Главная / Чамъият / РОХХОИ АВТОМОБИЛГАРД ВА ФАЪОЛИЯТИ РОХДОРИ

РОХХОИ АВТОМОБИЛГАРД ВА ФАЪОЛИЯТИ РОХДОРИ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ  ТОЧИКИСТОН  

ДАР БОРАИ РОХХОИ АВТОМОБИЛГАРД ВА ФАЪОЛИЯТИ РОХДОРИ

(КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302)

 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  соли  2002, №4, к- 1, мод. 296; соли 2009, №7-8, мод.498; с. 2013,  №7, мод. 527, №12, мод. 895; Конуни ЧТ аз 15.03.2016 с., №1302) 

Конуни мазкур асосхои хукуки ва ташкилии фаъолияти рохдориро муайян намуда, ба таракки додани шабакахои роххои автомобилгард ва бехтар кардани истифодаи онхо чихати таъмини интиколи мусофирон ва борхо равона шудааст  (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302). 

rohhoi-avtomobil

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

(КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302) 

Модцаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асоси зерин истифода мешаванд (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302):

– Рохи автомобилгард мачмуи чузъхои аз чихати вазифа ба хам алокаманди конструктиви ва иншоотхои мухандисие, ки дар он харакати доимию бехатари автомобилхо ва воситахои дигари наклиёт бо суръат, вазн ва андозахои мукарраршуда сурат мегирад ва нигохдории холати зарурии наклиётиву истифодабарии ишпоотхои рохдориро дар китъахои замин ва дар фазои хаво, дар худудхои мукарраршуда, ки барои чойгиркунии ин комплексхо чудо шудаанд, таъмин менамояд (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302);

– Рохи автомобилгардиистифодаи умум рохи автомобилгарде, ки ба максади конеъ намудани ниёзи ахоли, хамлу накли бор ва мусофирон дар байни махалхои ахолинишини шахру дехот, зарурати ичтимоию иктисоди ва мудофиавии давлатиро таъмин менамояд ва барои хар шахсе, ки коидахои истифодаи роххои автомобилгардро риоя менамояд, боз мебошад;

– Сохибони роххои автомобилгард шахсони вокеи ва хукукие, ки хукуки сохиби, истифодабари ва ихтиёрдории роххои автомобилгардро доранд (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302);

– фаъолияти рохдори лоихакаши, сохтмон, тачдид, таъмир, нигохдори, таъминоти илмию иттилооти ва фаъолиятхои дигари роххои автомобилгард, амали намудани сиёсати ягонаи, идоракуни ва назорат дар хочагии рохдори, инчунин омузондани кадрхо ба ин максад;

– истифодабарандагони роххои автомобилгардшахсони вокеи ва хукуки, ки иштирокчиёни харакат дар рох мебошанд, инчунин дар роххои автомобилгард ба фаъолиятхои ичозатдодашуда машгуланд (ба гайр аз фаъолияти рохдори ва корхои рохсози) (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302);

– хочагии рохдори мачмуи истехсолию хочагие, ки ба он роххои автомобилгарди истифодаи умум, инчунин шахсони вокеи ва хукуки, ки ба фаъолияти рохдори машгуланд, шомил мебошанд (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302);

– макомоти рохдори; – макомоти давлати ва ё махаллие, ки салохият доранд ичрои вазифахои идоракуниро дар сохаи фаъолияти рохдори амали гардонанд (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302);

– корхонаи хочагии рохдори корхонаи давлати ва ё шахсони дигари вокеи ва хукуки, ки корхои рохдориро дар асоси ичозатномахо анчом медиханд (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302);

– иншоотхои рохдори иншоотхое, ки кисмхои бевоситаи конструктивии рох мебошанд: иншоотхои сунъи (купрукхо, эстакадахо, кубурхо, туннелхо ва гайра), корхонахои истехсоли (аз чумла истикомати), иморатхои ташкилотхои рохдори;

– замини роххои автомобилгард китъаи замини наклиёти автомобилгард (бо шумули худуди хамшафат), ки чихати истифодабарии доими ва ё ба шакли ичора ба макомоти рохдори ва ё шахсони вокеи ва хукуки – сохибони роххои автомобилгард барои сохтани роххои автомобилгард, таъмини сохтмону тачдид ва истифодабари, инчунин барои иморату иншоотхое, ки барои хизматрасонии иштирокчиёни харакати рох пешниход шудаанд (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302);

– худудхои мухофизатшавандаи хамшафати рох худуди пахлуи рохи автомобилгарди истифодабарии умуми, бо шароитхои махсуси истифодабарии замин, ки барои тачдид, васеъкуни ва таъмири роххои автомобилгард, вобаста ба тараккии ояндаи он ва чойгиркунии иморатхои рохдори пешбини шудаанд;

– китъаи чудошуда – замини рохи автомобилгард, ки барои чойгиркунии чузъхои конструктиви ва ё иншоотхои мухандисии рохи автомобилгард пешбини шудаанд, инчунин бино, сохтмон, минтакахои дарахтшинондашудаи  мухофизати ва ороиши, тачхизоте, ки барои истифодаи онхо заруранд (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302);

– объектхои хизматрасони дар рох – биною иморат, иншоот ва дигар объектхое, ки барои хизматрасонии иштирокчиёни харакат дар poх пешбини шудаанд (нуктахои фуруши сузишвори, терминалхо, мехмонхонахо, таваккуфгоххо барои воситахои наклиёт)  (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302);

–  роххои автомобилгарди пулаки – роххои автомобилгарде, ки истифодабарии онхо дар асоси пулаки тибки талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини шудааст  (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302);

– таъмири роххои автомобилгард – корхои аз нав баркарор кардани кабати фарсудашудаи рох, бехтар кардани хамвори, баланд бардоштани холати часпиш, мустахкам кардани кабати болоии рох ва замин, баркароркунии иншоотхои фарсудашудаи рох ва ё иваз кардани онхо ба иншоотхои мустахкам ва камхарч, инчунин ичрои корхо чихати ташкили бехатарии харакат, бехдошти роххо, ки дар натичаи он хусусиятхои наклиётиву истифодабарии роххои таъмиршаванда ва иншоотхои рох баркарор шуда, шартхои зарурии харакат таъмин мегардад;

– нигохдории роххои автомобилгард мачмуи корхои пешгирикунанда оиди нигохубини рох, иншоотхои рохдори ва китъахои чудошуда, чузъхои чихозонидашудаи рох, ташкили бехатарии харакат, инчунин бартараф кардани тагйирёбихои чузъи ва вайронии кисмхои рох ва иншоотхои рох, ки дар натичаи он хусусиятхои наклиётиву истифодабарии роххои таъмиршуда ва иншоотхои рохдори, ки дар давоми сол (восбаста ба фаслхо) анчом дода мешаванд ва дар натичаи онхо хусусиятхои наклиётиву истифодабарии роххои таъмиршуда ва иншоотхои рох ва бехатарии харакат дар рох таъмин мегардад;

– воситахои техникии ташкили харакат дар рох, чарогхои рохнамо (светофор), аломатхо, ишорахо ва нишонахои рох, тачхизот ва минтакахои ихоташуда, ки дар роххои автомобилгард барои танзими харакат гузошта шудаанд.

Моддаи 11. Вазифахои Конуни мазкур

Вазифахои Конуни мазкур иборатанд аз:

– таъмини амният ва тараккиёти роххои автомобилгард, бехтаргардонии холати техникии онхо;

– мусоидат ба чори намудани технологияхои нав ва стандартхо дар сохаи фаъолияти рохдори;

– таъмини ракобати босамар ва солим дар бозори кор ва (ё) хизматрасони;

– бехтаргардонии фазои сармоягузори дар сохаи фаъолияти рохдори;

– таъмини пайвастшавии роххои автомобилгард ба шабакахои наклиёти байналмилали  (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302).

 

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи роххои автомобилгард ва фаъолияти рохдори

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи роххои автомобилгард ва фаъолияти рохдори, ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукуки, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон эътироф кардааст, иборат аст (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302).

 

Моддаи 3. Принсипи танзими давлати дар сохаи фаъолияти рохдори

Танзими давлати дар сохаи фаъолияти рохдори ба принсипхои зерин асос меёбад:

-таъмини харакати бемонеаи борхо ва мусофирон дар роххои автомобилгарди истифодаи умум дар тамоми каламрави Чумхурии Точикистон;

-банакшагирии давлатии инкишофи роххои автомобилгарди истифодаи умум;

-таъмини боэътимоди ва бехатарии роххои автомобилгард (аз чумла бехатарии экологи) ва таъсиси шабакаи роххои автомобилгард дар асоси меъёрхои ягонаи техники ва стандарти;

-таъмини афзалияти таъмир ва нигохдории роххои автомобилгард нисбати дигар шаклхои фаъолияти рохдори;

-назорати давлати оиди фаъолияти рохдори оид ба риояи меъёру коидахои мукарраршуда;

-таъмини баробархукукии шахсони вокеи ва хукуки хангоми амали сохтани фаъолияти рохдори (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302);

-инкишофи фаъолияти сохибкори дар шароити мавчудияти шаклхои гуногуни моликият дар роххои автомобилгард;

-афзалияти бахисобгирии манфиатхои истифодабарандагони роххои автомобилгард хангоми амали намудани фаъолияти рохдори;

-дастрас будани маълумот оиди роххои автомобилгард ва шароити харакати рох;

-васеъ намудани хамкории байналмилали дар сохаи фаъолияти рохдори, мусоидат барои хамгароии роххои автомобилгарди Чумхурии Точикистон бо системаи байналмилалии алокаи рох.

 

Моддаи 4. Таснифи роххои автомобилгард

Вобаста ба накщи роххои автомобилгард дар шабакаи роххо, таъиноти вазифави, андозахои худудхои геометри, инчунин шароити харакат дар рох роххои автомобилгард таснифи техники доранд, ки хосиятхои истифодабарии онхоро инъикос мекунанд.

Аз руи шакли моликияташон роххо ба давлати (истифодаи умум), муассисави ва хусуси таксим мешаванд.

Таснифи техникии роххои автомобилгарди истифодабарии умуми аз тарафи макомоти рохдори мукаррар карда мешавад.

Таснифи техникии роххои автомобилгарди муассисави ва хусуси бояд ба таснифоти техники барои роххои автомобилгарди истифодаи умуми мукарраргардида мутобик бошад.

Аз нав дида баромадани таснифи роххои автомобилгард аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон  амали мегардад.

 

Моддаи 5. Намудхои роххои  автомобилгард

Роххои автомобилгард аз руи таъиноташон ба намудхои зерин таксим мешаванд:

-роххои автомобилгарди истифодаи умум (дорои ахамияти чумхурияви ва махалли);

-роххои автомобилгарди истифодаи махсус (ахамияти муассисави, фаръи, технологи, дохилихочаги, хизмати ва гайра).

Роххои автомобилгард аз руи субъектхои хукукии моликият ба намудхои зайл таксим мешаванд:

-роххои автомобилгарде, ки ба моликияти Чумхурии Точикистон тааллук доранд;

-роххои автомобилгарде, ки ба моликияти коммунали тааллук доранд (роххои автомобилгарди махалли) (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302);

-роххои автомобилгарде, ки ба моликияти шахсони вокеи ва хукуки мансубанд (роххои автомобилгарди хусуси).

 

Моддаи 6. Роххои автомобилгарди ахамияти чумхуридошта

Ба роххои автомобилгарди ахамияти чумхуридошга роххои автомобилгарди истифодаи умум, ки дар байни шахру дехот чойгиранд ва хамчунин роххои автомобилгарди байналмилалие дохил мешаванд, ки барои таъмини   робитахои байналмилалии автомобилии ЧумхурииТочикистон бо кишвархои дигар пешбини шудаанД. Макоми (статуси) рохи автомобилгарди байналмилали мутобики шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

Роххои автомобилгарди ба моликияти Чумхурии Точикистон тааллукдошта метавонанд ба катори роххои автомобилгарди ахамияти мудофиави дохил шаванд ва онхоро гайридавлати кунондан ва хусуси гардондан манъ аст.

Тасдики фехристи роххои автомобилгарди ахамияти чумхуриявидошта ва ворид кардани тагйироту иловахо ба он аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон бо пешниходи макоми давлатии идоракунии фаъолияти рохдори амали мегардад.

 

Моддаи 7. Роххои автомобилгарди махалли

Ба роххои автомобилгарди махалли кучахо, гузаргоххо, хатхои харакати наклиёти чамъиятии шахру дехот, роххои дорои ахамияти махаллидошта, ки дар худуди ин таъсисот робитахои наклиетиро таъмин менамоянд, дохил мешаванд.

Шабакаи роххои автомобилгарди махалли кисми таркибии сохтори дохилии махалхои шахри ва дехотии ахолинишин мебошад ва дар асоси накшахои умумии инкишофи он ташаккул меёбад.

Тасдики фехристи роххои автомобилгарди ахамияти махаллидошта ва ворид кардани тагйироту иловахо ба он аз тарафи макоми давлатии идораи рохдори бо ризояти макомоти хокимияти ичроия дар махалхо амали мегардад.

 

Моддаи 8. Роххои автомобилгарди муассисави ва хусуси

Ба рохххои автомобилгарди муассисави роххои автомобилгарде дохил мешаванд, ки ба идоракунии оперативи ва ё хочагидори мансуб буда, дар мувозинати корхона карор доранд ва барои халли вазифахои махсуси давлати, таъмини боркашонихои дохилихочаги, истехсоли ва технологи истифода мешаванд (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302).

Ба роххои автомобилгарди хусуси роххои автомобилгарде дохил мешаванд, ки моликияти шахсони вокеи ва хукуки мебошанд (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302).

Роххои автомобилгарди истифодаи муассисави ва хусуси бо карори сохибони онхо метавонанд барои истифодаи умум баъди гирифтани хулосаи мусбати макоми рохдори ва макоме, ки назоратро оиди бехатарии харакат дар рох амали менамояд, кушода шаванд.

Тартиби истифодаи роххои муассисави ва хусусиро сохибони ин роххо мукаррар мекунанд.

 

Моддаи 9. Номгузори ва индексгузории роххои автомобилгард

Хамаи роххои автомобилгарди истифодаи умум дар Чумхурии Точикистон бояд ном ва индекс дошта бошанд.

Номгузории роххои автомобилгарди истифодаи умум аз номи махалхои ахолинишине, ки дар аввал ва охири ин роххо чойгиранд, бармеояд, хангоми зарурат, инчунин номи махалхои ахолинишини мобайни ба ин номгуи дохил карда мешаванд. Номгузории нихоии рохи автомобилгардро ба номи объекти чугрофи ва дигар объектхо ва инчунин бо назардошти вокеахои таърихи ва анъанахои милли гузоштан мумкин аст.

Ном ва индекси роххои автомобилгард бояд дар харита ва атласхои роххои автомобилгард, инчунин дар худи рохи автомобилгард бо тарзи гузоштани аломатхои махсус ва нишон инъикос ёбад (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302).

Ном ва индексхои роххои автомобилгарди ахамияти чумхуридошта аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон бо пешниходи макоми давлатии идорае, ки бо фаъолияти рохдори машгул аст, тасдик карда мешаванд.

Ном ва индексхои роххои автомобилгарди ахамияти махаллидошта аз тарафи макомоти хокимияти ичроия дар махалхо, бо ризояти макоми давлатии идораи рохдори гузошта мешаванд.

Ном ва индексхои роххои автомобилгарди байналмилали, ки аз каламрави Чумхурии Точикистон мегузаранд, бо созишномахои байналмилали гузошта мешаванд.

Ном ва индексгузории роххои автомобилгарди муассисави ва хусуси аз тарафи сохибони онхо, бо мувофикаи макоми давлатии рохдори гузошта мешавад.

 

Моддаи 10. Хисоби масофа дар роххои автомобилгард

Масофа дар роххои автомобилгард дар байни нуктахои шартии аввал ва охир ба хисоб гирифта мешаванд. Онхо иборатанд аз:

– почта, иморатхои давлати ва чамъияти, иншоот ва ё аломатхои махсус гузошташуда, ки дар маркази махали ахолинишин барои роххои пайвасткунандаи махалхои ахолинишин гузошта шудаанд;

– хатти бурриши роххои пайваст – барои роххое, ки роххои автомобилгарди дигари истифодаи умум ва роххои автомобилгарди хамшафати онхоро пайваст менамоянд;

– сархади объектхои чугрофи, таърихи ва гайра, барои роххое, ки ин объектхоро ба хам мепайванданд.

 

Моддаи 11. Руйхати давлатии роххои автомобилгард

Руйхати (реестри) давлатии роххои автомобилгард мачмуи маълумотхоро оиди тамоми роххои автомобилгарди худуди Чумхурии Точикистон, сарфи назар аз категория, хусусияти истифодабари, мансубияти хукуки моликият ба ин ё он шахс, дарбар мегирад. Руйхатгири ба макоми давлатии идораи рохдори вогузор карда мешавад.

Хангоми бахисобгирии давлатии роххои автомобилгард дарози, шиддатнокии харакат, холат ва дигар нишондихандахое, ки барои муайян кардани ояндаи инкишоф, амали сохтани чорахо чихати самарабахш истифода бурдани роххои автомобилгард заруранд, мукаррар карда мешаванд.

Номгуи роххои автомобилгард бо нишон додани ном, индекс ва дарозии хар рох, арзиши мувозинати ва фарсудашавии хар рохи автомобилгард тартиб дода мешавад (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302).

Руйхати давлати дар асоси шиносномахои техникии роххои автомобилгард ва бонки маълумот оиди холати онхо ва дар он чой додани маълумот оид ба навъи рупуши рох, чойгиршавии аломату нишонахои рох, масохати замини ишголкардаи рохи автомобилгард ва маълумоти дигаре, ки барои банакшагири, инкишоф ва истифодабарии роххои автомобилгард заруранд, тартиб дода мешавад.

Тартиби ба руйхатгири аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик, карда мешавад.

 

БОБИ 2.  ИДОРАИ ДАВЛАТИ ДАР СОХАИ ФАЪОЛИЯТИ РОХДОРИ

(КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302)

 

Моддаи 12. Системаи макомоти идораи давлати дар сохаи фаъолияти рохдори

Идораи роххои автомобилгарди истифодаи умум ва фаъолияти рохдори аз тарафи макоми идораи давлатии фаъолияти рохдори, ки Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст, амали мегардад.

Идоракунии роххои автомобилгарди истифодаи махсус тавассути вазоратхо ва муассисахои дахлдоре, ки ин роххо дар ихтиёрашон хаётанд, амали мегардад.

Идоракунии роххои махалли аз тарафи макомоти дахлдори хокимияти ичроия дар махалхо, амали мегардад.

Салохияти макоми давлатии идоракунии фаъолияти рохдори аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон мутобики хамин Конун мукаррар мегардад.

 

Моддаи 13. Макоми давлатии рохдори

Самтхои асосии фаъолияти макоми давлатии рохдори иборатанд аз:

– идоракунии роххои автомобилгарди истифодаи умум;

– мукаррар кардани коидахо, стандартхо, меъёрхои техники ва низомномахои дигар оиди масъалахои лоихакаши, сохтмон, тачдид, таъмир ва нигохдории роххои автомобилгард;

– банакшагирии тараккиёт ва нигохдории роххои автомобилгарди истифодаи умум дар асоси барномахои пешрафти ичтимоию иктисодии Чумхурии Точикистон;

– ичрои вазифахои фармоиши давлати оиди коркард ва амали намудани барномахои сохаи рохсози, инчунин лоихахои тачдид, таъмир ва нигохдории роххои автомобилгарди истифодаи умум;

– муайян кардани равандхои мушаххаси истифодаи захирахои молияви ва идораи оперативии ин воситахо;

– мукаррар кардани таснифоти техники ва ба руйхатгирии роххои автомобилгард;

– ташкили хисоботи якхелаи омори оиди холати роххои автомобилгард;

– тахияи лоихахои асноди меъёриву хукуки оид ба масъалахои фаъолияти рохдори;

– ба эхтиёчоти сохтмони рох ва нигохдории роххои автомобилгард чалб кардани манбаъхои молиявии гайрибучети, аз чумла маблаггузорихои хоричи;

– ичрои тадкикотхои илми дар сохаи фаъолияти рохдори;

– хамохангсози ва созмондихии фаъолиятхои муштарак бо макомоти хокимияти давлати дар вилоятхо ва нохияхои Чумхурии Точикистон, ки ба пешрафт ва истифодаи роххои автомобилгард вобастаанд;

– ичрои ваколатхои дигаре, ки конунгузории Чумхурии Точикистон муайян кардааст.

 

Моддаи 14. Ваколатхои макомоти хокимияти ичроия дар махалхо оиди масъалахои идоракунии фаъолияти рохдори

Ба ваколати макомоти хокимияти ичроия дар махалхо оид ба масъалахои идоракунии фаъолияти рохдори мансубанд (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302):

– таъмини мутобикати сиёсати давлати ва махалли дар сохаи фаъолияти рохдори;

– таъмини фаъолияти хамкории макомоти рохдори дар сатххои гуногун;

– мухофизати роххои автомобилгард, махдуд ва катъ кардани харакат дар роххои автомобилгард ва муайян кардани меъёру коидахои дигаре, ки фаъолиятро дар роххои автомобилгард мукаррар мекунанд;

– тартиб додан ва ичрои барномахои инкишоф ва такмили шабакаи роххои автомобилгард;

– мукаррар намудани тартиботи махсуси фаъолияти хочагидори дар минтакахои мухофизатшавандаи роххои автомобилгард.

 

Моддаи15. Ваколатхои макомоти рохдории махалли оид ба масъалахои фаъолияти рохдори

Бо назардошти хусусиятхои махалли макомоти рохдории махалли таъсис дода мешаванд. Сохтор, хукуку ухдадорихо, инчунин тартиби фаъолияти макомоти рохдории махаллй аз тарафи макомоти хокимияти ичроия дар махалхо муайян мегардад.

Фаъолияти макомоти рохдории махалли дар хамкории мутакобила бо макомоти рохдории чумхурияви ва вилояти амалй мегардад.

Макомоти рохдории махалли таъмин менамояд:

– тахия ва ичрои бучетхои махалли дар кисми сарфи маблагхо ба фаъолияти рохдори;

– идоракунии моликияти роххои автомобилгарди махалли;

– инкишофи шабакаи кучахо, гузаргоххо, самтхои харакати наклиёти чамъияти ва роххои ахамияти махаллидошта;

– ташкили харакат дар роххои автомобилгарди махалли дар якчояги бо бозрасии давлатии автомобилии нохия, шахр;

– ичрои фаъолиятхои дигаре, ки аз тарафи макомоти хокимияти ичроия дар махалхо вогузор гардидааст.

 

Моддаи 16. Ичозатномадихи ва гузаронидани аттестатсия

Фаъолияти рохдори дар Чумхурии Точикистон тибки Конуни мазкур ва Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият» амали мегардад (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302).

Мутахассисоне, ки дар сохаи рохдори фаъолият менамоянд ва эътимоднокию бехатарии роххои автомобилгард ба натичаи мехнати онхо вобаста аст, бояд мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон аз аттестатсия гузаранд.

 

БОБИ 3. АСОСХОИ ИКТИСОДИИ ФАЪОЛИЯТИ РОХДОРИ ВА

НИГОХДОРИИ РОХДОИ АВТОМОБИЛГАРД

(КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302)

 

Моддаи 17. Мачмуи молу мулки роххои автомобилгард

(КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302)

Ба мачмуи молу мулки роххои автомобилгарди ба моликияти давлати тааллукдошта роххои автомобилгард, ба шумули иншоот ва тачхизоте, ки барои нигохдории онхо заруранд, инчунин замини роххои автомобилгард дохил мешаванд (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302).

Мачмуи молу мулки роххои махалли аз тарафи макомоти дахлдори хокимияти ичроия дар махал бо назардошти хусусиятхои шабакаи кучаю рох муайян карда мешавад (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302).

Мачмуи молу мулки роххои автомобилгарди хусуси аз тарафи моликони онхо, бо назардошти вазифахои истифодаи онхо ва талаботи санадхои меъёрии хукукие, ки бехатарии харакатро дар рох танзим менамоянд, муайян карда мешавад (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302).

 

Моддаи 18. Идораи мачмуи молу мулки роххои автомобилгарди истифодаи умум

                        (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302)

Идоракунии мачмуи молу мулки роххои автомобилгарди истифодаи умум, мутобики хукуки идоракунии бевосита ба муассисахои махсусгардонидашудаи идораи роххои автомобилгард. ки хукуки пешбарии хочагиро ба корхонахои давлатии нигохдории рох доранд, вогузошта мешавад (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302).

Муассисахои махсусгардонидашуда аз тарафи макоми идоракунии давлати дар сохаи рохдори таъсис дода мешаванд.

Додани моликияти гайриманкули роххои .автомобилгарди давлати ба идоракунии оперативии муассисахои махсус ва ё ба ихтиёри хочагии муассисахои давлатии нигохдории роххои автомобилгард, инчунин хукукии интихоби роххои автомобилгард ва ё китъахои онхо, ки ба идораи оперативии муассисахои махсус вобастаанд, бо карори макоми давлатии идораи рохдори, амали мегардад.

 

Моддаи 19. Хамкории корхонахои хочагии рохдори ва макомоти рохдори

Хочагии рохдори сохтмон ва истифодаи роххои автомобилгардро таъмин менамояд ва дар асоси принсипхои ягонаи фаъолияти рохдори, шаклхои гуногуни моликият ва ракобат фаъолият менамояд.

Ичрои корхое, ки ба лоихакаши, сохтмон, азнавсози, нигохдори, тахкик ва санчиши роххои автомобилгард вобастаанд, дар асоси шартномахои пудрати, ки дар байни макомоти рохдори ва ичрокунандагони кор – шахсони вокеи ва хукуки дар асоси озмуни баста шудаанд, амали мегардад (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302).

Ичрои корхои сохтмони, тачдид ва таъмири роххои автомобилгард дар асоси хуччатхои лоихакаши ва тендери, ки мутобики тартиби мукарраркардаи макоми давлатии идоракунии рохдори тасдик карда шудааст, сурат мегирад.

Хангоми ичрои корхои рохдори корхона ва ташкилотхо бояд талаботи меъёрхои конунгузории Точикистон ва хамин конунро, ки бехатарии харакатро дар роххои автомобилгард амали месозанд, таъмин намоянд.

Назорат аз болои сифати корхои рохдори аз тарафи макомоти рохдори, шахсони вокеи ва хукуки, ки барои ин кор мутобики мукаррарот хукук доранд, ба чо оварда мешавад (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302).

Моддаи 20. Маблаггузории роххои автомобилгард

Манбаи асосии маблаггузории роххои автомобилгарди истифодаи умумро андозхои рох, ки мутобики тартиботи мукарраршуда ситонида мешаванд ва аз хисоби маблагхое, ки аз бучети чумхури чудо карда шудаанд, ташкил медиханд.

Манбаи маблаггузории роххои автомобилгарди махалли бучетхои махалли мебошанд (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302).

Манбаи маблаггузории роххои автомобилгарди муассисави маблаги идорахое мебошанд, ки ин роххо дар мувозинати онхо карор доранд (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302).

Манбаи маблаггузории роххои автомобилгарди хусуси маблаги сохибони онхо мебошад.

Маблаггузории роххои автомобилгард бояд дар хачме амали гардад, ки бехатарии харакат ва нигохдории рохро таъмин намояд.

 

Моддаи 21. Ракобат дар фаъолияти рохдори

Макомоти рохдори барои инкишофи ракобат ва муомилоти корхои рохдори мусоидат менамоянд.

Муносибат бо ташкилотхое, ки корхои рохдориро ичро менамоянд, дар асоси шартнома ба рох монда мешавад.

Супоридани пудратхо барои корхои сохтмони ва азнавсозии роххои автомобилгард бояд дар асоси тендер сурат гирад.

Хангоми ичрои фаъолияти пудрати як шахс вазифахои фармоищдиханда ва ичрокунандаро ичро карда наметавонад.

 

Моддаи 22. Лоихакаши ва сохтмоии роххои автомобилгарди истифодаи умум

Лоихакаши ва сохтмони роххои автомобилгарди дорои ахамияти чумхурияви на махалли бо тартиби муайянкардаи Хукумати Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

Лоихакаши, сохтмон, тачдид ва таъмири роххои автомобилгард, кучахо ва гузаргоххои рохи охан, иншоотхои сунъи, инчунин ободони ва сохтмони иншоотхои тичорати, саноати, объетхои хизматрасони дар рох, чихати муайян кардани мутобикати онхо ба талаботи коидахо, меъёрхо ва стандартхои бехатарии роххо бояд аз экспертизаи давлати гузаронда шаванд (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302).

Шартхои лоихакаши ва сохтмони купрукхо, гузаргоххо ва дигар коммуникатсияхои наклиёти, ки аз болои иншоотхои оби мегузаранд, бояд бо Кодекси оби Чумхурии Точикистон танзим карда шаванд.

Роххои автомобилгарди навсохташуда ва тачдидшуда ба руйхат (реестр) дохил карда мешаванд ва бояд чун объектхои гайриманкул дар асоси тартиботи мукарраршудаи санадхои кабули ин объектхо барои истифодабари ба кайд гирифта шаванд (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302).

Маблаггузории сохтмон, нигохдори ва истифодаи роххои автомобилгарди давлати аз хисоби воситахои хусусияти максаднок, мутобики мукаррароти муайянкардаи конунгузории Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 23. Коидахои нигохдории роххои автомобилгард

Нигохдории роххои автомобилгард ба максади таъмини бехатари ва харакати доимии наклиёт, сурат мегирад.

Коидахои нигохдории роххои автомобилгарди истифодаи умум аз тарафи макоми давлатии идоракунии фаъолияти рохдори мукаррар мегардад ва аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мешавад.

Сохибони роххои автомобилгарди хусуси ва истифодаи махсус роххоро дар холате нигох медоранд, ки риояи талаботи стандартхои бехатарии харакатро дар рох таъмин менамоянд.

 

Моддаи 24. Талабот оид ба чойгиркуни ва нигохдории воситахои техникии ташкили харакат дар рох

Объектхои чарогаки рохнамо (светофор), аломатхои рох, ишорахо, нишонахои рох, тачхизоти химоякунанда ва хидояткунанда, воситахои дигари танзими харакати рох, хангоми чойгиркуни бояд ба талаботи стандартхои давлати ва меъёрхои техники бо назардошти бехтару намоён ва мувофик будани истифодабари ва хизматрасони, инчунин пешгирии имкониятхои вайроншавихои тасодуфи мувофикат намоянд.

Воситахои техникии харакати рох барои ба иштирокчиёни харакат дар роххо расондани иттилоот оиди шароити харакат дар роххо мукаррар карда шудаанд.

Роххои автомобилгард, кучахо ва гузаргоххои рохи охан, ки харакат дар онхо зиёд аст, чихати даъват намудани ёрии тиббии таъчили, кормандони корхои дохили ва ташкилотхои рохдорию истифодабари бояд бо воситахои алокаи таъчили таъмин карда шаванд.

Моддаи 25. Тартиби чойгиркунии иншоотхои кoммуникатсиони дар роххои автомобилгард

Гузаронидани харгуна иншоотхои коммуникатсиони аз китъаи чудошудаи роххои автомобилгарди истифодаи умум, бе мувофикаи шартхои техникии гузаронидани онхо бо макомоти дахлдори рохдори манъ карда мешавад.

Иншоотхои коммуникатсионие, ки пештар аз китъаи чудошуда кад-кади рохи автомобилгард гузаронда шудаанд, аз хисоби маблаги сохибони иншоотхои коммуникатсиони аз худуди рох бароварда мешаванд.

Сохтмон ва азнавсозии иншоотхои коммуникатсиони, ки аз худуди роххои автомобилгарди мавчуда гузаронда мешаванд, аз хисоби воситахои сохибони иншоотхои коммуникатсиони, дар асоси ичозатномахо ва шароитхои техникие, ки аз тарафи макомоти дахлдори рохдори дода шудаанд, амали мегардад.

Фармоишдихандагоне, ки иншоотхои мухандисии коммуникатсиониро аз роххои автомобилгард мегузаронад, бояд зарареро, ки дар натичаи ба чо овардани ин корхо ба рох расонида шудааст, пурра чуброн намоянд (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302).

Хангоми гузаронидани тамоми навъхои иншоотхои коммуникатсиони дар заминхои роххои автомобилгард, макоми дахлдор хукук дорад рафти ичрои ин корхоро назорат намояд ва дар маросими ба истифода додан ва кабул кардани иншоотхои коммуникатсиони иштирок намояд.

 

Моддаи 26. Гузаронидани коммуникатсияхо аз иншоотхои роххои автомобилгард

Дар накбхои автомобилгард аз купруку, гузаргоххо ва иншоотхои дигари сунъи гузаронидани иншоотхои коммуникатсиони манъ аст (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302).

Дар холатхои истисно бо карори Хукумати Чумхурии Точикистон коммуникатсияхоро дар асоси ичозатнома ва шартхои техникие, ки аз тарафи макомоти дахлдори рохдори дода мешаванд, гузаронидан мумкин аст.

Дар ин холат тамоми харочоти гузаронидани коммуникатсияхо, сохтмон ва мучаххаз сохтани иншоотхо, ба таври иловаги мустахкам кардани конструксияхо ва харочоти иловагиро барои нигохдории роххои автомобилгард сохибони иншоотхои коммуникатсиони бар ухда доранд.

Сохибони иншоотхои коммуникатсиони вазифадоранд истифодабарии онхоро дар холати дурусти техники, мутобики меъёрхое, ки ба вайрон кардани иншоотхои сунъии роххои автомобилгард рох намедиханд, таъмин намоянд.

Азнавсози, баровардан, гузарондан ва тачдиди иншоотхои коммуникатсиони, ки бо сабаби таъмиру тачдиди онхо ва ё таъмир ва ё тачдиди рохи автомобилгард ба миён меоянд, аз хисоби худи фармоишдихандаи сохтмон, амали мегардад.

 

Моддаи 27. Бурида гузаштани рохи автомобилгард аз рохи дигари автомобилгард

Сохтмон, тачдид ва таъмири нуктахои хамрохшави ва бурида гузаштани роххои автомобилгард бо роххои дигари автомобилгард дар чойхое ичозат дода мешаванд, ки аз тарафи макоми дахлдори рохдори нишон дода шудааст ва хуччатхои лоихавии зарури тибки мукаррароти мувофикашуда ва тасдикшуда мавчуд бошанд.

Хамаи харочотхое, ки ба чойгиркунии гузаргоххо ва нуктахои хамрохшави ва шиддатхои иловаги дар рохи автомобилгард, корхои иловагии вобаста ба таъмини бехатарии харакат дар рох, обпарто ва корхои дигари мутобики меъёрхо мукарраргардида вобастааст, аз тарафи фармоишдихандае, ки ба сохтмони гузаргох ва ё нуктахои хамрохшави машгул аст, пардохта мешавад.

Макоми дахлдори рохдори хукук дорад, ки аз шахсони вокеи ва хукуки, ки бе розигии вай ба корхои сохтмони, тачдид ва ё таъмири нуктахои хамрохшави ва гузаргоххои роххои автомобилгард машгул аст, талаб намояд, ки иншоотхоро чудо карда рохи автомобилгардро ба холати аввалааш биёрад. Хангоми рад кардани ичрои ин корхо ва ё саркаши аз кабули ухдадорихо чихати ичрои онхо дар мухлатхои муайяншуда макоми рохдори вазифадор аст, ки барои ба холати аввала баргардонидани рохи автомобилгард чорахо андешад ва аз тарики суди харочотеро, ки бо сабаби ба чо овардани ин корхо сурат гирифтааст, аз шахсони ин амали гайриконуниро анчомдода ситонад.

 

Моддаи 28. Бурида гузаштани роххои автомобилгард аз рохи охан

Чойхои гузаштани роххои автомобилгард аз болои рохи охан (гузаргоххои рохи охан) мутобики коидахои истифодаи техникии роххои охани Чумхурии Точикистон, меъёрхо ва коидахои сохтмони мукаррар мегардад.

Дар гузаргоххои рохи охан, дар сатххои гуногун сохибони иншоотхои сунъи вазифадоранд мачмуи тадбирхоро чихати нигохдори, хизматрасони ва таъмири иншоотхо барои таъмини харакати бехатар ва доимии онхо амали намоянд. (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302).

Дар чойхои бурида гузаштани рохи охан дар як сатх сохибони роххои охан вазифадоранд китъаи рохи автомобилгардро дар масофае, ки коидахои истифодаи техникии рохи охан муайян кардааст, дар холати муносиб нигох доранд.

Сохтмони гузаргоххои рохи автомобилгард аз болои рохи охан, ки ба таъмири роххои мавчуда ва сохтмони хатхои нави рохи охан вобастаанд, аз хисоби воситахои сохибони роххои охан амали мегардад. Дар холатхое, ки мучаххаз сохтани ин гузаргоххо ба сохтмони рохи нав ва ё васеъ кардани роххои автомобилгарди мавчуда вобаста бошад, сохтмони гузаргоххо аз хисоби сохибони роххои автомобилгард сурат мегирад.

Хангоми сохтани гузаргоххои рохи автомобилгард аз болои рохи охан, сохибони рохи охан танзими харакати каторахоро ташкил карда, барои ичрои корхо ичозатнома медиханд ва шароити техники ба вучуд меоранд.

Хангоми сохтани гузаргоххои рохи охан аз болои рохи автомобилгард, макоми дахлдори рохдори танзими харакати воситахои наклиётиро ташкил карда, шартхои техникиро оиди ичрои корхо мувофика мекунанд.

Карор оиди бастан ва ё кушодани гузаргоххои роххои автомобилгард аз болои рохи охан дар як сатх, аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон бо дарназардошти хулосахо ва бо пешниходи макомоти рохдори, Бозрасии давлатии автомобилии умури корхои дохили ва макоми идоракунии наклиёти рохи охан кабул карда мешавад.

 

Моддаи 29. Назорат, тахкик ва ташхиси роххои автомобилгард

Макомоти рохдори вазифадор аст ба таври доими холати роххои автомобилгардро назорат кунад, хамчунон на камтар аз ду маротиба дар як сол ба максади муайян кардани вазъи нигохдори, истифодабарии наклиёт, боъэтимоди ва бехатари, дарачаи мувофик будани нишондихандахои истифодабарии наклиётро ба талаботи конуни мазкур мукаррар намуда, тахкик ва ташхис гузаронад.

 

Моддаи 30.Хифзи роххои автомобилгард

Роххои автомобилгарди истифодаи умум аз тарафи сохибони роххои автомобилгард мухофизат карда мешаванд.

Макомоте, ки мухофизати роххои автомобилгарди истифодаи умумро таъмин менамояд, мухофизати молу мулки рохдориро низ таъмин карда, вазифахои дигарро, ки дар Низомномаи онхо пешбини шудааст, дар хамкори бо макомоти рохдори ва сохибони роххои автомобилгард ичро менамоянд (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302).

Сохтор, хукук ва вазифахои ташкилотхоеро, ки мухофизати роххои автомобилгардро амали месозанд, макомоти хокимияти ичроияи Чумхурии Точикистон, ки онхоро таъсис додааст, муайян менамоянд.

 

Моддаи 31. Хифзи мухити зист

Хангоми амали намудани фаъолияти рохдори бояд бехатарии мухити зист ва хифзи сихатии ахоли ба назар гирифта шавад ва мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи хифзи мухити зист оид ба химояи мухити зист чорабинихо пешбини гардад (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302).

Ичрои корхо мутобики лоихае, ки ба сохтмон ва тачдиди роххои автомобилгард вобастаанд, танхо хангоми мавчуд будани хулосаи мусбати экспертизаи экологии давлати амали мегардад.

Истифодаи технологияхо, махсулот, пайвастагихою маводи кимиёии нав дар сохтмон ва нигохдории роххои автомобилгард танхо баъди гузарондани экспертизаи дахлдор ва муайян кардани таъсири онхо ба мухити табии зист ичозат дода мешавад.

Ташкилотхое, ки лоихакаши, сохтмон, тачдид, таъмир ва нигохдории роххои автомобилгардро ичро менамоянд, бояд корхоро бо риояи талаботи меъёрхои бехатарии экологи ичро намоянд.

Истифодабарандагони роххои автомобилгард набояд дар фаъолияти худ ба мухити зист зарар оварда, замини роххои автомобилгард ва заминхои хамшафати онро олуда намоянд.

 

Моддаи 32. Омода кардани роххои автомобилгард ба сафарбари

Омода кардани роххои автомобилгард ба сафарбари тавассути макомот ва ташкилотхои рохдори мутобики конугузории Чумхурии Точикистон ба максади таъмини омодагии роххои автомобилгард барои истифодабари дар холатхои фавкулода амали мегардад.

 

Моддаи 33. Принсипхои умумии ташкили системаи бахисобгирии нишондихандахои харакат дар рох ва бехатарии он

Дар Чумхурии Точикистон системаи ягонаи бахисобгири оиди бехатарии воситахои наклиёт, ронандагон, роххои автомобилгард, кучахо ва гузаргоххои рохи охан, фалокатхо ва осебхои наклиётиву рох, хукуквайронкунихои маъмури дар сохаи харакати рох ва гайра, нишондихандахои харакат дар рох мукарар карда шудааст.

Номгуи нишондодхои омории харакат дар рох, тартиби бахисобгири ва хисоботдихиро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

 

БОБИ 4. ЗАМИНХОИ НАКЛИЁТ БАРОИ ЧОЙГИРКУНИИ РОХХОИ АВТОМОБИЛГАРД

(КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302)

 

Моддаи 34. Додани китъахои замин барои чойгиркунии роххои автомобилгард

Китъахои заминхо барои чойгиркунии роххои автомобилгард таъиншуда, бо тартиби чудо кардани заминхо барои эхтиёчоти гайрикишоварзи мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон пешниход карда мешаванд (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302).

Макоми рохдори, корхона ва муассисаи хочагии рохдори барои максадхое, ки хусусияти муваккати доранд, метавонанд заминро ба ичора гиранд (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302).

Бо максадхои сохтан ва истифодаи роххои автомобилгард мутобики тартиби мукарраршуда, инчунин заминхои дигаре, ки ба минтакаи чудошуда хамшафат нестанд ва аз тарафи ташкилотхои давлатии фаъолияти рохдори ишгол шудаанд, барои истифодабарии доими ва ё муваккати чудо карда мешаванд.

Тамоми харочотеро, ки барои баргардонда гирифтани китъахои замин барои роххои автомобилгард аз чумла чуброни зараре, ки ба заминистифодабарандагон расонида шудааст, ташкилот ва шахсоне бар ухда доранд, ки китъахои заминро гирифтаанд.

 

Моддаи 35. Тартиботи хукукии истифодаи замини роххои автомобилгард

Замини роххои автомобилгард ба таркиби заминхои наклиёти дохил гардида, хатман барои хадафхои максаднок истифода мешаванд.

Барои таъмини бехатарии ахоли, ба вучуд овардани шароити зарури барои сохтмон ва нигохдории роххои автомобилгард, ичрои талаботи бехатарии харакат дар рох дар тули роххои дорои тартиботи махсуси истифодабаридошта худудхои хамшафат ва захирави чудо карда мешавад.

Баъди кабули карор оиди мукаррар кардани минтакахои захирави нисбати китъахои замини ба худудхои онхо дохилшаванда чори гардидани низоми махсуси истифодабари имкон дорад, ки он иборат аст аз манъ кардани сохтмони иморатхо ва иншоотхои доими, оиди он бояд сохибони замин заминистифодабарандагону ичоракорон ба таври хатти дар мухлати як мох огох карда шаванд (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302).

Андозаи минтакахо барои захираи замин дар асоси асосноккунии иктисоди мукаррар карда мешавад.

Хангоми дар шакли моликият истифодабари ва ичора ба шахсони вокеи ва хукуки додани китъахои замине, ки дар худуди минтакахои захирави карор доранд, бояд моликон ва сохибони ин заминхо ворисони худро аз шартхои махсуси истифодабари огох созанд ва ин маълумотхо бояд дар хуччатхои дахдлдори хукуки дарч карда шаванд.

Тартиби истифодабарии замини роххои автомобилгард, худудхои хамшафат ва захирави дар асоси асноди лоихави, талабот, стандартхо, меъёрхо ва коидахои сохтмон ва нигохдории роххои автомобилгард, бехатарии харакат дар рох ва талаботи дигаре, ки конун ва санадхои меъёриву хукуки мукаррар кардаанд, муайян карда мешавад.

 

Моддаи 36. Худудхои хамшафати рох

Худудхои хамшафати рох барои таъмини бехатарии ахоли ва ба вучуд овардани шароити истифодабарии роххои автомобилгард бо бахисобгирии талаботи бехатарии харакати рох, инчунин имконияти тачдид, таъмиру нигохдори ва чойгиркунии объектхои инфраструктураи рох пешбини мешаванд.

Бари худудхои хамшафати рох аз сархади хатти чудокунандаи рохи автомобилгард хисоб карда шуда, вобаста ба категорияи техники дар асоси меъёрхои тасдикнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

Дар сархадхои худуди хамшафати рох аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тартиботи махсуси истифодабарии замин мукаррар мешавад, яъне метавонад дар он чойхо сохтани иморатхои асоси ва иншоотхо, гузоштани рекламахо ва ба чо овардани фаъолияти дигари хочагидори, ки харакатро дар рох, хатарнок мегардонад ва шароити истифодаи роххои автомобилгард ва иморатхои дар он чойгиршударо (бо назардошти тараккии онхо дар оянда) халалдор месозанд, инчунин амнияти ахоли ва иштирокчиёни харакатро тахти хатар мегузоранд, манъ намояд.

Карор оиди дар худуди хамшафати рох чойгир кардани иморатхо, иншоот ва сохтмонхои дигар аз тарафи макомоти ичроия дар махалхо бо мувофикаи сохибони роххои автомобилгард ва чузъхои дахлдори макомоте, ки назорати бехатарии харакатро дар рох ба амал мебароранд, кабул карда мешавад.

Дар холатхои алохида мутобик карори макaмоти назорати санитарию эпидемиологи, дар сархадхои худудхои хамшафати рох барои пешбурди фаъолияти кишоварзи, махдудиятхо чори карда мешаванд (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302).

Ба расмият даровардан ва дар махал муайян кардани худудхои хамшафати роххои автомобилгард тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали мегардад (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302).

Китъахои замине, ки дар худуди ин минтакахо чойгиранд аз заминистифодабарандагон гирифта намешаванд, ба истиснои холатхое, ки зарурати гирифтани он аз тартиби истифодабарии ин худуд бармеояд.

Заминистифодабарандагоне, ки китъахои заминашон дар сархади минтакахои назди рох карор доранд, бояд ба таври хатти аз тартиботи махсусе, ки нисбати ин заминхо истифода мешаванд ва имконияти гирифтани онхо ба максади дар оянда васеъ кардан ва ё тачдиди роххои автомобилгард мавчуданд, бояд дар мухлати як мох аз рузи кабули карор оиди мукаррар кардани андозаи худудхои хамшафати рох огох карда шаванд.

Ба ташкилотхои рохдори заминхои дигаре, ки ба худуди чудошуда пайваст нестанд, вале барои максадхои сохтмон ва истифодаи роххои автомобилгард заруранд, барои истифодабарии доими ва муваккати чудо карда мешаванд.

 

Моддаи 37. Минтакахои захиравии роххои автомобилгард

Мукаррар кардани захираи замин барои сохтмон ва ё тачдиди роххои автомобилгард дар асоси тартиботи тасдикщуда ва мукарраркардашудаи сохтмон ва тачдиди аз чихати иктисоди асоснокшуда-сурат мегирад. Карор чихати мукаррар кардани захираи замин аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон ва ё макомоти хокимияти ичроия дар махалхо, вобаста ба мансубияти рох бо пешниходи макомоти рохдори кабул мегардад.

 

БОБИ 5. ИСТИФОДАИ РОХХОИ АВТОМОБИЛГАРД

(КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302)

 

Моддаи 38. Шартхои ташкили исгифодаи рохи автомобилгарди пулаки

Рафтуомад дар роххои автомобилгард ба истиснои холатхое, ки дар Конуни мазкур пешбини шудаанд, бепул мебошад.

Ба роххои автомобилгарди пулаки купрукхои пулаки ва накбхо, инчунин кисмхои алохидаи пулакии роххои автомобилгард, гузаргоххои пароми мансуб мебошанд. Хакки гузаштан аз рохи автомобилгард мутобики тартиботе, ки Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст, ситонида мешавад (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302).

Роххои автомобилгарди пулакиро метавонанд бо максади баланд бардоштани хизматрасони ба истифодабарандагони роххои автомобилгард, суръат бахшидани инкишофи шабакаи роххои автомобилгард бо рохи чалб намудани маблаггузорихои иловаги, чихати амали сохтани сохтмон ва истифодаи роххои автомобилгард ба вучуд биёранд.

Заминхое, ки барои сохтмони роххои автомобилгарди пулаки чудо карда мешаванд, бояд танхо барои максадхои асоси – сохтмон ва истифодабарии рохи автомобилгард, инчунин чойгиркунии иншоотхои хизматрасони барои истифодабарандагони роххои автомобилгард истифода шаванд.

 

Моддаи 39. Коидахои истифодаи роххои автомобилгард

Коидахои истифодаи роххои автомобилгарди истифодаи умум аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон   мукаррар карда мешавад ва  онхо барои хамаи сохибон ва истифодабарандагони роххои автомобилгард ягона ва хатми мебошанд.

Тартиби истифодаи роххои автомобилгард дар давраи тайёри ба сафарбари ва холати чанг, хангоми аз байн бурдани окибати офатхои табии ва холатхои дигари фавкулодда аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

 

Моддаи 40. Хукуки истифодабарандагони роххои автомобилгард

Истифодабарандагони роххои автомобилгард хукук доранд:

– дар роххои автомобилгарди истифодаи умум ба таври озод ва бепул харакат намоянд ва молашонро интикол диханд, аз хизматрасонихо истифода баранд, ба истинои холатхое, ки Конуни мазкур мукаррар кардааст;

– чуброни зарареро, ки аз сабаби гайриканоатбахш будани шароити рох ва фаъолияти гайриконунии макомоти рохдори ба саломати ва молу мулки онхо расидааст, талаб намоянд (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302);

– оиди хатхои самти харакат, шароити рох, махдудиятхои муваккати ва баста шудани харакат, вазн ва суръати харакати ичозат додашуда, андозаи худуди хамшафат ва захиравии роххои автомобилгард маълумот ба дасторанд.

 

Моддаи 41. Ухдадорихои истифодабарандагони роххои автомобилгард

Истифобарандагони роххои автомобилгард набояд:

– чарондани чорво, худсарона даравидани алаф, шудгор ва кандани замин, намудхои дигари корхоро бе розигии сохибони роххои автомобилгард дар худуди рох ба чо оранд;

– мухити зистро олуда намоянд;

– роххои автомобилгардро вайрон кунанд ва ё амалхои дигареро ичро намоянд, ки ба молу мулки роххои автомобилгард зарар расонда, ба харакати воситахои наклиёт ва рохгузархо халал мерасонанд (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302);

– меъёрхои дигареро, ки хамин Конун оиди махдуд намудани истифодаи роххои автомобилгард ва ё ба вучуд овардани монеахо барои харакати воситахои наклиёт ва рохгузархо мукаррар кардааст, вайрон намоянд.

Зараре, ки ба саломати, молумулки истифодабарандагони роххои автомобилгард расонида шудааст, инчунин зараре, ки дар фалокати наклиёти дар натичаи фаъолияти (беъфаъолиятии) макомоти рохдори ба амал омадааст, бояд ба таври пурра чуброн  карда шавад (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302).

Тартиби чуброни  зарар мутобики Кодекси граждании Чумхурии Точикиетон мукаррар карда мешавад (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302).

Бахсхое, ки дар чараёни нигохдори, таъмир, тачдид ва сохтмони роххои автомобилгард ба вучуд меоянд, ба тартиби суди хал карда мешаванд.

Харакати воситахои наклиёти тасмачарх, чархдор ва чузъхои дигари конструксияхое, ки рохи автомобилгардро вайрон карда метавонанд, инчунин харакати воситахои наклиёте, ки андоза, вазни умуми ва ё фишор ба мехвари онхо аз меъёрхои мукарраркардаи коидахои харакат дар рох зиёданд, бе рухсати махсус мумкин нест.

Шахсони мутасадии макомоте, ки масъули назорати бехатарии харакати рох мебошанд хукук доранд воситахои наклиёти дар боло номбаршударо нигох доранд ва барои харакат ба онхо танхо баъди гирифтани ичозатномахои зарури ичозат диханд. Зарари дар холатхои мазкур расонидашуда ба сохибон ва истифодабарандагони воситахои наклиёт, ки ба вайронкунии конунгузори рох додаанд, тааллук, дорад.

 

Моддаи 42. Ухдадорихои шахсони мансабдоре, ки, масъули сохтмон, тачдид, таъмир, истифодабари ва бехдошти роххои автомобилгард, кучахо ва гузаргоххои рохи охан мебошанд

Шахсони мансабдоре, ки масъули сохтмон, тачдид, таъмир, истифодабари ва бехдошти роххои автомобилгард, кучахо ва гузаргоххои рохи охан, купрукхо, иншоотхои дигар мебошанд, ухдадоранд:

– нигохдории онхоро дар холате таъмин намоянд, ки ба талаботи мукарраршуда чихати таъмини бехатарии харакат дар рох чавобгу бошанд;

– хангоми ба вучуд омадани холатхое, ки ба бехатарии харакат тахдид менамояд, чихати манъ ва ё махдуд кардани харакат сари вакт чора андешанд;

– хангоми ичрои сохтмон, тачдид ва таъмири роххо, кучахо ва гузаргоххои рохи охан ба таври пурра чорахои бехатарии харакатро чори намоянд;

– чойхои ичрои кор, чойхоеро, ки дар рох, куча, гузаргохи рохи охан машина ва механизмхо, маводи сохтмони ва гайра гузопгга шудаанд, бо аломатхои рох, воситахои ихотакунанда ва хидояткунанда ишора карда, дар торикии шаб ё туман бо шуълаи чарогхои сигналдихи, ки мутобики меъёрхои чори пешбини шудаанд, муайян намоянд;

– баъди анчом додани кор рох, куча, гузаргохи рохи оханро фавран ба холате оранд, ки харакати бемонеа ва бехатари воситахои наклиёт ва рохгузаронро таъмин намуда, минтакаи хамшафатро бехатар гардонанд;

– дар холати олудашудани кисми мошингузари рох, куча ва гузаргоххои рохи охан ба таври оперативи барои тоза кардани онхо ва саривакт огох намудани иштирокчиёни харакат оиди хавфе, ки барои бехатарии харакат ба вучуд омадааст, чорахо андешанд, онхоро бо воситахои техникии танзимкунандаи харакат дар рох мучаххаз намоянд;

– китъахои хатарнок ва чойхоеро, ки фалокати роху наклиёт зиёд руй медихад, ошкор намуда, дар чунин чойхо оид ба бехсозии шароит ва ташкили харакати бехатар чорахои лозими андешанд;

– монеахои харакатро дар рох саривакт ошкор намуда, бартараф кардани онхоро таъмин карда, хангоми номумкин будан онро бо аломатхои рох, воситахои ихотакунанда ва рохнамоикунанда муайян намоянд;

– хар мох тахлили самтхои фалокатхои автомобилиро гузаронда имконияти тавассути наклиёти автомобили партофтани хок, санг ва маводхои дигарро дар роххои автомобилгард, кучахо ва гузаргоххои рохи охан пешгири кунанд;

– ба сохибони воситахои наклиёт харочоти онхоро ба тарики суди чуброн намояд, агар фалокати роху наклиёт бо сабаби гайриканотбахш нигох доштани вазъи истифодабарии роххои автомобилгард, кучахо, гузаргоххои роххои охан руй дода бошанд.

 

Моддаи 43. Вазн андоза (габарит) ва суръати харакати воситахои наклиёт

Роххои автомобилгарди Чумхурии Точикистон барои вазн, андоза ва суръати харакате пешбини шудаанд, ки мутобики стандартхо ва меъёрхои давлати, вобаста ба категорияхои роххои автомобилгард ва дигар шартхо мукаррар гардидааст.

Хадди нихоии суръати харакат дар роххои автомобилгард бо назардошти навъи воситаи наклиёт ва хусусиятхои бори интиколшаванда, шиддатнокии харакат, шароити рох ва обу хаво, категорияхои техникии роххои автомобилгард бо коидахои харакати рох, ва меъёрхое, ки вазни нихом ва андозаи воситахои наклиётро бо шумули андозаи борхои интиколшаванда муайян мекунанд, мукаррар карда мешавад.

Тартиботи суръат ва андозаи воситахои наклиёт, ки мутобики меъёрхо ва коидахои харакат дар рох мукаррар гардидааст, дар хар рохи автомобилгард тавассути аломатхои рох, нишон дода мешавад.

Ба максади таъмини бехатарии харакат дар рох сохибони роххои автомобилгард бо мувофикаи макомоти масъули назорати оиди бехатарии харакат дар рох хукук доранд ба таври муваккати дар асоси санадхои тахкики роххои автомобилгард ва ё хангоми гузаронидани корхои рохсози барои фишор ба рох ва суръати харакат махдудиятхо чори намоянд. Хангоми чори кардани ин махдудиятхо сохибони роххои автомобилгард аломатхои дахлдор мегузоранд (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302).

 

Моддаи 44. Махдудиятхо ва манъ кардани харакат дар роххои автомобилгард

Махдудиятхо дар истифодаи китъахои алохидаи роххои автомобилгард, аз чумла махдудиятхое, ки ба мансуб донистани роххои автомобилгарди истифодаи махсус вобаста нестанд, мутобики конуни мазкур мукаррар карда мешаванд.

Сохиби рохи автомобилгарди истифодаи умуми барои мукаррар кардани махдудиятхое, ки ба вазъи рохи автомобилгард, хамчунин ба рохи автомобилгарди истифодаи умуми мутобик нестанд, хукук надорад (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302).

Махдудияти муваккати ва ё манъ кардани харакат дар роххои автомобилгарди истифодаи умум дар холатхои зерин мукаррар карда мешавад:

– хангоми ичрои корхои рохсози;

– хангоми фалокатхои табий, тасодуфхо ва холатхои фавкулодда;

– хангоми ба вучуд омадани хавф барои бехатарии харакат дар, рох ва ё бехатарии хаёти одамон ва молу мулки рохдори;

– хангоми  гузарондани  чорабинихои   оммави,   ки  бо  мукаррароти  конуни ичозатдодашудааст.

Карор оиди муваккатан махдуд ва ё катъ намудани харакат, вобаста ба мансубияти рохи автомобилгард аз тарафи макоми рохдори ва ё макоми хокимияти ичроия дар махалхо кабул карда мешавад.

Макоми салохиятдори назорат ба бехатарии харакат дар рох хукук дорад ба сохибони роххои автомобилгард оиди манъ кардани харакат дар рох дар холатхое, ки агар шароити рох барои бехатарии харакат хавфнок бошад, хидоятхо диханд.

Хангоми кабули карори махдудкуни ва ё манъ кардани харакат дар рохи автомобилгард сохибони он бо мувофикаи макоми салохиятдори назорат ба бехатарии харакат дар рох оиди танзими харакат дар рох, аз чумла ба воситаи сохтани роххои иловаги чорахо меандешанд. Истифода роххои автомобилгарди сохибони дигар ба сифати роххои иловаги бояд бо онхо мувофика карда шавад.

Макомоти рохдори ба истиснои вокеахое, ки дар холатхои фавкулодда ба вучуд меоянд, саривакт истифодабарандагони роххои автомобилгард ва макомоти давлати дар сохаи таъмини бехатарии харакат дар рох ва дигар дахлдори хокимияти ичроияро оиди махдудкуни ва ё манъ кардани харакат дар роххои автомобилгард огох месозад ва оиди муддати чори намудани чунин махдудиятхо ва самти рохи давродавр маълумот пешниход менамояд.(КЧТ аз 28.12.2013с. №1051)

Хангоми баста шудан ва ё махдуд кардани харакат дар роххои автомобилгарди байналмилали маълумот дар ин бора ба Хукумати мамлакатхои хоричи расонида мешавад.

 

Моддаи 45. Харакати воситахои наклиёт бо вазн ва андозахое, ки аз меъёрхои мукарраршуда зиёданд

Харакати воситахои наклиёт дар роххои автомобилгард бо вазн ва андозахое, ки аз меъёрхои мукарраршуда зиёданд, танхо дар холатхои истисно хангоми мавчуд будани ичозатномахои махсус сурат мегирад.

Додани ичозатномахои махсус аз тарафи макомоти рохдори пулаки мебошад, авдозаи он мутобики чуброни харочоте, ки ба баркарор кардани роххои автомобилгард ва иншоотхои дар онхо мавчудбуда сарф мешавад, вобаста аст.

Андозаи пардохт ва тартиби аз роххои автомобилгард гузаштани воситахои наклиёти вазнин бо андозахои аз меъёр зиёд, дар худуди салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон ва хокимияти ичроия дар махалхо мукаррар карда мешавад.

Маблаге, ки аз хисоби чуброн кардани харочоти вобаста ба гузаронидани чунин воситахои наклиёт гирифта мешавад, ба хисоби фондхои дахлдори рохдори гузаронда шуда, танхо барои баркарор кардани роххои автомобилгард сарф карда мешавад.

Хатти харакати воситахои наклиёт бо вазн ва андозахои аз меъёри мукарраршуда зиёд бояд бо сохибони роххои автомобилгард ва иншоотхои рохдории дар ин хатти харакат карордошта, инчунин бо макомоти салохиятдори назорат ба бехатарии харакат дар рох, мувофика кунонида шавад.

Хангоме, ки харакати чунин воситахои наклиёт зарурияти чорабинихои махсусеро чихати мустахкам ва обод кардани роххои автомобилгард, тачхизот ва иншоотхои мухандисии аз рох гузаронидашуда дар хатти харакати мазкур талаб менамояд, ризоияти сохибони ин иншоотхо ва коммуникатсияхо гирифта мешаванд (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302).

Хангоми мавчуд набудани ичозатномаи махсус дар хаёти ронандаи воситаи наклиёте, ки вазни умуми, вазни мехвари, андозахои он аз меъёри мукарраршуда зиёда аст, хангоми тагйир додани хатти харакати мувофикашуда, сохиб ва ё истифодабарандаи воситаи наклиёт тибки мукаррарот, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон чарима месупорад ва танхо баъди гирифтани ичозатномае, ки тибки мукаррарот расми гардонда шудааст, харакатро давом дода метавонад.

 

Моддаи 46. Гузаронидани воситахои наклиёте, ки борхои хатарнокро мекашонанд

Макомоти рохдори метавонанд дар сурати аз тарафи сохибони ин борхо пешниход намудани кафолати бехатарии кашондани бор ва бартараф кардани окибатхои он барои аз роххои автомобили гузаронидани воситахои наклиёте, ки сухтору таркиш ба вучуд оварда метавонанд ва ё боиси захролудшавии радиоактивии роххои автомобилгард ва ё окибатхои хатарноки дигар мегарданд, ичозат диханд. Кашондани ин борхо мутобики тартиботи мукарраркардаи Хукумати Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 47. Ташкили харакати велосипедхо, аспу ароба ва рондани чорво

Харакати воситахои наклиёте, ки мутобики характеристикаи техники суръаташон аз 40 км/соат кам аст, велосипедхо, аспу ароба, хайвоноти савори ва боркаш, инчунин рондами хайвоноти хонаги дар рохи автомобилгарди суръатнок манъ аст.

Дар роххои автомобилгарди дигар харакати ин воситахо ва рондани чорво мутобики талаботи коидахои харакати рох ва коидахои истифодаи роххои автомобилгард ташкил карда мешавад.

Рондани чорво бо мувофикаи макомоти рохдори ба воситаи роххои автомобилгард дар чойхои махсусе, ки ба ин максад пешбини шудаанд, ичозат дода мешавад.

 

Моддаи 48. Гузарондани чорабинихои оммави дар роххои автомобилгард

Намоишу рохпаймоихо дар роххои автомобилгард мутобики Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ташкил ва гузаронда мешаванд (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302).

Мусобикахои варзиши (кросс, мусобикахои автомобилрониву велосипедрони ва чорабинихои дигар) бо ичозати макомоти рохдори ва макомоте, ки бехатарии харакатро дар рох назорат менамоянд, ташкил карда мешавад.

Карор оиди гузарондани ин чорабинихо дар роххои автомобилгард бояд бо макомоти рохдори мувофик кунонда шавад ва бо назардошти таъмини кори бетаваккуфи шабакаи рох ва имконияти мавчуд будани роххои гузариши иловаги, кабул карда шавад.

Халли ихтилофхои мехнати ва ичтимои, изхори талаботи сиёси бо рохи бастани роххои автомобилгард манъ аст.

БОБИ 6. ХАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛИ

(КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302)

 

Моддаи 49. Хамкории байналмилали дар сохаи истифодаи роххои автомобилгард ва фаъолияти рохдори

Чумхурии Точикистон ба рушди хамкории байналмилали дар сохаи роххои автомобилгард ва фаъолияти рохдори ва халли проблемахои мукаррар намудани усулхои умумии танзими хукуки истифодабари ва хамгароии онхо ба системаи байналмилалии алокаи наклиёти, мусоидат менамояд.

Макоми ваколатдори давлатии идораи рохдори аъзои ташкилотхои байналмилалии рохдори шуда метавонад, мутобики мукаррарот хамкории байналмилалиро бо макомоти рохдории мамлакатхои хоричи амали месозад, инчунин Чумхурии Точикистонро дар ташкилотхои байналмилали оид ба масъалахое, ки истифодаи роххои автомобилгарди Чумхурии Точикистон, таъсиси хатхои сайри роххои автомобилгарди байналмилали ва масъалахои дигари ба салохияташон вобаста, муаррифи мекунад.

Истифодаи роххои автомобилгард барои алокахои автомобилии байналмилали бо шартномахои байналмилалии Чумхурии Точикистон танзим мешавад.

 

БОБИ 7. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 50. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

 

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд  (КЧТ аз 15.03.2016 с., №1302).

 

 

       Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                    Э. РАХМОНОВ

ш. Душанбе  10 майи соли 2002

№47

 

КАРОРИ

МАЧЛИСИ  НАМОЯНДАГОНИ

МАЧЛИСИ ОЛИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 

Оиди дар кироати дуюм кабул кардани Конуни Чумхурии Точикистон

«Дар бораи роххои автомобилгард ва фаъолияти рохдори»

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  соли  2002, №4, к- 1, мод. 298)

Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон карор мекунад:

  1. Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи роххои автомобилгард ва фаъолияти рохдори» дар кироати дуюм кабул карда шавад.
  2. Конуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал карор дода шавад.
  3. Хукумати Чумхурии Точикистон:

– карорхои худро ба Конуни мазкур мутобик гардонад;

– ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон оиди ворид намудани тагйироту иловахо ба санадхои меъёрию хукукии чори мутобики Конуни мазкур таклифхо пешниход намояд.

 

Раиси Мачлиси иамояндагони

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон                                С. ХАЙРУЛЛОЕВ

ш. Душанбе  30 январи соли 2002

№517 (а)

 

КАРОРИ

МАЧЛИСИ МИЛЛИИ

МАЧЛИСИ  ОЛИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 

Оиди Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи роххои

автомобилгард ва фаъолияти рохдори»

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  соли  2002, №4, к- 1, мод. 297)

Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон Конуни Чумхурии Точикистонро «Дар бораи роххои автомобилгард ва фаъолияти рохдори» барраси намуда, карор мекунад:

Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи роххои автомобилгард ва фаъолияти рохдори» чонибдори карда шавад.

 

Раиси Мачлиси миллии

Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон                     М. УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе  23 апрели соли 2002

№ 261

 

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

sheri-padar

Шеър дар бораи кудаки

Тифлию шашсолаги дар ёди ман. Чашм пушам волидон дар хоби ман. Шаш соли умри ман …