Главная / Маданият ва санъат / Пояи шоирии Сайидои Насафи

Пояи шоирии Сайидои Насафи

Аз руи казовати Мухаммад Бадеъ Малехои Самарканди: «…Хар касс шеъри уро медонаду хар шахс бошад бехтар медонанд ва бештар мехонанд». Ин фармуда махбубият ва шухрати шеъри Сайидо ва хунари эчоди уро дар бар гирифтааст. Дар хакикат макому мартабаи Сайидо дар эчоди газалу мухаммас ва ашъори ихтисосдодаи у ба хунармандию хунармандон, инчунин осори тамсили-мунозирави басо сазовори тахсин аст. Албатта, шоир вобаста ба макоми адабии худ кадршиноси нашуда бошад хам, чомеъа ё худ оммаи мардум эчодиёти Сайидоро аз бар карда, ба хунари шоир ва санъати назми у таваччухи хос доштаанд. Мухим он аст, ки ин пахлуи масъаларо худи шоир хамдарк кардааст. Хатто борхо дар ашъораш ба ин чихат ишорахо кардааст:

Маро кай метавонад аз забонхо чамъ кард акнун,

Ман он рози нихон будам, ки берун аз дахон рафтам.

Хадаф дар байти боло бакои исми эчодкор, пойдории эчоди бадеъ, кадршиносии адабиёт ва хунари сухансанчи мебошад. Ё худ максади Сайидо ба чуз аз шеъру сухангустари чизи дигаре дар ин олам набудааст ва у пайваста дар андешаи эчоди бадеъ-шеър будааст:

Чуз фикри шеър пешаи мо нест, Сайидо,

Моро ба дахр мансаби дигар надодаанд.

Яке аз хидматхои назарраси Сайидо дар таърихи адабиёт он аст, ки у адабиётро, хоса шеърро ба зиндаги, ба хаёт, ба рузгори мардум, ба халк, ба табакахои ичтимоии захматии хаёт наздик кард ва инро дар ин ва ё он мархилаи эчоди не, балки тамоми умри хешро махз ба хамин масъала бахшида, ба чуз он фикри дигаре накардааст.

Хизмати шоир оид ба пазироии суннат ва дар хамин замина ба даст овардани тозакорихои адаби басо сазовори тахсин аст.

Сайидо дар рушди жанрхо, тахаввули анвои адаби, такозои тематики, чузъиёти бадеии лирики, хунари эчоду махорати таълиф, коргири аз санъатхои шеъриву воситахои тасвир ва гайра низ раху равиши хоси худро дорад.

Сахри сухани хунарии у хануз дар замони худи шоир, дар сар то сари Шарк шухрати пайдо карда будааст:

Ба мулки Исфахону Хинд мехонанд ашъорам,

Зи Туркистонаму харгиз надорам эътибор ин чо.

Сахми Сайидо дар гани гардонидани таркибу фонди лугавии забони точики низ басо бузург аст.

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …