Главная / Чамъият / Принсипхои карздихи

Принсипхои карздихи

 Хангоми чудо намудани карз, риоя намудани принсипхои зерин зарур мебошад:

а) Масъалаи чудо намудани карз, бояд дар заминаи маълумотхо доир ба сохаи фаъолият ва максади карз сурат гирифта, хамаи механизми минбаъдаи баррасии дархост ба он такя намояд. Бинобар ин дар доираи тартиботи чудо намудани карз, ки дар Низомномаи мазкур оварда шудааст, худи Ташкилот (эксперти карзи) маълумотхоро доир ба карзгиранда ва манбаи даромади у чамъовари намуда, дурустии онро тафтиш менамояд. Ин тартиб мушкилоти мавчуд набудани маълумоти расмиро доир ба манбаи даромад ва сохаи фаъолияти карзгиранда бартараф менамояд (маълумот оиди музди мехнат, хачм ва фоидаоварии тичорат, сарчашмахои дороихои карзгиранда ва ба ин монанд). Дар баробари  ин Ташкилот мустакилона маълумотхоро чамъовари намуда, сатх ва дурустии ин маълумотхоро санчида, сатхи хавфхои минбаъдаро барои карзгузори намудан, ба андозае паст менамояд.

Принсипи карз

б) Бояд карори чудо намудани карз дар заминаи пурра ва бе чуну чарои кобилияти пардохтпазири доштан ва дар асоси маълумотхои чамъовари шуда, тахлил намудани хавфхои карзгир ва манбаи даромади у, кабул карда шавад. Тахлили кобилияти карзпардози доштани карзгирандаро дар кисмати маблаг ва пардохтпазири гузаронидан зарур аст.

в) Хеч гох гарав набояд аз кобилияти карзпардози доштан болотар гузошта шавад. Вале зарур аст, ки хангоми интихоб ва нархгузори намудани таъминот бо гарав диккати чидди дода шавад.

г) Бояд ба сифати сандуки карзи бештар таваччух зохир намуд. Ба ин метавон танхо дар холати кабул кардани карорхои дурусти карзи, мониторинги доимии карзхои чори ва сари вакт нишон додани аксуламал ба бад шудани холати ичрои ухдадорихои вобаста ба бозпасгардонии карз аз чониби шахси карзгир, ноил гашт.

д) Сари вакт бозпас гардонидани воситахои карзи, метавонад сабаби ба карзгирандагони такрори ба сифати мукофот пешниход шудани шартхои нисбатан муфиди карздихи шавад.

е) Мувофики Низомномаи мазкур, хар як эксперти карзи барои сандуки карзии хеш ва ба хамаи давраи асосии карзи, чавобгар мебошад. Танхо таксимоти дурусти вазифахо имконият медиханд, ки сифат ва кори бомуваффакияти хар як эксперти карзи назорат карда шуда, аз руи натичахои фаъолияташон, музди мехнат ва мукофотпули муайян гардад.

ж) Аз чониби як эксперти карзи ичро гардидани як катор давраи карзи, нисбат ба назорати мукаррари, назорати бештари дохили ва берунаро талаб мекунад. Дар чорчубаи Низомнома,  ин ба воситаи аз назаргузаронии интихобии бастахои хуччатхои карзи, хуччатхои ибтидои, тафтишхои низоми ва мониторинги сандуки карзи, амали карда мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …