Главная / Илм / Пойи зог дар Канзи Шифо (Китоб)

Пойи зог дар Канзи Шифо (Китоб)

Пойи зог —  ин гиёхро дар баъзе махалхо панчаи зогам хам меноманд. Тухмашро ба забони араби отрилол мегуянд ва дар тиб махз тухми он ба кор меравад. Ин гиёх дар хамаи кухистон ва минтакахои доманакухи меруяд. Растаниаш каме ба шибит монанд, гулаш сафед, баргаш пошхурдаи пароканда, пояаш чорпахлу, дар охири фасли бахор мерасад. Тухмаш бисёр реза, рангаш тираи моил  ба кабуди, дарозак, хеле талх ва тунд, забонро мегазад ва сахт аст.

Мизочаш дар дарачаи севум гарм ва хушк аст.

 Хислатхои шифобахши он: тухми инро бихуранд, бодхои дарунро тахлил медихад ва нест мекунад, баданро аз моддахои бегона пок месозад, ахлоти нодаркорро ба воситаи пешоб дафъ мекунад, гиреххои дохили баданро мекушояд, гурда ва хичакро аз олоишхо пок ва тоза мегардонад.

Инро бо шиша якчо сухта, бо асал якчо карда бихуранд, сангхои гурда ва хичакро майда карда мерезонад.  3,5 грамм аз тухми он боа сал бихуранд, бодхои иловусро, ки рудаи борики болоиро ба дард меоваранд ва варам мекунонанд, ба гояти хуби тахлил медихад.

    Агар тухми инро куфта гузошта банданд, решхоро хушк ва догхои пустро нест мекунад. Онро дар найча андохта, ба даруни бинии занхои хомила пуф кунанд, бачаи онхоро аз шикам меафтонад.

        Чун 3,5 грамми онро нокуфта, дар айёми гармои тобистон бо окиркирхо, турбуд ва занчабил – аз хар яке ним грамм куфта дохил намуда, бо асал сиришта, баъди баданро аз балгам танкия кардан бихуранд ва дар офтоб нишаста, мавзеъи доги песро ба офтоб бидоранд, то он ки арак кунад; ва агар ташнаги голиб ояд, об бинушад, дар рузи аввал нихоят рузи севум чойи доги пес обила мекунад ва баъд аз дафъ гаштани зардоб аз он чо, пес батамам сихат меёбад. Дар ин бобоат табиби хозики машхур Ибни Байтор ва муаллифи китоби «Ихтиёроти бадеи» навиштанд, ки батакрор имтихон карда шуда, ин сирри ачиб аст, аммо шарташ хамин, ки аввал бо давохои покунандаи бадан танкия кардан даркор аст. Инчунин гуфтанд, ки хар руз факат аз тухми он 10,5 грамм бо асал то 15 руз пай дар хам бихуранд ё аз мураккаби он ва ё худи онро бо окиркирхо муддати понздах руз истеъмол намоянд, хатман доги песро дафъ мекунад. Агар доги пес дар чохои гуштдори бадан бошад, аз инхам зудтар сихат меёбад.

Баъзе табибони корозмуда гуфтаанд, ки худи тухмашро танхо истеъмол кунанд хам кифоя мебошад, ки доги пес нест гардад ва баъзеи дигархо тасдик мекунанд, ки агар якуним микдор аз тухми пойи зог; аз пусти мор, барги судоб аз хар як микдор хамаро куфта, бехта то панч руз хар руз 10,5 грамми онро бо шароби ангури биёшоманду дар офтоб нишинанд, аз ин иллат начот меёбанд.

Микдори як бор хурдан аз тухми ин гиёх дар як руз аз 3,5 то 10,5 грамм аст, бояд ки бо асал ё бо шароб бихуранд.

Агар инро аз хад бисёр ё давомнок бихуранд, ба чигар зарар мекунад дар ин холат сиканчабин биёшоманд, зиёни онро  ислох мебахшад ва агар ба гурда офат расонад, катиро бояд бихуранд.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

planet

ЗАМИН – САЙЁРАИ СИСТЕМАМ ОФТОБИ

Сабабхои тагйирёбии фаслхои сол. Аз курси табиатшиноси мо медонем, ки Офтоб ин маркази системаи офтобии мо …