Главная / Гуногун / Пушаймони пеш аз мурдан

Пушаймони пеш аз мурдан

Ду кас мурдану тахассур бурданд: яке он ки дошту нахурд ва дигар он ки донисту накард. Фурсат ганимат шумор.

Касе набинад бахил фозилро,
Ки на дар айб гуфтанаш кушад.
В-ар кариме дусад гуннах дорад,
Карамаш айбхо фуру пушад.

Тамом шуд китоби «Гулистон» ба тавфики бори азза исмаху. Дар ин чумла чунон кирасми муаллифон асту даъби мусаннифон аз шеъри мутакаддимон ба тарики истиорат талфике нарафт.

Кухан хиркаи хеш пиростан,
Бех аз чомаи орият хостан.

Голиби гуфтори Саъди тарабангез асту тийбатомез ва кутоханазаронро бад-ин иллат забони таъи дароз гардад, ки магзи димог бехуда бурдан ва дуди чарог бефоида хурдан кори хирадмандон нест. Валекин бар рои равшани сохибдилон, ки руи сухан дар эшон аст, пушида намонад, ки дури мавъизахои шофиро дар силки иборат кашидааст ва доруи талхи насихат ба шахди зарофат баромехта, то табъи малули эшон аз давлати кабул махрум намонад.

Мо насихат ба чои худ кардем,
Рузгоре дар ин ба сар бурдем.
Гар наёяд ба гуши рагбати кас,
Бар расулон паём бошаду бас.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …