Главная / Илм / Писта

Писта

pista-660x330Писта  — Ин дарахт дар кухсор, сахрохои пуштазамин ва гайра месабзад. Аз ин як сол самари писта ва як сол бузгунч ба хам мерасад. Мизочи магзи писта дар дарачаи дувум гарм ва хушк аст, вале баъзехо тар донистаанд — ин сахехтар аст.

Хислатхои шифобахши он: магзи самарашро бихуранд, зехнро тез мегардонад, холати майнаро сара нигох медорад; сурфа, дилтапак (дилбози), кай, бехузур (бечо) шудани дил, дарди рудахо ва сардии чигарро дафъ мекунад; гиреххои чигар, мачрохои гизо ва захраро мекушояд, чигаррро аз моддахои бегона пок месозад ва дарди ин узвро, ки аз тари бошад, ба ибро меоварад. Писта хамчун гизо камкувват аст, вале агар инро бардавом бихуранд, баданро фарбех мекунад, меъда ва сари онро кувват мебахшад; хусусан бо пусти беруни он якчо бихуранд, логарии гурда ва зардпарвинро дафъ мекунад, иллатхои сипурзро бартараф менамояд ва барои газидани чонварони захрнок тарёк мебошад. Пистаро бо шакар бихуранд, таъсири хавои вабоиро ислох мекунад.

Мизочи пусти сабзи беруни он сард ва хушк аст. Агар онро бихоянд, милк ва дандонро мустахкам мегардонад, даханро хушбуй мекунад, чушиши (пухтани) даханро шифо мебахшад.

Пусти сабзи беруни онро куфта бихуранд, дил ва меъдаро багоят кувват мебахшад, пашмакхои меъдаро кави мегардонад; кай, оруг; исхол ва ташнагиро дафъ мекунад; агар бо шароб бихуранд, захри каждум ва дигар чонваронро дафъ месозад. Пучоки сафеди сахти онро дар об чушонида, дар он об то ноф даромада нишинанд, макъади (кутани) баромадаро ба чояш мебарад.

pistadaraxt-768x576

Пусти дарахт ва барги онро дар об чушонида, он обро кам-кам ва бардавом бирезанд, назлахоро банд менамояд, дарди макъад ва бачадонро шифо мебахшад, кутур ва хоришро ба ибро меоварад, шапушро хам нест мегардонад. Агар бо хамин об бо мудовамат муйро бишуянд, васвос, моддаи савдови ва инчунин захмро аз бадан дафъ мекунад.

Магзи пистаро бисёр бихуранд, ба меъда зарар дорад. Равганаш ё магзашро бардавом бихуранд, низ ба узвхои поёни бадан зарар дорад — давои ин зарархояш зардолу хурдан аст.

Ба чойи писта магзи бодоми ширин ва ним баробари вазни он магзи чормагзро бихуранд, раво мебошад. Агар пистаро бисёр бихуранд, иллати шароро (аллергияро) пайдо мекунад. Дар ин холат сирко, анори турш ва зардолуи хушк бихуранд, зиёнаш ислох меёбад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …