Главная / Чамъият / РАЪЙПУРСИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

РАЪЙПУРСИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

КОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ РАЪЙПУРСИИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с.1995, № 21, мод. 245; с. 2001, № 4, мод. 212;с.2008, №12, к.1, мод. 983) 

 БОБИ 1.

КОИДАХОИ УМУМИ

raypursi

Моддаи 1. Мафхуми раъйпурсии Чумхурии Точикистон

Раъйпурсии Чумхурии Точикистон овоздихии умумихалки оиди масъалахои мухими хаёти давлатию чамъиятии чумхури мебошад.

Ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон танхо  бо рохи раъйпурси тагйироту иловахо дохил карда мешаванд.

Карорхое, ки раъйпурсии умумихалкикабул менамояд, эътибори  олии хукуки дошта, ба хеч гуна тасдикшави эхтиёч надоранд  ва ичрои онхо дар тамоми каламрави Точикистон хатмист.

Моддаи 2. Масъалахое, ки мавзуи раъйпурсии Чумхурии Точикистон намебошанд

 

Мутобики  моддаи 100-уми Конститутсияи Чумхурии   Точикистон шакли идораи чумхури, тамомияти арзи, мохияти демократи, хукукбунёди, дуняви ва ичтимоии давлат тагйирнопазиранд ва вочиби ба раъйпурсии Чумхурии Точикистон  гузоштан намебошанд.

Масъалахои  оид ба сархади Чумхурии Точикистон, андоз, бучет, таксимоти маъмурии марзи, дидани чорахои фавкулоддаю   фаврии хифзи тартиботи чамъияти, химояи сихати ва амнияти  шахрвандон, тагйир додани маком ва тамомияти арзии Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон  хамчунин масъалахои вобаста ба таъин ва озод кардани шахсони мансабдоре, ки ба салохияти Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии ЧумхурииТочикистон, чаласаи якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Президенти Чумхурии Тoчикистон дахл доранд, инчунин масъалахое, ки бо ичрои ухдадорихо аз руи шартномахои байналмилаличумхури вобаста  мебошанд, наметавонанд ба раъйпурсии умумихалкигузошта шаванд.

Моддаи 3. Хукуки дар раъйпурси иштирок кардани шахрвандони Чумхурии Точикистон

Дар раъйпурси шахрвандони Чумхурии Точикистои, ки синашон ба 18 расидаасту мувофики конунхоиЧумхурии Точикистон хукуки овоздихи доранд, иштирок карда метавонанд.

Дар раьйпурси шахсоне, ки суд онхоро гайри кобили  амал донистааст ва е бо хукми суд дар чойхои махруми аз озоди нигох  дошга мешаванд хукуки иштирок кардан надоранд.

Шахрвандони Чумхурии Точикистон катъи назар аз миллат, нажод, чинс, забон, эътикоди дини, мавкеи сиёси, вазъи ичтимои, тахсил ва молу мулк дар раъйпурси иштирок мекунанд. (КЧТ аз 31.12.08 с., №458)

Хама гуна махдудкунии бевосита ва е бавоситаи хукуки иштироки шахрвандони  Чумхурии Точикистон дар раъйпурсиманъ аст ва мувофики Конун чазо дода мешавад.

Моддаи 4. Принсипхои умумии раъйпурси

 

Шахрвандон дар раъйпурси озодона, бевосита ва шахсан иштирок мекунанд.

Овоздихи  дар раъйпурси пинхони сурат мегирад, назорат ба изхори хохишу иродаи  шахрвандон манъ аст.

Шахрвандони Чумхурии Точикистои дар раъйпурси дар махалли зисти доими ва ёмуваккатии худдар асосхои баробариштирок мекунанд. Хар шахрванд  як овоздорад.

Моддаи 5. Конунгузори дар бораи раъйпурсии Чумхурии Точикистон

Конунгузори дар бораи раъйпурсии Чумхурии Точикистон аз Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон, хамин Конуни конститутсиони ва конунхои дигари Чумхурии Точикистон иборат мебошад.

Моддаи 6. Ошкорбаёни дар вакти тайёр кардани раъйпурси

Дар рафти тайёр кардан ва гузаронидани раъйпурси ошкорбаёнии васеъ ва иштироки ахли чамъият таъмин карда мешавад.

Хизбхои  сиёси, иттифокхои касаба, идтиходияхои дигари чамъияти, ки мутобики тартиби мукаррарнамудаи Конун ба кайд гирифта шуданд, макомоти давлатию чамъияти, ки дар ташкил ва  гузаронидани раъпурси ширкат меварзанд,  ба таври кушод ва ошкоро бо риояи конунхои амалкунандаи Чумхурии Точикистон фаъолият мекунанд.

Ба хизбхои сиёси, иттифокхои касаба, ба дигар иттиходияхои чамъияти, коллективхои  мехнати ва шахрвандон хукуки ба тарафдори ё мукобили масъалаи ба раъйпурси гузошташаванда таблиг намудан кафолат дода мешавад.

Дар рузи овоздихитаргибот манъ аст.

Карорхои вобаста ба раьйпурси ва масъалахое, ки ба раъйпурси гузошта мешаванд, бояд дар воситахои ахбори оммаи расми дар муддати дах рузи баъди аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон ё Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон кабул шуданашон интишор ёбанд.

Воситахои ахбори омма рафти тайёри ва гузаронидани раъйпурсиро иникос мекунанд, ба намояндагони онхо кафолат дода мешавад, ки дар хамаи мачлису чамъомадхои марбут ба раъйпурси бемамоният хузур дошта бошанд ва ахбори дахлдорро дастрас намоянд.

Комиссияхои раъйпурси ахолиро дар бораи хайати худ, махал ва вакти кор, ташкили участкахои овоздихи ва руйхати шахрвандоне, ки  хукуки дар раъйпурси иштирок кардан доранд, сари вакт хабардор мекунанд.

Мушохидони милли ва байналмилали, намояндагони воситахои ахбори омма хукук доранд бо пешниходи хуччати ваколатнок дар рузи раъйпурси дар мачлисхои комиссияхои раъйпурсихангоми хисоби овозхо ва муайян кардани натичаи раъйпурси иштирок намоянд. Хизбхои сиёси, иттифокхои касаба, иттиходияхои чамъиятие, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба кайд гирифта шудаанд, хукук доранд бо тартиби мукарраргардида барои анчом додани мушохида дар рузи раъйпурси дар хар як участка якнафари мушохидони миллиро таъин намоянд. (КЧТ аз 31.12.08 с., № 458)

Хизбхои сиёси, иттифокхои касаба, дигар иттиходияхои чамъияти дар бораи намояндагони худ ба комиссияхои дахлдори раъйпурсина дертар аз панч руз пеш аз раъйпурсибо таври хатти хабар медиханд.

Бо максади таъмини шаффофият ва мушохидаи ошкорои баргузории раъйпурси мушохидони байналмилали даъват карда мешаванд.

Фаъолияти мушохидони байналмилали тибки Конуни конститутсионии мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, танзим мегардад.

Мушохидони байналмилали бо тартиби мукарраргардида ичозатнома гирифта, дар Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Чумхурии Точикистон хангоми доштани даъватнома аккредитатсия карда мешаванд. Даъватнома аз чониби макоми ваколатдори Чумхурии Точикистон баъди нашри расмии карор дар бораи таъини рузи раъйпурси фиристода мешавад.

Мушохидони милли ва байналмилалиухдадоранд Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон, конунхои Чумхурии Точикистон, санадхои хукукии байналмилалиеро, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, риоя ва хулосаи худро дар асоси мушохида ва маводи вокеи тахия намоянд.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Чумхурии Точикистон ба мушохидони байналмилали дар бораи аккредитатсияи онхо шаходатномаи намунаи мукарраргардидаро медихад. Шаходатномаи мазкур ба мушохиди байналмилалихукук медихад, ки чараёни омодаги ва гузаронидани раъйпурсиро мушохида намояд.

Мушохидони байналмилали дар худуди Чумхурии Точикистон тахти химояи давлат мебошанд.

Мушохидони байналмилали фаъолияти худро мустакилона ва озодона анчом медиханд. Таъминоти моддию молиявии фаъолияти онхо аз хисоби тарафе, ки онхоро фиристодааст ё аз хисоби маблаги худи онхо анчом дода мешавад.

Дар сурати аз тарафи мушохидони байналмилали вайрон намудани конунхои Чумхурии Точикистон, принсипхо ва меъёрхои аз тарафи умум эътирофшудаи хукуки байналмилали Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Чумхурии Точикистон аккредитатсияи мушохидони байналмилалиро бекор менамояд.

Мушохидони милали ва байналмилалихукук доранд:

-бо руйхати шахрвандони дар раъйпурси иштироккунанда шинос шаванд;

-дар бинои овоздихи аз огоз то анчоми кори комиссияи участкавихузур дошта бошанд;

-ба раъйдихандагон додани бюллетенхои овоздихиро мушохида намоянд;

-хисоб кардани овозхои раъйдихандагонро дар шароите, ки ба мушохидаи чараёни хисоби бюллетенхои овоздихи имкон медихад, мушохида намоянд;

-бо протоколхои комиссияхои участкави оид ба натичаи овоздихи ва комиссияхои хавзави дар бораи натичаи раъйпурси шинос шаванд;

-ба намояндагони комиссияхои раъйпурси бе дахолат ба кори онхо оид ба мушохидаи худашон иттилоъ диханд;

-аз карор ва амали (беамалии) комиссияхо ба комиссияи болои ва ё суд шикоят намоянд.

Мушохидони милли ва байналмилалихукук надоранд:

-бюллетенхои овоздихиро ба раъйдихандагон супоранд;

-бо хохиши раъйдихандагон барои гирифтани бюллетен имзо гузоранд ва ё онро пур кунанд;

-ба раъйдихандагон таъсир расонанд, ба чараёни раъйпурси дахолат намоянд ва дигар амале содир намоянд, ки махфи будани овоздихиро халалдор созад;

-бевосита дар хисоби бюллетенхо, ки аз тарафи аъзои комиссия анчом дода мешавад, иштирок намоянд;

-амале содир намоянд, ки ба кори комиссия оид ба гузаронидани раъйпурси монеа шавад ва ё дар кабули карори комиссияи дахлдор оид ба гузаронидани раъйпурси иштирок намоянд;

-макоми худро барои содир кардани амале, ки ба мушохидаи рафти раъйпурси вобаста нест, истифода баранд.

(КЧТ аз 31.12.08 с., № 458)

 

Моддаи 7. Таъминоти моддии раъйпурси

Харочоти вобаста ба тайёр кардан ва гузаронидани раъйпурси аз лахзаи кабули карори таъини он аз хисоби бучети давлатии  Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

Макомоти давлати ва чамъияти, корхонаю муассиса ва ташкилотхо ба ихтиёри комиссияхои раъйпурсибино ва тачхизотеро, ки барои тайёр кардан ва гузаронидани раъйпурси лозиманд, бепул медиханд.Бинохо ва тачхизоти корхонаю ташкилотхои гайридавлати барои кори комиссияхои раъйпурси дар асоси ичора аз хисоби маблаги бучети чумхури истифода бурда мешаванд.(КЧТ аз 31.12.08 с., № 458)

БОБИ 2.

ТАЪИН КАРДАНИ РАЪЙПУРСИ

 

Моддаи 8. Хукуки таъин кардани раъйпурси

Раъйпурсии Чумхурии Точикистонро Президенти Чумхурии Точикистон ё Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон таъин мекунанд.

Моддаи 9. Пешниходи таклиф дар бораи раъйпурси

Ташаббуси пешниход  оид ба ворид намудани тагйироту иловахо ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон ба Президент ё хадди акал аз се як хиссаи умумии аъзо ва вакилони Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон тааллук дорад.

Ташаббуси пешниход кардани таклиф дар бораи раъйпурси ба гайр аз масъалае, ки дар кисми якуми хамин модда пешбини шудааст, ба на камтар аз се як хиссаи шумораи умумии аъзои Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ва ё на камтар аз се як хиссаи шумораи умумии вакилони Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон тааллук дорад.

Моддаи 10. Тартиби амали намудани хукуки ташаббуси пешниход кардани таклиф дар бораи гузаронидани раъйпурси

 

Таклиф дар бораи гузаронидани раъйпурси ба Президенти Чумхурии Точикистон ё Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  пешииход карда мешавад.

Таклиф дар бораи гузаронидани раъйпурси бояд инхоро дар бар гирад: асоснок кардани зарурати гузаронидани раъйпурси, возех ифода намудани масъалахое, ки ба раъйпурси гузошта мешаванд ва имзохои на камтар аз се як хиссаи шумораи умумии аъзои Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ва ё на камтар аз се як хиссаи шумораи умумии вакилони Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, хангоми тагйиру иловахо ба Конститутсия бошад, имзохои на камтар аз се як хиссаи шумораи умумии аъзои Мачлиси милли ва вакилони Мачлиси намояндагон.

Суди конститутсионии Чумхурии Точикистон масъалаи ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон мутобик будани лоихаи тагйиру иловахои ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон воридшаванда, лоихаи конунхо ва дигар масъалахоеро, ки ба раъйпурсии умумихалки пешниход карда мешаванд, муайян менамояд.(КЧТ аз 31.12.08 с., № 458)

Президенти Чумхурии Точикистон ё Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон маводхои воридшударо оид ба  гузаронидани раъйпурсии Чумхурии Точикистон на дертар аз шаш  мохи баъди ворид шудани талабномаи гузаронидани раъйпурси  барраси менамояд.

Моддаи 101. Тартиби баррасии масъалахо оид ба раъйпурсии Чумхурии Точикистон  

 

Президенти Чумхурии Точикистон ё Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон дар муддати 10 руз пас аз ворид шудани хуччатхо ва маводхои замимашуда дар бораи раъйпурси онхоро барои хулоса ба Суди конститутсионии Чумхурии Точикистон пешниход менамоянд. Мурочиат ба Суди конститутсионии Чумхурии Точикистон мутобики Конуни конститутсионии Чумхурии Точикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Чумхурии Точикистон» амали мешавад.

Баррасии масъалахои ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон мутобик будани лоихаи тагйиру иловахои ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон воридшаванда, лоихаи конунхо ва дигар масъалахое, ки ба раъйпурсии умумихалки пешниход карда мешаванд, аз тарафи Суди конститусионии Чумхурии Точикистон бо тартиб ва мухлати мукаррарнамудаи Конуни конститутсионии Чумхурии Точикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Чумхурии Точикистон» амали карда мешавад.

Дар холати ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон мутобик будани масъалахои ба раъйпурсии умумихалки пешниходшаванда, ки аз тарафи Суди конститутсионии Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад, Президенти Чумхурии Точикистон ё Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон дар мухлати на дертар аз 15 рузи кабули карори Суди конститутсиони дар бораи гузаронидани раъйпурсии умумихалки ва масъалахои фарогири он карор кабул менамояд.

Дар холати ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон мутобик набудани масъалахои ба раъйпурсии умумихалки пешниходшаванда, ки аз тарафи Суди конститутсионии Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад, хамаи расмиёте, ки Конуни конститутсионии мазкур пешбини намудааст, катъ мегарданд.

(КЧТ аз 31.12.08 с., № 458)

Моддаи 11. Кабули карор аз руи таклиф дар бораи гузаронидани раъйпурси

Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз руи таклифи гузаронидани раъйпурсихак дорад бо назардошти хулосаю мулохизахои кумитахо ва комиссияхои дахлдор, инчунин Суди конститутсионии Чумхурии Точикистон яке аз чунин карорхоро кабул намояд:

а) дар бораи таъини раъйпурси, санаи гузаронидани он ва тадбирхои он;

б) дар хусуси рад намудани таклиф дар бораи таъини раъйпурси;

в) дар хусуси кабул кардани конун ёкарори дигар, ки дар  таклиф дар бораи гузаронидани раъйпурси пешниход  шудааст бе гузаронидани раъйпурси;

Карори оид ба масъалаи гузаронидани раъйпурси, ба истиснои холатхои дар моддаи 12-уми хаминКонуни конститутсиони пешбинишуда кабул карда мешавад, агар ба тарафдории он беш аз нисфи шумораи умумии вакилони Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон овоз дода бошанд.

 

Моддаи12. Кабули карор аз руи таклиф дар бораи дохил кардани тагйироту иловахо ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон

 

Карор дар бораи кабули таклиф оид ба ворид намудани тагйироту иловахо ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон аз тарафи Президент ё на камтар аз нисфи шумораи умумии вакилони Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон кабул карда мешавад. Карор дар бораи гузаронидани раъйпурси оид ба ворид кардани тагйироту иловахо ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон ё на камтар аз се ду хиссаи шумораи умумии вакилони Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон кабул карда мешавад.

Таклифхо дар бораи тагйироту иловахо ба Конститутсия се мох пеш аз раъйпурси дар матбуот чоп мешаванд.

Агар Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон таклиф дар бораи ворид намудани тагйироту иловахоро ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон рад карда  бошад, он на пештар аз як сол такроран ба миён гузошта мешавад.

Моддаи 13. Мухлати гузаронидани раъйпурси

 

Раъйпурсиро пештар аз ду мох ва дертар аз чор мохи баъди рузи кабул кардани карор дар бораи гузаронидани он гузаронидан мумкин нест.

Ин мухлат аз тарафи Президенти Чумхурии Точикистон ё Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон тагйир дода мешавад.

БОБИ 3.

ТАЙЕРИ БА РАЪЙПУРСИ

 

Моддаи 14. Хавзаю участкахои раъйпурси

 

Хавзахои раъйпурсиро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси дар худудинохия, шахрхои тобеи чумхури ва вилоят барпо менамояд. Дар шахри Душанбе хавзахо дар худуди нохияхои он ташкил дода машаванд. Агар нохия дар тобеияти маъмурии Мачлиси шахрии вакилони халккарор дошта бошад, ба як хавза дохил карда  мешавад.

Руйхати хавзахо бо зикри худуду махалли вокеияти комиссияхои хавзави аз чониби Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Чумхурии Точикистон на дертар аз дах рузи баъди таъини раъйпурси чоп карда мешавад.

  Участкахои раъйпурси аз чониби комиссияхои хавзавии раъйпурси  аз руи тартиб ва меъёрхои мукаррарнамудаи моддахои 21, 22-юми Конуни конститутсионии Чумхурии Точикистон «Дар бораи интихоботи Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон» ташкил карда мешаванд.

Дар сурати дар мухлати ду мох гузаронидани раъйпурси участкахои раъйпурси на дертар аз рузи биступанчуми баъд аз таъини раъйпурси барпо мегарданд.

 Дар холати дар як руз бо интихобот ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон гузаронидани раъйпурси,  участкахои интихобот дар як вакт участкахои раъйпурси низ мебошанд.

Моддаи 15. Комиссияхои раъйпурси

 

Барои омода кардан ва гузаронидани раъйпурсии Чумхурии Точикистон комиссияхои эайл ташкил карда мешаванд:

а) Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Чумхурии Точикистон;

б) Комиссияи хавзавии раъйпурси;

в) Комиссияи участкавии раъйпурси.

Ваколати комиссияхои хавзави ва участкавии раъйпурси аз лахзаи ташкили онхо ба вучуд омада, баъд аз гузаштани як мох аз лахзаи чопи  натичахои раъйпурсикатъ мегардад.

Моддаи 16. Ташкили коммиссияхои раъйпурси

 

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Чумхурии Точикистон, чун макоми доимоамалкунанда мутобики моддаи 11 Конуни конститутсионии Чумхурии Точикистон  «Дар бораи интихоботи Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон» ташкил мегарад.

Комиссияхоихавзавии  раъйпурсиЧумхурии Точикистон мутобики моддаи 13Конуни конститутсионии Чумхурии Точикистон  «Дар бораи интихоботи Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон ташкил мегарданд.

Комиссияхои участкавии раъйпурси мутобики моддахои 16 ва 17 Конуни конститутсионии Чумхурии Точикистон «Дар бораи интихоботи Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон» ташкил карда мешаванд.

Дар назди намояндагихои Чумхурии Точикистон дар давлатхои хоричи вазифахои раиси комиссияи участкавии раъйпурсиро рохбари намояндаги ичро мекунад.

Моддаи 17. Салохияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Чумхурии Точикистон

 

  1. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Чумхурии Точикистон корхои зайлро анчом медихад:

1)дар тамоми каламрави Чумхурии Точикистон ба ичрои хамин Конуни конститутсиони назорат карда, татбики яксони онро таъмин менамояд, дар доираи салохияти худ дастурхо нашр карда, ин Конуни конститутсиониро тавзех медихад.

2)хавзахои раъйпурсиро ташкил мекунад;

3)комиссияхои хавзавии раъйпурсиро ташкил менамояд ва дар бораи махалливокеи онхо маълумот чоп мекунад;

4)кори комиссияхои раъйпурсиро ба рох мемонад, тартиби тагйир додани хайати онхоро муайян менамояд, мустакилона ё бо пешниходи Прокурори генералии Чумхурии Точикистон карорхои   комиссияхои хавзавии раъйпурсиро бекор мекунад, агар ин карорхо хилофи хамин Конуни конститутсиони бошанд;

5)масъалахои ба хавзаи раъйпурси мансуб кардани участкахои раъйпурсиеро, ки берун аз худуди Чумхурии Точикистон барпо мешаванд;

6)маблагро ба комиссияхои хавзавии раъйпурси таксим мекунад, аз бинохо, наклиёт, воситахои алока таъмин гардидани комиссияхои хавзавиро назорат менамояд, дигар масъалахои таъмини моддию техникии раъйпурсиро  барраси мекунад;

7)шакли бюллетенхои раъйпурси, руйхати шахрвандоне, ки ба иштирок дар раъйпурсихак доранд, протоколхои мачлисхои комиссияхои раъйпурси, дигар хуччатхои раъйпурси, намунаи куттихои овоздихи ва мухрхои комиссияхои раъйпурси, тартиби хифзи хуччатхои раъйпурсиро мукаррар мекунад;

8) тартиби иштироки мушохидони милли ва байналмилали, намояндагони воситахои ахбори махалли ва хоричиро мукаррар мекунад, онхоро бо хуччатхои дахлдор таъмин менамояд;(КЧТ аз 31.12.08 с., № 458)

9)гузориши рохбарони вазорату кумитахои давлати ва идорахои Чумхурии Точикистон, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва иттиходия хои чамъиятиро аз руи масъалахои тайёр кардан ва гузаронидани раъйпурси мешунавад;

10)натичаи раъйпурсиро дар тамоми Чумхурии Точикистон чамъбаст менамояд;

11)натичаи раъйпурсиро мукаррар  намуда, дар матбуот чоп мекунад;

12)аризаю шикоятхоро аз хусуси карору амали комиссияхои раъйпурси барраси менамояд;

13)дигар ваколатхои пешбиникардаи хамин Конуни конститутсиони ва дигар конунхои Чумхурии Точикистонро амали мегардонад.

Моддаи18. Салохияти комиссияи хавзавии раъйпурси

 

Комиссияи хавзавии раъйпурси корхои зайлро анчом медихад:

1)назорати ичрои хамин Конуни конститутсиониро дар худуди хавза амали менамояд;

2)участкахои раъйпурси ташкил медихад, ракамхои онхоро мукаррар мекунад, комиссияхои участкавии раъйпурсиро ташкил ва фаъолияти онхоро танзим менамояд;

3)гузориши макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, рохбарони корхонахо муассисахо ва ташкилотхоро,новобаста аз шакли ташкилию хукукиашон, оид ба масъалахои тайёр кардан ва гузаронидани раъйпурси мешунавад;(КЧТ аз 31.12.08 с., № 458)

4)маблагро дар байни Комиссияхои укасткви таксим карда, аз бинохо, наклиёт, воситахои алока таъмин гардидани комиссияхои участкавиро назорат мекунад ва дигар масъалахои таъминоти моддию техникии раъйпурсиро дар худуди хавза барраси менамояд;

5) тартиб додани руйхатхои шахрвандонеро, ки хукуки дар раъйпурси иштирок кардан доранд, назорат менамояд ва руйхатхоро шиносоии умум мегузорад;

6) комиссияхои участкавии раъйпурсиро бо бюллетенхои овоздихи таъмин мекунад;

7) натичаи раъйпурсии хавзаро мукаррар намуда, онро ба комиссияи  марказии интихобот ва раъйпурси месупорад;

8) арзу шикоятхои аз хусуси карору амали комиссияхои участкавии раъйпурси дохилшударо барраси намуда, оиди онхо карор  кабул  мекунад;

9) мувофики хамин Конуни конститутсиони ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон салохиятхои дигарро низ анчом медихад.

Моддаи 19. Салохияти комиссияи участкавии раъйпурси

 Комиссияи участкавии раъйпурси корхои зайлро анчом медихад:

1) доир ба участка руйхати шахрвандонеро, ки хукуки дар раъйпурси иштирок кардан доранд, тартиб медихад;

2) шахрвандонро бо руйхат шинос менамояд, аризахоро дар бораи галату носахехии руйхат кабул карда, барраси менамояд ва масъалаи  ба онхо дохил кардани тагйироти дахлдорро хал мекунад;

3) аз шахрвандоне, ки имконият надоранд рузи раъйпурси дар чои сукунати худ бошанд ва дар раъйпурси ширкат варзанд, карори дар лифофа мухршудаи онхоро мегирад ва махфияти изхори иродаи интихобкунандагонро таъмин менамояд;

4) ахолиро аз махалли вокеияти комиссияи участкави, вакти кори он, хамчунин аз рузи раъйпурси ва чои овоздихи огох  мекунад;

 5) тахияи хонахои овоздихи, куттихои бюллетенандози ва дигар тачхизотро таъмин менамояд;

6) дар рузи раъйпурси дар участка овоздихиро ташкил мекунад;

7) овозхои дар участка додашударо хисоб мекунад;

8) аз руи масъалахои тайёр кардан ва гузаронидани раъйпурси, ташкили овоздихи аризаву шикоятхоро барраси карда, оид ба онхо карорхо  кабул менамояд;

9) мувофики хамин Конуни конститутсиони ва дигар санадхои  конунгузории Чумхурии Точикистон салохиятхои дигарро низ анчом медихад.

Дар сурати дар як вакт гузаронидани раъйпурси ва интихобот ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон салохияти комиссияхои участкавии раъйпурсиро комиссияхои участкавии интихобот анчом медиханд.

Моддаи 20. Узвият дар комиссияхои раъйпурси

Узви комиссияи раъйпурсихангоми ичрои ваколатхои хеш бояд бетараф ва объективи бошад.

Узви комиссия аз руи аризааш, хамчунин дар холати махрум шудан аз салохияташ метавонад аз ичрои вазифахояш озод кард шавад.

Дар сурати талабхои хамин Конуни конститутсиониро риоя накардани узви комиссия ё мудом ба инобат нагирифтани вазифахои худ макоме, ки комиссияро ташкил кардааст, хак дорад уро аз салохияташ махрум созад. Дар сурати зарурат узви дигари комиссия мувофики тартиби  мукаррарнамудаи хамин Конуни конститутсиони таъин карда мешавад.

Як шахс узви танхо як комиссияи раъйпурси буда метавонад.

Моддам 21. Ташкили кори комиссияхои раъйпурси

 

Мачлиси комиссияи раъйпурсихамон вакт комилхукукхисоб меёбад, ки  дар он на камтар аз се ду хиссаи хайати комиссия иштирок дошта бошад. Карори комиссия бо овоздихии кушодаи аксарияти шумораи умумии аъзои дар мачлис иштирокдоштаи комиссия кабул карда мешавад. Аъзоёни комиссия, ки бо карори он рози нестанд, хак доранд фикри махсуси худро баён кунанд, ки  он дар шакли хатти  ба протокол замима мегардад. Дар сурати таксим шудани овозхо, овози раисикунанда халкунанда хисоб меёбад.

Ичрои  карори комиссия, ки дар доираи салохияташ кабул шудааст, барои комиссияхои поёни, инчунин макомоти давлати, хизбхои сиёси, иттиходияхои чамъияти, коллективхои мехнати, рохбарони корхонахо, муассисахо ва ташкилотхо,новобаста аз шакли ташкилию хукукиашон,хатми мебошад. (КЧТ аз 31.12.08 с., № 458)

Макомоти давлати ва макомоти иттиходияхои чамъияти, корхонахо, муассисахо, ташкилотхо, шахсони мансабдор вазифадоранд ба комиссияхои  раъйпурси дар ичрои салохияташон мадад расонанд, маълумотхои барои  корашон заруриро пешниход намоянд.

Комиссияи раъйпурсихак дорад аз руи масъалахои вобаста  ба тайёр кардану гузаронидани раъйпурси ба макомоти давлати, иттиходияхои чамьияти, корхонахо, муассисахо, ташкилотхо,новобаста аз шакли ташкилию хукукиашон, шахсони мансабдор   мурочиат намояд, ки онхо вазифадоранд масъалаи ба миён гузошташударо барраси карда, ба комиссия дар мухлати на дертар аз се руз чавоб диханд. (КЧТ аз 31.12.08 с., № 458)

Раис, муовини раис, котиб ё аъзои дигари комиссияро бо карорион дар давраи тайёр кардан ва гузаронидани раъйпурси аз ичрои вазифахои истехсоли ё худ хизмати бо нигох доштани музди миёнаи мехнаташ аз хисоби  маблаге, ки барои гузаронидани раъйпурсичудогардидааст, озод кардан мумкин аст.

Моддаи 22. Баррасии шикоятхо аз хусуси карорхои комиссияхои раъйпурси

Аз хусуси карорхои комиссияхои раъйпурси макомоти хизбхои сиёси ва дигар ташкилотхои чамъияти,макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати, коллективхои мехнати, шахрвандони Чумхурии Точикистон метавонанд ба комиссияи болоии раъйпурси ё суд дар давоми дах рузи кабул шудани Карор шикоят кунанд. Аз хусуси Карори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиба Суди Олии Чумхурии Точикистон дар давоми дах рузи баъди кабул шудани Карор шикоят кардан мумкин аст. Шикоят бояд дар давоми се рузи баъди дохил шуданашва агар то рузи раъйпурси камтар шаш руз монда бошад, фавран барраси гардад.

Моддаи 23. Руйхати шахрвандоне, ки барои иштирок дар раъйпурсихукук доранд

Тартиб додан, барои шиносои гузоштан ва аник кардани руйхати шахрвандоне, ки барои иштирок дар раъйпурсихукук доранд, инчунин аз хусуси, он шикоят намуда, бо хамон тарзе сурат мегирад, ки мутобики моддахои 23,24 ва 25 Конуни конститутсионии Чумхурии Точикистон «Дар бораи интихоботи Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон» барои руйхати  интихобкунандагон  мукаррар карда шудааст.

Хангоми  дар як вакт гузаронидани раъйпурси ва интихобот  ба Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон барои хам интихобот ва хам раъйпурси руйхати ягона тартиб дода мешавад.

Моддаи 24. Таъмини хукуки дар раъйпурси иштирок кардани шахрвандон дар сурати иваз намудани махалли истикомат

Дар давраи  баъди барои шиносшавии умум гузошта шудани руйхати шахрвандоне, ки хукуки дар раъйпурси иштирок кардан доранд ва то рузи раъйпурси шахрванде, ки рузи раъйпурси имкон надорад, дар чои сукунати худ бошад (сафари хизмати, фиристода шудан ба муассисаи табобати ва хамин гуна сабабхои дигар), хак дорад шиноснома ё дигар хуччати тасдиккунандаи шахсияташро нишон дода, аз комиссияи участкави бюллетени овоздихиро гирад, оид ба масъалахо ба бюллетен дохилшуда ба кароре омада, ин бюллетенро дар лифофаи сарбаста ба комиссияи овоздихи супорад. Комиссияи участкави дар ин бобат дар руйхат кайди  лозими мекунад. Лифофаи сарбаста дар хузуришахси овоздиханда мухр карда мешавад. Комиссияи участкави барои хифозати ин лифофа чавобгар  аст.

Моддам 25. Бюллетени овоздихи

 

Дар бюллетени овоздихи матни масъала ё лоихаи Карори ба раъйпурси гузошташуда ва вариантхои изхори иродаи овоздиханда: «тарафдор» ва «мукобил» чоп карда мешаванд.

Дар мавриди гузаронидани раъйпурси доир ба лоихахои карорхои гуногун хамаи лоихахои карорхои ба раъйпурси пешниходшуда дар бюллетенхои алохидаи рангашон аз хам фарккунанда чоп карда шуда алохида ва новобаста аз якдигар овоз дода мешаванд.

Шакл ва матни бюллетенхои овоздихиро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси на дертар аз 30 руз пеш аз рузи раъйпурси тасдик мекунад. Комиссияи марказихамчунин тайёр кардани бюллетенхо  ва бо онхо таъмин намудани комиссияхои хавзавиро ба чо меорад.

Бюллетенхои овоздихи ба забони давлати ва ба забоне, ки аксарияти ахолии хавза гап мезананд, чоп карда мешаванд.

Комиссияхои хавзави комиссияхои участкавиро бо бюллетенхои овоздихина дертар аз се руз пеш аз рузи раъйпурси таъмин менамоянд.

Маълумотро дар бораи додан ва гирифтани бюллетенхои овоздихи раис, муовини раис ё котиби комиссияи хавзави ва участкави бо имзои худ тасдик мекунанд.

Биное, ки дар он бюллетенхои овоздихи нигох дошта мешаванд мухр зада, ба мухофизати макомоти корхои дохили супорида мешавад.

БОБИ 4.

ТАРТИБИ ОВОЗДИХИ ВА ЧАМЪБАСТИ  НАТИЧАИ РАЪЙПУРСИ

Моддаи 26. Вакт ва махалли овоздихи

Дар раъйпурсии Чумхурии Точикистон овоздихи дар рузи раъйпурси аз соати 6 то 20-и вакти махалли гузаронида мешавад. Комиссияи участкави дар бораи вакт ва махалли овоздихи шахрвандонро на аз 10 руз пеш аз рузи раъйпурси хабардор мекунад.

Дар участкахое, ки дар назди намояндагихои Чумхурии Точикистон дар давлатхои хоричи, дар санаторияхо, истирохатгоххо, беморхонахо ва дигар муассисахои муоличавии статсионари, махалхои маскунии дурдасту душворгузар ташкил гардидаанд, комиссияи участкави дар сурате, ки хамаи овоздихандагони шомили руйхат овоз дода бошанд, метавонанд овоздихиро хар вакт хатмшуда эълон кунад.

Моддаи 27. Ташкили овоздихи

Овоздихи дар бинохои махсус чудокардашудае гузаронида  мешавад, ки онхо бояд бо микдори зарурии хучрахо ё хонахо барои овоздихии махфи тачхизонида, чойхои бюллетендихи муайян ва куттихо барои кабулибюллетенхои гузошташуда бошад. Онхо бояд тавре гузошта шаванд, ки овоздихандагон хатман аз хучра ё хонаи овоздихии махфи гузашта, баъд ба назди куттихо биёянд.

Масъулият барои ташкили овоздихи, таъмини махфияти изхори иродаи шахрванд, тачхизонидани бино ва дар он нигох доштани тартиботи зарури бар души комиссияи участкави мебошад.

Дар рузи раъйпурси раиси комиссияи участкави пеш аз саршавии овоздихи дар хузури  хамаи аъзоёни комиссия, инчунин бо иштироки намояндагон (мушохидон), воситахои ахбори омма, ки дар бинои овоздихихозиранд, куттихои овоздихиро аз назар гузаронида, баъд онхоро тамга ва мухр мекунад.

Хар шахрванд шахсан овоз медихад: ба чои шахси дигар овоз додан манъ аст. Бюллетенхо аз тарафи комиссияи участкави ва шахрвандон дар асоси руйхати шахрвандони участка бо нишон додани шиноснома ё дигар хуччати тасдиккунандаи шахсияти шахрванд дода мешаванд. Хар шахрванд барои гирифтани бюллетени овоздихи ба руйхати шахрвандоне, ки барои иштирок дар раъйпурсихак доранд, дар ру ба руи фамилияи  худ имзо мегузорад.

Моддаи 28. Тартиби овоздихи

 

Шахрванд бюллетени раъйпурсиро дар хучра ё хонаи овоздихии махфи пур мекунад. Хангоми пур кардани бюллетен ба гайр аз овоздиханда хузури шахси дигар манъ аст. Шахрванде, ки имкон надорад мустакилона бюллетенро пур кунад, хак дорад аз руи салохдидаш ба хучра шахси дигарро, ки узви комиссияи участкави набошад, даъват намояд.

Иштирокчии раъйпурси яке аз чавобхои дар бюллетен навишташуда «тарафдор»  ё «мукобил» – ро хат мезанад.

Агар дар раъйпурси якбора якчанд масъала гузошта шуда бошад овоздихандагон аз руи хар яки он бюллетен пур мекунанд.

Овоздиханда бюллетени пуркардаашро ба куттии овоздихи меандозад.

Дар мавриде, ки шахрвандони алохида бинобар ахволи саломатиташон ё бо сабабхои дигар ба махалли овоздихи омада наметавонанд, комиссияи  участкави бо хохиши онхо ба аъзоёни алохидаи комиссия супориш медихад, ки овоздихиро дар чои вокеъбудаи ин шахрвандон ташкил намояд, ки дар ин хусус дар руйхати шахрвандон кайд карда мешавад.

Шахрвандоне, ки бо ягон сабаб ба руйхат дохил нагардидаанд, дар асоси хуччати  тасдиккунандаи шахсият ва махалли зисти онхо ба замимаи руйхати шахрвандон дохил карда мешаванд.

 

Моддаи 29. Хисоби овозхо

Баъди аз хусуси анчоми овоздихи хабар додани раис дар хузури аъзоёни комиссияи участкави ба даруни куттихои овоздихи лифофахои сарбастаи бюллетендоре, ки хангоми овоздихии пешаки истифода шудаанд андохта мешавад. Пеш аз кушодани куттихои овоздихи комиссияи участкавихамаи бюллетенхои истифоданашударо хисоб карда бекор менамояд ва дар ин бора протокол тартиб медихад.

Баъди анчоми овоздихиро эълон кардани раискомиссияи  участкавикуттихои овоздихиро дар хузури хамаи аъзоёни комиссия мекушояд.  Кушодани куттихо пеш аз анчоми овоздихи манъ аст.

Дар асоси руйхатхои овоздихи, аз чумла руйхатхои иловаги, бо назардошти аризахои шахрвандон дар бораи овоздихии пеш аз мухлат ва аризахо дар бораи овоздихи дар хона комиссия шумораи умумии шахрвандони участка, инчунин шумораи шахрвандони бюллетенгирифтаро хисоб мекунад. Бюллетенхои дар куттихои сайёри овоздихи буда алохида хисоб карда мешаванд. Дар ин маврид микдори бюллетенхо бо микдори  аризахои хатти бо хохиши овоздихи дар хона мукоиса карда мешаванд. Аз руи шумораи бюллетенхои дар куттихои овоздихи буда комиссия  инхоро мукаррар мекунад:

шумораи шахрвандоне, ки дар овоздихи иштирок кардаанд;

шумораи овозхое, ки ба тарафдории масъала ё таклифи дар раъйпурси гузошта дода шудаанд;

шумораи овозхое,  ки ба мукобили масъала ё таклифи дар раъйпурси гузошта дода шудаанд;

шумораи бюллетенхое, ки беэътибор дониста шудаанд.

Бюллетенхое, ки дар онхо хеч кадоме аз вариантхои чавоб хат зада нашудааст, ё хар ду вариант хат зада шудааст, инчунин бюллетени намунааш тасдикнашуда  беэътибор дониста мешаванд. Дар мавридипайдо шудани шубха дар бораи хакики будан ё набудани бюллетен комиссияи участкавикарор кабул намуда, шумораи чунин бюллетенхоро дар протокол кайд мекунад.

Натичаи овоздихи дар хар участкаи овоздихихисоб карда мешавад. Агар дар раъйпурси дар як вакт якчанд масъала монда шуда бошад,  хисоби овозхо оид ба  хар кадоми онхо алохида сурат мегирад.

Моддаи 30. Протоколи натичаи овоздихи

Натичаи хисоби овозхо дар мачлиси комиссияи участкави тафтиш ва мухокима гардида, ба протоколе, ки ду нусха тартиб меёбад, дохил карда мешавад.

Протокол бо ранг ё ручкахои шарикдор пур карда шуда, хамаи аъзои комиссияи участкави ба он имзо мегузоранд ва он бо мухр тасдик мегардад.

Нусхаи аввали протокол ба комиссияхои хавзави супурда, нусхаи дуюм  барои нигохдори дар комиссияи участкави монда мешавад.

Комиссияи хавзави дар асоси протоколхои комиссияхои участкави маълумотхои гирифтаашро чамъбаст мекунад, онхоро тафтиш менамояд  ва баъди мухокима протоколи чамъбастиро дар ду нусха тартиб дода, ба он раис, муовини раис ва котиб имзо мегузорад ва он бо мухр тасдик карда мешавад. Нусхаи аввалии он фавран ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси фиристода ё ба тарзи дигар интикол  карда  мешавад.

Комиссияхои хавзави ва участкавии раъйпурси баъди хисоб кардани овозхо нусхахои протоколхо ва бюллетенхои сарбастаи мухршударо аз чумла бюллетенхои бекоршударо ба хукуматхои дахлдор месупоранд, ки дар он чо муддати ду мох нигох дошта шуда,  баъд агар дар ин муддат оид ба натичаи раъйпурси эътироз нашуда бошад  онхоро нобуд  мекунанд.

Маълумот оиди натичаи раъйпурси дар хавза аз тарафи комиссияи дахлдори хавзави дар мухлатхои мукарраркардаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Чумхурии Точикистон дар матбуот чоп карда мешавад. Дар маълумот шумораи умумии шахрвандони дар руйхати хавза дохилгардида , шумораи шахрвандони дар овоздихи иштирокнамуда, шумораи чавобхои «тарафдор» ва шумораи чавобхои «мукобил», ки алохида бароихар як саволи ба раъйпурси гузошташуда дода шудааст, шумораи бюллетенхои беэътибор донисташуда нишон дода мешаванд.

Моддаи 31. Чамъбасти натичаи раъйпурси

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Чумхурии Точикистон дар асоси протоколхои  хамаи комиссияхои хавзавии раъйпурси инхоро муайян мекунад;

теъдоди шахрвандоне, ки хукуки дар раъйпурси иштирок кардан доранд;

теъдоди шахрвандоне, ки бюллетен гирифтаанд;

теъдоди шахрвандоне, ки дар овоздихи иштирок кардаанд;

теъдоди овозхое, ки ба тарафдории масъала ё таклифи дар раъйпурси гузошта дода шудаанд;

теъдоди овозхое, ки ба мукобили масъала ё таклифи дар раъйпурси гузошта дода шудаанд;

теъдоди бюллетенхое, ки беэътибор дониста шудаанд.

Агар дар овоздихи камтар аз нисфи шахрвандоне ширкат варзанд, ки хукуки дар раъйпурси иштирок карданро доранд, раъйпурси барпонашуда дониста мешавад. Дар ин сурат раъйпурси оиди хамин масъала метавонад на пештар аз ду сол доир гардад.

Карор дар бораи масъалахои ба раъйпурси гузошташуда, дар бораи дохил кардани тагйироту иловахо ба  Конститутсияи (Сарконуни)  Чумхурии Точикистон  кабулшуда хисоб меёбад, агар ба тарафдории он зиёда аз нисфи шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки дар раъйпурси иштирок кардаанд, овоз дода бошанд.

Агар ба раъйпурси вариантхои алтернативии карор дохил шуда бо­шанду ягонтои онхо микдори зарурии овозхоро нагирифта бошанд, хамаи вариантхо радшуда дониста мешавад ва такроран ба раъйпурси гузоштани онхо камаш баъд аз як сол сурат мегирад.

Натичаи раъйпурси бинобар вайрон карда шудани хамин Конуни конститутсиони дар рафти раъйпурси ё хангоми хисоби овозхо, ки ба натичаи  овоздихи таъсир расонидааст, метавонад беэътибор дониста шавад. Дар сурати ошкор намудани чунин вайронкорихо аз хусуси натичаи раъйпурси ба Суди Олии Чумхурии Точикистон дар муддати як мох шикоят кардан мумкин аст.

Дар холати аз тарафи Суди Олии Чумхурии Точикистон беэътибор дониста шудани натичаи раъйпурси дар мухлати ду мохтибки тартиби мукаррарнамудаи хамин Конуни конститутсиони такроран раъйпурси  гузаронида мешавад.

Моддаи 32. Нашр ва эътибор пайдо кардани кароре, ки дар раъйпурсикабул шудааст

Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Чумхурии Точикистон натичаи раъйпурсиро аз тарики воситахои ахбори омма на дертар аз дах рузи анчоми овоздихии маълумотроба ахолии Чумхурии Точикистон мерасонад.

Дар сурати дар ягон хавза ё участка беэътибор дониста шудани натичаи овоздихиКомиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Чумхурии Точикистон хак дорад ба комиссияи дахлдор супориш дихад, ки дар давоми ду хафта дар хамин хавза ва ё участка овоздихии такрори гузаронад. Аз хусуси карори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурси мумкин аст ба Суди Олии Чумхурии Точикистон  дар муддати як хафта аз рузи кабули он шикоят карда шавад.

Карори дар раъйпурси кабулшуда на дертар аз хафт рузи овоздихии охирини оиди масъалаи ба раъйпурси гузошташуда нашр мешавад ва аз рузи нашр шуданаш эътибор пайдо мекунад, ба шарте ки дар худи карори раъйпурси мухлати дигаре пешбини нашуда бошад.

Моддаи 33. Тагйир додан ва бекор кардани  карори кабул кардаи раъйпурси

Карореро, ки дар раъйпурсикабул шудааст, факат тавассути раъйпурси тагйир додан ё бекор кардан мумкин аст.

Моддаи 34. Масъулият барои вайрон кардани конунгузории раъйпурси

 

Шахсоне, ки бо рохи зуровари, фиреб, тахдид, бо ришва харидан ё дигар монеи озодона амали гардидани хукуки шахрвандон барои иштирок дар раъйпурсии Чумхурии Точикистон мегарданд,   инчунин мансабдорони макомоти давлати, масъулини иттиходияхои чамъияти ё чамъияти, корхонаю муассисахо ва ташкилотхо, аъзоёни комиссияхои раъйпурси, ки ба сохторихуччатхо, изофанависи, дидаю дониста нодуруст хисоб кардани овозхо рох дода,  махфияти овоздихиро вайрон кардаанд, мувофики тартиби мукарраркардаи Конун ба чавобгарикашида мешаванд. (КЧТ аз 31.12.08с., №458)

Президенити

Чумхурии Точикистон                                                 Э.РАХМОНОВ

ш. Душанбе, 4 ноябри соли 1995,

№ 106

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …