Главная / Чамъият / РАМЗХОИ ПРЕЗИДЕНТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

РАМЗХОИ ПРЕЗИДЕНТИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи рамзхои Президенти Чумхурии Точикистон

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 2006, №7, мод. 340)

Бо Карори Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 30-юми июни соли 2006, № 341 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2006, № 6, моддаи 300) кабул гардидааст.

Бо Карори Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 20-уми июли соли 2006, № 221 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2006, № 7, моддаи 35; КЧТ аз12.11.2013с. №1026;) чонибдори гардидааст.

Конуни мазкур рамзхои Президенти Чумхурии Точикистонро мукаррар намуда, вазъи хукуки, тасвир ва тартиби истифодаи расмии онхоро танзим мекунад.

Моддаи 1. Рамзхои Президенти Чумхурии Точикистон

Рамзхои Президенти Чумхурии Точикистон аз Ливо ва Нишони Президенти Чумхурии Точикистон иборат мебошанд.

Ливо ва Нишон рамзхои расмии хокимияти президенти дар Чумхурии Точикистон мебошанд.

Президенти Чумхурии Точикистон аз руи мансаб дорандаи ордени «Ситораи Президенти Точикистон» дарачаи I мебошад.(КЧТ аз 12.11.2013с. №1026) 

Моддаи 2. Тасвири Ливои Президенти Чумхурии Точикистон

Ливои Президенти Чумхурии Точикистон матои хоси росткунчаест, ки он аз се рахи рангаи ба таври уфуки чойгирифта иборат мебошад: рахи боло ранги сурх дошта, пахнои он ба рахи сабзи поён баробар мебошад; рахи сафеди мобайни якуним баробари пахнои яке аз раххои ранга аст.

Даври Ливо ба андозаи 50 мм, бо ресмони зархалин дастдузи шуда, бо шилшилахо ороиш ёфтааст.

Таносуби бару дарозии умумии Ливо 1:2 аст.

Дар Маркази Ливо тасвири «Дирафши Ковиён» инъикос ёфтааст, ки он рамзи пойдори ва бардавомии давлатдории милли мебошад.

Дар кисми болоии «Дирафши Ковиён» найза хамчун рамзи ирода ва кудрати хифзи Ватан тасвир ёфтааст.

Кисмати чахоргонаи «Дирафши Ковиён» – чахор кисмати гети буда, рамзи равобити неки, дусти ва хамкори бо кишвархо ва халкхои чахон аст.

Дар дохили «Дирафши Ковиён» чахор шохаи маргула дар даври Хуршед – хамчун рамзи хамеша дар харакат будани вакту замон, гардиши замин ва дигар аносири коинот дар атрофи Хуршед инъикос ёфта, баёнгари бахт, вахдат, саодат ва пешрафти кишвар мебошад.

Дар маркази «Дирафши Ковиён» Шери болдор хамчун рамзи кудрат, неруманди ва шукухи давлат дар руи осмони кабуд инъикос ёфтааст.

Дар болои тасвири Шери болдор Точ ва хафт ситора хамчун асоси Нишони давлатии Чумхурии Точикистон мебошад, инъикос ёфтаанд.

«Дирафши Ковиён» аз ресмонхои рангаи зархалин дар хар ду чониби Ливо дастдузи мешавад.

Андозаи «Дирафши Ковиён» 3:5 таносуби Ливо аст.

Дар кисмати болоии чубдасти Ливо лавхаи заррин васл мегардад, ки дар он фамилия, ном ва номи падари Президенти Чумхурии Точикистон бо зикри мухлати салохияти конститутсионии у хаккоки мешавад.

Нуги чубдасти Ливо шакли гунбази заррин дорад. 

Моддаи 3. Тасвири Нишони Президенти Чумхурии Точикистон

Нишони Президенти Чумхурии Точикистон дар асоси такмили ордени «Ситораи Президенти Точикистон дарачаи як» бо шакли хос ва шаддаи хоси овеза тайёр карда шудааст.

Нишони Президенти Чумхурии Точикистон аз се кисми таркиби –ордени «Ситораи Президенти Точикистон дарачаи як», Шери болдор ва Шаддаи заррин иборат мебошад.

Дар мехвари Нишони Президенти Чумхурии Точикистон ситораи хафтгушаи сурх, ки аз ёкути сурх сохта шудааст, чойгир буда, баёнгари мубориза бахри озоди, истиклол, адолат ва пешрафт мебошад.

Дар доираи давродаври заррин ибораи «Ситораи Президенти Точикистон» аз тилло хаккоки шудааст.

Дар дохили доираи ситораи хафтгуша Нишони давлатии Чумхурии Точикистон аз тилло тасвир гардидааст.

Ситораи хафтгуша бо нурхои нукрагин зиннат ёфтааст, ки онро шукух ва ороиш бахшида, рамзи поки ва озодагии руху сират мебошад.

Хар хатти тулонии нур (мачмуан: 7 хат) бо се лаъли халкагин, хатхои миёна (мачмуан: 14 хат) бо ду лаъли халкагин ва хатхои хурди нур (мачмуан: 14 хат) бо 1 лаъл оро ёфтаанд.

Ба хар гушаи Ситора лавхаи мураббаи заррин (мачмуан: 7 лавха) васл гардидааст, ки дар кисмати болоии он зумуррад дар шакли мураббаъ чойгир аст.

Ордени такмилёфтаи «Ситораи Президенти Точикистон дарачаи як» бо нишони халкавии Шери болдори дар холи харакати доими буда, васл карда шудааст. Шери болдор рамзи кудрат, неруманди ва шукухи давлат мебошад.

Нишони халкавии Шери болдор аз ду чониб бо лавхахои хоси заррин бо Шаддаи заррин пайваст аст. Тасвири ин лавхахо ифодаи суннатии кудрат мебошад.

Шаддаи заррин 13 халкахои зарринро дар таносуби муайян ва паихам пайванд намудааст.

Дар 6 халкаи заррин тасвири Шери болдор ва дар 7 халкаи заррин дар заминаи ранги осмони тасвири заррини Нишони давлатии Чумхурии Точикистон инъикос ёфтааст. 

Моддаи 4. Махали нигохдошт ва тартиби истифодаи Ливои Президенти Чумхурии Точикистон

Махали нигохдошти нусхаи асли Ливои Президенти Чумхурии Точикистон дафтари кории Президенти Чумхурии Точикистон дар кароргохи он пойтахти Чумхурии Точикистон – шахри Душанбе мебошад.

Нусхаи Ливои Президенти Чумхурии Точикистон дар кароргохи Президенти Чумхурии Точикистон дар шахри Душанбе, кароргохи зисти доимии Президенти Чумхурии Точикистон, дигар кароргоххо хангоми хузури Президенти Чумхурии Точикистон ва воситахои наклиёти Президенти Чумхурии Точикистон афрохта мешавад.

Хангоми дар хорича ба сифати шахси расми будани Президенти Чумхурии Точикистон Ливои Президенти Чумхурии Точикистон мутобики тартиби протоколи тарафи кабулкунанда метавонад дар кароргохи зисти муваккати ва воситаи наклиёти Президенти Чумхурии Точикистон афрохта шавад.

Хангоми гузоштани Ливои Президенти Чумхурии Точикистон якчоя бо Парчами давлатии Чумхурии Точикистон Ливои Президенти Чумхурии Точикистон ва Парчами давлатии Чумхурии Точикистон дар як сатх афрохта мешаванд.

Дар хама холатхои якчоя афрохтани Ливои Президенти Чумхурии Точикистон ва Парчами давлатии Чумхурии Точикистон андозаи онхо бояд баробар бошад.

 

Моддаи 5. Тартиби истифодаи Нишони Президенти Чумхурии Точикистон

Нишони Президенти Чумхурии Точикистон хангоми тачлили чашнхои давлати, гузаронидани парадхои расми, кабули шахсони расмии давлатхои хоричи ва созмонхои байналмилали, ичлосияи якчояи Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, ичлосияхои Мачлиси милли ва Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, супоридани мукофотхои давлати, кабули расми аз номи Президенти Чумхурии Точикистон ва дар холатхои дигар, инчунин хангоме, ки Президенти Чумхурии Точикистон дар хоричи кишвар ба сифати мехмони фахри даъват шудааст ва ё дар пазироии расми хузур дорад мутобики тартиби протоколи тарафи кабулкунанда метавонад мавриди истифода карор дода шавад.

 

Моддаи 6. Ба Президенти Чумхурии Точикистон супоридани рамзхои Президенти Чумхурии Точикистон

Ба Президенти Чумхурии Точикистон пас аз интихоб шудан Нишони Президенти Чумхурии Точикистон бо ордени “Ситораи Президенти Точикистон” дарачаи I аз чониби        Раиси Суди конститутсионии Чумхурии Точикистон супорида шуда, дар хамин маврид Ливои Президенти Чумхурии Точикистон афрохта мешавад.

Тартиби супоридани рамзхои Президенти Чумхурии Точикистон аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад. (КЧТ аз 12.11.2013с. №1026)

 

 

Моддаи 7. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

Риояи талаботи Конуни мазкур хангоми афрохтани Ливои Президенти Чумхурии Точикистон ба зиммаи Дастгохи ичроияи Президенти Чумхурии Точикистон, раисони вилоятхо, шахрхо ва нохияхо гузошта мешавад.

Тахкири рамзхои Президенти Чумхурии Точикистон дар хар шакле, ки набошад, манъ аст.

Шахсоне, ки талаботи Конуни мазкурро вайрон мекунанд, тибки Конун ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 8. Мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

  Президенти Чумхурии Точикистон                             Э.Рахмонов

 

        ш. Душанбе  28 июли соли 2006

        № 192

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Ташкилёбии хизбхои сиёси дар ИМА

Хизбхои сиёси дар хаёти ИМА макоми хосса доранд. Дар ибтидои асри XIX дар мамлакат гуруххои …