Главная / Илм / Печак

Печак

pechakПечак ин гиёхест, ки хар чи наздикаш бошад, ба он мепечад. Намудаш гуногун: сафед, сурх, зард ва бунафш аст. Тухмаш дар гилофе сиёхи моил ба сурхи ва кисме аз он бесамар мебошад. Биёраи хамаи навъхои печак ширдор аст. Бехтарини печакхо кисми майдаи он аст. Ба забони русси печакро «Вьюнок» меноманд.

Мизочи навъи калони он мураккаб-ул-кувват, Чолинус дар дарачаи дувум сард ва хушк гуфтааст, вале табиб Юхано бинни Мосавия гарм донистааст.

Хислатхои шифобахши Печак: инро бихуранд, гиреххои баданро мекушояд, дарунро мулоим мекунад, исхол меоварад. Агар инро дар об бичушонанд, куввати гирехкушояш зиёда, вале дар овардани исхол заиф мегардад, бинобар он ки рутубатхояш дар вакти чушидан тахлил меёбанд. Аммо оби фишурдаи он акси ин хосиятро дорад.

Оби гиёхи тару тозаи онро бо решаи савсани кухи, натрун (танакори армани) ва асал даромехта, дар бини бирезанд, дарди сари кухнаро шифо мебахшад.

Усораи он, яъне оби гиёхи тару тозаи онро дар офтоб гафс гардонида, бо равгани зайтун даромехта чаконанд ва ё пахтаро ба он олонда дар гуш гузоранд, дарди гушро таскин медихад ва даруни онро аз чирк пок мегардонад.

Барги печаки калони навъи сафеди онро биёшоманд, дарди сар, беморихои узвхои даруни сина ва шушро шифо мебахшад, инчунин гирехи чигарро мекушояд. Агар обашро бинушанд, сурфаеро, ки аз баста шудани дарун мегирифта бошад ва кулинчи аз моддаи гарм баамаломадаро дафъ мекунад, сафрои сухтаро ба воситаи исхол аз бадан меронад.

10,5 грамм гулашро куфта бихуранд, захми рудахоро шифо мебахшад. Барги тарашро бо сирко пухта гузошта банданд, дарди сипурзро дафъ мекунад.

Гули кисми печаки бесамарро бихуранд ё куфтаи онро занхо аз таг бардоранд, хайзро равон мегардонад. Агар инро сухта, занхо баъд аз пок шудан аз хайз дудашро ба поёни шикам ва миёни пойхои худ бигиранд, хомила шуданро манъ мекунад.

Баргашро куфта, бо асал сиришта, занхо аз таг бардоранд, хайзи бандшударо равон мекунад. Бо оби баргаш занхо андоми шарм ва даруни онро бишуянд, бадбуйии даруни бачадонро дафъ мекунад.

Оби барги тари печаки сафеди калонро бимоланд, варамхои гарми бугумхоро тахлил медихад, пучак ва чиртакхоро мекафонад.

pechak-2-231x300Барги тари онро дар равган пухта гузошта банданд, варамхоро тахлил ва дардхоро таскин медихад, мондагиро дафъ месозад, вале нопухтаи онро куфта гузошта банданд, чарохатхои калон ва сухтагии оташро шифо мебахшад.

Усораи он, яъне оби онро, ки дар офтоб гафс гардонида бошанд, бо мумравган сиришта гузошта банданд, низ сухтагии оташро сихат мекунад.

Кисми сиёхи он, яъне печаки гулаш бунафшро куфта гузошта банданд, захмхои хабисаро (злокачественные язвы) шифо мебахшад. Барги кисми бесамари онро пухта гузошта банданд, чарохатхои бадфиол ва раддиро ба хам оварда сихат мебахшад ва сухтагии оташро ба ибро меоварад.

Усораи печаки сиёхро ба муй бимоланд, онро сиёх мекунад. Кисми печаки бесамарро куфта, бо шароб сиришта гузошта банданд, газидани гундаро даво мешавад.

Мизочи кисми печаки калон, ки баргаш моил ба сиёхи, дароз ва шахшул мебошад, хунук ва хушк аст. Хаслатхои шифобахши он: агар инро бихуранд, дарди узвхои даруни сина, сурфа, беморихои сипурз, кулинч ва табхои кухнаро шифо мебахшад.

75 грамм оби гиёхи тари онро бо 35 грамм гулисурх бихуранд, хунравиро аз хар як узве, ки бошад, катъ мекунад. Гиёхи тари онро куфта гузошта банданд, чарохатхоро ба хам оварда сихат мебахшад, вале агар хушкашро куфта гузошта банданд, захмхоро хушк ва захмхои хабисаро дафъ мекунад.

Хамаи навъхои печак хангоми хурдан ба асаб, сар ва хичак зарар дорад. Давои ин намуди зарари он набот хурдан аст. Инчунин хомила шудани занонро хам манъ мекунад, хайзро низ катъ месозад. Микдори як бор нушидан аз оби он дар як руз аз 25 то 100 грамм аст, ба шарте ки онро начушонида, бо набот биёшоманд.

Мизочи печакхои майда кариб монанди печаки калон аст, яъне мураккаб-ул-кувват мебошад. Хислатхои шифобахши печак. Хосиятхои умумии ин: варамхоро тахлил медихад, моддахои гафсро дар бадан ракик (суюк) мегардонад, инчунин бинобар часпанда будани таркибаш моддахои сафровиро бо исхол аз бадан дафъ мекунад. Ин навъи печак назар ба хамаи кисмхои дигараш солимтар ва форамтар аст. Агар инро бихуранд, хамаи навъхои сурфаро, ки бо хушкии дарун бошанд, дафъ мекунад ва инчунин кулинчро, ки сабабаш моддахои гарм бошад, шифо мебахшад.

Агар инро куфта гузошта банданд, варамхои пайвандхои бадан ва гайраро тахлил медихад. Микдори як бор нушидан аз оби ин гиёх дар як руз 150 грамм бо 70 грамм набот бояд бошад. Ба чойи ин оби барги гулихайри ва оби тугмачагулро бинушанд, раво мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …