Главная / Гуногун / Пора (Пул – Сум)

Пора (Пул – Сум)

Дар натичаи чанги шахрванди ва муборизаи шадиду хунин, дар байни махалхо хун афтод ва таркиши бузургеро ба вучуд овард, ки сабабгори беэътимоди ва нобоварии нухбагони тарафхо ва дар натича шиддати бесобика пайдо кардани марази махалгарои шуд. Адами вахдати милли хатарноктарин омили якпорчагии кишвар шинохта шудааст, ки тачрибаи талхи мо онро бори дигар исбот кард.

Набуди шоистасолори ва расидани нафарони тасодуфи ба маком дар асари зудуда гаштани фарки харому халол фасодро дар кишвар ниходина кард, ки низ монеаи бузурге дар рохи рушди кишвар шуд. Хардуи ин падида – махалгарои ва фасод дар якчояги, чомеаро ба табакахои дорову нодор, баргузидаву нобаргузида таксим карданд. Коршиносон ба як овоз нобаро- рии ичтимоиро сабаби асосии таркиши ичтимои донистаанд.

Пора

Хамин тавр, агар сабабхои умдаи пошхурии Иттиходи шура- ви заъфи мудирияту густариши фасод ва агар сабаби сар задани чанги шахрванди дар Точикистон табартаксим ва аворизи он мисли махалгарои бошад, хамаи ин омилхо имруз дар кишвари ман ба таври барчастатаре хузур доранд. Ман ду ёддошти хурд дар таквияти ин гуфтахо меорам.

Замони пошхурии Хукумати шурави анборхои пахта пур аз ин махсулоти пуркимату серхаридор буданд. Хариду фуруш ва сохибкории хусуси ичозат шуда бошад хам, хануз дар сохаи тичорат конуну коидаи мушаххас кабул нашуда буд. Аз ин са- баб, чанд соли аввал кисми зиёди пахтаи Точикистонро ба таври кочок обу лой карданд. Корчаллонхо аз фурсат истифода бурда, дар хамкори бо дастандаркорони соха, ба истилохи онруза, «ки- про чип» мекарданд. Мардум мегуфтанд, ки хар касе, ки кип (тойи пахта) фурушад, чип савор мешавад. Вокеан, кочокчиён аз бесарусомони истифода карда, пахтаро обулой ва пулашро барои зиндагии мучаллали худашон сарф карданд. Табиист, ки онхо бочу ришвахои хангуфт ба масъулон мепардохтанд. Дар назари одамон тичорати пахта як кори пурфасод ва кочоки шуда монда буд. Масъулони дахлдор зехнияте доштанд, ки хар касе, ки пахтаро содир мекунад, бояд ба онхо пора дихад.

Соли дувуми ба тичорати пахта машгул шудани мо буд. Хукумат бо коидахо содироти пахтаро торафт танзим мекард. Пеш аз содир шудани пахта аз каламрави чумхури бояд пули он ба бонк ворид мешуд, андоз аз фуруш супорида мешуд, куми- таи стандарт навъи пахтаро муайян мекард ва биржаи пахта хулосаи худро дар хусуси аз чихати иктисоди кобили кабул будани муомила медод. Ин система вокеан дуруст тархрези шуда буд ва дар холи дуруст кор кардан пеши рохи кочоки пахтаро мегирифт.

Хар кадоми ин ниходхо тасдикномаи худро медоданд ва гум- рук факат дар асоси онхо берун рафтани пахта аз каламравро ичозат медод. Ин танзимот хеле зарур буд, зеро дар замони бесарусомонии баъди пошхурии кишвар баамаломада, теъдоди зиёди пахтаи хочагихо бе пешпардохт содир ва бе ному нишон шуда, хочагихо зиёни зиёд дида буданд.

Мохи сентябр буд ва чидани пахта маблаггузории зиёди накд ва харруза талаб мекард. Карордодхои бонку ширкатхои хоричи бо ширкатхои содиркунандаи махалли моро ухдадор мекарданд, ки аз мохи сентябр мувофики накша пахта бор карда фиристем. Мо – хамаи ширкатхо ба микдори пешбинишуда, пахтаро барои содирот омода карда, аснодашро ба ин ниходхо супоридем. Тасдикномахои дигар омода шуда бошанд хам, Кумитаи андоз корро кашол медод. То ин дам хеч гох чунин кашолкорие нашуда буд. Хама асаби буданд. Бор кардани пахта акиб, ки меафтод, бонки хоричи маблаггузориро низ кашол медод. Хар хафта дар чаласахои сарвазир кор то садои баланду тахдид мерасид. Зеро камбуди пули чинак ба ичро нашудани накшаи чамъоварии пахта оварда расонданаш мумкин буд.

Он замон пахтачини маъракаи умумичумхурияви буда, ха- нуз хам мисли замони шурави накшабанди мешуд ва хукумат бар ичрои он назорати шадид мебурд. Ичрои накша ба таври густарда аз тарики васоити ахбори омма расонаи мешуд. Бри- гадахо, колхозхо, нохияхо бо хам сабкат мекарданд ва ба голибон тухфахо дода мешуданд.

Мо сарони ширкатхои содиркунанда тасмим гирифтем, ки бо раиси Бонки милли вохурда, масъаларо матрах кунем, то ин ки у ба раиси Кумитаи андоз занг занад. Дар чаласа раис бо телефон раиси Кумитаи андозро пайдо накарда, дастур дод, ки ду нафар сарони ширкат рафта, бо раёсати Кумитаи андоз масъаларо барраси карда, сабаби таъхири додани тасдикномаро муайян карда оянд. Карор кардем, ки бегохии хамон руз чаласаи дигар баргузор карда, ин масъаларо хал кунем.

Дар чаласаи бегохи яке аз он нафароне, ки рафта бо раиси навтаъини Кумитаи андоз вохурда буданд, ба раиси Бонки мил- ли иттилоъ дод, ки раиси Кумитаи андоз талаб кардааст, ки барои хар тоннаи пахтаи содиршаванда шахсан ба у маблаги 50 доллар пардохта шавад.

Хомушии ногуворе хукмфармо шуд. Хама интизори воку- ниши раиси Бонки милли будем. Ман интизор доштам, ки раис телефонро мегираду занг зада, котеъона бархурд мекунад, то ки пеши рохи ин фасоди руирост гирифта шавад. Вокеан, ин худсарии гушношуниде буд.

Раис хомуш каламро бардошта, ба гушаш халид, тоб дода гушашро хорид ва бо садои нарму ором гуфт:

  • Майлаш, як чизе додан лозим мешавад.

Ба зуди дар пайрави аз ин равиш, ниходхои дигари дахлдор низ бочхои гайриконунии худро мукаррар карданд ва шир- катхои содиркунанда мачбур шуданд, ки ба фасод гута зананд.

Мувофики конун ширкатхои тичориро соле як бор тафтиши моли мегузаронданд. Бозрас аз Кумитаи андоз чанд руз боз ба тафтиши ширкати мо машгул буд. Чанд камбудии хурду резе ошкор карда буд, ки ба супоридани андоз ё пардохтхои дигари давлати рабте надошт. Комрон, ки мутасаддии ташкили таф- тиш аз суи ширкат буд, ба ман дар бораи он камбудихо гуфт. Ман назарамро баён кардам, ки аз сари вакт ошкор шудани камбудихо мо бояд хурсанд шавем ва аз бозрас хам сипосгузор бошем, зеро ин камбудихоро рафъ мекунем ва дар оянда онхоро такрор намекунем. Вале Комрон конеъ наменамуд.

  • Мушкили дигаре хам хаст? – пурсидам ман. Комрон за- бонхои мекард.
  • У пул мехохад, – гуфт чашмонашро гурезонда.
  • Яъне чарима бастан мехохад? – дакик кардани шудам. Комрон бо аломати инкор сар чунбонд.
  • Чанд? – тори асабхоям таранг мешуд.
  • Дах хазор.
  • Дах хазор доллар? – Комрон бо ишораи сар тасдик кард. Хис кардам, ки киёфаам гарм мешавад, хун ба сарам зад.
  • Барои чи? Аз молиёте, ки мо месупорем, у маош мегирад, баръакс у бояд ба мо ёри кунад, ки хатохоямон рафъ шаванд! – хитоб кардам ман. Комрон хомуш сар ба зер афканда меистод.
  • Рафта гуй, агар камбудихои ошкоркардааш хар кадр ча- рима мешуда бошад, хамонро расми месупорем, – гуфтам ман.
  • Ман ду руз боз бо у бахс мекунам, бефоида. Аввал у се баробар зиёд мепурсид, – чавоб дод Комрон.
  • Ман худам бо у гап мезанам, – гуфтам ман.

Дар вакти таъиншуда ба утоки кории у рафтам. Пурсидам, ки дар кадом асос у мехохад аз мо пул ситонад?

  • Хама медихад, ту хам медихи! – ва аз кихо чи кадар си- тонданашро гуфта дод. Ин хамаро каблан ба Комрон хам гуфта буд. Ман гуфтам, ки ба дигарон кор надорам, вале мо хамаи андозу пардохтхоро саривакт супоридаем ва гунохе надорем, ки бо ришваву пора бипушем.
  • Туро ки гуфтааст, ки хамаи андозхоро супори? – маро дар хайрат гузошт у.
  • Магар насупоридан мешавад?
  • Намесупориди, ман хозир санад тартиб дода, хамаашро дуруст нишон медодам, хам ту фоида мекарди, хам ман! – акл ёд дод у ба ман.

Оромона фахмондам, ки ин талабаш чиноят аст.

  • Ба кучое хохи, арз кун, шумо хафтод сол хурдед бас! Акнун навбати мо! – гуфта дуг зад.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …