Главная / Илм / РЕВОЧ дар Канзи Шифо (Китоб)

РЕВОЧ дар Канзи Шифо (Китоб)

revoj_chukri-660x330Ревоч (Ревень ба русс.) точикон чукри хам меноманд, гиёхи кухии машхур аст. Гулаш сурх ва чун гушвораи духтаракон зебанда мебошад. Таъмаш турш, мардум онро бо завк мехуранд. Мизочи банди барг ва пояаш дар дарачаи дувум сард ва хушк аст.

Хислатхои шифобахши Ревочро: инро бихуранд, моддахои гафсгаштаи баданро тит ва пароканда мегардонад, дарунро мебандад, фарах мебахшад; меъда, чигар ва дигар узвхои гарммизочи даруни шикам ва синаро кави мегардонад; иштихоро мекушояд, шиддати чушиши сафроро таскин медихад, кайи сафрови, ташнаги, бехузур (бечо) шудани дилро катъ мекунад; фишори баланди хунро паст мегардонад ва хуни сафровиро соф менамояд, масти ва хуморро бархам медихад, дилтапак (дилбози), васвос, бавосир, тоун (чума), вабо, нагзак (гулак), сурхича (кизомук), исхоли гарми сафрови, зардпарвин, табхои гарм ва сафровиро дафъ мекунад. Агар инро бардавом бихуранд, баромадани пучак ва чиртакхоро монеъ мешавад, яъне моддаи кандро дар таркиби хун кам мекунад.

Оби чукриро дар офтоб хушк карда, чун сурма ба чашм кашанд, чашмро кувват мебахшад, гули чашмро нест мекунад. Агар инро куфта, бо орди чав хамир карда гузошта банданд, барои сурхбод даво мешавад ва мурчагазакро шифо мебахшад.

Вале кисми руйизаминии чукриро аз хад зиёд ва бардавом бихуранд, ба узвхои даруни сина, ба одамони сардмизоч ва бох (пушти камар) зарар дорад; асабхоро хушк мекунад, кулинчро, ки варам ва дарди рудахои гафс аст, пайдо менамояд. Дар ин маврид асал бояд хурд, ки ислохи зарари он намояд.

Микдори як бор ошомидан дар як руз аз оби чукри то 100 граммаст. Агар ёфтани ревоч душвор гардад, ба чойи ин туршак (щавель) ва оби гураи ангур нушидан раво мебошад.

Оби чукриро чушонида гафс гардонанд — инро рубби чукри меноманд. Рубби ревоч кавитар аз оби он аст. Инро бинушанд, тарсончаки, девонагиро дафъ мекунад ва инчунин сухтани ахлот (моддахо)-ро дар бадан ислох мекунад.

Решаи ин гиёх бисёр чукур меравад ва дароз мебошад. Замини ин гиёх руидаро то поёни решахояш бикобанд, дар сари решахо монанди шалгам гиреххо дорад. Ин чизи шалгамшакл ва хамаи кисмхои дигари решааш дар давоги кавитар мебошад назар ба кисмхои дигари он. Инро китъа-китъа бурида, хушк карда мегиранд ё хушки онро куфта, дар зарфхои шиша ва чини нигох медоранд барои хочатхои минбаъда. Мизочи решааш мураккаб-ул-кувват аст, дар дарачаи дувум гарм ва хушк мебошад.

Хислатхои шифобахши Ревоч:  инро бихуранд, рутубатхои зарарноки баданро хушк мегардонад, исхолро мебандад, узвхои дохилиро аз олоиш пок мекунад; моддахои бегонаро пазонида, барои дафъ шудан мухайё месозад, бар зидди хамаи захрхои сардмизоч тарёк мешавад, хусусан захри каждумро ба зуди дафъ мекунад; агар ахлоти (моддахои) гализ (гафс) ва ракик (суюк,) мавчуд бошанд, ба воситаи исхол дафъ менамояд, пешоб ва хайзро равон менамояд, куввати чозибаи чигарро меафзояд ва гиреххои рудахо ва сипурзро мекушояд; бодхои гурда, хичак ва бачадонро пароканда месозад, инчунин дардхои ин аъзоро таскин медихад; барои дилтапак (дилбози), ки аз сарди бошад, дармон мешавад, сардии меъда ва чигарро дафъ мекунад; сурфаи кухна, дамкутахи, сил, яъне захми шуш ва рудахо, инчунин хамаи навъхои истиско (водянка) ва зардпарвинро, ки аз афтодани гирех бошад ва хар навъ исхол, гиреххои мосорико — хамаи инро ба ибро меоварад, исхоли хунинро мебандад, рудахо ва узвхои дигари даруни ишкам ва даруни синаро аз олоиш пок мегардонад, инчунин бодхои ин узвхоро пароканда месозад; варамхои сардро тахлил медихад; исхол, дарди рудахо, бавосир, решхои бедаво, таби дуруздармиён — хамаашро шифо мебахшад.

Мо дар боло мосорико гуфтем — ин мурагхоест, ки гизои дар рудахо хазмёфта ба воситаи ин рагхо ба даруни чигар кашида мешавад. Агар куфтаи решаи ревочро бо луоби тухми бихи хабхо (пилюлахо) баста, як хабро дар зери забон нигох доранд ва оби онро фуру баранд, сурфаи тари сардмизоч, зик-ун-нафас (астма)-и сарди тар, чушиши (пухтани) даруни дахан, ки аз сарди бошад, инчунин монанди ин иллатхоро дафъ мекунад.

revoj_chukri

Агар чукруриро бо куфтаи халилаи кобули, занбуруги сафеди танаи дарахт ва сабир (алоэ) курсхо сохта фуру баранд, барои аз моддахои зарарнок ва нодаркор пок гардонидани майна, дарди сари аз хунуки ва сафрови (гарммизоч), дарди нимсар, фолич (шал шудани нимаи бадан ба дарози), чарх задани сар, кузоз (столбняк), тарсончаки, девонаги, назлахои сардмизоч, чарангхои гуногуни гуш ва дарди чашми аз назла баамаломада дору мешавад.

Агар талкони ревочро бо решаи чокула хамрох карда бихуранд, беморихои даруни сина, монанди: сурфа, зик-ун-нафас, гирифтагии овоз ва гайрахоро дафъ мекунад. Агар инро бо шароби себ бихуранд, барои нест кардани оруг, сустии мушакхо ва асаб, инчунин барои даридану нотавон гаштани онхо, зарба хурдани хар як узв (аз чумла чалакидани майна) давои бебадал аст. Инро бо оби гарм бихуранд, оругхои гуногун (аз чумла оруги турш), таранг ва бехаракат мондани узве, даридани пардаи шикам (чурра, дабба) ва дарди рудахоро дафъ мекунад.

Аз 4,5 то 7 грамми онро бо шираи тухми харбуза бихуранд, инчунин бо шираи тухми хори хачак биёшоманд, пешоби бандшударо, ки бо хеч як даво кушода нашуда бошад, равон ва кушода мегардонад. Агар бо оби сунбул бихуранд, иркуннасо (радикулит), табхои балгами, сустии пайвандхо ва дардхои онхоро шифо мебахшад; бо зирк бихуранд, варами ботиниро тахлил медихад.

Як китъа решаи онро дар дахан нигох доранду оби онро фуру баранд, барои хун кай кардан, гирех ва варами узвхои даруни сина, дамкутахи ва гирифтагии нафас дору мешавад. Хар руз аз решаи хушки куфтагии он 4,5 грамм бихуранд, дардхои меъда ва пурбодшавии онро дафъ мекунад, инчунин оругро таскин медихад. Ва агар куфтаи онро дар бини бирезанд, беморихои магзи сар ва назларо фоида мебахшад.

Куфтаи мазкурро бо сирко хамир карда гузошта банданд, доги кунчидак, шукуфаи пуст ва догхои аз зарба ва лат хурдан ба амал омадаро дур мекунад. Агар бо орди чав, тухми тугмачагул ва тухми гулихайри даромехта, гузошта банданд, устухони бечошударо ба чояш мебарад.

Инро куфта, бо оби гарм хамир сохта бимоланд, лат хурдагиро ба ислох меоварад, варамхои сардро тахлил медихад ва инчунин хамаи дардхоеро, ки аз гарми набошанд, таскин медихад; захрхои сардмизоч, хусусан захри каждумро дафъ мекунад; агар ба миёни китфон бимоланд, хавфи дар дил афтодаро дафъ мегардонад.

Куфтаи онро бипошанд, реш ва захмхои тарро хушк мегардонад. Мегуянд, ки решаи ин хангоми хурдан ба бирози (саргини) дар дарун шахшуда зарар дорад, давои ин зарараш шилми бодомро хурдан аст, ки ислохи зарар намояд, инчунин ба тифлони заифмизоч зиён мекунад.

Микдори як бор хурдан аз решаи ревоч дар як руз аз 4,5 то 7 грамм аст. Ба чойи ин дар беморихои меъда ва чигар баробари якуним вазни он гули сурхро истеъмол кардан раво мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …