Главная / Гуногун / Писари шох дар шогирдии муаллим

Писари шох дар шогирдии муаллим

Подшохе писареро ба адибе доду гуфт:
– Ин фарзанди туст, тарбияташ хамчунон кун, ки яке аз фарзандони хеш. Адиб хидмат кард ва мутакаббил шуд ва соле чанд бар у сайъ карду ба чое нарасид ва писарони адиб дар фазлу балогат мунтахи шуданд. Малик донишмандро муохазат карду муотабат, ки ваъда хилоф карди ва ваъда ба чо наоварди!
Гуфт:
– Бар раъи худованди руи замин пушида намонад, ки тарбият яксон асту табоеъ мухолиф.

Гарчи симу зар зи санг ояд хаме,
Дар хама санге набошад зарру сим.
Бар хама олам хаметобад Сухайл,
Чое анбон мекунад, чое адим.

– Эй писар, чандон ки таалуки хотири одамизод ба рууист, агар ба рузидех буди, ба маком аз малоика даргузашти!

Фаромушат накард эзад дар он хол,
Ки буди нутфае матфуну мадхуш.
Равонат доду табъу аклу идрок,
Чамолу нутку рою фикрату хуш.
Дах ангуштат мураттаб кард бар каф,
Ду бозуят мураккаб сохт бар душ.
Кунун пиндори, эй ночиз химмат,
Ки хохад карданат рузе фаромуш.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …