Главная / Чамъият / Пешниход дар бораи бартараф кардани сабаб ва шароитхое, ки ба содир шудани хукуквайронкунии маъмури мусоидат намудаанд

Пешниход дар бораи бартараф кардани сабаб ва шароитхое, ки ба содир шудани хукуквайронкунии маъмури мусоидат намудаанд

Моддаи 145-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Пешниход дар бораи бартараф кардани сабаб ва шароитхое, ки ба содир шудани хукуквайронкунии маъмури мусоидат намудаанд 

  1. Судя, макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор), ки парвандаи хукуквайронкунии маъмуриро барраси кардаанд, хангоми мукаррар кардани сабаб ва шароитхое, ки ба содир шудани хукуквайронкунии маъмури мусоидат намудаанд, ба ташкилотхои дахлдор ва шахсони мансабдори ваколатдор барои бартараф кардани сабаб ва шароитхои ба содиршавии хукуквайронкунии маъмури мусоидаткунанда пешниход ирсол менамоянд.
  2. Ташкилотхо ва шахсони мансабдори ваколатдор ухдадоранд, ки пешниходро барраси намуда, дар бораи бартараф кардани сабабу шароитхои ба содиршавии хукуквайронкунии маъмури мусоидаткунанда дар мухлати як мохи баъди гирифтани пешниход доир ба чорахои андешидашуда ба судя, макоми ваколатдори давлати (шахси мансабдор) чавоб ирсол намоянд.
  3. Агар хангоми баррасии судии парвандаи хукуквайронкунии маъмури мукаррар карда шавад, ки зимни барасмиятдарори, тафтишоти маъмури ва баррасии он мукаррароти хамин Кодекс ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон риоя нашудаанд, судя хукук дорад нисбат ба онхое, ки ба камбуди рох додаанд, таъиноти хусуси ирсол намояд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …