Главная / Гуногун / РАХ БА СУИ ОГУШИ МОДАР

РАХ БА СУИ ОГУШИ МОДАР

Дар фазои хонае, ки руи девори сафед он нурхои мохи сарди осмони зимистон аксандоз меёфт, овози шинос лахзае танинандоз гашт:

– Пи-са-рам…м…

Ва нопадид шуд. Хамин лахза кифояги кард, ки у сохиби садоро бишнаваду зиёда аз он бишносад. Вале дили шаб буду аклу хушашро хоб рабуд ва дигар имкони андешидан, чи зухурот буду кучо рафт гуфтан наёфт…

Занги телефонро шунид, осемавор аз чогахи гарм бархост, зохиран садои он аз пешин баландтар буд.

– Лаббай… – гуфт Шухрат хануз ба торики одат накарда. Овози ороми хамсинфашро шинохт. Ва пурсид:

шеъри модар

– Тинчи аст?

– Хмм… Падарат хохиш карданд, ки ба ту расонам: ахволи модарат вазнин шудааст. Ба хонаи акаат худат хабар дех…

Шухрат маънои зангро фахмид. Вай чанд сол инчониб ин лахзаро интизор буд. Инак, он фаро расид, факат афсус хурд, ки дами вопасин дасти модарро гирифтан муяссар нагашт…

Хамрохи бародару янга ва писарчаи хаштсолаи онхо Кобус чониби агба рахсипор шуданд. Ин рохи осмониро азбас барф, ки зиёд борида ва куллаашро саропо зери тасарруфи худ даровард, як мох пештар баста буданд. Аммо мардуми корафтодаи кухистон чун анъанахои кадим пиёдаву савора илоче ёфта убур мекарданд. Мавзеи аз хама душворгузар ё касногузар гуфта Шодмондараро мехисобиданд. Аз он тарафаш хеч боке нест…

То домани агба андак рах мондаву ба димог буи барф расид ва сардии тези он эхсос, осмони болои агба торафт тиратар шуд. Ва мошин бо азоб пеш мерафт. Дохили он боз чахор нафари дигар хамсафар, сумкахои пур аз либоси гарму тушаи рах буданд.

Кобус ман гурусна гуфт.

Шухрат нону себ дод. Чиянаш оромид.

Худашон хам гурусна, вале дилашон чизе намечуст, мисли пешин, агбаро, ки гузаштанд, баъд наздики нисфирузи нахори мекунанд.

Мошин хеле боло рафт, рах морвор тоб мехурд, аз саргахи агба дехаи поёни чун дар руи каф метофт. Шухрат ин дафъа дурудароз не, як назар афканд халос, чунки хушаш побанди хонаводаашон буд…

… Шаби туй хамрохи падараш сари болини модар нишастанд.

– Кампир, бубин, ки кенчаписарат чомаи домоди ба бар кардааст, орзу мекарди, диди, дигар ормонамон намонд…

Шухрат кафи дастони пуробилаи модарро бар лабонаш бурду бусид. Ва гуё нури дидагони пиразан афзуд, лабонаш моили табассум шуданд, чехрааш мадори шукуфтан мекофт…

Баъд аз чиллагурезон арусу домод ба шахр омаданд. Ду мох пас Дилафруз ба Шухрат гуфт:

– Ман ба нохия меравам.

– Магар ягон вокеа руй дод?

– Не, факат мехохам хамрохи модаратон бошам, дуо гирам.

– Модарам бистари бошад хам, танхо не-ку.

– Медонам, муйсафед мард, дасткутохи мекашанд.

– Хохаронам зуд-зуд меоянд, саробони мешаванд…

– Худро фиреб надихед. Онхо сербача, бо ташвишхои оилахояшон банданд, дар дигар дехахо зиндаги мекунанд.

– Хайр, сахт мушкил шавад, хамсоязанхо ёри медиханд.

– То кай? То кай модар хар лахзаи зарурат нигарони онхо меистад. Баъд ки онхоро рафта чег мезанад?

Дилафруз, ки дар деха ба воя расидааст, аз бисёр нозукихои рузгор бохабар буд, аз ин ру дурандеши зохир мекард…

Ва Дилафруз хамаруза бистари пиразани барчомондаро нарму тоза нигох медошт, муйхои сафедашро шона мезад, дасту пойхои бемадору шахшудаашро мешусту молиш медод…

Падарашро аз хичолат назди мардум рахои бахшид. Дилафруз дастархондору гармии хонадон буд…

Ва соаташ пур шуду Дилафруз набераи пирамардро ба дунё овард…

– Дигар имкони рафтан нест, – ронанда мошинро аз харакат боздошт. – Намехохам, ки чони шуморо ба хатар андозам. Барф монад, офтоб бароят, баъд…

Чор тараф барфпуш буд, дар хаво низ пагахои барф мераксиданд.

– Акнун акиб хам рафта намешавад, – боз овози таассуфангези сохиби мошинро шуниданд.

– Наход ягон илоче набошад, – гуфт бародари Шухрат.

Касе садо набаровард, ба интизори тан дода буданд.

Вале онхо, Шухратино, шитоб доштанд.

Ва холо зохиран дар саросари дунё аз агба дида зуртар чизеву мавчудоте набуд. Аламовар он, ки агба гами андухи ин чор нафар мусофиронро намехурд. Агба гунгу кар ва сард буд, намедонист, ки он тараф, поинтар часади модари Шухрат фарзандонашро чашмдор аст… Агба берахму карахт меистод…

Руз бегох шуд, шаби тор фаромад.

Калонсолон дар партави тираи чароги хираи дохили мошин, хар ки хар чи доштанд, хурданд. Вале Шухратино базур лукмае чанд ба дахон бурданд… У бори нахуст то чи хад гохо талх будани пораи нонро нафахмид…

Кор аз кор гузашта буд, такдир хукми худро равонд, аз охирин дидори чехраи сарду пурожанги модар махрум монданд…

– Хешу табор, ахли деха хама чамъ шудагистанд…

– Будаги гап, муйсафедро танхо намондаанд, – бо дилпури чавоб дод Шухрат. – Факат рохи моро аз поидан ба як чо расидагистанд…

Онхо даххо маротиба тавассути агба рафта меомаданд ва аввалин дафъа аст, ки ин куллаи бечону бепарво онхоро ба огуши худ асир гирифт ва маълум набуд, ки кай хатти озоди медихад…

Боре айни авчи тобистон занг зада хабар дод, ки пагох фалон соат бо се нафар хамкорон ба нохия расида мераванд, сафари хидмати дорад. Вале гапи хона ба бозор рост наомад. Ду соат дер баромаданд, дар рох андак зиёдтар дам гирифтанд ва хангоме ба дехаи Дашти Кози ворид шуданд, Шухрат аз дур, дар хамгашти хавлиашон падарашро дид. Муйсафед лаби чу рост меистод.

Шухрат танхо бегох аз хамсараш фахмид, ки падар бештар аз чор соат дар куча чашм аз рохи омадани фарзанд наканда мунтазир нишастааст…

Бегохи Шухрату хамкоронаш ба хавли омаданд, дасту руй шуста сари дастархон нишастанд. Баъди «Хуш омадед, мехмонони азиз» гуфтану чои гарм овардан Шухрату падараш узр хоста берун баромаданд.

Хамрох ба аёдати модар расиданд, ки хонаяки алохида дошт. Шухрат хар дафъа, ки ояд, аз рухсорахои замоне суп-сурхи модар мебусид, дастони камхунашро ба дидагонаш мебурд.

– Кампир, кенчаписарат бо дустонаш барои хабаргири омадааст…

Ашк дар гирди чашмони модар халка зад.

– Шукр… Шухратакам лоики мехрубонии дустон шудаасту ман… наметавонам, ки аз чой хеста хурмату иззати мехмонхоро ба чо биёрам…

– Не-е, ба дил нагиред, хамааш омода аст… Гох-гох набератона оварда нишон медихад? – аз модараш пурсид.

Пиразан мижа зад, ки маънои «бале»-ро дошт…

– Гусфанд куштем, кампир, – гуфт муйсафед, – хозир келин оби шурбо мебиёрад…

Вакте ба сари дастархон баргашт, касе аз мехмонон пурсид:

– Хола наметобанд, сихат-саломатанд?

– Ки? – нафахмид Шухрат.

– Модарро мегуям, ахволашон нагз аст?

– Ха, он кас ду се руз пеш ба хонаи апаи калони рафтаанд, шояд имруз биёянд…

Шухрат истихола намекард, аммо он руз намехост, ки дустонаш сари нону намак хичолат кашанд…

Нимхобу нимбедор соатхо гузаштанд ва субхи рузи нав дамид. «Агар дар хона мебудем, ин сахар ба сари хоки модари рахматиям мерафтем». Ва дандон ба дандон монд. Ронанда сигор мечокид.

– Хайрият, барф боридан бас кардааст.

– Аздусар рох банд.

– Он тарафи агба, агар трактор бошад, барфро тоза карда, рох кушода-рох кушода мебиёяд.

– Рафту наояд чи? – пурсид акааш.

– Росташро гуям, шумо бояд донед, холо мавсими рохи агба кушодан нест… Баъд булдозерчи магар хоб дида, ки мо ин чо банд мондаем?

– Не, – гуфт Шухрат, – аз ин обу хаво лутфу мархамате чашмдор шудан беакли аст. Барои мо ягона рох пиёда рафтан. Кобусро бо навбат пуштора карда мебарем. Гушаи телпакашро поин фароред, янга, мабодо гушхояшро хунук назанад, шарфашро хам сахт бандед. Аз агба он тарафтар шояд ягон мошин, хеч набошад, трактор ёфт мешудагист…

Охир муйсафед медонанд, ки мо рахти сафар бастаем, расида наравем, ахволашон чи мешавад?…

Барф то зону буд, дар куллахои агба то миён мерасид ва он суяш рафта-рафта боз то зону поин омад. Муаллиф ба тасаввур кардани мушкилоти ин лахзахо мекушад, вале калам ба тавсифу  ифода очиз аст. Харчанд пойхои яке варамидаву дигаре сармозада… ва мисли кунда кашола мекарданд, ва боварашон намеомад, ки аз мухосираю чанголи барфхои агба рахо ёфтанд…

Гуё рахо ёфтанд…

Кунчи рах нишастанд, то ором нафас рост бикунанд, ба худ оянд, охир китъаи касногузарро паси сар карданд…

Гулгулаи тарма, ки аз  боло сарозер фуру меомад, дар як он хамаро ба дахшат кашид. Бародару янгааш часта аз дами бало гурехтанд. Шухрат низ метавонист, лек дид, ки чиянаш Кобус чонхол давидани шуда пешпо хурд. Ва у, ки аз хама наздиктар буд, боз истода акиб гашт. Кобусро бардошта тела дод, ба умеде, ки андаке суръати тохташ афзояд.

Коматашро рост намуд, дигар фурсати кадам бардоштан нашуд…

Тарма сангу сангреза, хар мавчдоти сари рохаш пеш истодаро ба хам меомехт ва руфта мебурд. Шухратро низ ба комаш афканд…

Сонияе он садои барояш аз овони тифли ошноро зери баногушаш рушан шунид. Сипас, амвочи гаддори тарма одамеро, оламеро, садои азизеро бо хам омезиш доду пахш кард…

Куххои сокити ру ба руй, осмони тираи баланд аз ин бозии зиндагиву табиат зохиран ба тахайюр афтода буданд…

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …