Главная / Чамъият / Партовхои истехсоли ва истеъмоли

Партовхои истехсоли ва истеъмоли

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи партовхои истехсоли ва истеъмоли

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 2002, №4, к-1, мод. 287; соли 2005, №7, мод. 409; с.2011, №6, мод. 447;)

Конуни мазкур муносибатхоеро, ки дар рафти хосилшави, чамъовари, нигохдори, истифодабари, кашондан, безараргардони ва гуронидан, инчунин дар идоракуни ва назорати давлати дар сохаи муомилот бо партовхо ба миён меоянд, танзим менамояд ва ба пешгирии таъсири манфии партовхои истехсоли ва истеъмоли ба мухити атроф, саломатии инсон хангоми муомилот бо партовхо ва истифода бурдани онхо барои эхтиёчоти хочагию истехсоли ба сифати манбаи иловагии ашёи хом мусоидат менамояд.

partov

Боби 1. КОИДАХОИ УМУМИ 

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифодамешаванд:

– партовхо – моддахои гуногун, масолех ва чисмхое, ки дар рафти хаёт ва фаъолияти инсон ба вучуд омада, дар чои пайдо ё зохиршудаашон кобили истифода бурдан нестанд ва моликашон онхоро нобуд карданианд ё худ хатман бо рохи истифодабари ё бархамдихи аз онхо халос шуданиянд;

– партовхои истеъмоли махсулот, масолех, моддахое, ки дар натичаи истеъмолкуни хусусиятхои истеъмолии худро пурра ё кисман гум кардаанд;

– ашёи хоми дуюмдарача партовхои истехсоли ва истеъмолие, ки барои истифодаи дубора чамъ (мухайё) ва тайёр карда шудаанд;

– партовхои рузгор партовхои истеъмолие, ки дар махалхои ахолинишин дар натичаи фаъолияти хаётии ахоли пайдо шудаанд;

– партовхои хатарнок партовхое, ки дар таркиби худ моддахои дорои хусусиятхои хатаровар (ба монанди захрноки, сирояткунанда, таркиши, хатари сухтори, кобилияти баланди реаксиониро) доранд ва дар микдору шаклхое мавчуданд, ки хар кадоми он чи мустакилона ва чи дар тамос бо моддахои дигар барои саломатии инсон ва мухити атроф хатари бевосита ё имконпазир доранд;

– муомилот бо партовхо тамоми шаклхои фаъолият, ки ба хосилшави чамъовари, нигохдори, кашондан, истифодабари, безараргардони, гуронидани партовхо вобаста аст; (КЧТ аз 28.06.11с.,№736)

– макомоти ваколатдор дар сохаи муомилот бо партовхо макомоти махсусе, ки аз чониби Хукумати Чмхурии Точикистон дар сохаи муомилот бо парговхо ваколатдор гашгааст;

– нигохдории партовхо нигох доштани партовхо дар захирагоххои махсус тачхизонидашуда то лахзаи аз он чо барои гуронидан, безарар гардондан ё ба истифода баровардани онхо;

– гуронидани партовхо – чудогузории партовхо, ки дар мухити атроф пахн гаштани моддахои ифлоскунандаро пешгири намуда, ба истифодаи минбаъдаи ин партовхо рох намедихад;

– истифодаи партовхо истифодаи партовхо барои истехсоли махсулот ва ичрои корхо (хизматрасони) ё хосил намудани неру (энергия);

– безараргардонии партовхо коркард (аз чумла сузондан)-и партовхо дар дастгоххои махсус, ки таъсири хатарнокии онхоро ба мухити атроф ва инсон кам мекунад;

– технологияи кампартов чараёни истехсоли махсулот, ки дар рафти он хангоми истехсоли як вохиди махсулот назар ба истифодаи усулхои мавчудаи анъанавии истехсолии хамин махсулот микдори ками партов хосил мешавад;

– меьёрхои муомилот бо партовхо махдудияти микдори ва сифати вобаста ба хосилшави, чамъкуни, нигохдори, истифодабари, кашондан ва гуронидани партовхо бо назардошти таъсири онхо ба мухити атроф;

– меъёри чойгиркунонии партовхо микдори интихоии партовхо, ки чойгир карданаш бо назардошти вазъи экологии минтака дар мухлати мукарраршуда ба шахсони вокеи ва хукуки ичозат дода шудааст;

– мавзеи чойгиркунонии партовхо машкгоххо, партовгохои ичозатшуда, анборхои махсус, хоктудахои чинсхои кухи ва дигар мавзеъхои тачхизонидашудаи махсус барои нигохдори ва гуронидани партовхо;

– аз сархадгузарони хар гуна чойивазкуни (бо наклиёт гузарондан)-и партовхо аз махалле, ки дар худуди давлати дигар мебошад;

– шиносномаи партовхои хатарнок хуччате, ки аз хусусияти сифати ва микдории партовхо бо нишондоди шаклу дарачаи хатарнокии онхо шаходат медихад;

– мониторинги мавзеи гуркуни назорати дарозмухлат ба холати мавзеи гуркунии партовхо, ифлосшавии мухити атроф дар худуди чунин мавзеъхо ва мухити зист дар натачаи ходисахои табиии дар он баамалоянда, инчунин баходихи ва пешгуии ифлосшавии мухити зист аз холатхои вокеии чунин мавзеъхо.

партовхои бесохиб– партовхое, ки сохиб надоранд ё ин ки сохиби онхо номаълум аст;

коркарди партовхо– фаъолияте, ки ба истифодаи партовхо ба сифати захирахои дуюмдарача вобастагй дорад;

нест кардани партовхо– фаъолият о ид ба гуркуни, безарар кардан ва ё несту нобуд сохтани партовхо. (КЧТ аз 28.06.11с.,№736)

 

Моддаи 2. Конунгузори дар бораи партовхои истехсоли ва истеъмоли

1.Конунгузори дар бораи партовхои истехсоли ва истеъмоли ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон иборат мебошад.

  1. Муомилот бо партовхои радиоактиви ва ба иншоотхои оби партофтани моддахои зарарнокро конунгузории махсус танзим мекунад. 

Моддаи 3. Доираи амали Конуни мазкур

Конуни мазкур ба хамаи шахсони вокеи ва хукуки новобаста аз шакли моликияташон, ки фаъолияти худро дар сохаи муомилот бо партовхо дар худуди Чумхурии Точикистон амали мегардонанд, тааллук дорад. (КЧТ аз 28.06.11с.,№736)

 Моддаи 4.Принсипхои асосии сиёсати давлати дар сохаи муомилот бо партовхо

Принсипхои асосии сиёсати давлати дар сохаи муомилот бо партовхо инхо мебошанд:

– бартарии хифзи мухити атроф бо максади мухофизати хаёт ва саломатии инсон;

– вобаcтагии илман асоснокшудаи манфиатхои иктисодию экологии чамъият;

-таъсис додану татбик намудани равандхои технологияхои кампартов;

– коркарди комплексии захирахои моддию ашёи хом дар асоси силсилаи технологияхои сарбаста;

– истифодаи механизмхои хавасмандгардонии иктисоди, барои ба гардиши хочагию истехсоли чалб намудани партовхо;

– риояи талаботи конунгузории санитари ва хифзи табиат, ногузирии таъини чавобгари барои вайрон намудани он;

– назорати давлати ба риоя намудани коидахои мукарраршудаи санитари, меъёрхои гигиени ва бехатарии экологи хангоми муомилот бо партовхо;

– банакшагирии чорабинихо оид ба нигохдории бехатарии партовхо ва маблаггузории онхо;

– озодона дастрас будани ахборот дар сохаи муомилот бо партовхо барои шахсоне, ки манфиаташон хангоми чунин фаъолият зарар дида метавонад;

– кабул кардани карорхое, ки манфиати ахолиро бо назардошти хифзи манфиатхои милли ифода менамояд ва иштирок намудан дар хамкории байналмилали дар сохаи муомилот бо партовхо.

 

Моддаи 41. Партовхо хамчун объекти хукуки моликият

  1. Партовхо объекти хукуки моликият мебошанд. Хукуки моликият ба партовхо метавонад бо тартиби  пешбининамудаиконунгузории Чумхурии Точикистон аз як шахе ба шахеи дигар гузарад.
  2. Истехсолкунандаи партовхо хукуки моликият ба партовхоро аз лахзаи хосилшавии онхо ва то ба шахеи дигар гузаштани ин хукук ё ин, ки то коркард ё пурра несту нобуд сохтани партовхо бо тартиби пешбининамудаи Конуни мазкур ба даст меорад.
  3. Дар холати хусусигардонии корхонахои давлати, ки дар натичаи фаъолияти онхо хачми муайяни партовхо хосил шудааст, хукуки моликият ба партовхо ва ухдадорихои чуброн кардани то во ни зарари аз партов ба саломатии инсон, молу мулки шахсони вокеива хукуки ва мухити зист расида ба сохибони нав мегузаранд.

 

Моддаи 42. Партовхои бесохиб

  1. Тартиби муомилот бо партовхои бесохибро макомоти ичропяи махаллии хокимияти давлатимуайян мекунад, ба шарте ки дар конунгузории Чумхурии Точикистон тартиби дигаре пешбини-нашуда бошад.
  2. Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати барои ошкор намудан ва ба хисоб гирифтани партовхои бесохиб, истифодаи мачмуии ин гуна партовхо, риояи шартхои муомилот бо онхо ва пешгирии таъсири манфии онхо ба мухити зист ва саломатии инсон. масъул мебошанд.
  3. Истифодабарандагони китъахои замине, ки дар он китъахо партовхо ошкор карда шудаанд ва ин партовхо ба онхо тааллук надоранд, вазифадоранд оид ба ин холат макомоти кчроияи махаллим хокимияти давлатии дахлдорро хабардор намоянд.
  4. Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлативазифадоранд барои пайдо кардани сохибмулки партовхои бесохиб, муайян кардани дарачаи хавфнокии онхо, ташкили бахисобгирии партовхои бесохиб чора андешанд ва нисбат ба муомилот бо онхо мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон карор кабул намоянд.
  5. Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати сохибмулки партовхое мебошанд, ки дар худуди онхо чойгиранд, сохиб надоранд ё ин ки сохиби онхо муайян карда нашудааст.
  6. Макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатк комиссияхои доимоамалкунандаро оид ба масъалахои ошкор кардан ва ба хисоб гирифтани партовхои бесохиб таъсис медиханд.
  7. Тартиби ошкор кардан ва ба хисоб гирифтани партовхои бесохибро Хукумати Чумхурии Точикистон муайян менамояд. (КЧТ аз 28.06.11с.,№736)

Боби 2. ВАКОЛАТХОИ МАКОМОТИ ХОКИМИЯТИ ДАВЛАТИ ДАР  СОХАИ МУОМИЛОТ БО ПАРТОВХО

 

Моддаи 5. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи муомилот бо партовхо

Ба салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи муомилот бо партовхо мансубанд:

– ташкилу татбики сиёсати давлатидар сохди муомилот бо партовхо;

– мукаррар кардани принсипхои умумии ташкил ва гузаронидани назорати давлати дар сохаи муомилот бо партовхо;

– муайян намудани макомоти ваколатдори давлатидар сохаи муомилот бо партовхо;

– тахия, тасдик ва татбики барномахои максаднок ва илмию техники дар сохаи муомилот бо партовхо;

– кабул ва тасдик намудани санадхои меъёрии хукукие, ки дар каламрави Чумхурии Точккистон муносибатхои хукукиро дар сохди муомилот бо партовхо танзим мекунанд ва назорати ичрои онхоро ба рох мемоь анд. (КЧТ аз 28.06.11с.,№736)

 

Моддаи 51. Ваколати макомоти ваколатдори давлати дар сохаи муомилот бо партовхо

Макомоти ваколатдори давлатидар сохди муомилот бо партовхо чунин ваколатхо доранд:

– назорати давлатидар сохаи муомилот бо партовхо, аз чумла оид ба риояи меъёрхои бехатарии экологи;

– ташкил ва  гузаронидани  назорату санчишхо дар сохаи муомилот б о партовхо;

– ташкил ва гузаронидани экспертизам давлатии экологи дар сохаи муомилот бо партовхо;

– додани ичозат, муайян кардани меьёри  хосилшави ва чойгиронии партовхо;

– тахкя, тасдик ва татбики коидаю меъёрхои давлати, ки муомилоти бехатари экологии партовхоро танзим менамоянд ва талаботи бехатарии партовхоро барои мухити зист ва инсон мукаррар мекунанд;

– дар сатхи чумхурияви ба амал баровардани тадбирхои рафъи окибатхои фалокату садамахое, ки ба муомилот бо партовхо вобастаанд;

– ба макомоти дахлдор ирсол намудани таклифу пешниходхо оид ба махдуд ё катъ намудани фаъслияти субъектхои хочагидор, мовобаста ба шакли моликияташон, ба шарте ки дар фаъолияти онх.о вайронкунии конунгузори дар сохаи муомилот бо партовхо чой дошта бошад;

– ташкпли бахисобгирии давлати ва хисоботдихй доир ба муомилот бо партовхо;

– таъмини ахолибо иттилоот дар сохаи муомилот бо партовхо;

– ташкил ва пешбурди кадастр и партовхо;

– ба рох мондани хамкории байналмилали;

– амалинамудани ваколатхои дигаре, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар намудаанд. (КЧТ аз 28.06.11с.,№736)

 

Моддаи 6. Ваколатхои макомоти махаллии хокимияти давлати дар сохаи муомилот бо партовхо

  1. Ба ваколати макомоти махаллии хокимияти давлати дохил мешаванд:

– дар худудхои худ амалй гардонидани сиёсати давлатй дар сохди муомилот бо партовхо;

– ба амал баровардани тадбирхои рафъи окибати фалокату садамахое, ки ба муомилот бо партовхо вобастаанд;

– нест кардани партовхо аз хисоби маблаги сохибмулк бо чуброни товони зараре, ки ба мухити зист расидааст;

– хавасмандгардонии иктисодй ва ичтимоибарои истифодаи пурраи партовхо аз тарафи шахсони вокеива хукуки;

– таъмини ахолибо иттилоот дар бораи муомилот бо партовхо;

– дар мувофика бо макомоти дахлдори манфиатдор мукаррар намудани тартиби муомилот бо партовхо дар худуди махалхои ахолинишин ва махалхои дигар;

– ташкили чамъоварй ва нест кардани партовхои рузгор, аз чумла чамъоварии чудогонаи партовхо;

– тасдики коидахои муомилот бо партовхои рузгор;

– тасдики барномахои махаллии муомилот бо партовхо ва назорати ичрои онхо;

– ошкор кардан ва бархам додани партовгохи тасдикнагардида;

– андешидани тадбирхо оид ба ошкор кардан ва ба хисоб гирифтани партовхои бесохиб, пайдо кардани сохибмулки партовхои бесохиби ошкоркардашуда, муайян намудани дарачаи хатарнокии онхо;

– ба аколй фахмондани меъёрхои конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба масъалахои муомилот бо партовхо;

мухайё намудани шароити зарурй барои хавасманд гардонидани ахолй ба чамъоварии партовхо хамчун ашёи хоми дуюмдарача.

  1. Ваколати макомоти худидоракунии шахрак ва дехот дар сохаи муомилот бо партовхо тибки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи макомоти худидоракунии шахрак ва дехот» амали карда мешавад. (КЧТ аз 28.06.11с.,№736)

 

Боби 3. ТАЛАБОТ ХАНГОМИ МУОМИЛОТ БО ПАРТОВХО

 

Моддаи 7. Талабот хаигоми лоихакаши, сохтмон ва азнавсозии корхонахо, иншоотхо ва объектхои дигар

Хангоми лоихакаши, сохтмон ва азнавсозии корхонахо, иншоот ва объектхои дигар, шахсони вокеи ва хукуки вазифадоранд:

– стандарт, меъёр ва дигар коидахои мукаррарнамудаи сифатии мухити атрофро, ки дар сохаи муомилот бо партовхо муайян шудаанд, риоя намоянд;

– мувофика намудани лоихаи хуччатхои меъёри хосилшави ва чойгиронии партовхо бо макомоти ваколатдори давлати; (КЧТ аз 28.06.11с.,№736)

– гирифтани хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологи, санитарию эпидемиологи оид ба лоихахои тайёркардашуда ва дигар хуччатхое, ки фаъолияти онхоро вобаста ба муомилот бо партовхо муайян мекунад.

 

Моддаи 8.  Додани ичозатнома (литсензия) барои фаъолият дар сохаи муомилот бо партовхои хатарнок

Додани ичозатнома (литсензия) барои фаъолият оид ба муомилот бо партовхои хатарнок мутобики Конуни Чумхурии Точикистон  «Дар бораи ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият» амали карда мешавад.

 

Моддаи 9. Талабот оиди истифодаи истехсолоти фаъолияткунанда

1.Шахсони вокеи ва хукуки дар рафти иcтифодабарии истехсолоти фаъолияткунанда вазифадоранд:

–        стандарт, меъёр ва мукаррароти дигареро, ки оиди сифати мухити табиат дар сохаи муомилот бо партовхо муайян шудааст, риоя намоянд;

–        барои муомилот бо партовхо ичозатнома дошта бошанд;

–        технологияи кампартовро чори намоянд;

–        партовхои хосилшударо ба руйхат гирифта, ба макомоти омор ва макомоти ваколатдор дар сохаи муомилот бо партовхо маълумоти сахех пешниход кунанд;

–        назорати истехсолиро дар сохаи муомилот бо партовхо амали гардонанд;

–        ба макомоти ваколатдор дар сохаи муомилот бо партовхо ахбороти заруриро диханд;

–        коидахои пешгирии вазъи садамавиро риоя кунанд;

–        хангоми руй додани садамахои окибати манфии экологидошта ё ба миён омадани холатхое, ки ба чунин садамахо меоваранд, фавран дар ин бора ба макомоти ваколатдор дар сохаи муомилот бо партовхо, инчунин ба макомоти худидораи махалли ва ахоли хабар диханд;

–        хангоми аз сархад гузаронидани партовхо Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукуки, инчунин коидахои байналмилалии аз сархад гузаронидани партовхои хатарнокро, ки Чумхурии Точикистон эътироф кардааст, ба рохбари гиранд.

  1. Истифодаи истехсолоте, ки дар он нобудсозии партовхои зарарноки хосилшуда тавассути усулхои безарари экологи гайриимкон аст, манъ мебошад.

 

Моддаи 10. Талабот ба чойгиркунонии партовхо

1.Интихоби мавзеи сохтмони иншоот барои чойгиркунони ва безараргардонии партовхо дар асоси тадкикоти махсус (заминшиноси, обшиноси ва гайра) дар мувофика бо макомоти ваколатдор дар сохаи муомилот бо партовхо, дар холати гирифтани хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологи, макомоти санитарию эпидемиологи ва карори макомоти хокимияти махалли (дар мавриди зарури карор бо назардошти афкори умум кабул карда мешавад) муайян карда мешавад.

  1. Гурондани партовхо дар худуди шахрхо ва дигар махалхои ахолинишин, минтакахои бешабог, истирохатгоххо, чойхои табобатию бехдошти ва дамгири, дар худуди хавзхо, чашмахои зеризамини, ки барои корхои хочагию нушидан истифода бурда мешаванд, инчунин дар мавзеъхои конхои канданихои фоиданок ва чойхои маъданкови (дар мавриди тахдидрасони ба бехатарии корхои маъданкови ва харобии конхо) манъ аст.
  2. Чойгиркунонии партовхо дар асоси ичозатномахои макомоти ваколатдор дар сохаи муомилот бо партовхо, инчунин бо мувофикаи макомоте, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологиро амали мегардонанд, имконпазир аст.
  3. Чойгиркунонии партовхо мутобики коидахое, ки дар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон муайян шудааст, амали мегардад.
  4. Мавзеъе, ки дар он партовхо гуронида шудаанд, ба руйхати (реестри) давлатии мавзеъхои гуронидани партовхо дохил карда мешавад. Тартиби бурдани руйхати (реестри) давлатии мавзеъхои гуронидани партовхо аз тарафи макомоти ваколатдор дар сохаи муомилот бо партовхо муайян карда мешавад.
  5. Дар мавриди гуронидани партовхо гузарондани мониторинга мавзеи гуркуни хатмист. Мониторинги мавзеи гуркуни аз тарафи молики объекти чойгиршавии партовхо мутобики тартибе, ки бо макомоти ваколатдор дар сохаи муомилот бо партовхо ба мувофика оварда шудааст, амали мегардад.
  6. Моликони мавзеъхои чойгиршавии партовхо пас аз истифодаи ин мавзеъхо (ё китъахо) вазифадоранд корхои баркароркунии китъахои вайроншудаи заминро ичро намоянд.

 

Моддаи 11. Талабот ба тозакунии махалхои ахолинишин аз партовхои истеъмоли ва рузгор

  1. Худуди махалхои ахолинишин боад мунтазам аз партовхои сахту моеъи истемоли тоза карда шавад.
  2. Ташкили окилонаи чамъоварии партовхо, ки чамъоварии алохидаи кисмхои истифодашавандаи онхо (партовхои хуроквори, металлхои сиёх ва ранга, маснуоти бофандаги, когаз ва гайра),  нигохдории муваккати, бурдан ва безараркунии мунтазами партовхои истеъмоли, инчунин тоза намудани худуди махалхои ахолинишинро пешбини мекунад, аз тарафи макомоти хокимияти махалли амали карда мешавад ва бояд ба талаботи коидахои санитари, гигиени ва меъёрхои экологи мутобик бошад.
  3. Риояи меъёру коидахои нигохдории худуди махалхои ахолинишинро макомоти хокимияти махалли ва макомоте, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологи ва хифзи табиатро амали мегардонанд, назорат мекунанд.

 

Моддаи 12. Талабот  хангоми муомилот бо партовхои хатарнок

  1. Шахсони вокеи ва хукуки, ки дар натичаи фаъолияташон партовхои хатарнок хосил мешаванд, вазифадоранд хангоми муомилот ба онхо хифзи боэътимоди мухити атроф ва ахолиро аз таъсири зараровар таъмин намоянд.
  2. Тамоми партовхои хатарнок аз руи таъсири зарарнокиашон ба инсон ва мухити атроф ба дарачахо таксим карда мешаванд.
  3. Дарачаи хатарнокии партовро истехсолкунандаи он мувофики хуччатхои меъёрие, ки макомоти ваколатдор дар сохаи муомилот бо партовхо, назорати санитарию эпидемиологи, кухи ва техники дар доираи салохияташон тасдик намудаанд, муаяйн мекунад.
  4. Партовхои хатарнокро танхо дар иншоотхои барои ин максад махсус тачхизонидашуда дар асоси ичозатномае, ки бо тартиби мукарраргардида дода шудаанд, чойгир кардан мумкин аст.
  5. Шахсони вокеи ва хукуки, ки бо партовхои хатарнок муомилот доранд, вазифадоранд партовхои хатарнокро бо тартиби мукаррарнамудаи макомоти омори давлати ва макомоти ваколатдор дар сохаи муомилот бо партовхо ба кайд гиранд.

 

Моддаи 13. Талабот ба кашондани партовхои хатарнок

  1. Партовхои хатарнокро танхо дар мавриди мавчуд будани шиносномаи партовхои хатарнок ва бо воситахои наклиёти махсус тачхизонидашуда кашондан мумкин аст.
  2. Тартиби кашондани партовхо дар намудхои мушаххаси наклиёт (автомобили, рохи охан, оби), талабот ба ичрои корхои боркуни ва борфурори, коидахои дигари зарури оид ба таъмини бехатарии экологи, бо стандартхо ё меъёру коидахое, ки аз тарафи макомоти давлатии назорат ба бехатарии наклиёт тасдик шудаанд ва бо макомоти ваколатдор дар сохаи муомилот бо партовхо мувофика шудаанд, мукаррар карда мешавад.
  3. Чавобгарии хукуки барои бехатарии муомилот бо партовхо аз лахзаи ба воситаи наклиёт бор кардани партовхо ва аз тарафи ташкилот ё шахси вокеи, ки кашондани партовхоро ичро мекунанд, кабул намудан, то лахзаи дар чойхои мукарраршуда аз наклиёт фаровардани онхо ба души муассисаи наклиётие мебошад, ки ба он наклиёти додашуда тааллук дорад.

 

Моддаи 14. Аз сархад гузаронидани партовхо

  1. Бо максади гурондан ва бехатар гардонидани партовхо, ворид намудани онхо ба каламрави чумхури манъ аст.
  2. Аз сархад гузаронидани хар гуна партовхо барои истифодабарии дуюмбораи онхо ба сифати ашёи хом танхо бо ичозати макомоти ваколатдор дар сохаи муомилот бо партовхо, инчунин дигар макомоти ваколатдори давлати амали мегардад.
  3. Тартиби танзими давлатии аз сархадгузарони ва гузаронидани транзитии партовхоро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар мекунад.
  4. Назорати воридот ва содироти партовхои хатарнокро макомоти ваколатдори хокимияти ичроияи давлати, ки мутасаддии назорати сархади,” гумруки, экологи, санитари ва карантини мебошанд, мутобики санадхои меъёрию хукуки ва шартномахои байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон эътироф намудааст, таъмин менамоянд.

 

Боби 4. НАЗОРАТ БА МУОМИЛОТ БО ПАРТОВХО

 

Моддаи 15. Назорати давлати ба муомилот бо партовхо

  1. Назорати давлатиро ба муомилот бо партовхо макомоти ваколатдор дар сохаи муомилот бо партовхо, инчунин макомоти хокимияти ичроия дар махал амали мегардонанд.
  2. Ба назорати давлатии муомилот бо партовхо дохил мешаванд:

– назорат ба риояи талаботи конунгузори хангоми муомилот бо партовхо, ошкор намудани вайронкунии ин талабот аз тарафи шахсони вокеи ва хукуки ва андешидани чорахо оиди бартараф кардани онхо;

– назорат ба шахсони вокеи ва хукуки оид ба риоя намудани талаботи сохаи муомилот бо партовхо, аз чумла шартномаю созишномахои байналмиллалие, ки назорати аз сархадгузаронии партовхои хатарноки ба сифати ашёи хом истифодашавандаро пешбини намудаанд;

– назорат ба ичрои чорабинихо оид ба хифзи табиат, гигиена, зидди элидемияхо, коидахои санитарию хифзи табиат, меъёрхои гигиени ва экологи хангоми муомилот бо партовхо;

– назорат ба риояи коидахои бехатарии сухтор хангоми муомилот бо партовхо;

–  назорати риояи тартиби бахисобгирии ибтидоии партовхо. (КЧТ аз 28.06.11с.,№736)

– чамъовари, коркард ва тахлили маълумот оид ба муомилот бо партовхо, баходихии таъсири онхо ба мухити атроф;

– назорат ба сахехии ахбороту хисоботе, ки шахсони вокеи ва хукуки оид ба партовхо пешниход мекунанд;

– тахлили истехсолоти фаъолияткунанда, ошкор намудани имконияту васоити пасткунии андозаю дарачаи хатарнокии партовхои хосилшуда, назорат ба харчи пурратар истифода бурдани партовхо дар истехсолот ба сифати ашёи хом;

– назорати риояи дастрас будани ахборот оил ба муомилот бо партовхо ба ахоли;

– ба чавобгарии хукуки кашидани шахсони вокеию хукукии гунахкор тибки тартиботи мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;

– кабул намудани карорхо дар бораи махдудкуни, боздоштан ва катъкунии фаъолият дар сохаи муомилот бо партовхо, ки барои мухити атроф ва инсон хатари эхтимоли доранд.

  1. Нисбати карори макомоте, ки назорати давлатиро ба муомилот бо партовхо амали месозад, бо тартибе, ки конунгузории амалкунанда мукаррар намудааст, шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 16. Назорати истехсоли ба муомилот бо партовхо

  1. Ташкилотхое, ки фаъолияти хочагию истехсолияшон бо партовхо вобаста аст  бо максади тафтиш намудани ичрои талаботи экологи, санитари ва талаботи дигари муомилот бо партовхо назорати истехсолиро ба муомилот бо партовхо амали менамоянд.
  2. Тартиби ташкили назорати истехсолии муомилот бо партовхо бо низомномахо доир ба назорати муомилот бо партовхо, ки корхонаю ташкилотхо дар асоси Конуни мазкур ва санадхои меъёрии хукуки ва хуччатхои дигари меъёрие, ки ба муомилот бо партовхо дахлдоранд, тахия ва тасдик шудаанд ва бо макомоти ваколатдор дар сохаи муомилот бо партовхо мувофика шудаанд, танзим карда мешавад.

 

Моддаи 17. Назорати чамъятии муомилот бо партовхо

Назорати чамъиятии муомилот бо партовхо аз чониби иттиходияхои чамъияти мувофики оинномахояшон ва шахрвандон дар махалли истикоматашон бо тартибе, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон пешбини намудаанд, амали гардида, аз тарафи хамаи шахсони вокеи ва хукуки ичро шудани талаботи Конуни мазкурро дарбар  мегирад.

 

Боби 5. БАМЕЪЁРДАРОРИ ВА БАХИСОБГИРИИ ДАВЛАТИ ХАНГОМИ МУОМИЛОТ БО ПАРТОВХО

 

Моддаи 18. Бамеъёрдарории муомилот бо партовхо

  1. Шахсони вокеи ва хукуки мувофики тартибе, ки аз тарафи макомоти ваколатдор дар сохаи муомилот бо партовхо тасдик гардидааст, таъсири имконпазири партовхоро ба мухити атроф ва инсон риоя мекунанд.
  2. Меъёрхои муомилот бо партовхоро макомоти хокимияти ичроия, ки вазифахои хифзи табиат, назорати санитарию эпидемиологи, кухи ва техникиро ба чо меоранд, дар доираи салохияташон ва бо тартиби мукарраркардаи санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон тасдик менамоянд.
  3. Партовхое, ки объекта хариду фуруш ё содироту воридот мебошанд, бояд бо тартиби мукарраркардаи санадхои меъёрию хукукии Чумхурии Точикистон сертификатонида шаванд.

 

Моддаи 19. Бахисобгири ва хисоботдихии давлати дар сохаи муомилот бо партовхо

  1. Хисоботдихии давлати дар сохаи муомилот бо партовхо тартиби ягона дорад.
  2. Шахсони вокеи ва хукуки бо тартиби мукарраршуда бахисобгирии ибтидоии партовхои хосилшуда, истифодашуда, ба шахсони дигар дода ё фурухташуда, инчунин чойгиршударо ба ичро мерасонанд ва пуррагию сахехии ахбороти пешниходшавандаро таъмин сохта, дар шаклу мухлати аз тарафи макомоти омори давлати ва макомоти ваколатдор дар сохаи муомилот бо партовхо мукарраргардида хисобот пешниход мекунанд.
  3. Тартиби бахисобгирии ибтидоиро дар сохаи муомилот бо партовхо макомоти ваколатдор дар сохаи муомилот бо партовхо, тартиби бахисобгирии расмии омориро бошад макоми давлатии омор дар мувофика бо макомоти ваколатдор дар сохаи муомилот бо партовхо, мукаррар мекунанд.
  4. Шахсони вокеи ва хукуки нигохдории маълумотхои бахисобгириро дар сохаи муомилот бо партовхо дар давоми мухлате, ки макомоти ваколатдор дар сохаи муомилот бо партовхо мукаррар намудааст, таъмин менамоянд.

 

Моддаи 20. Кадастри давлатии партовхо

  1. Кадастри давлатии партовхо ташкил карда мешавад, ки он мачмуи мураттаби маълумотро оид ба бахисобгирии партовхо дар бар мегирад.
  2. Кадастри давлатии партовхо аз тарафи макомоти ваколатдор дар сохаи муомилот бо партовхо тавассути методологияи ягона дар асоси таснифоти давлатии ахборотхои техникию иктисоди ва ичтимои бурда мешавад.

3.Тартиби гузарондани кадастри давлатии партовхоро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар мекунад.

 

Боби 6. ТАНЗИМИ ИКТИСОДИ ВА ХУКУКИ ДАР СОХАИ МУОМИЛОТ БО ПАРТОВХО

 

Моддаи 21. Танзими иктисоди дар сохаи муомилот бо партовхо

  1. Барои чойгиркунонии партовхо бо назардошти хачми чойгирии онхо, таснифи хатарноки ва меъёрхои чойгиркунони маблаг ситонида мешавад.

Маблаги аз пардохти чойгиркунонии партовхо бадастомада ба бучети дахлдор равона мегардад.

  1. Механизм ва тадбирхои хавасмандкунии иктисоди ва пардохтхои имтиёзнокро дар сохаи муомилот бо партовхо, тартиби гирифтан, муайянсозии хачм ва таксимоти пардохтхои бадастомадаро аз чойгиркунии партовхо Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар мекунад.

 

Моддаи 22. Чавобгари барои риоя накардани Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукукибарои риоя накардани Конуни мазкурбо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд. (КЧТ аз 28.06.11с.,№736)

 

        Президенти

Чумхурии Точикистон                                            Э. РАХМОНОВ

ш. Душанбе  10 майи соли 2002

№ 44

 

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

Ташкилёбии хизбхои сиёси дар ИМА

Хизбхои сиёси дар хаёти ИМА макоми хосса доранд. Дар ибтидои асри XIX дар мамлакат гуруххои …