Главная / Маданият ва санъат / РАСИДАНИ СУХРОБ БА ДИЖИ САФЕД

РАСИДАНИ СУХРОБ БА ДИЖИ САФЕД

asp-suhrobДиже буд, к-аш хонданди Сапед,
Бад-он диж буд эрониёнро умед.
Нигахбони диж размдида Хачир.
Ки бо зуру дил буду бо гурзу тир.
Хануз он замон Гаждахам хурд буд,
Ба хурди гарояндаву гурд буд.
Яке духтараш буд гурду савор,
Бадандешу гарданкашу номдор.
Чу Сухроб наздики он диж расид,
Хачири диловар мар уро бидид.
Нишаст аз бари бодпое77 чу гард,
Зи диж рафт пуён ба дашти набард.
Чу Сухроби чанговар уро бидид,
Барошуфту шамшери кин баркашид.
Зи лашкар бурун тохт бар сони бод,
Чунин гуфт, к — «Ай, дода чонат ба бод!
Ту танхо ба чанг омади хира-хир,
Кунун пой дору инон сахт гир.
Чи мардиву ному нажоди ту чист,
Ки зояндаро бар ту бояд гирист?».
Хачираш чунин дод посух, ки «Бас!
Ба чангат набояд маро ёр кас.
Хачири далери сипахбуд манам!
Хам акнун саратро зи тан барканам.
Фиристам ба наздики шохи чахон,
Танатро канад каргас андар нихон».
Бихандид Сухроб, к-ин гуфтугуй
Ба гуш омадаш, тез бинход руй.
Сабук найза бар найза андохтанд,
Ки аз якдигар боз нашнохтанд.
Чу оташ биёмад гави пилзур,
Чу кухе равон кард аз чо сутур.
Яке найза зад бар миёнаш Хачир,
Наёмад синон андар у чойгир.
Синон бозпас кард Сухроби шер,
Буни найза зад бар миёнаш далер.
Зи зин бар гирифташ ба кирдори бод,
Наёмад хаме з-у ба дил дар-ш ёд.
Бизад бар заминаш чу як лахти кух,
Ба чону дилаш андар омад сутух.
Зи асп андар омад, нишаст аз бараш,
Хамехост аз тан буридан сараш.
Бипечиду баргашт бар дасти рост,
Гами шуд, зи Сухроб зинхор хост78.
Рахо кард з-у чангу зинхор дод,
Чу хушнуд шуд, панди бисёр дод.
Бубасташ ба банд он гахе чангчуй,
Ба наздики Хумон фиристод уй.
Ба диж хамчу огах шуданд аз Хачир,
Ки уро гирифтанду бурданд асир.
Хуруш омаду нолаи марду зан,
Ки гум шуд Хачир андар он анчуман!

Муаллиф: А. Фирдавси

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …