро сурх шавам? Ман нушидаги не-ку?

– Сухан аз нушидан намеравад. Сухан аз номусу хаё меравад. Шумо шарм надошта дуруг мегуед.

– Ки? Ман дуруг мегуям?

– Ман не!

– Ба хурмати Худо дуруг намегуям.

– Дуруг намегуед?

– Аз шумо карздор нестам, ки дуруг гуям.

– Набошад чег занед!

– Киро?

– Киро?! Акоятонро!

– Рафта биёрамаш?

– Не, занг бизанед биёяд.

Шакарбек занг зад. Ва Асалбек зуд расид. Нозири андозро шод кард. Андешае барквор ба магзаш расид: «Тарсид, ки тез омад. Яъне таги думаш тар!» Бе хуччат, дасти холи омадани Асалбек ба шодиаш шоди зам кард. Хурсандиаш як бар сад афзуд. Пеши руяш боз когазхои сабз ба чилва омад. Киёфааш чидди шуд.

– Хм-м! Ба ман хамааш фахмо! Яъне хуччат-пуччат надоред. Яъне гурезпо.

– Гурезпо?

– Ха, гурез аз конуни давлат. Давлат ресмона дароз мепартояд, лекин охиста-охиста мекашад. Хо-о, мегуянд-ку: як бор части малахак, ду бор части малахак, охир, ба дасти малахак!

– О…

– Гуш кунед! Конун конун аст. Он суруди «якдона гул ду дона» нест, ки хар сароянда ба таври худ: «якдона гул ду дона, ду дона гул як дона» хонад. Хуччат ки надоред, андозро хам намесупоред. Яъне шикасти конун! Хиёнат ба давлат! Хиёнат ба халк! Ин гунохи азим аст! Хеле азим! Чазои сахт мебояд. Акнун як рох хаст.

– Кадом?

– Махбас!

– Не! Не-е! Наход? Шумо…

– Инро ман не, конун талаб мекунад! Ичрояш хатмист! Ман хомии конун хастам!

Гуё Шакарбекро тарс домангир гашт. Аз чо бархост. Сараш чарх зад. Калавид. Боз нишаст. Чун сангпушти аз чизе озурда гардан миёни шонахо кашид. Бараъло сандуки синааш пасту боло мешуд. Чукур нафас мегирифт. Дастонаш меларзиданд.

– Худоё!.. – саросемаву харосон ба чор су чашм давонд.

Нозири андоз бо лахне котеъ боз гуфт:

– Конун конун аст!

Шакарбек сарашро байни ангуштонаш гирифту нолид:

– Худоё!..

– Ба умеди Худо нашаву, буттаро махкам бидор.

Нафаскашии Шакарбек номуратаб гашта, бо гардани кач канда-канда гуфт:

– Рост, рост. Худо дур аст. Шумо дар ру ба руям. Як бало кунед. Ёри дихед. Илтимос, «не» нагуед. О, мо хам одамем… Хо, одамем. Акл дорем… бе акл нестем…

– Хм-м!..

Шакарбек саросема кисахояшро кофт.

– Лаънати кучо шуд?

– Чи?

– Сигор.

Нозири андоз куттии сигорро ба у дароз кард. Сигор гирифта оташ дод. Харисона дуд ба дарун кашид. Сахт-сахт сулфид.

– Медонам… Мефахмам… Конун думи шер аст. Бо думи шер бози кардан хатарнок аст.

– Хо-о, дуруст!

– Лекин, охир, конунро хам одам навиштааст. Аз осмон наомадааст-ку. Ё гапам нодуруст?

– Даст дихам, аз оринч медори, а, – табассуми тамасхуролуд дар лабони Азамат гул кард.

– «Гунчишкро ки кушад – кассоб», – гуфтааст халк. Кулфу калиди конун дар дасти шумо аст.

Нозири андоз шердил шуда гуфт:

– Гам нахур, натарс. «Аз чумчук тарси, арзан накор», – гуфтаанд. Ман хам чаллод не, одам хастам. Бузургонамон чи гуфтаанд? «Даст дастро мешуяд» ё «Аз як даст садо намебарояд».

– Ба хурмати Худо рост гуфтаанд. Бар падарашон хазор рахмат.

– Яъне: «Ту ба ман, ман ба ту!»

– Садкаи ахли фахм шавам. Рост: «Ту ба ман, ман ба ту!»

– Не: «Ту ба ман, ман ба ту!»

– Шуд, тамом, фахмидам. Санад тартиб намедихед-а?!

– Рост, гуфтам-ку. Лекин ин аз химмататон вобаста. Химмат! Хуб фармудаанд, ки: «Ба хар коре, ки химмат баста гардад, агар хоре бувад, гулдаста гардад!»

– Яъне, хори мо гул мегардад?

– Гул мегардад! – гуфт нозири андоз ва як лахза сукут карду сипас ба Шакарбек руй овард: – Лекин: «рози мардон пушида бех!» Уштури сафеда дидед? Не! «Эхтиёт – ними хаёт!», гуфтаанд.

– Хавотир нашавед! Шумо маро ки гумон кардед… Ман аз он бузхои шумо мегуфтаги нестам. Бовар кунед. Хуш «химмат» чи кадар бошад? Лекин инсоф хам чизи хуб аст. Аз руи инсоф шавад, баракат меёбед.

– Ман беинсоф нестам, – бо табассуми малех ба у нигарист Азамат.

Дукондор ба у когазеро дароз кард. Азамат як кадар дасту по хурда шуд. Шакарбек бо имои сару даст ишора намуд, ки «химмат»-ро нависед. Азаматро якбора эхсоси гуворое фаро гирифт. Пешниходи дукондор табъи дилаш буд. Вай хохиши дукондорро ичро кард. Дукондор, ангор аз ин ракам тарсид, ки даступоча шуд.

– Ман… Ман…

Ва ба холати бухтзада когаз аз дасташ афтод. Азамат когазро аз замин бардошт. Ва нигохи у ба руи Шакарбек карор гирифт. Дукондор моту манг дар чои худ истода буд. Азамат дарк намуд, ки ба беинсофи рох додаст. Агар исрор кунад, зури дукондор нарасад, миён шиканад. Рохи дигаре надошт, магар ин ки ракамро поин фурорад. Нигохи шарарборе ба дукондор андохт ва гуфт:

– Ту чи мегуи, вазнин аст?

Дукондор ба худ омад ва сар ба тасдик такон дод. Як он даври лабони Азамат табассум нишаст, аммо зуд рафт. У чигот гиронд ва миёни абрувонаш чин гирифт.

– Ба хаёлат хамааш хаки ман аст?

Дукондор дам назад. Азамат сигор оташ зад. Чанд кадам ба дарозии хучра рох рафт, дубора ба чояш нишаст.

– Чи фикри ботиле!

Дукондор ба у нигох кард ва бо лахни соддае гуфт:

– Рост-е! Аммо…

Азамат ракамро хат заду аз нав навишта ба Шакарбек нишон дод. – Мешавад?

– Мешавад, гап нест, кабул.

Азамат когазро оташ зад. Когаз аланга зад ва хокистар шуд. Шакарбек аз чо бархост:

– Ман барои «химмат» меравам.

– Кучо?

– Дур не, ба хонаи дарун. Сейф дар он чо.

– Хуб!

Дукондор телефони мобилиашро ба даст гирифт. Тез-тез ракам чинд. Ва охиста гуфт:

– Ало… Ман… Сайд тайёр…

Ва баргашту пулро ба дасти нозири андоз дода:

– Хисоб кунед, – гуфт.

Чашмхои нозири андоз барк зад. Бо холате чопсулона, ки кодир набуд ранги тамаъ ва хирси шадиди уро пинхон дорад, дар мукобили сохибкор шона боло андохт ва гуфт:

– Ман бовар мекунам. Баракат ба касбу коратон! Аз хамин руз мо чура. Чи гуфтед?

– Бале, чураи чони. Дари дукони мо хамеша ба руятон боз! Чарогак хамеша сабз!

Азамат пулро ба киса зада аз чо бархоста буд, ки «сайёд» даромад.

– Истед! Аз чоятон начунбед!

Магар замин зери пояш ларзид, ки баргашта ба чояш нишаст. Дахшат ва тахлукаи азим вучуди уро фаро гирифт.

– Ту ба порахури айбдор мешави, – бо табассум ба забон овард «сайёд», ки гуё сухан дар бораи кадом як вокеаи чолиб ва хандаоваре меравад.

– Ин дуруг аст! Бухтон аст! – часта хест Азамат аз чояш.

– Шин! Шин! Ман туро пешаки огох месозам: танхо икрор ба гунох чазоятро сабук мекунад, – «сайёд» боз хам табассум кард. – Дар кисаи ту пулхои пора гирифтаат…

– Дуруг! Тухмат! Ин пулхои худам!

– Барор!

Вай пулхоро баровард. «Сайёд» бо асбоби махсус онхоро равшан кард. Навиштаи «пора» аён шуд. Ба Азамат чунин намуд, ки забонаш варам кардаасту сухан гуфтан наметавонад.

Баъд… у худро ба даст гирифту доду фарёд зад…

Аммо чи суд?

Шакарбек хеле песонд уро, тамасхур карду хомуш монд.

– Кани, аз чоят хез!

– Чи?

– Хез!

Хост бархезад, натавонист.

– Об! – хохиш кард Азамат.

– Хез, худро ба нодони назан, – «сайёд» абрувонашро дархам кашид.

– Бечора об мехохад. Обаш дех, то ба сери нушад.

Пас аз нушидани об охирин кувваташро чамъ карда, базур аз чои худ боло шуд.

– Дастонатро пеш биёр.

Завлонаро диду дунё пеши назараш тор гашт.

– Илтимос, завлона назанед. Ман намегурезам.

– Намешавад.

Азаматро бо дастони баста аз дукон бароварданд.

«Худоё! Магар холо хоб мебинам ё бедорам?»

У хоб намедид, бедор буд. Бо дасти худ гурашро канд. Кай бори кач ба манзил расида буд?..

Азамат махзунона сар ба зер андохт. Гуё бори гами дунё бар душаш буд. Чашм дар пушти по дошт. Намебардошт. Шармсор, хичолатзада, аракшор. Холаи Гулшакар дасту по хурд. Ранг аз чехрааш бохт. Нигаххояш парешону бекарор гашт.

– Худоё! .. – хола лаби руймоли чиркини сарашро зери дандон гирифт.

«Дарег, сад дарег! Ба гапам гуш надоди. Ох, кош, аз дастат медоштам! Намегузоштам… Афсус!.. Э вой! Наход боз дах сол якдигарро набинем?! Эх, ки медонад, ки то он руз хастам ё не?!.»

Шаби дигар дукони «Дилкушо» оташ гирифт. Касе оташ зад ё худ оташ гирифт муаммо монд. Аммо шохидон мегуянд, ки чун чуби гугирд сухт. Сухторхомушкунандахо замоне расиданд, ки аз дукон ба чуз хокистар чизе боки намонда буд.

Гуссаи ду дунё руи дили Шакарбек рехт.

Яке нидо дар дод:

– Хонааш сухт!

Хамон руз Шакарбек худро овехт.

[1] Шеъри Пайрав Сулаймонї

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …