Главная / Маданият ва санъат / РАЗМИ СУХРОБ БО ГУРДОФАРИД

РАЗМИ СУХРОБ БО ГУРДОФАРИД

gurdogarid-768x490Чу огох шуд духтари Гаждахам,
Ки солори он анчуман гашт кам.
Гамин гашту барзад хуруше ба дард,
Баровард аз дил яке боди сард.
Зане буд бар сони гурде савор,
Хамеша ба чанг андарун номдор.
Кучо номи у буд Гурдофарид,
Ки чун у ба чанг андарун кас надид.
Чунон нангаш омад зи кори Хачир,
Ки шуд лолабаргаш ба кирдори хир.
Бипушид диръи саворон ба чанг,
Набуд андар он кор чои диранг.
Нихон кард гесу ба зери зирех,
Бизад бар сари тарки руми гирех.
Фуруд омад аз диж ба кирдори шер,
Камар бар миён, бодпое ба зер.
Ба пеши сипох андар омад чу гард,
Чу раъди хурушон яке вайла кард,
Ки гурдон кадоманду солор кист?
Зи размоварон чангро ёр кист?
Ки бар ман яке озмунро ба чанг
Бигардад ба сони диловар наханг.
Зи чанговарон лашкари сарфароз,
Мар уро наёмад касе пеш боз.
Чу Сухроби шеравжан79 уро бидид,
Бихандиду лабро ба дандон газид.
Чунин гуфт, к-омад дигарбора гур,
Ба доми Худованди шамшери зур.
Бипушид хафтону бар сар ниход,
Яке тарки чини ба кирдори бод.
Биёмад дамон пеши Гурдофарид,
79Шеравжан — далер, шерафкан.
Чу духти камандафкан уро бидид.
Камонро ба зех карду бикшод бар,
Набуд мургро пеши тираш гузар.
Ба Сухроб бар тирборон гирифт,
Чапу рост чанги саворон гирифт.
Нигах кард Сухробу омад-ш нанг,
Барошуфту тез андаромад ба чанг.
Инон баргироиду бардошт асп,
Биёмад ба кирдори Озаргушасп.
Ба даст андарун найзаи чонситон
Паси пушти худ кардаш он гах синон.
Бизад бар камарбанди Гурдофарид,
Зирех бар танаш як ба як бардарид.
Зи зин баргирифташ ба кирдори гуй,
Ки чавгон зи бод андар ояд бар уй.
Чу бар зин бупечид Гурдофарид,
Яке теги тез аз миён баркашид.
Бизад найзаи у ба ду ним кард,
Нишаст аз бари зину бархост гард.
Ба овард80 бо у писанда набуд,
Битобид аз у руй баргашт зуд.
Сипахбуд инон аждахоро супурд,
Ба хашм аз чахон рушнои бибурд.
Чу омад хурушон ба танг андараш,
Бичунбиду бардошт худ аз сараш.
Рахо шуд зи банди зирех муи уй.
Дурахшон чу хуршед шуд руи уй.
Бидонист Сухроб, к-у духтар аст,
Сари муи у аз дур(р)и афсар аст.
Шигифт омадаш, гуфт: «Аз эронсипох
Чунин духтар ояд ба овардгох?!
Саворони чанги ба рузи набард,
Хамоно ба бар андар оранд гард».
Зи фитрок81 бикшод печон каманд,
Бияндохт, омад миёнаш ба банд.
Бад-у гуфт, к — «Аз ман рахои мачуй!
Чаро чанг чуи ту, ай мохруй!
Наомад ба домам ба сони ту гур,
Зи чангам рахои наёби, машур!»
Кушодаш рух он гох Гурдофарид,
Мар онро чуз ин хеч чора надид.
Бад-у руй бинмуду гуфт: «Ай далер,
Миёни далерон ба кирдори шер.
Ду лашкар назора бар ин чанги мо,
Бад-ин гурзу шамшеру оханги мо.
Кунун ман кушода чунин руву муй,
Сипох аз ту гардад пур аз гуфтугуй,
Ки бо духтаре у ба дашти набард
Бад-ин сон ба абр андаровард гард.
Набояд, ки чандин диранг оварад,
К-аз ин разм бар хеш нанг оварад.
Нихони бисозем, бехтар бувад,
Хирад доштан кори мехтар бувад.
Зи бахри ман оху зи хар су махох,
Миёни ду саф баркашида сипох!
Кунун лашкару диж ба фармони туст,
Набояд бад-ин ошти чанг чуст.
Дижу ганчу дижбон саросар турост,
Чу ои чунон, к-ат муроду хавост».
Чу рухсор бинмуд Сухробро,
Зи хушоб бикшуд уннобро82.
Яке бустон буд андар бихишт,
Ба болои у сарв дехкон накишт.
Ду чашмаш гавазну ду абру камон,
Ту гуфти хаме бишкуфад хар замон.
Бад-у гуфт: «-3-ин гуфта акнун магард,
Ки диди маро рузгори набард.
Бад-он бораи диж дил-андар мабанд,
Ки он нест бартар зи чархи баланд.
Ба пой оварад захми куполи ман,
Наронад касе найза бар ёли ман».
Инонро бупечид Гурдофарид,
Саманди сарафроз бар диж кашид.
Хамерафт Сухроб бо у ба хам,
Биёмад ба даргохи диж Гаждахам.
Дари диж кушоданду Гурдофарид
Тани бастаю хаста бар диж кашид.
Дари диж бубастанду гамгин шуданд,
Пур аз гам дилу дида хунин шуданд.
Аз озори Гурдофариду Хачир
Пур аз дард буданд барнову пир.
Бигуфташ, ки «Ай некдил, шерзан!
Пур аз гам буд аз ту дили анчуман.
Ки хар разм чусти, хам афсуну ранг,
Наёмад зи кори ту бар дуда нанг.
Сипос аз Худованди чархи баланд,
Ки н-омад ба чонат зи душман газанд».
Бихандид бисёр Гурдофарид,
Ба бора баромад, сипах бингарид.
Чу Сухробро дид бар пушти зин,
Чунин гуфт, к — «Ай гурди Туронзамин!
Чаро ранча гашти чунин! Бозгард,
Хам аз омадан, хам зи дашти набард».
Бад-у гуфт Сухроб, к — «Ай хубчехр!
Ба точу ба тахту ба моху ба мехр!
Ки ин бора бар хок паст оварам,
Туро, ай ситамгар, ба даст оварам,
Чу бечора гардиву печон шави,
Зи гуфтори харза пушаймон шави.
Пушаймони он гах надорад-т суд,
Чу гардуни гардон кулохат рабуд.
Кучо рафт паймон, ки карди падид?!»
Чу бишнид гуфтор Гурдофарид,
Бихандиду он гах ба афсун гуфт.
Ки: «Туркон зи Эрон наёбанд чуфт.
Чунон рафт, рузи набудат зи ман,
Бад-ин дард гамгин макун хештан!
Хамоно, ки ту худ зи туркон наи,
Ки чуз б-офарини бузургон наи.
Бад-ин зуру ин бозую китфу ёл
Надори кас аз пахлавонон хамол.
Валекин чу огохи ояд ба шох,
Ки овард гурде зи Турон сипох,
Шаханшоху Рустам бичунбад зи чой,
Шумо бо Тахамтан надоред пой.
Намонад яке зинда аз лашкарат,
Надонам чи ояд зи бад бар сарат.
Дарег оядам, к-ин чунин ёлу суфт
Хаме аз палангон бибояд нухуфт…
Туро бехтар ояд, ки фармон куни,
Рухи номвар суи Турон куни».
Чу бишнид Сухроб нанг омадаш.
Ки осон хаме диж ба чанг омадаш.
Ба зери диж андар яке чой буд,
Кучо диж, бад-он чой барпой буд.
Ба тороч дод он хама буму руст,
Ба якбораги дасти бадро бишуст.
Чунин гуфт, к- «Имруз бегох гашт,
Зи пайкори мо даст кутох гашт.
Барорем шабгир аз ин бора гард,
Нихем андар ин чой шури набард».
Чу гуфт ин, инонро битобиду рафт,
Суи чои худ рохро баргирифт.

САВОЛ ВА СУПОРИШ:

1. Диж чи маъни дорад ва калимахои хаммаънои онро номбар намоед.
2. Хачир ки буд ва бо кадом суханони тахкиромез ба Сухроб чавоб гардонид?
3. Разми Сухроб бо Хачир чй тавр анчом ёфт?
4. Чаро Сухроб Гурдофаридро накушт?
5. Сифатхои мардона ва часорати чангии Гурдофаридро тавсиф намоед.
6. Сухроб дар чавоби фиреб ва найранги Гурдофарид чи гуфт?
7. Байтхои:

Бад-у гуфт Сухроб, к — «Ай хубчехр!
Ба точу ба тахту ба моху ба мехр!
Ки ин бора бар хок паст оварам,
Туро, ай ситамгар, ба даст оварам!»

чи маъни доранд? Онхоро шарх дихед.

8. Набарди Сухроб бо Гурдофарид чи тавр анчом ёфт?
9. Чор мисраи болоро ба наср баргардонед.

Муаллиф: А. Фирдавси

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …