Главная / Маданият ва санъат / Порчахо аз «Кисас-ул-анбиё»

Порчахо аз «Кисас-ул-анбиё»

Касос-ул-анбиё барои хар як хонанда китоби чолиб аст. Дар ин китоб киссахо аз зиндагии пайгамбарон ва наздикони эшон чамъ оварда шудаанд. Асар баробари кимати таърихи доштан саршори панду андарзхои тарбиявию ахлоки низ мебошад. Инак порчахое аз он:

Зикри рузи валодати он Хазрат саллаллоху алайха ва олихи ва саллам

qasos-ul-anbiyaОварданд, ки рузи он Хазрат саллаллоху алайха ва олихи ва салам таввалуд гашт, шаби рузи Душанбе таърихи 12 шахри рабиъулаввал буд. Ва Омина – хотун ачабхое, ки дар шаб мушохида карда буданд, бад – ин вачх накл фармудааст, ки гохе, ки ман ба дарзи зодан афтодам, танхо ба хона Будам. Нигох бонги бузурге аз осмон шунида битарсидам ва мутахайире бимондам. Баъдаху чунон дидам, ки мурге биёмад ва пари худ бар сари ман бимолид, то он тарс аз дили ман ббирафт. Пас ширини пеши ман хозир омад, бардошта бихурдам. Пас нуре дидам, ки аз ман ба осмон дар пешуд. Баъдаху занони баландболо дидам.

Ба дил гуфтам: «Магар духтарони Абдулманофанд». Ба дил хуш шуда, гуфтам: «Маро фарёд расид, ки корам сахт шудааст». Пас дидам, ки духтарони Абдулманоф нестанд, балки ачнабиан. Лекин ба наздики ман омада тамаънинат ва тасали доранд. Ман баъд донистам, ки биби Осия ва Мариям разияллоху анхумо хурон хамрох гирифта ба хукми худои таъоло ба тахниятам омаданд. Овозе шунидам, ки ин писарро аз чашми мардумон нигох дорад. Пас мардумонро дидам, ки ибрикхои самин ба даст гирифта, дар хова истодаанд ва аракхои хушбутар аз мушку анбар ба ман оварданд. Ва мургонро диданд, ки омадаанд, валекин надонистам аз кучо меоянд.

Пас андаруни хучраи ман омаданд ва минкорхои эшон аз зумуради сабз ва пархои эшон аз ёкути сурх буд. Ва чашмхои ман ба дидани чонварон рушан гашт ва Машрик ва Магриб диданд, ки амалхое ба пой карда. Як амал ба чониби Машрик ва амале ба чониби Магриб ва амале бар боми Каъба заданд, то дарди сутург бар ман муставли шуд. Нигох овозе бароварданд, ки нури Султони хилватнишин аз олами хилват ба олами сурат нузул фармуд ва офтоби саодат аз бурчи икбол тулуъ карда ва сояи чатри хумоосо бар хоксорони охируззамон андохт.

Дархол он Хазрат, алайхи-с-салом, таввалуд шуда, пешонии рушан бар замин нихода, ба сачда даромад. Ва ангуштхои дасти ростба суи осмон рост кард, чунонки кассе муночот ба тазарруъ кунад. Баъдаху гуфт: «Ло илоха иллаллох, ано Мухаммадун расулуллох». Пас абре сафед дидам, ки гирд ба гирди ман омада, кудакро аз пеши ман бирабуд. Он шаб хонаи ман чарог набуд, бо вучуди торики хона ончунон мунаввар гашт, ки ришта дар сурохии сузан тавон кард. Пас овозе шунидам, ки Мухаммад /с/-ро гирди Машрику Магриб ва дарёхо бароред то халоик уро ба ному сифат дониста бошанд. Пас абри азим аз он рушантар биомад ва бонге бар зад ки Мухаммад /с/-ро бар арвохи мукаддасаи пайгамбарон арз кунед. Ва абре дигари некуруй ба овози муноди мегуфт, ки Мухаммад /с/ хама чахонро бигирифт ва хеч халк намонд, ки ба фармони худои таъоло дар кабзи вай наомад.

Пас дар ахволи вай фуру монданд. Баъд аз он се мардро дидам, ки нури офтоб аз руи эшон метофт. Ва яке аз эшон ибрике сим ва дигаре таште заррин ва солисе аз он порчаи харисе сапед ба дастхои худхо гирифта биомаданд ва кудакро бозоварданд. Пас он харирро боз карда, яке ангуштари аз он берун оварда, аз оби ибрик Мухаммад /с/-ро бишустанд ва миёни ду китфаш аз он ангуштари мухре ниходанд ва боз дар он харир печиданд.

Пас марде аз эшон дар зери сари хеш замоне гирифт ва сухани бисёр дар гуши вай бигуфт. Ман фахм накардам, ки чи гуфт. Ва дигаре аз ин хар ду чашм бусида, гуфт: «Ё Мухаммад /с/, туро башорат бод илме, ки Худои таъоло ба хама пайгамбарон дадааст, тамоми он ба ту танхо дода, дини ту бархак гардонид». Пас шахсе аз онхо дахон бар дахонаш чунончи кабутар бачаи худро донадихад, нихода гуфт: «Ё ра-сулуллох ва ё хабибуллох, башорат маар туро, ки хар хилму бурдбори, ки хаст, Худои таъоло бар ту дод».

Баъд аз он боз писарро чанд каси дигар аз пеши ман бурданд ва манн танхо мондам ва дар гаму фикр афтодам. Хамон лахза уро боз гардониданд, руяш чун мохи тобон метофт. Пас овоз шунидам, «ки бигир ва ба тарики хуб нигох дор ва гам махур, ки онро пеши Одам алайхиссалом бурда будем. Ва Худои таъоло хофизу муъини вай аст. Пас бар руяш буса дода гуфтанд, ки башорат бод мар туро,ки хар кас ба ту имон орад, дар махш дар зери ливои ту буда, аз зумраи ту бошад.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

kitobi-texnologiya-

Китоби технологияи иттилооти барои синфи 5 (Электрони)

Китоби информатика синфи 5. Китобе, ки Шумо дар даст доред усули чихози ошхона, асбобу анчоми …