Главная / Чамъият / Парки технологи

Парки технологи

Конуни ЧТ «Дар бораи Парки технологи»

Конуни мазкур асосхои ташкилию хукукии фаъолияти Парки технологиро дар Чумхурии Точикистон ба танзим дароварда, вазифа ва самтхои асосии фаъолияти онро муайян  менамояд ва барои дар истехсолот чори намудани натичаи тахкикоти илми, технологи ва инноватсиони нигаронида шудааст.

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

parki-texnologi

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

— барнома ва лоихаи инноватсиони — махсули неруи зехнии шахсони вокеи ва хукуки, ки дорои гояхои нав буда, бо максади татбику рушди илм ва чори намудани технологияи муосир тахия мегарданд;

— Парки технологи – шахси хукуки ё консорсиум, ки ба мачмуи ягонаи моддию техники хукуки сохибмулки дорад ва фаъолияти асосии он пешниход ва ичрои корхо ва хизматрасони буда, барои амали намудани лоихахои инноватсиони ва инвеститсиони заруранд;

— бизнес-инкубатор – шахси хукуки, ки барои дастгирии субъектхои хурди сохибкори дар мархилаи ташакулли рушди онхо бо рохи пешниход намудани бинохои истехсоли, тачхизот, хизматрасонии ташкили, хукуки, молияви, машварати ва иттилооти ташкил карда мешавад;

— инфрасохтори Парки технологи — мачмуи бинохои идорави, иншооти истехсоли, мухандиси, наклиёти, коммуникатсиони ва ичтимоии дар худуди Парк чойгирбуда, ки аз он шахсони вокеи ва хукуки истифода менамоянд;

— натичаи нихоии тахкикоти илми – натичаи тахкикоти илмие, ки онро дар истехсолот чори намудан имконпазир аст.

Моддаи 2.  Конунгузории  Чумхурии Точикистон дар бораи  Парки технологи

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи Парки технологи ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Таъсис ва фаъолияти  Парки технологи

  1. Парки технологи (минбаъд-Парк) шахси хукукии гайритичорати буда, хамчун муассиса дар худуди махсус таъсис дода мешавад, ки бо максади рушди илм ва истифодаи самараноки технологияи аълосифат барои конеъ гардонидани талаботи истехсолот дар истифодаи технологияхои навтарин ва татбики лоихахои ииноватсиони ва инвеститсиони фаъолият менамояд.
  2. Дар худуди Парк ташкилотхои илмию тахкикоти, бюрохои лоихакашию конструктори, бинохои истехсоли, муассисахои таълими, хамчунин бинохои хизматрасони фаъолият менамоянд, ки онхо ба максади истифода аз технологияи аълосифат ва амали гардонидани барнома ва лоихахои инноватсиони муттахид карда мешаванд.
  3. Парк метавонад аз чониби шахсони вокеию хукуки, як ё якчанд муассисахои таълими, илмию тахкикоти, ташкилотхои саноатии давлати ва гайридавлати таъсис дода шуда, барои амали намудани максадхои худ хамкориро байни онхо ба рох монад.
  4. Парк дар доираи Оинномаи худ, ки дар он вазъи хукукии Парк муайян гардидааст, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон фаъолият менамояд.

Моддаи 4.  Шаклхои  Парк

  1. Дар Чумхурии Точикистон Парк дар шаклхои зерин таъсис дода мешавад:

— Парки инноватсионию технологи;

— Парки илми (ё Парки тахкикоти);

— Технополис;

— Инкубатори технологи (Бизнес-инкубатор).

  1. Парки инноватсионию технологи яке аз намудхои  Парк буда, барои дар истехсолот чори намудани технологияи аълосифат ва рушди муассисахои истехсолии инноватсионии хурд ва миёна хидмат менамояд.
  2. Парки илми (ё Парки тахкикоти) яке аз намудхои Парк мебошад, ки илмро бо истехсолот якчоя намуда, метавонад бо як ё якчанд муассисахои тахсилоти олии касби, илмию тахкикоти ё дар алохидаги барои рушди истехсолот фаъолият намояд. Дар мукоиса бо дигар намудхои Парк, ба он бо максади гузаронидани тахкикотхои зиёди илмталаб кадрхои баландихтисос чалб карда мешаванд.
  3. Технополис — худуде мебошад, ки дар он муассисахои инноватсионии хурд ва миёнаи ташкилотхои истехсоли, муассисахои илмию истехсоли, тахсилоти олии касби, илмию тахкикоти ва ё дар алохидаги таъсис ёфта, фаъолият менамоянд.
  4. Инкубатори технологи (бизнес-инкубатор) муассисаест, ки аз тарафи давлат барои рушди тичорати хурду миёна маблаггузори гардида, барои ба истехсолот чалб намудани технологияхои инноватсиони нигаронида шудааст.

Моддаи 5. Максадхои таъсиси  Парк

Дар Чумхурии Точикистон  Парк бо максадхои зерин таъсис дода мешавад:

— рушди имкониятхои  илмию техники ва технологию инноватсионии Чумхурии Точикистон;

— татбики  барнома ва лоихахои инноватсиони;

— ташкил ва татбики барномахои инноватсионии давлати ва гайридавлати;

— мусоидат ба инкишофи технологияхои муосири илмталаб;

— тахкими  заминаи моддию техники ва молиявии муассисахои таълими, илмию тахкикоти, истехсоли ва дарёфти сармояи дохилию хоричи барои рушди илм ва технология;

— муттахид сохтани неруи зехни барои пешбурди тахкикоти илми ва чори намудани технологияи аълосифати муосир дар истехсолот;

— чалби донишчуён, аспирантхо, магистрхо, хайати профессорону омузгорон ва мухаккикони илмию тахкикоти барои хамгироии илм ва истехсолот;

— рушди корхонахо, муассисахо ва дигар ташкилотхои хурду миёна;

—  ташкили чойхои нави кори;

— дар истехсолот чори намудани дастовардхои илми, технологи ва инноватсиони;

— хамкории муассисахои илми ва бизнеси инноватсиони.

Моддаи 6. Вазифахои асосии  Парк

Вазифахои асосии  Парк аз инхо иборат мебошад:

— чори намудани натичахои нихоии тахкикоти илми ба  истехсолот;

— хавасмандгардонии кобилияти зехни бахри тахия ва чори намудани  технологияи  аълосифат дар истехсолот;

— омузиш ва истифодаи технологияи  аълосифате, ки аз хоричи кишвар ворид мешавад;

— такмили ихтисоси мухаккикон ва дигар кормандони илмиву таълими, ки ба фаъолияти инноватсиони машгул мешаванд;

— рушди хамкорихои байналмилали дар сохаи инноватсиони.

Моддаи 7. Самтхои асосии фаъолияти  Парк

Парк дар самтхои зерин фаъолият менамояд:

— чори намудани технологияи  аълосифат вобаста ба талаботи бозор;

— тахия ва татбики лоихахои инноватсионие, ки барои хамгироии илмхои амали ва истехсолот мусоидат менамоянд;

— фарохам овардани шароит  барои тахия намудани махзани маълумот чихати пешбурди фаъолияти инноватсиони ва хизматрасони ба шахсони вокеи ва хукуки;

— омузиши технологияхои муосири илмталаби хоричи ва истифодаи онхо дар истехсолот;

— андешидани тадбирхо чихати омузиши тачрибаи пешкадами лоихахои инноватсионии хоричи ба хотири чалби технологияи нав ба истехсолот;

— фарохам овардани шароит барои рушди инфрасохтори  Парк ва татбики лоихахои инвеститсионии давлати ва гайридавлати;

— бо сифати баланд анчом додани тачриба,  ташхис ва дигар корхои илмию технологи ва дар сатхи баланди касби таъмини татбики онхо;

— фарохам овардани шароити мусоид барои рушди муассисахои тахсилоти олии касби, илмию тахкикоти, истехсоли ва афзун гардонидани бучети онхо;

— фарохам овардани шароит барои рушди сохибкории хурду миёна;

—  истехсоли махсулоти ракобатпазир;

— тайёр намудани мутахассисон дар дохил ва хоричи кишвар барои фаъолияти инноватсиони ва татбики барномахои инноватсионию технологи;

-таълими максадноки мутахассисон барои татбики барнома оид ба лоихахои инноватсиони.

Моддаи 8. Бакайдгирии давлатии  Парк

  1. Парк бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба кайди давлати гирифта мешавад.
  2. Парк аз лахзаи бакайдгирии давлати шахси хукуки эътироф карда мешавад.
  3. Парк бе махдуд намудани мухлати фаъолияти он таъсис дода мешавад, агар конунгузории Чумхурии Точикистон тартиби дигаре мукаррар накарда бошад.

Моддаи 9. Азнавташкилдихи ва бархамдихии  Парк

Азнавташкилдихи ва бархамдихии Парк тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории  Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

Моддаи 10.Назорати фаъолияти Парк

  1. Дар Чумхурии Точикистон назорати фаъолияти Паркро макоми ваколатдори давлати, ки аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад, амали менамояд.
  2. Макоми ваколатдори давлати дар доираи салохияти худ чихати масъалахои назорати фаъолияти Парк карор кабул менамояд ва оид ба фаъолияти онхо тавсияхои методи пешниход мекунад.

Моддаи 11. Анчом додани  ташхис

  1. Парк бо тартиби ихтиёри дар доираи салохияти худ вобаста ба мувофикати сохаи илмию истехсоли ба технологияи инноватсиони ташхиси барнома ва лоихахои инноватсиониро анчом медихад.
  2. Тартиби аз чониби Парк анчом додани ташхиси барнома ва лоихахои инноватсиониро макоми ваколатдори давлати муайян менамояд.

 

 

Моддаи 12. Хамкории  Парк бо дигар иштирокчиёни сохаи  илм ва технологияи инноватсиони

  1. Парк бо шахсони вокеи ва хукуки, ки тахкикоти илми, истехсоли ва инноватсиони мегузаронанд, хамкориро ба рох мемонад ё тахкикот ва ё лоихаи илмии онхоро амали мегардонад.
  2. Парк бо шахсони вокеи ва хукуки бо максади татбики барномаю лоихахои инноватсиони шартнома мебандад.

Моддаи 13. Хамкории байналмилали

  1. Парк бо ташкилотхои байналмилалии илми, инноватсиони ва технологи хамкори намуда, метавонад дар татбики барнома ва лоихахои инноватсионии давлатхои хоричи иштирок намояд.
  2. Чалби сармоягузории хоричи ба фаъолияти Парк мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон анчом дода мешавад.
  3. Парк тибки конунгузории Чумхурии Точикистон барои чалби сармоягузории хоричи, дарёфти грантхо, лоихахои инноватсиони ба институтхои молиявии байналмилали доир ба амалигардонии фаъолияти истехсоли ва ворид кардани технологияи аълосифат  лоихахо пешниход менамояд.

Моддаи 14. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                             Эмомали  Рахмон

ш. Душанбе, 21 июли соли 2010

№ 629

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …