Главная / Гуногун / РОХИ БИХИШТ (МАКОЛА)

РОХИ БИХИШТ (МАКОЛА)

Хар як рох ибтидо дорад. Рохи мо ба суи рох меравад. Ин рох шохрохи Кулоб – Дарвоз – Кулма аст. Ва он аз хонаи радио огоз ёфт. Хануз субх надамида шоирони шинохта Салимшо Халимшо, Али Бобочон, Бахриниссо, нависанда Карим Давлат ва банда ба он чо хозир шудем. Офтоб охиста-охиста аз паси кух сар мекашид. Партави он сахни обзадаи хонаи радиоро чило медод. Боди серун вазида, буи алафу гулхоро ба димог мезад. Баробари рушан шудани хаво атроф софтар ва гуё васеътар мешуд. Дарк намудам, ки хама хурсанду масруранд. Ин табиист, албатта. Охир, чунин сафар шояд дар умри инсон як бор ба вукуъ ояд.

bihishtИнак, раиси маркази тадбики лоихаи сохтмони рохи автомобилгарди Шикев – Зигар, Нурулло Наимов, худ дар паси фармони мошин ба хидмати мо мерасад.

– Падари ман хам шофёр буд, – шитобон гуфт Салимшо Халимшо ва хушхолона табассуме кард.

Хама ба у дида духтем, гуё нигохамон мегуфт, ки: « Хайр чи?»

– Шофёрон духтаронро бинанд тормозро зер мекунанд, мардонро бинанд газро, – боз бо хамон шукуфтахоли гуфт Салимшо Халимшо.

– Ман ин хел не, – гуфт Нурулло ва дар бораи сохтмони рох маълумоти мухтасар дод.

Ин китъаи рох аз дехаи Шикев огоз ёфта, дар дехаи Зигари нохияи Дарвоз анчом меёфтааст. Дарозии он сиюхашт километр буда, барои он сиюду миллион доллари амрикои чудо карда шудааст. Рохро фирмаи туркии «ОЯК-Иншаат» месозад. Сохтмон тирамохи соли 2003 огоз ёфта будааст.

Холо дар он 250 нафар мутахассисони турки ва 450 нафар коргарони махалли захмат мекашидаанд.

Инак, мошини мо ба рох мебарояд. Тули рох Нурулло ягон бор лаб ба сухан во накард. Ба пурсиши мо чунин посух дод:

Холо ман ронандаам ва бехатарии шумо барои ман мухимтар аст.

Узри уро пазируфта, ману Карим Давлат барои кутох кардани рох ба накли латифаю вокеахои хандаовар пардохтем. Бештар Карим Давлат гап мезад. Вай инро чунин шарх дод:

– Субхона нахурдаам, гушнаам.

Чун ба Норак расидем, мошинро доштем, то як пиёла чой бинушем. Духтаракони кобил тез ба хидмати мо расиданд.

– Гуштбирён, сихкабоб, мохибирён дорем. Чи мефармоед? Хама бо аломати савол ба якдигар нига­ристем.

– Гуштбирёну сихкабобро дар Душанбе хам хурда метавонем. Бехтараш ба мо мохибирён биёред.

Ин таклиф ба хама маъкул афтод. Пас аз тановули мохибирён боз ба рох баромадем. Акнун Карим Давлат гуё ба дахон об гирифта буд.

– Каримчон, кошки шиками шуморо сер наме­кардем, – хазломез гуфтам ман. – Аз накл мондед.

– Ман ин зиёфатро халол кардам, – гуфт у. –Акнун то гурусна монданам ором мешинам.

– Тули рох мо ба чанд иклим ру ба ру омадем. То нохияи Шуробод тобистон буд. Дар Шуробод бошад, гуё бахор хукм меронд. Чун аз Шуробод гузаштем осоиши мо кохиш ёфт. Акнун мошини мо охиста ва такон хурда мерафт. Ин дам худро мисли касе эхсос мекардем, ки аз ободию сахнахои пуршукухи бахори ба биёбони хушк, хатарнок ва берахме гирифтор шудааст. Бо вучуди ин мо аз манзарахои нотакрори табиати гирду атроф чашм намекандем. Аз тарафи чап теппакуххои сабзу хуррам мисли махмал назаррабои мекарданд. Поёнтар аз теппакуххо киштзорхо ва богистонхо як-як пеши назар пайдо мешуданд. Бахриниссо, ки дар курсии пеши мошин менишаст, хайратзада гуфт:

– Мо дар пойтахт зиста, намедонем, ки Точикистон чунин манзарахои ачибу пуршукух дорад.

Рохи мо лаб-лаби дарёи Панч идома дорад. Аз тарафи чап кух, кух ва боз кух. Куххои сар ба осмон­кашида хомушу сад роз дар ниход менамуданд. Дарёи пуроб равон, сар ба сангхо мезанад, талотум мекунад. Сигор дуд медихад Салимшо Халимшо ва чашм аз дарё намеканад. Баъд худ ба худ механдад. Сипас ба мо мегуяд:

– Ман боре устод Муъмин Каноатро танкид кардам. Гуфтам, ки аз Панч об хурдию рафта «Мавчхои Днепр»-ро навишти.

– Нахо-о-од? – бо хайрони гуфтам ман. – Ва ба шумо хеч чиз нагуфтанд?

– Эй бародар! – бо садои хоси худ гуфт у. – Ба гапи хак чи хам мегуфтанд?!

Инак, мо ба мавзеи Яхчи Поён ва баъдтар ба рохи кирпуши бараш ёздахметраи чун кафи даст хамвор дохил мегардем.

Акнун мошин чуноне мерафт, ки мо худро дар багали рохати модар хис мекардем. Беихтиёр мисрахои устод Гулназар ба ёдам меояд:

Ин рох, ки бар тани Ватан шарён аст,

Рохи шарафи Эмомали Рахмон аст.

Дар вучудам халовати тозае медамад, рухам по­лоиши дигаре дармеёбад, гуё ин лахза ба фарози кухи баланде баромада бошам, ки аз он чо ру ба руям бихишти Худо, олами пок падид меомад.

– Девдара дур аст? – бетокатона мепурсем аз Ну­рулло Наимов. – Не, кариб омадем, – мегуяд у ва пас аз чанде мошинро медорад. – Ана Девдара!

Диламон тапид ва сахт ба хаячон омадем. Вале аз он Девдарае ки ба тани одам мургак медавид, ному нишон пайдо накардем. Ба хорокухи ба осмон сарка­шида ва гори пуркардашуда нигариста, то чи андоза дахшатнок будани ин мавзеъро тасаввур кардем. Ва боз хам тасаввур кардем, ки коргарон ин чо чи далерию кахрамоние нишон додаанд. Ин буд, ки хама баробар:

– Уху! – гуён, хитоб намудем.

Девдараро Салимшо Халимшо нагз медонис­тааст.

– Пеш аз ин чо мегузашти-и, – бо хамон садои хоси худ гуфт у, – дилат меларзид.

Сипас як хандаи ачибе карда, илова намуд:

– Акнун дилам рохат кард.

Вакте ки сохтмон огоз меёбад, баъзехо мегуянд: «Бо думи шер бози нашояд». Вале бо зури бозуи одамон, бо зури бозуи мардуми мехнатии точик, бо зури бозуи дусти Девдара обод гашт.

Вокеан хам Девдара ба Гулдара табдил ёфта буд!

– Ин аз муъчиза хам зиёдтар аст, – ба вачд омада гуфт Али Бобочон.

Ба фикрам, бисёр нагзу дуруст гуфт!

Мо ба созандагони он ахсану офарин хондем ва мошин боз ба рох афтод. Чун ба дехаи Зигар расидем, гуё ки дар ягон мамлакати хоричи бошем. Рох чун кафи даст хамвор. Дар ин китъаи рох шаш купрук сохта шудааст, ки ба кавли баъзехо аз тамошояш сер намешави. Барои пиёдагардхо аз ду тараф пайроха сохта, истгоххои замонави низ бунёд ёфтаанд.

Инак, мо ба махаллаи сохтмончиён, ки дар де­хаи Хостав вокеъ будааст, ворид мегардем. Дехаи Хос­тав 70 хочаги дошта, ба чамоати дехоти Нулван таал­лук доштааст. Дарахтони гуногун, ки ба осмон кад каши­даанд, бо чанд шохи дар нуки худ дошта, бо нури офтоб талош меварзиданд. Онхо аз вазидани шамол алвонч хурда, шавшуви лаби бахрро ба хотир меовар­данд. Дар даромадгохи махалла байраки Точикистон партавфишони мекард. Аз ин моро хисси ифтихор фаро мегирад.

Махалла дар як селрахаи вайрона бунёд ёфта, ба сони як шахрчаи ободу зебо назаррабои мекард. Атроф хама сафо, зебо ва пурчило буду нур аз дида мерабуд.

Муовини якуми раиси нохияи Дарвоз Мухаммад­наби Назиров, раиси чамоати дехоти Нулван Мирзоалиев моро бисёр хуш пешвоз гирифтанд.

Аз шодии дидор, илтифоту мехрубони, аз душамон бори гарони афсурдахолии рохи дахсоата фуру рехт.

Ин лахза борон борид.

– Хар руз меборад?

Яке бошитоб чавоб дод:

– Не, ин ба шарофати пою кадами шумо.

Дар хонахое, ки тамоми шароиташ мухайё буд, чой гирифтем. Борон хамоно меборид. Катрахо ба шишаи тиреза ангушт мезад. Дили ман лабрези эхсосоти ширин мегардад. Зери лаб худ ба худ мехонам:

Мезанад борон ба шиша,

Тора-тора, ришта-ришта…

Хамчу ангушти фаришта…

Пас аз каме дам гирифтан, моро ба хуроки шом таклиф намуданд.

– Мо шуморо норохат сохтем, маъзарат мехо­хам, – гуфтем мо.

– Мехмон дусти Худо аст, – хушхолона гуфт Мухамаднаби. – Таомули мо хаминро такозо мекунад. Низоми фармудааст:

Хар ки омад, лачомгир шуданд,

Ба худаш мехмонпазир шуданд.

Дар даромадгохи ошхонаи коргари чанд нафар коргарони турк моро ихота карданд. Чехрахои офтоб­хурдаашон аз хурсанди гул мекард. Онхо бо як шодию ифтихор бо забони кандаи русиву точики ба мо арзи матлаб мекарданд. Ба сухбат коргарони махалли хам­рох шуданд. Чанде аз онхо сип-сиёх шуда. Гуё дуд мекар­данд.

– Мо аз онхо касб ёд гирифтем. Хатто забони тур­киро омухтем, – бо киёфаи рушан ва пурэхсос гуфт яке.

– Ин тур бошад, нуран ало нур! Дустии худро кави гиред. Дар олам бе дуст будан мушкил аст. Дуст, ёру хамдам будан неъмати Худо аст. Шумо бояд аз ин фахр намоед. Зеро устод Мирзо Турсунзода – рухашон шод бод! – чи хуб гуфтаанд:

Одамон аз дусти ёбанд бахт,

Душмани орад ба мардум рузи сахт.

Бо сокинони дехаи Хостав вохурдем, сухбат кардем. Мардум басо ризоманд, шоду мамнун буданд. Сохтмони ин рох ба мо бахт овард, хаёти ширину осуда овард, мегуфтанд онхо. Пеш аз хама сохибкори таракки кард. Занхои махалли сохиби кор шуданд. Мардум махсулоти худро дар хамин чо мефурушанд. Бо як мехру мухаббати хосаву беандоза номи сарвари давлат Эмомали Шарифович Рахмоновро мегирифтанд. Мегуфтанд, ки у Худодод аст, дар чехрааш нури Худо дорад. Гаштаву баргашта дуо мекарданд, ки сихату саломат бошанд.

Ва ин лахзахо мисрахои шоир Мирзо Файзали ба ёдам омаданд:

Ба ин марди Худо аз чону дил шукрона бояд кард,

Дуъои давлату чонаш ба хар як хона бояд кард,

Хама умр эътирофи хизматаш мардона бояд кард,

Ба рохи сулх рафта, зиндаги ахлона бояд кард,

Дигар такрори он айёми шум асло набояд кард,

Ватан обод бо ин рахбари фарзона бояд кард.

Вакте ки аз ошхона баромадем, офтоб дар паси амвочи куллахои кух ба гуруб мерафт. Ба уфук шарора ва шаъшаъаи гулоби мепошид ва атрофро басо чаззоб зебо мегардонд. Мо аз тамошои манзарахои афсонавии гирду атроф хеч сери надоштем. Дар васфи ин гушаи диёрамон хазорон шоирон бехтарин чакомахои дилангези худро сурудаанд. Чи хуш фармудааст Лохутии ширинсухан:

Бадахшон чатри симини замин аст,

Табиатро дар ангуштар нигин аст.

Нихоят, торики фаро расид. Шаб серун буду хуш­хаво. Дар сукути шаб гуё тамоми садохои олами зулмот ба гуш мерасид. Асрори шаб кашф мешуд. Барои мо дар берун мизе гузошта, чой оварданд. Сари пиёлаи чой аз сухбати хамдигар лаззат мебурдем. Ин дам мохи мунир баромада, гуё ба замин шир меполид. Осмон накши укёнуси лочувардиро мемонд, ки дар вусъати он ситорахо мисли мохихо шиновар буданд. Аз ин манзара илхоми Салимшо Халимшо ва Али Бобочон чуш зад магар, ки ба накли хикояту ривоятхо пардохтанд.

Бад-ин минвол як пос аз шаб гузашт.

Ва боз… поси дигар аз шаб сипари гашт.

Дидам, ки хикояту ривоятхои онхо то руз хам та­мом намешавад. Лекин сахар чорабинихои асоси ин­тизор. Бояд аз хоб намонем.

– Хайр, устодон, ба фикрам шакара камаш нагз. Акнун хоб кунем.

Субхи рузи нав, рузи якшанбе дамид. Хаво салкину гуворо ва тару тоза. Басо зебо буд атрофу акноф. Гулу гиёхи аз донахои борони дируза халкабаргуш нур аз дида мерабуд. Насими атромез руху равонро навозишкунон ба кас тавонои мебахшид. Шилдир-шилдири оби дарёчаи Хостав оханги гушнавози махсус дошт.

Оре, хусни чаззоби нотакроре дошт табиат!

Ва мо хар яке аз тамошои атроф маънихои навро ба таври худ кашф мекардем.

Боз рохи мо ба суи рох буд. Ва хазор андеша дар хаёламон ру мезад, гирд мегашт. Хуршед нур кашида, катрахои боронро мечинд. Моро раиси лоиха, фарзанди халки турк, сохтмончии касби Суха Доган рохнамои мекард. Вай чавонмарди сивушашсолаи миёнакад буд. Чехраи зебои мардона, дилкаш ва назаргир дошт. Риши пасти сиёхаш дар манахи кутохаш хеле муносиб афтода буд. Ботамкину ором ва пурилтифоту нармсухан, ба хамаи саволхои мо анику кутох чавоб медод.

Суха Доган кори ширкати худро бо софдили, хавсала ва хушкорихо ичро намуда, ба боварии мардуми тахчои сохиб шудааст. Аз ин чост, ки байни онхо як тамосу алокаи ногусастани, хамрозию хамкори ва ба якдигар об хурдан пайдо шудааст. Вай Дарвозро ватани худ мешуморад.

– Толеъ ба ман мадад кард, – гуфт у бо хуш­холи.

Аз кадим боз одамон тан ба кушодани ин рох дода буданд, аммо муяссар нашуданд. Дар замони Хукумати Шурави хам ин орзу чомаи амал пушида натавонист. Ба бунёди ин рох Фарходи афсонави хам кодир нест. Лекин шумо афсонаро ба хакикат табдил додед. Оллох ба сари шумо борони рахмат меборад. Савоби ду чахон насибатон мешавад.

Дуст он бошад, ки гирад дасти дуст

Дар парешонхолию дармондаги.

Вакте фахмидем, ки ширкат бар зарари худ кор мекунад ва ин зарар дах миллион доллари амрикоиро ташкил медихад, дар тааччуб мондем.

– Бо вучуди ин сохтмонро идома дода истодаед? – пурсидам аз Суха Доган.

– Чи тавре мегуянд: «Ал ваъдаву дайн», – дархол чавоб дод у. –  Кавли чентелмен конун аст!

– Охир, ин мукобили конунхои бизнес-ку? – бо хайрони пурсидам аз у.

– Бале, ин гапатон рост, – бо тамкин чавоб дод у. – Вале аввалан барои хотири Президенти Точикистон Эмомали Рахмонов ва сониян барои обруи ширкат мо ин сохтмонро ба охир мерасонем.

Дар холе, ки бахри дилам кушода шуда буд, аз у суол кардам:

– Хуб, забони точики ба шумо маъкул аст?

– Чаро не? – бо шавку хурсанди посух дод у ва ситоиш намуд: – Бисёр забони гани, нарм ва шево аст.

– Охир, забони мо, забони назми оламгир аст!

– О, рост, – табассуми шавкангез карда гуфт у. – Ман орзу дорам, ки забони шуморо омузам.

– Бовари дорам, ки комёб мешавед. Ман ба мардони хушкавл эхтиром ва эътикод дорам. Шайх Саъди фармудааст:

Бе азми дурусту саъйи комил

Касро нашавад мурод хосил!

– О, хуб фармудааст! – масрурона гуфт Суха Доган.

Мо ба яке аз китъахои рохсозон омадем. Бо хама вохурдию холпурси кардем.

– Монда нашаветон!

– Саломат бошед!

– Коратон бобарор бод!

– Рахмат!

Дар хамин чо Суха Доган дарди дилашро ка­фонд.

– Коргарони точик каме танбал хастанд,– гуфт у. – То тори сарашон наисти кор намекунанд.

– Ба кахрамонхои Азиз Несин монанд будаанд-да,– дафъатан гуфт Карим Давлат.

Маънидор чашмак зад Суха Доган ва гул-гул шу­куфта хандид. Сипас гуфт:

– Не, холо корро ёд гирифтаанд. Мо ба онхо хат­то идораи техникаи махсусро хам бовари мекунем.

Мо дар ин чо бо коргари пешкадам Гулхусайн Давлатхусайнов, ки ду сол пеш аз дехаи Ушхарф омада будааст, шинос шудем. Вай дар бораи худ гап назад, ситоиши Суха Доганро кард.

– Хушахлок аст, – гуфт Гулхусайн. – Гуфтору кирдораш ба хам мутобик. Сар то по хунар аст. Ва ин хунарро ба мо меомузонад.

Ба километри 47-ум, яке аз китъахои вазнини сохт­мони рох омадем. Дар ин чо лаби дарёи Панчи нооромро симбанди мекардаанд. Вале аз коргарон нишоне наёфта, хайрон мондем. Ногох дидем, ки онхо як-як паси хам аз кух мефароянд.

– Аз дехаи Арзишки Афгонистон паронданд, намемонанд, ки кор кунем, – фахмонд яке. – Гуё ки аз кори мо оби дарё хеста хонахои онхоро зер мекарда бошад.

Рости ба ин чандон бовариамон наомад.

– Бовар намекунед? – пурсид у. – Ана холо худ шохид мешавед.

Ва онхо ба кор шуруъ карданд. Лахзае пас садои тир гул-гула андохт. Тир ба тани кух расида, чангу хок ва сангпорахоро ба хаво хезонд. Ин лахза раиси нохияи Дарвоз Саидчон Носиров расида омаданд. Ва ин вокеаро чунин шарх доданд:

– Онхо бо ин рох мехоханд, ки таваччухи хукумати худро чалб кунанд.

Ба бригадаи сохтмончиёни Тозачон Махмудов омадем. Кори онхо ба номи бригадирашон мутобик буд. Басо тозаву озода кор мекарданд. Тозачон бо чашмони дурахшон даст дароз кард ва дастамро фишурд. Дастонаш шахшул ва кави буданд. Тозачон ду сол пеш ба ин чо омада будааст. То ба ин чо омаданаш ба нафака баромада, давлати пири мерондааст. Ба рости, чашмони чозибадору рухсораи чун анор сурх ва гуфтору харакатхои чусти уро дида, бинанда хеч гумон намебарад, ки шастусесола аст. Ба назар чашмонаш механдад, чехрааш механдад.

Онхо кариб, ки беистирохат кор мекардаанд.

– Мо харгиз ба хастаги ва яъс эътикод надорем, – гуфт Тозачон.

«Одамизод – гавхари кобил» гуфтани пирони рузгордида бегап набудааст. Мегуянд, ки агар азм кунад, куху дарёхоро чаппа мекунад.

Мо кори онхоро мушохида намуда, ба ин заррае шубха накардем!

– Охир, ин сухтан аст-ку?!

Як гулу афшонда, калта-калта сулфиду гуфт:

– Бале – «То насузи насози!» – гуфтаанд. Хофизи Шерози гуфта?

«Дило бисуз, ки сузи ту корхо бикунад».

Сухбати мо хеч кур намегирифт. Вай дар бораи худаш сухане намегуфт.

– Кори мо пеши назаратон, – гуфт у. – Агар ягон кори арзандае карда бошам, катори дигарон кардаам.

Бале, «Мушк он аст, ки худ бибуяд…»

Кори онхо чун нури офтоб ба чашм мехурад. Ва ба дилу дида нуру зиё меоварад.

– Суха Доган мард аст, – гуфт у. – Дар мусибату тангдасти гамхори мекунад.

Пеш аз рафтан ба у суол додам:

– Ба чавонон чи таманнову орзу доред?

– Пеш аз хама аз сарвари кишварамон Эмомали Рахмонов ибрат бигиранд. Вактро чун у кадр кунанд ва аз гузашти умр гофил намонанд.

Гофил машав, ки умр чун киштии дар об

Истода менамояду чун тир меравад.

Дар километри 42-уми рох ба муъчизаи табиат ру ба ру омадем. Кухи азимеро дидем, ки аз куми каб-кабуди топ-тоза иборат буд. Трактори махсус бе ягон душвори, тез ва мохирона онро ба мошинхо бор мекард. Мошинхо ин кумро бурда ба рох мерехтанд.

– Ин толеъи баланди мо, – хушхолона гуфт Суха Доган.

Обмурихое, ки сохта мешуд, моро ба дарёи хайрату тааччуб гарк намуд.

– Наход, ки барои як чуйча об чунин иншоот сохта шавад? – гуфт касе аз дастаи «Дарё». – Хамин кадар охану бетонро сарф кунанд?

– Обмури бояд, ки чавобгуи илми имрузаи рохсози бошад, – дар чавоб гуфт Суха Доган. – Дар акси хол об рохро дар як сол вайрон мекунад.

– Умуман ба ин рох чанд сол кафолати кори медихед? – пурсидам аз Суха Доган.

– Си сол, – чавоб дод у. – Вале агар рох хуб истифода шавад, метавонад садсолахо хизмат кунад.

Ба километри 35-ум, китъаи вазнинтарини сохтмон омадем. Дар ин чо бояд синаи кухи хороро шикофта туннел месохтанд. Аммо бар асари киммати аз он даст мекашанд. Ва карор медиханд, ки кухро тарконанд. Вале дехаи Гумайи Афгонистон, ки ру ба руи ин китъа карор дорад ба ин имкон намедихад. Аз ин ру мачбур мешаванд, ки кухро сантиметр ба сантиметр тарошида гиранд. Барои ин вакти бисёре лозим мешавад. Ва сохтмони рохро кашол медихад.

*       *      *

Соати дувоздахи руз базми сохтмончиёну ахли эчоду санъат огоз ёфт. Гуё замин кафида одам руида буд. Базмро раиси нохияи Дарвоз Саидчон Носиров ифтитох бахшид.

Рузи одди ба рузи саид мубаддал гашт!

Нахуст санъаткорон бо таронахои диловези худ рухи мардумро болида гардонданд. Баъд риштаи суханро шоири шинохтаи точик Салимшо Халимшо ба даст гирифт.

– Инсонхо бихиштро орзу мекунанд. Вале рохи бихиштро шумо ёфтед, – бо чунин суханон баромади худро огоз намуд Салимшо Халимшо ва баъд ба хондани шеърхои худ пардохт.

Ин лахза офтоб ба болои сархо рост шуда, чунон тасфид, ки гуё хама мавчудоти оламро сухта хокистар кардан мехост. Вале касе ба ин ахамият намедод. Хама хушу гуш шуда буданд. Ба ин манзара дида духта, ба ёдам мисрахои Хаким Абулкосим Фирдавси омаданд:

Чахон ёдгор асту мо рафтани,

Ба мардум намонад ба чуз гуфтани.

Рахми табиат омад, ки руи офтобро пораи абре пушонд. Соя доман кашид. Хофизони дастаи «Дарё» бисёр дилнишину дилчасп месуруданд. Аз завку шавк коргарон ба ракс мебаромаданд. Аз сидки дил меракси­данд.

Баромади дастаи «Гарибшо-компания» хам хеле шавковар буд.

Баъд шоира Бахриниссо шеърхои тозаи худро кироат намуд. Пас аз баромади санъаткорон сухан ба банда дода шуд:

– Чи саодати бузургест, ки имруз мо ба хидмати шумо расидем. Ин лахзахо чунин мисрахо ба ёдам меояд:

Ватанам,

Эй Ватани майдаи мардони калон!

Бале, Ватани мо хеле хурд бошад хам мардони калон дорад. Ва он мардони калон шумоед. Зеро бо ранчу захмати худ чунин шохрохи бузургро бунёд мекунед. Гуё устод Абулкосим Лохути дар хакки шумо гуфта бошанд:

Боиси ободии олам – туи,

Ранчбаро, маънии одам – туи.

Ман аминам ки ин корнамоихои шумо дар сахифаи китоби дустии Точикистону Туркия бо хатхои заррин сабт хохад ёфт. Ва эчодкорони мо васфи шуморо сароида, асархои сазовор хоханд навишт. Чуноне, ки устод Боки Рахимзода – рухашон шод бод! – гуфта буданд:

Васфи туро сароям, халки бузургворам,

Бар чашм хоки поят чун тутиё гузорам.

Шоири шинохтаи точик Али Бобочон ишоратан ба Суха Доган гуфт:

– Дусти азиз! Ин базми точиконаю туркона аз рафокати халкхои мову шумо гувохи медихад. Ман ба азму иродаи шумо, ки аз сарзамини хеле дур ба мадади Точикистон омада, бо шогирдони сершумори худ аз дили кухсор шохрох мекушоед, бепоён хамду сано мегуям.

Мухтарам Суха Доган! Мехохам дар ин лахза хотири шуморо бо якчанд шохбайти шоирони классики точик болида гардонам. Халкхои мо аз кадимулайём бо хам кудову анда буданд. Бубинед, нобигахои назми машрикзамин Абдурахмони Чоми, Алишери Навои, Шамсиддин Шохин каробати халкхоямонро бо чи абёти мухаббатомез ситоиш кардаанд:

Нигори турку точикам кунад сад хона вайрон,

Ба он мижгони точиконаву чашмони туркона.

*       *       *

Забони ёри ман турк асту ман турки намедонам,

Худоё, кош мебуди забонаш дар дахони ман.

*       *       *

Шаб ки гул дар табаку бода ба согар кардам,

Базми туркона ба ёди рухи дилбар кардам.

Директори лоиха Суха Доган шоирро барои чунин суханони самимона бо расму ойини милли бародарвор ба огуш гирифт.

Аз савту тарона ва раксу сахнахои хунармандони точик ронандаи турк Ёшул Авчу илхом гирифта, таронахои турки ва точики хонд. Хеле гарму дилнишин суруда, хамаро ба шуру шавк овард.

Дар охир Суха Доган гуфт:

– Пеш аз хама ба Президенти Точикистон Эмо­мали Рахмонов изхори ташаккур менамоям. Ин кисмати рохро рохи Турку – Точик меномем. Он хамеша аз мо ёд хохад овард.

Мо аз омадани худ ба ин сохтмон бисёр шоду мамнун будем. Бо сохтмончиён хайрухуш накардем.

– То боздид! – гуфтем ва ба рох баромадем.

Офтоб сузон гашт карда, ба уфук моил мешуд. Охиста-охиста атрофро торики фаро гирифт. Аммо дили мо равшан буд. Ба мо гуфтанд, ки бадахшониён ин рохро рохи Эмомали Рахмонов хам мегуянд.

Ба фикрам, бисёр нагзу дуруст мегуянд!

Ва мо хам бо камоли ифтихор ва гурур метавонем бигуем:

– Рохи Эмомали Рахмонов – рохи бихишт аст!

5 июли соли 2005

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …