Главная / Чугрофия / РЕЛЕФИ КАЪРИ УКЁНУСИ ОЛАМ

РЕЛЕФИ КАЪРИ УКЁНУСИ ОЛАМ

Каъри укёнус монанди сатхи Замин релефи гуногун дорад. Шакли асосии редефи каъри укёнусро хамворихо, теппахо ва куххо ташкил медиханд. Хамвори ва теппахои каъри укёнус дар чукурихои 3000-6000 метр васеъ пахн гардидаанд. Онхо 40 фоизи масохати Укёнуси Оламро ишгол менамоянд. Баландии теппахо 50-500 метрро ташкил медихад. Чунин теплахо хусусан дар каъри Укёнуси Ором зиёданд. Дар ин чо зиёда аз 1,5-3 млн. теппа дида мешавад.

Куххо, хамворию теппахо пай дар хам якдигарро иваз мекунанд. Гайр аз ин, дар каъри укёнусхо новахои чукур хам мавчуданд. Микдори онхо  зиёд нест. Холо 7-тои онхо маълум аст. Новахои аз хама чукур дар Укёнуси Ором ба мушохида мерасанд. Онхо  кад-кади чазирахои Алеут, Курил, Япония, Фнлиппин ва гайра тул кашидаанд. Аз хама чукуртарини онхо  новаи Мариана (11 022 метр) мебошад.

Омухтани каъри Укёнуси Олам. Одамон аз даврахои кадим барои омухтани укёнус ва чукурии он марок зохир мекарданд. Ба ин максад онхо таноби пулодии дар нугаш саккои вазнини оханй пайвастаро истифода мебурданд. Аммо бо ин асбоб факат чойхои тунукобаи укёнусро чен мекарданд. Он барои чен кардани чукурихои 5-10 километр истифода бурда намешавад. Барои он ки чараёни об саккои оханиро бо худ бурда, барои аник муайян намуданн чукури имконият намедод. Баъзан дарозии таноби пулодй аз чукурии ченшаванда ду маротиба зиёд бошад хам, ба каъри укёнус рафта намерасид. Баъд асбоби дигарро ихтироъ карданд, ки онро умксанчи Брук меноманд.

Он аз найчаи охании ба он сакои чуяни гузаронда иборат аст. Вакте ки найча ба каъри укёнус мерасад, ба таври автомати сакко аз он чудо шуда, найча бо тахшини бо худ гирифта ба осони ба об мебарояд. Аз руи тахшини даруни найча «фахмиданд, ки вай ба каъри укёнус расидааст. Гайр аз ин, дар найча хароратсанч хам мегузоштанд. Баробари чен кардани хар як чукури харорати об ва таркиби тахшини Каъри укёнусро низ мефахмиданд. Вале чен кардани чукури ин умксанч вакти зиёдро талаб мекард. Дертар барои чен

расида, акс мешавад. Акси садоро умксанчи садои дарк менамояд. Садо кардани чукури умксанчи садоиро истифода мебурдаги шуданд. Он дар таги кишти шинонда мешавад.

Аз он ба каъри укёнус садо мефиристанд. Садо ба каъри укёнус  дар об дар як сония бо суръати 1 500 метр харакат мекунад. Агар садои ба каъри укёнус фиристод; баъди 8 сония баргардад, маълум мешавад, ки вай ба каьри укснус дар 4сония расидааст. Маълум мешавад, ки чукурии укёнус дар он чо чанд метр будааст.

Ходо асбобхоеро истифода мебаранд, ки дар рафти харакати кишти тагтийироти чукуриро худ муайян намуда менависад. Баро омухтани каъри укёнус инчунин аз асбобхои аксбардор телевизор ва мияи фулузй истифода мебаранд. Дар асоси маълумоти онхо харитаи релефи каъри укёнусро тартиб медиханд.

Куххои каъри Укёнуси Олам. Дар каъри укёнус куххои гуногун вокеъ гардидаанд. Онхо бо тарзи чойгиршави дароз баландй ва васеъгии (бар) худ аз якдигар фарк мекунанд. Одата куххои каъри укёнусро ба се гурух чудо менамоянд: куххо! тока, каторкуххои алохида ва силсилакуххои байниукёнуси.

Куххои тока хар чо-хар чо чойгир шуда, тамоми каьи укёнусро фаро гирифтаанд. Дарозй, бар ва баландии онхо  онкадар зиёд нест. Онхо дар каъри Укёнуси Ором ба шакл, куххои алохидаи вулкони вомехуранд. Куллаи онхо  хамвор мебошад. Куххои каьри укёнус дар чукурии 200-2500 м вокеъ гардидаанд.

Каторкуххои алохида нисбат ба куххои тока ба масофа зиёд тул кашидаанд. Бари онхо  васеъ ва куллахояшон баланд мебошад. Каторкуххои зериобии Укёнуси Яхбастаи Шимоли  соли 1948 тадкикотчиёни шурави кашф намудаанд, аз кабили чунин каторкуххо мебошанд. Аз чумлаи онхо  яке каторкухи Ломоносов, дигаре каторкухи Менделеев аст. Каторкухи Ломоносов 1800 метр дарози ва то 200 метр пахной дорад. Баландии он нисбат ба мачрои укёнус 3,5 километрро ташкил медихад.

Тадкикот ва ченкунихои дахсолахои охир силсилакуххои мобайни укёнусро муайян намуд. Онхо системаи ягонаро ташкнл карда, тамоми укёнусхоро дар бар мегиранд (Аз харитаи табии онхоро ёбед). Дарозии ин силсилакуххо 70 хазор километр буда, 1702 километр пахнои ва 3-4 хазор метр баландй доранд. Кисми аз хама баланди онхо  аз сатхи бахр баланд буда, хар чо – хар чо чазирахоро ташкил намудаанд. Масалан, Чазираи Исландия, чазирахои Азор, Сейшел ва гайра, ки аз чинсхои магматикй ва вулконй ташкил ёфтаанд.

Аз чихати бузурги силсилакуххои байниукёнусй аз бисёр каторкуххои сатхи хушки афзалият доранд. Яке аз он силсилакуххо каторкуххои мобайни Атлантика мебошад. Он аз системаи каторкуххои Кордилеру Анд якчанд маротиба калон аст. Ин силсилакуххо аз шимол ба самти чануби шарк тул кашида, хамвории каъри укёнусро ба ду хамии бузург чудо мекуианд. Ин силсилакухдо серхаракаг буда, релефи мураккаб доранд. Дар ин чо водихои чукур ва танги байникухи, хавзахои кухй (пахнии онхо 20-30 километр), таркишхо вулконхо  ва чашмахол гарм дида мешаванд. Ин водихо аз 100 то хазорхо километр дарози доранд. Харакати магма ва заминчунби дар ин чо ходисаи мукаррарй мебошад.

Дар мобайни Укёнуси Хинд каторкухи Хинд аз шимол ба Чануб тул кашида, ба ду шоха чудо мешавад. Яке аз онхо  ба самти чануби гарб, дигаре ба чануби шарк тул кашидааст. Каторкуххои байниукёнуси дар канори шаркии Укёнуси Ором хам вучуд доранд. Онхо аз каторкуххои байниукёнусии Атлантика бо мавчуд набудани водихои чукури байникухи ва Релефи начандон мураккаб фарк мекунанд. Силсилакуххои байниукёнуси асосан аз базалт ташаккул ёфтаанд. Сатхи онхоро тахшинхо андаке пушондаанд ё тамоман напушондаанд. Баробари аз куллаи каторкуххо ба поён харакат кардан гафсии тахшинхо меафзояд.

Савол ва супориш

  1. Дар каъри укёнус кадом шаклхон релеф васеъ пахн гардидаанд?
  2. Ба тавассути кадом асбобхо ва воситахо чукури ва релефи каъри укёнусро меомузанд?
  3. Дар каъри укёнус куххо бо кадом чихатхо аз якдигар фарк мекунанд?
  4. Аз чихати чойгиршавй куххо ба чанд гурух чудо мешаванд?
  5. Силсилакуххои байниукенусиро номбар карда, аз харита нишон дихед.
  6. Куллаи силсилакухои мобайни укёнус аз сатхи об боло барояд, онро чи мегуянд?

Инчунин кобед

zamin-1

КОМПЛЕКСХОИ ТАБИИИ МАХАЛ ВА ОНХОРО ТАГЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексхои табий дар натичаи робита ва таъсири мутакобилаи чинсхои кухй, хаво, об, …