Главная / Гуногун / РАВОБИТИ МИЁНИ ИМОН ВА АМАЛ

РАВОБИТИ МИЁНИ ИМОН ВА АМАЛ

Агар инсон дар дил имон дошта, конунхои Шариатро эътироф намояд, вале онхоро риоя накунад, кофир дониста намешавад. Барои ичро накардани фармонхои Парвардагори олам у гунахгор хисобида мешавад. Одаме, ки гунохи азим содир намуда, бо бахонахои мухалиф ба амру фармонхои Аллох Таъоло беэътинои мекунад, хамчун шахси боимон мемонад. Вале у барои амру фармони Аллох Таъолоро ба чо наоварданаш гирифтори чазои сангин мегардад.

Одами гунахгор боз имкон дорад, ки барои гуноххояш тавба намояд. Аллох Таъоло Агар хохад метавонад дар Охират гуноххои уро бибахшад, барои шафоати у имкон дихад ва инчунин Аллох Таъоло кодир аст, ки барои амалхои бадаш ба у чазои сахл муайян кунад. Вале, билохир, аз он хотир, ки дар дили ин инсон имон аст, Худованд уро ичозати дохили Бихишт шудан медихад. Оятхое мавчуданд, ки исбот месозанд, ки одамони гунохи азим намуда, ба айр ширк ва куфр, одамони бо имон дониста мешаванд.

Масалан: «Эй касоне, ки имон овардаед, дар бораи куштагон бар шумо касос мукаррар шуд».

Дар ин оят дар бораи отилон чун имоновардагон гуфта мешавад.

Дар ояти дигар омадааст:

«Ва агар ду гурух аз муъминон бо якдигар ба чанг бархостанд, миёнашон ошти андозед».

чи тавре, ки мо мебинем, одамони чангкунанда чун имоноварда ном бурда мешаванд.

Дар дигар оят низ гуфта шудааст:

«Эй муъминон, ба суи Худо тавбаихолис кунед!».

Дар ин оят сухан дар бораи гунохи азими кардаи имондорон меравад, ба хар навъ ба онхо чун одамони имоноварда мурочиат карда шуда, барои тавбаи гуноххояшон даъват карда мешаванд. Ин далели он аст, ки муъмин гунохи вазнин намуда, мусалмони гунахгор шиноха шуда, кофир дониста намешавад.

Одами гунохи азим намуда, мусалмон ба хисоб рафта, баъди фавташ намози чанозаи у хонда мешавад. Ба хотири он ки гуноххои у аз чониби Худованд бахшида шаванд, инчунин барои у намозу дуо хонда, хайру садака мекунанд. Ва чунин буд дар замони “асри хушбахт” ва низ идома дорад то ин замони мо. Одами гунахгор сазовори чазои Аллох Таъоло аст. Модоме, ки у ба Аллох Таъоло имон дорад ва амру фармони Шариатро инкор намекунад, мусалмон мемонад. Ибодат имонро хифз ва кави мегардонад. Ибодат шахси боимонро аз чазои ин дунё ва хам дунёи дигар (баъди фавт)  химоят намуда, уро ба хадяи Бихишт наздик мегардонад. Адо накардани ибодат боиси заиф ва хомушгардии рушании имон мегардад. Ибодат монанди шиша оташро дар чарог хифз ва нигох медорад. Инсон намоз гузошта, руза дошта ва дигар намудхои ибодатро ба чо оварда, имонро хифз ва мустахкам гардонида, намегузорад, ки он “хомуш” шавад. Инсони имонгумкарда аз Чаннат махрум мегардад.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …