Главная / Гуногун / РИВОЧИ МУСИКИИ АХД

РИВОЧИ МУСИКИИ АХД

 Асрхои IX—X дар сохаи мусики  низ дастовардахои мухиммеро сохиб буданд. Як силсила комёбихои ин асрхо дар назария ва амалияи мусики барои давом ёфтани он дар асрхои баъдина чун заминаи хубе хизмат карданд. Аввалан, ромишгари, созандаги, навозандаги ва ширинкори дар доирахои гуногуни чамъияти он замон ривоч дошт. Сурудхои базмию разми, маросими ва кучабоги хеле пахн шуда буданд. Дар хамин давр пояи мустахками «Дувоздахмаком» гузошта шуд. Мусикии амали бо рохи таълими устод ба шогирд омузонда мешуд. Абулаббоси Бахтиёр, ки Рудакиро низ мусики ёд дода буд, шогирдони зиёде дошт. Дар дарбори Сомониён дастахои мусики хунарнамойи мекарданд. Асбоби мусикие, ки зиёд кор фармуда мешуданд, барбату уд, чангу руд, рубобу танбур, сурнаю карнай, найанбон, шайпуру бук, дафу таблак ва гайрахо буданд. Шохрудро Абухафси Сугди дар хамон замон ихтироъ карда будааст. Дар чомиъаи Сомониён хатто асбоби мусикии юнони лур (лира) ва аргунун (орган) нихоят маъмулу маълум будааст.

Як хусусияти мухимми мусикии ахд он аст, ки дар савту нагмахо ва навою макомхо омезиш (синтез)-и мусикию таронахои халки, савтхои мероси, охангхои разми ва навохои халкхои хамсоя хусни онхоро афзун мегардонд. Хусусияти дувуми ба назар намоёни мусикии давр каробату вобастагии наздики  он бо шеър будааст. Бисёр шоъирон, мисли Рудакию Дакики, дар мусики низ комил будаанд. Охангхои «Хусравони», «Наврузи», «Ушшок», «Сипохон», фахлавиёт (таронахои мардуми) хеле машхур будаанд.

Назарняи мусики чун чузъи математика омузонда мешуд, зеро баландию пастии овозхо (зеру бами навохо), садои пардахо ва мувофикати онхо бо ченакхои мате­матики ба хисоб гирифта мешаванд. Доир ба назарияи мусики бисёр касон асар навиштаанд, ки бихтарини онхо ба калами Фороби ва Абуалии Сино тааллук дорад. Азбаски соли 742 забону хатти араби барои коргузорони идорахои маъмурии Хуросону Мовароуннахр хатми эълон шуд, забони идорахои давлати ва илмии кишвар араби гардид.

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …