Главная / Варзиш / Партофтан

Партофтан

Аз чойи ист партофтани туб (расми 22). Дар холати аввала комат рост, туб дар дасти рости каме катшуда (чапдастон дар дасти чап). Пойи чап ним кадам аз пои рост пештар гузошта мешавад. Пойи рост дар кафо дар нуги пой. Пас аз охиста такон додан дасти тубдошта дар болои китф харакат мекунад. Вазни бадан ба пойи дар кафоистода гузаронида мешавад. Бо он пой такон медихем, китфхо ба пеш дода мешаванд. Дасти тубдошта зуд рост шуда, пеш аз партофтани туб кафи даст сахт такон дода мешавад.

Расми 22
Расми 22

Партофгани туб баъди 1-3 кадам бо давида омадан. Хангоми тубпартои аз 1 кадам дар холати аввала дасти рост ва пойи рост (дар чапдастон дасти чап ва пойи чап) дар пеш. Бо кадами пойи чап ба пеш дасти губдоштаро ба боло-кафо (ё поён-кафо) такон медиханд.

Бо пои рост такон гирифта тубро мепартоянд.

Хангоми тубпартои аз 3 кадам (расми 23) дар холати аввала пойи рост дар пеш дасти тубдошта дар пеш ё дар поён.

Кадами аввалин аз пойи чап cap мешавад. Дасти рост бо туб ба поён ва ба кафо харакат мекунад.

Машкхо бо туби калон

1.     Партофтан вадоштани туббодудаст.

2. Тубро бо ду даст ба боло хаво додан ва пас аз ба замин задани он

Расми 24     Расми 25
Расми 24 Расми 25

1.       5о ду даст доштан.

2.      Тубро ба деворзада, баъди баргаштан бо дудаст доштан.

3.       Тубро ба девор зада, пас аз ба замин афтидани он бо ду даст цоштан.

4.        Дар назди девор рост истода, тубро ба он зада, пас аз баргаштан 5о ангуштони дастзада, сипас дошта гирифтан.

5.      Худи хамон тавр, танхо тубро ду маротиба задан.

6.      Худи хамон тавр, танхо тубро бо як даст задан.

7.    Тубро ба девор зада, бо рони пой гардонда маротибаи дуюм бо ду даст доштан.

8.     Тубро ба девор зада, 360°тоб хурда онро пас аз бардоштан дошта гирифтан.

9.           Ба тарафи девор бо тахтапушт истода тубро ба кафо партоф- та, ба боло ба девор, ба тарафи девор тоб хурда онро дошта гириф- тан.

Машкхо бо туби хурд (расми 26)

1.     Тубро партофта онро аввал бо ду даст, сипас бо дасти рост (чап)доштан.

2.     Тубро ба боло партофта, нишаста, нуги ангуштонро ба нуги пойхо расонида хестан ва аввал бо ду даст, сипас бо як даст доштан.

3.     Дар масофаи 1 – 2 м аз девор дур истода, тубро ба девор аз поён ба боло партофта, сипас онро бо ду даст ва баъд бо як (рост, чап) даст доштан.

4.     Бо дасти чапи дарозкардашуда ба девор такя намуда, тубро аз байни дасти чап ба дасти рост, аз поён ба боло партофта дошта гирифтан. Чойи дастхоро иваз карда хамин холатро ичро бикун (расми 26 а).

5.     Пойи чапи катшударо каме бардошта, бо дасти рост тубро аз байни он ба боло партофта дошта гирифтан. Хангоми ин намуди машкро омухтан бо пой ба девор такя кардан мумкин аст. Хамин холатро бо пойи рост такрор кунед (расми 26 б).

6.     Тубро дар болои cap аз дасти рост ба чап ва баръакс партоф- тан (расми 26 в).

7.     Тубро ба замин партофта, онро аввал бо дасти рост, сипас бо дасти чап якчанд маротиба ба замин занед (расми 26 г).

8.     Тубро баланд партоед, чахида, тоб хурда онро бо ду даст доред (расми 26 д).

9.     Ба пеш хам шуда тубро аз миёнаи пойхо ба кафо боло партоф- та, коматро рост карда, онро дар назди худ дошта гиред (расми26е).

1.     Тубро бо дасти чап аз тахтапушт ба пеш хаво дода. бо ду даст доштан. Тубро бо дасти чап хаво дода, бо дасти рост доштан ва баръакс (расми26ж).

2.    Тубро ба боло хаво дода, нишаста онро дошта гирифтан, аз чой нахеста тубро боз ба боло хаво дода, аз чой бархоста дошта гирифтан (расми 26. з)

3.     Аз девор ба масофаи дилхох истода, бо зарбаи сахт тубро ба замин чунон задан лозим аст, ки пас аз чахидан ба девор зада, сипас ба тарафи бозингар чахад. Доштани туб (расми 26 и).

Расми 26
Расми 26

Инро донистан шарт аст

Масофаикутох- масофахоиаз 10то40,60 ва ЮОм.

Бо суръатдавидан – давидан бо суръаги баланд ба масофаи кутох. Давидан барои пуртокати – давидан ба масофаи аз 500 то 1000 м. Асбоб ва анвои варзиши: туб, норинчак, найза, доира, ядро, гул- ула.

Чахидан ба баланди ва дарози дар холати давида омадан. Инчу- нин чахидани сенамуда ва чахидан бо туб мавчуд аст.

Барои ба баланди чахидан чубхои барои чахидан, планка, ченчубро истифода мебаранд. Ба дарози чахиданро бо чентаноб (рулет- ка) чен мекунанд. Натичаи чахиданро аникто 1 см чен мекунанд.

Суръати рохгарди ё давидан – микдори кадамхоеанд, ки дар вохиди вакт ичро мешаванд. Чи кадаре ки кадамхо зиёд бошанд, хамон кадар суръат зиёд аст ва баръакс.

Дарозмуддатии давидан бо соатхо (с.), бо дакикахо (д.) ва сонияхо (сон.) чен карда мешавад.

 

Рабство

Дар борамон

Инчунин кобед

44-chashma-27

Чилучорчашма – дар нохияи Носири Хусрав

Чилучорчашма (44 Чашма) – манбаи оби мукаддас. Он дар сохили рости дарёи Кофнихон, 12 км …