Главная / Гуногун / Подшохе ва гулом

Подшохе ва гулом

Подшохе бо гуломе ачами дар кишти нишаст ва гулом дигар бора киштиву дарё надида буд ва рохати кишти наёзмуда. Гиряву зори дарниход ва ларза дар андомаш уфтод. Чандон ки мулотифат карданд, ором намегирифт ва айши малик аз у мунагас буд.

shoh

Чора надонистанд. Хакиме дар он кишти буд, маликро гуфт:
– Агар фармон дихи, ман уро ба тарике хомуш гардонам?

Гуфт:
– гояти лутфу карам бошад.
Бифармуд, то гуломро ба дарё андохтанд. Боре чанд гута хурд. Муяш гирифтанд ва пеши кишти оварданд ва ба ду даст дар суккони кишти овехт. Чун баромад, ба гушае биншаст ва ором ёфт.
Малик ачаб омад, хакимро пурсид:
– Дар ин чи хикмат буд?

Гуфт:
– Аз аввал мехнати гарча шудан ночашида буд, ва кадри саломати кишти намедонист. Хамчунин кадри офият касе надонад, ки ба мусибате гирифтор ояд.

Эй сер, туро нони чавин хуш нанамояд,
Маъшуки ман аст, он ки ба наздики ту зишт аст.
Хурони бихиштро дузах бувад аъроф,
Аз дузахиён пурс, ки аъроф бихишт аст.

***
Фарк аст миёни он, ки ёраш дар бар,
То он ки ду чашми интизораш ба дар.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

obama

Агар яке аз номзадхо бохтро эътироф накунад, чи мешавад?

ИМА рузи 3 ноябр тасмим мегирад, ки Доналд Трамп дар Кохи Сафед бимонад. Номзад ба …