Главная / Чамъият / Пешниход намудани хисоботи андоз

Пешниход намудани хисоботи андоз

Моддаи 53-и Кодекси Андоз. Пешниход намудани хисоботи андоз

  1. Хисоботи андоз аз чониби андозсупоранда ба макомоти андоз дар мухлатхои мукаррарнамудаи Кодекси мазкур пешниход карда мешавад.
  2. Хисоботи андоз ба макомоти андози махалли бахисобгирии андозсупоранда пешниход карда мешавад. Хисоботи андоз аз руи намудхои алохидаи андозхо низ дар холатхои пешбининамудаи Кодекси мазкур аз чониби андозсупоранда дар махалли бахисобгирии объектхои андозбанди пешниход карда мешавад.
  3. Шахсони вокеие, ки сохибкори инфироди намебошанд, эъломияи андозро ба макомоти андози махалли истикоматашон пешниход менамоянд.
  4. Хисоботи андоз ба макомоти андоз пешниходшуда хисобида намешавад, агар дар он раками мушаххаси андозсупоранда, давраи андоз, намуд ва маблаги андоз, ва (ё) санаи пешниходи хисоботи андоз нишон дода нашуда бошанд ё нодуруст нишон дода шуда бошанд.
  5. Ворид намудани тагйиру иловахо ба хисоботи андоз дар доираи мухлати даъво бо рохи пешниходи хисоботи иловаги барои давраи андозе, ки ин тагйиру иловахо ба он тааллук доранд, ичозат дода мешавад.
  6. Хангоми пешниход намудани хисоботи андоз бо тагйиру иловахо ба макомоти андоз то лахзае, ки андозсупоранда дар бораи таъин намудани санчиши хуччатии андоз огох шуд ё бояд огох мешуд, андозсупоранда аз чавобгарии бо конунгузори мукарраргардида барои хукуквайронкунии содиркардааш озод карда мешавад. Зимнан фоизхо барои дар вакташ напардохтани андозхо тибки тартиби мукарраршуда хисоб ва пардохт карда мешавад.
  7. Барои андозсупорандагони алохидае, ки назорати фаъолияти онхо аз чониби нозироти андози андозсупорандагони калон амали карда мешавад, дар холатхои зарури мухлатхои пешниходи эъломияхо ва пардохти андозхо метавонанд аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда шаванд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …