Главная / Гуногун / Порахо аз «Панчсад хадис»

Порахо аз «Панчсад хадис»

Муъмин дар дунё ростгу аст, бедордил аст, худудро риоя мекунад, сандуки илм аст, акле комили калбе солим ва хилме собит дорад, дастбозу бахшанда аст, дари хонааш барои эхсон кушода аст, лабхандаш зиёд ва андухи ботинаш хамешагист, мутафаккиру камхобу камханда ва хуштабъ аст, тамаъро миронда, хаворо кушта, ба дунё беалока ва ба охират алокаманд аст, мехмоннавозу ятимпарвар аст, кудаконро навозишу бузургонро эхтиром мекунад, соилро махрум намекунад, аёдати бемор ва ташайеъи чаноза мекунад, хукумати Куръонро мешиносад, ба Худо розу ниёз дорад,бар гунохони худ мегиряд, амр ба маъруф ва нахй аз мункар менамояд, то гурусна ва ташна нашавад, намехурад, муаддаб харакат мекунад, бо газаб /яъне чиддият /сухан мегуяд, бо рифку мадоро мавъиза мекунад, аз гайри Худо бим надорад ва ба гайри у умедвор нест, чуз ба хамду санои хак намепардозад, ба айби хештан машгул аст ва аз айби дигарон фориг, рушании чашмаш дар намозу хирфааш руза, оташаш рости ва шукр мояи баракати уст, рохбараш аклу тушааш таквост, дунё барои у дукон /маркази касб/ ва кабру сарманзил аст, сармояаш шабу руз /умр/ ва манзилу маъвояш бихишт, муоширони /хамсухбаташ/ Куръон аст, Мухаммад /с/ шафиъ ва Худои азза ва чалла аниси уст.

Пайгамбар фармуда: Хар ки ду чизро нигохдорад, Худо уро аз ду чиз хифз мекунад: хар ки забон аз обруи мардум боздорад, Худояш аз лагзиш нигох дорад ва хар ки чашмаро чилав гирад, Худо азоби худ аз у бардорад. Мухаббати дунё /хирси молу амвол ва г./ ва дустии Худо харгиз дар як дил нагунчад, алока ба мадху санои мардум чашму гушро дар кори дин кару кур мекунад. Хонахоро холи мегардонад, вой бар онхо, ки охират ба дунё фурушанд.

Али фармуда: – Ё Али, ту нисбат ба ман мисли Хоруни нисбат ба хазрати Мусо, чуз ин ки баъд аз ман пайгамбар нест, ман ба ту супориш мекунам, ки агар ба кор банди, сутуда зиндаги куни ва шахид бимири ва дар киёмат факеху олим машхур шави /бархези/. Бидон, ки муъмин се нишон дорад: рузаву намозу садака. Мунофик хам се нишона дорад: Дар гуфтор дуруг гуяд, ба ваъда вафо накунад, дар амонат хиёнат варзад ва мавъиза дар вай асар накунад.

Риёкор се аломат дорад: Дар хилват рукуъу сучуд намозро комил анчом надихад, миёни мардум Худо гуяд ва дар танхои Худоро фаромуш кунад. Ё Али, золим се аломат дорад: Бо зердастон бо кахру галаба рафтор кунад, он чи тавонад, аз моли мардум бирабояд ва аз хар кучо бихурад, бок надорад.

Хасуд се нишон дорад: ру ба ру чоплуси кунад, пушти сар бадгуй намояд, шаходати бечо дихад.

Танбал се нишона дорад: дар итоати Хак сусти кунад, дар ибодат кутохи кунад, то аз даст биравад, намозро таъхир андозад, то вакт бигузарад.

Тавбакор се аломат дорад: Аз гунох дури чуяд, дар талаби илм бикушад , бар гунохи собик /гузашта/ барнагардад, чунон ки шир ба пистон барнагардад.

Хирадманд се аломат дорад: Беэътинои ба дунё, тахаммули чабру чафо, сабр дар сахтихо.

Бурдбор се нишон дорад: Ба хар ки аз у бибуррад, пайванд кунад, ба хар ки махрумаш кунад, карам намояд, аз золим шикоят накунад.

Нишонаи ахмак се чиз аст: сусти дар вочиботи дини, масхараи бандагони Худо, пурхарфи дар гайри зикри Аллох.

Нишонаи марди лоику шоиста се чиз аст: миёнаи худро бо Худо ба воситаи амали солех ислох кунад, динашро бо илм ислом намояд, он чи барои худ меписандад, барои дигарон хам биписандад. Аломати пархезгор се чиз аст: Аз хамнишини баду рафику дуругин канора гирад, гайбати кассе накунад, кисмате аз халолро сарфи назар кунад, то дар харом науфтад.

Сангдил се аломат дорад: Бар нотавон тараххум накунад, ба андак насозад, панду андарз дар у суд нагузорад.

Сиддик /он ки гуфтору кирдораш мутобик бошад/ се нишона дорад:

пушондани садака, пинхон кардани мусибат, махфи намудани ибодат.

Фосик /бедин/ се аломат дорад: фасодангези, зиён расонидан ба мардум, инхироф аз рохи рост.

Фурумоя се нишона дорад: нофармоии Худо, иншки хамсоя, ишк ба саркашиву ёгигари.

Нишони обид се чиз аст: дар бораи Худованд бар худ хашм гирад /ки чаро вазифахои бандагиашро анчом намедихад/, дар рохи Худо душмани шахват бошад, киёми намозро тул дихад.

Марди боихлос се аломат дорад: душмани хол, душмани дунё, кинаи гунох.

Олим се нишона дорад: ростгуй, пархез аз харом, фурутани дар баробари умуми мардум.

Саховатманд се аломат дорад: авфи бо кудрат, адои закот, дуст доштани тасаддук /садака/.

Рафики нек се нишона дорад: молашро пеш аз моли ту сарф кунад, обруяшро сипари обруят карор дихад, чонашро фидои чонат кунад, илова асроратро фош накунад.

Фочир /табахкор/ се аломат дорад: савганди дуруг ёд кунад, занонро бифиребад, ба бегунохон тухмат занад.

Нишони кофир се чиз аст: дар дини Худо шак кунад, ба бандагони Хак душмани варзад, дар итоати Парвардигор гафлату мусохама кунад.

Уммати ман дар дунё се табакаанд: Аввал, онхо, ки дил ба чамъи мол ва андухтани сарват набанданд, дар макоми эхтикору захира нестанд, ба микдоре, ки гуруснагироо рафъ кунад ва авратро бипушонад, конеъанд.

Микдоре, ки зиндагиро бо он бигузаронандкифояташон кунад – инон дар амонанд, на тарс доранду на гуссае. Дуввум, онхо, ки аз поктарин васоил ва бехтарини роххо мол ба дастоварданд ва дар оилаи рахм /нафакаи падару модар ва наздикон/ ва эхсон ба муслимин ва кумак тихидастон сарф кунанд, бадани онхоро руи санг кашанд, дар назарашон осонтар аз ин аст, ки дирхаме харом ба даст оваранд. Инхо агар дар хисобашон сахтгири кунанд, азобашон кунанд ва агар авфашон кунанд, бираханд.

Саввум, онхо ки ба гирд овардани мол алокаманданд, аз харом ё халол хукуки вочибро напардозанд, ё ба тарики исроф харч кунанд, ё ба дари бухлу эхтикор нигох доранд. Дунё махори калби онхоро ба даст гирифта ва саранчом ба оташашон мекашад.

Аз он чаноб пурсиданд: бехтарин мрадум киёянд? Фармуд: Онхо, ки агар кори нек кунанд, шод шаванд ва агар бад кунанд, пушаймон шаванду талаби омурзиш намоянд: хангоми неъмат шокиранд /шукргузор/, гохи бало собир /бо сабр/ ва чун хашм гиранд, гузашт кунанд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …