Главная / Гуногун / РАХМАТ БА ХУШДОМАНАМ

РАХМАТ БА ХУШДОМАНАМ

Хушдоман!

Чи калимаи чозибу зебо!

Ва худи хушдоман хам одами азизу муътабар аст!

Охир, бехуда: “Чор пиру чор тадбир!” – нагуфтаанд-ку?!

Аммо – сад афсус! – дар ин дунёи рушану калон одамеро аз хушдоман ризо ёфтан амрест мухол. Аз кадим – ул – айём хама бечора хушдоманро чун бало бад мебинанд. Хазор айбро ба гарданаш овехта, сиёх мекунанд. Хатто дар асри X хушдоманро “чангчуй” номидаанд. Шеъри манфи ва латифае, ки дар хаки хушдоман бофта шудааст, хисоб надорад.

Ана танхо ду намуна.

Таги чумок хушдоманам,

Гапаш буйнок хушдоманам.

“– Алло!.. Алло!.. Кисти?! Мегум кисти?! Аммами?.. Нахо-о-од?.. Боз ман гуфтум, ки одами…”

Вале дусти ман Хайрулло: «Рахмат ба хушдоманам, ки маро аз бало халос кард!» – мегуяд.

Барои чи?!

Наход, ки?!

Не, чунин вокеа руй дода будааст…

…Инспектори ГАИ – чавони навчаи хушбурут, гур-гуркунон гох-гох бо чубчаи алобулои дасташ ба соки музааш зада, ин су-он су кадам мезад.

«Ин чи рузи нахс-а? – чин бар чабин афканда, менолид дар дил. – Ягон ронанда ба даст наафтод-а?”

Ин су – он су дида давонду боз дар дил гуфт: “Имруз дасти холи чи хел ба хона меравам?»

Ха, руз нисф мешуду кисааш холи, шикмаш гурусна.

Ногох чашмаш ба як «Жигули»-и сап-сафеде афтод, ки тир барин парида меомад.

– Ох-ох! Худо охама шунид, – хурсанд шуд инспектор ва беихтиёр ду-се кадам ба пеш монд.

Лекин зуд худро кафо гирифту дар дил гуфт:

“Не, набинад, бинад, суръаташро суст мекунад”.

«Жигули»-и сап-сафед парвои олам надошт. Чун сайди кухи метохту метохт.

– Ин кадар тез меояд-е! – дар лабони инспектор табассум гул мекунад.

«Жигули»-и сап-сафед хамоно метохту метохт. Инспектор хурсандона нидо зад:

– Бидав гусола!

Ва «Жигули»-и сап-сафед гуё нидои уро шунид, ки медавиду медавид.

– Дав-дав! – боз нидо зад инспектор. – Давидани гусола то кахдон! Хи-хи-хи!

«Жигули»-и сап-сафед хамоно метохту метохт. Ва торафт ба инспектор наздик мешуд. Вале суръаташ тезтар мешуду суст не. Намоишкорона, гуиё ба касди инспектор тамоми кучаро банд карда меомад.

– Чашмонашро шира зер кардаги, – зери лаб гурунгос зад инспектор. – Хеч гап не, холо очаи зорашро нишон медихам.

Ва инак, «Жигули»-и сап-сафед наздик мешуд…

Инспектор холати «омода бош!» – ро гирифт. Ва бо чубчаи алобулояш «Жигули»-ро манъ кард. «Жигули»-и сап-сафед заминро газида истод. Ронанда, чавони хаждах-бистсолаи зардина, ки муйхои сараш сурхчатоб буд, аз мошин давида баромад.

– Рафик сержант!..

– Чи-и?! – нозири рох теги нигох суи у кашид.

Ронанда худро бой надода, аз нав нидо намуд:

– Рафик старшина!…

– Чи-и?! – чашмони инспектор калон кушода шуданд. – Ки старшина?! Ман?! Ма-ан!!

– О… Не… – дасту по гум кард ронанда. – Ха… не…

Инспектор бо викору ифтихор нидо намуд:

– Ман командир!

– Ха-а… Ха, шумо командир, командир, – ба худ омад ронанда ва саросемаю ташвишомез пурсид: – Чи магар тез омадам, командир?

Инспектор боз теги нигох суи у кашида, бо захрханда дуг зад:

– Не, паст парвоз карди?!

– Нахо-о-од?!

– Ай, хай! Боз худро ба нодони мезани-а?!

– О…

– Шуд?! – ба сари ронанда дуг зад инспектор. – Хой, ту ба кучо мешитоби?! Ба кучо?! Ба он дунё?!

– Э, агар рохи он дунёро медонистам, кайхо ба он чо мешитобидам, – бо хасрату афсус посух дод ронанда.

– Чи-и-и?!

– Ман намешитобам, командир – бо овози парешон посух дод ронанда. – Мегурезам!

– Мегурези?! – аз саманди кахру газаб намефуромад инспектор. – Аз мор?!

– Не-е, – бо оху нолиш гуфт ронанда. – Кошки мор мебуд. Як бор мегазиду мурда халос мешудам.

– Аз гург?! – боз сиёсат кард инспектор.

– Не-е, – боз хам баландтар оху нолиш карда гуфт ронанда. – Холо гург аз одам мегурезад. Кошки гург мехурду аз ин таъкиб халос мешудам.

– Бало набошад?! – чашмони инспектор аз косахонаашон баромаданд.

– Эъ, вой, не-е, – кариб, ки гириста гуфт ронанда. – Бало ба у дастобрез намешавад.

Пуфаки сабру токати инспектор кафид:

– Хайр, аз ки набошад?!

– Аз ки? – гашта пурсид ронанда ва бо оху нолиши гарон гуфт: – Э, аз хушдоманам-е!

– Аз хушдоманат?!

– Ха, аз хушдоманам, – гуфт чавон ва ташвишмез ба кафо нигарист. – Ох, вай зан не, дев-а?! Э, Азроил! Худо нишон надихад, ки ба дасташ афтам…

Инспектор аз саманди кахру газаб фуромад ва бо хайрат пурсид:

– Хой, аз дахонат буи шир меояд-ку?

– О, ман хам ба падарам хаминро гуфтам, – гиряомез гуфт ронанда ва боз бо тарс ба акиб нигарист.

Баъд суханашро канда-канда идома дод:

– Вале у гуш накард. “Падар рози – Худо рози” – гуён, туй карда, сари токамро чуфт кард. Хушдоманам як зани уштурмонанди аловдаста будааст. Хуллас, падарам маро ба балои азим гирифтор намуд. Шумо бошед… Шумо бошед…

– Чи?

– Эх! – бо аламу дард даст афшонд у.

– Чи “эх”?

– Э, агар хушдоман дошта бошед, маро мефахмед.

– Мефахмам, – инспектор гамгин шуд. – Мефахмам. Хуб мефахмам.

Баъд “хушдомани… хушдомани” – гуфту дармонд. Сарашро ба зер афканда, як дам сукут кард. Сипас охиста сар бардошта, ин мисрахоро хонд:

Хушдомани нагз домода дуст медора,

Хушдомани гандара Худо бардора!

– Ох-ох, чи шеъри хуб хондед, командир! Офарин, офарин! – ба китфи у тап-тап зада, тахсин намуд ронанда. – Илтимос, боз як бор онро хонед!

– Ба ту чи шуд? Холо вакти шеърхони аст магар!

– Э, ха рост мегуед. Бало омада истодааст.

– Бале! Чи балои азим!

– Набошад ман раваму аз шумо пурсад, гуед, ки надидам, – илтичоомез гуфт ронанда. – Вагарна рузам шаби тор мегардад. Ха, шумо хам бо у сар ба сар нашавед, ки расвогиатонро мебарорад-а.

– Оббо! – инспектор пушти сар хорид ва дилаш ба ронанда сухт. Вай хам аз домодхои чабрдидаву аламдор будааст магар, ки дар дил: «Бечора!» – гуён, дилсузона ба у нигарист.

– Равам-а? – гардан кач кард ронанда.

Инспектор нидо зад:

– Рав!

«Жигули»-и сап-сафед аз чои истодаш якбора пеш чахиду чанги рохро ба осмон хезонда, лахзае пас аз назар гайб зад.

Инспектор интизори хушдоман буд.

Хайрулло: «Рахмат ба хушдоманам!» – гуён, табли шоди мезад.

Шумо ба хушдоманатон чи мегуед?

А?!.

13 июли соли 2000

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …